ГУМРОҲШУДАГОНИ ИҒВОГАРИ ИФРОТӢ

Мушоҳидаву таҳлилҳои солҳои охир собит менамоянд, ки яке аз гумроҳшудаи иғвогари ифротӣ, Муҳаммадиқболи Садриддин ровии барномаи ифротӣ бо номи “Минбари муҳоҷир”-ро ба уҳдаи худ гирифта, бо ҷалби ҷавонони роҳгумзада, яъне шогирдону дуравонаш дар канали YouTube -”Ислоҳ.тv” (Ислоҳ.нет.), бо суханҳои дорои мазмуну хусусияти ифротгароӣ- террористӣ баромади иғвогаронаро пеша намудааст. Барои фаъолияти имрўзаи ин афроди гумроҳгаштаи ифротӣ, ки пайрави фаъоли наҳзатӣ мебошад, ягона роҳ дар хориҷи кишвар дунёи маҷозии интернет боқӣ мондааст, ки бо шогирону пайравонаш аз ин имконият муфт истифода бурда, ба туҳмату буҳтон, дурӯғу дасиса ва бадном кардани ходимони сиёсиву давлатӣ даст зада истодааст. Амалҳои ин беватан, ки ӯро ба тоҷик гуфтан забон намегардад, аз хориҷи кишвар истода ба халқи худ, миллати худ санги маломат мепартояд. Дар борабари ин, бояд қайд кард, М.Сдриддин зимни баромадаш бо ҷалби думравонаш ҳатто дар моҳи

шарифи Рамазон низ, аз ҷумла санаҳои 4, 8,11,15,18,22 ва 25 феврали соли равон дар барномаи “Минбари муҳоҷир”баромад намуда, худро “уламои дин”, “ман мусулмони асил ҳастам!” гӯён, мушт бар сина зада, аз забонаш ғайбату дашном ва суханҳои қабеҳу дурушт гуфтанд… Баробари ин, ёдовар шудан бамаврид аст, ки аз нуктаи назари дини мубини Ислом дар сураи сураи Ҳуҷурот, ояти 12, чунин тафсир шудааст: “Эй мӯъминон, аз гумони бисёр дурӣ ҷӯед, ҳароина баъзе аз гумонҳо гуноҳ аст ва ҷосусӣ макунед ва якдигарро ғайбат макунед… Аммо, тааҷҷубовар ин аст, ки М.Садриддин ва шогирдону думравонаш зитмни баромадҳояшон танҳо ғайбату иғвогарӣ ва фаҳшгӯиву бадзабониро пешаи худ менамоянд. Дар марҳилаи ҳозира маводи паҳнкардаи М.Садриддин ва думравонаш, умуман гумроҳшудагони иғвогари ифротӣ нишон медиҳад, ки ҳадафи онҳо барангехтани ҳисси нобоварӣ нисбат ба давлату ҳукумат ва тафриқаандозӣ ммиёни мардум аст . Вагарна бо чӣ сабаб аз ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ-иҷтимоии ватан канорҷӯӣ мекунанду монанди аксари шаҳрвандони мамлакат дар рушди кишвари худ ширкат намеварзанд, меҳнат ва эҷод намекунанд, дар паноҳи дигарон ҷой гирифта, аз каноре айбҷӯиву харобакориро пеша карданд.Дар зери шиорҳои бофтаву хаёли фирефтаи таълимоти «гӯё динӣ» гашта ба амалҳои низоъпарастӣ, ифротгароӣ ҷавононро даъват намуда, амалҳои бади худро бо номи «қаҳрамонӣ», «фидокорӣ» талқин мекунанд ва мехоханд бо ин роҳ ба мақсадҳои душманонаи худ ноил шаванд, яъне нуфузу дастовардҳои миллиро то андозае паст зананд, аниқтараш супоришҳои раҳбарияти наҳзатиҳо ва сарпарастони хориҷии худро иҷро намоянд.
Хуллас, имруз дар шабакаҳои интернетӣ гуфтору наворҳои хашину тахрибию ифротӣ кам нестанд. Қишрҳои осебпазири ҷомеа чун ба саҳифаҳои интернет ворид мешаванд, маводро мутолиа мекунанду ноогоҳона ба иғво дода мешаванд. Бояд хотиррасон кард, ки дар сурати паҳн намудани чунин мавод ин амал боиси поймол намудани моддаҳои 1, 8, 14, 18 ва 26-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мавриди татбиқи қонунҳои дигари амалкунанда дар бораи пешгирӣ ва мубориза бо паҳн кардани ақидаҳои ифротгароӣ мегардад. Бинобар ин, ҷавонон бояд бидонанд, ки тасдиқ ва паҳн намудани маводи ин тоифа ва ба ҳамин монанд дар фазои маҷозии Тоҷикистон ҷиноят ба ҳисоб меравад. Дар чунин вазъият набояд бетафовутӣ зоҳир кард. Вақти он аст, ки аҳли қалам, зиёиён, намояндагони қишрҳои гуногуни ҷомеаи шаҳрвандӣ, собиқадорони кордидаву таҷрибаи ҳаётандӯхта дар сомонаҳои интернетӣ маводу навору таҳлилу андешаҳои арзишманди ватанпарваронаи худро ҷой диҳанд, яъне дар фазои маҷозӣ «контенти мусбат» офаранд. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ таҳлилҳо, мақолаҳо, мавқеъгириҳо, вокунишҳо, маводи ташвиқотию арзишсоз, савтию тасвирии ватандӯстонаро бояд ба таври васеъ ҷой дод. Зарур аст, ки ба хотири таъмини пешрафти зиндагӣ, ҳифзи сулҳу суботи комил дар фазои маҷозӣ сангардор ва муҳофизи Ватани азизамон бошем.

Д.ШАРИПОВ,
устоди ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *