
Мушоҳидаи солҳои охир собит менамоянд, ки бархе бадхоҳони миллат, амиқтараш тудаи бадхоҳони роҳгумзадаи ифротӣ аз мақсадҳои ғаразноки худ даст накашида, бо ҳар роҳу восита, бахусус тавассути шабакаҳи иҷтимоӣ баромад намуда, мехоҳанд халқи куҳанбунёди моро бадном созанд. Масалан, Муҳаммадиқболи Садриддин, яке аз афроди роҳгумзадаи ифротӣ, муҷрии барномаи “Минбари муҳоҷир“-ро ба ӯҳда дошта, барои баррасии мактубҳо барномаеро бо номи “Номаҳо аз ноҳияҳо ба Ислоҳ”-ро таъсис дода, бо ҷалби шогирдону думравонаш тавассути канали YouTube -”Ислоҳ.тv”(Ислоҳ.нет.) зимни баромади ифротӣ беасосу бедалел бар зидди кишвари соҳибистиқлоламон, ба миллати куҳанбунёду тозаҷавонамон санги маломат мезанад.
То ҳол, М.Садридддин ва думравонаш ба худ хулосаи зарурӣ набароварда, то ҳол ба иғвогарию тўҳмат овора аст ва барояшон хостаҳои хоҷагони хориҷӣ болотар аз ҳама муқаддасоти дигар мебошад. Умуман, дар ҳамаи баромадҳо, наворҳои дурӯғини М.Садриддин ва шогирдону пайравонаш дар сомонаҳои интернетӣ пахш мекунанд, аз он далолат мекунад, ки бадхоҳони роҳгумзадаи ифротӣ ба ғайр аз иғво ва фитнаандохтан корӣ дигар надоранд. Агар ин бадхоҳони роҳгумзадаи ифротӣ, аз дину мазҳаб огоҳӣ медоштанд, ҳеҷ гоҳ ба ҳамватанони худ роҳи каҷу килеб ё худ ҷоҳилиро роҳандозӣ намекарданд. Илова бар ин,М.Садриддин аз оғози моҳи шарифи Рамазон, аз ҷумла 08 марти соли равон дар барномаи ифротӣ- “Минбари муҳоҷир ”боз бо ҷалби пайравонаш,ки номҳои сохта доранд, аз ҷумла “Серий кардинал”, “Мубориз”, “7+70” ва “Ватан 665” баромад намуда, байни шаҳрвандони дохиливу хориҷи ҷумҳурӣ андешаҳои хатарзо ва ғояҳои ифротиро паҳн намуда, иғвогариро пешаи худ намуд. Ин мавқеи манфии М.Садриддин ба ягон қолиб рост намеояд!

Дар фароварди андешаҳои хеш ба бадхоҳони роҳгумзадаи ифротӣ, алалхусус ба М.Садриддин ва думравонаш хотиррасон намуда, гуфтанием, ки мо, мардуми шарифи Тоҷикистон, якдилу яктанем, руҳи шикастнопазир дорем. Барои мо беҳтарин неъмат сулҳу субот аст ва оромиву осоиш барои кишвар, махсусан, барои халқи мо, ки даҳшати ҷанги шаҳрвандиро аз сар гузаронидааст, неъмати бузургтарин маҳсуб ёфта, ҳифзу ҳимояи он вазифаи муқаддаси ҳар як фарди миллатдӯсту ватанпараст ва кулли ҷавонони бонангу номуси Ватан мебошад.
А.ВАЛИЕВ,
ассистенти кафедраи иқтисодиёт ва соҳибкорӣ
