
Мо, кормандони шуъбаи илм ва инноватсияи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд , зимни изҳоротҳои хеш борҳо нисбат ба баромадҳои ифротии бадхоҳони миллат андешаҳоямонро худро иброз намуда будем. Ин навбат вобаста ба баромадҳои иғвогаронаи Муҳаммадиқболи Садриддин, ки яке аз пайравони фаъоли паймони худсохтаи наҳзат-“Паймони милли…”мебошад, андешаамонро иброз менамоем.
Мо, нисбат ба баромади навбатии М.Садриддин, ки дар давоми соли равон, аз ҷумла дар моҳи шарифи Рамазон, амиқтараш ҳафтаи охири моҳи феврал, яъне санаи 22 ва 25 феврал М.Садриддин ва пайравонаш тавассути канали YouTub-”Ислоҳ.тv”(Ислоҳ.нет.), дар барномаи ифротӣ бо номи “Минбари муҳоҷир” баромад намуд, насарсанҷӣ карда, андешаҳоямонро манзури хонандагон менамоем. Бояд қайд кард, ки М. Садриддин чун баромадҳои қаблиаш бо намоиш додани сабти видеоӣ худро боз “уламои дин” шуморида, аз номи дини мубини Ислом, вале бар хилофи муқаррароти он, бо шарҳу эзоҳи ифротӣ, бо сухани дағалу бемантиқ оид ба фаъолияти раҳбарияти мақомоти қудратии кишвар ғайбату дашном суханҳои қабеҳу дурушт гуфт. Илова бар ин, зимни баромади ифротиаш бо ҷалби думравонаш, ки номҳои сохта доранд, аз ҷумла “Мубориз”,”Ҳақҷӯ”ва ғайраҳо оид ба масоили ҷобаҷогузории кадрҳои вазоратҳо, шаҳру ноҳияҳо ва таъмини либосҳои хонандагон, алахусус вазъи имрӯзаи зиндагии мардуми кишвар дар назди ҷаҳониён нодуруст арзёбӣ намуд. Бо ин васила кушиш дорад, ки миёни мардуми осоиштаи кишвар низоъ андохтан ва ба фазои сулҳу амонии кишвар халал ворид сохтан аст. Дар паси шабакаҳои иҷтимоӣ ё интернетӣ киҳо нишастанд чӣ мақсаду ҳадаф доранд мо огањем.
Хонандаи закӣ дуруст дарк мекунад, ки дар моҳи шарифи Рамазон, ҳар фарди солим кадом амалҳоро ба сомон расонад?!!!! Таъкидан ба М.Садриддин гуфтанием, ки моҳи шарифи Рамазон беҳтарин мактаби одамият ва худсозӣ аст ва дар ин давра мусулмонон бо фазилатҳои ҳамида, аз ҷумла сабру таҳаммул, меҳрубониву самимият, адолату баробарӣ, хайру саховат, омурзиши гуноҳҳо, ботину зоҳири худро поку озода мегардонанд. Моҳияти аслии рўза доштани ҳар бандаи муъмину мусулмон низ аз ҳамин рукнҳо иборат аст. Вале, М.Садриддин бошад бараъкси ин, ғайбату дашном, суханҳои қабеҳу дуруштро пеша гирифта, мардумро дар роҳи ғафлат ва гумроҳӣ бурдан даъват менамояд, ки ин гуноҳи азим ва нобахшиданист!
Хулоса, мардуми кишвар аллакай аз ҳилаю найранги М.Садриддин ва думравонаш хабардоранд ва ба суханпардозию сафсатабозии ў эътибори ҷиддие намедиҳанд. Умуман, аз баромадҳои бемантиқу беасоси М.Садриддин ҳар як фарди соҳибақл бе ягон мушкилӣ дарк менамояд, ки ин афроди гумроҳшуда ғояҳои ифротӣ паҳн менамояд. Аз дини мубини Исломӣ ёдовар шуда, таъкидан гумроҳшудаи иғвогари бегонапарастро хотиррасон менамоем, ки муъмин бародари муъмин, ба бародарат чиро раво дорӣ ба худат раво дор. Вале, аз ин гуфтор М.Садриддин ва думравони бегонапарасташ хеле дур ва бехабаранд ва ё худро ба нодонӣ мезананд! Агар огаҳ мебуданд ҳаргиз нисбати ҳамзабонони худ бадгўӣ, тафриқаҷўӣ, хусумат ва суханони зишт нисбати Ҳукумати Тоҷикистонро дар барномаю созмонҳои хориҷӣ садо баланд намекарданд.
Мо, бодарназардошти масъалаи матраҳгардида, дар интиҳои изҳороти хеш ҳамин нуктаро таъкид менамоем, ки сулҳи деринтизори мо бисёр қавӣ аст, ягон қувва онро халалдор карда наметавонад. Мо, ҳамеша сиёсати хирадмандонаи Сарвари кишварро ҷонибдорӣ менамоем ва Тоҷикистонро якҷоя боз ҳам зеботар хоҳем намуд.
Тоҷикистон, ба пеш!
