ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН: ТАҲКИМИ НАВИ ҲАМКОРИҲО ДАР ФАЗОИ ҲАМДИГАРФАҲМӢ ВА ЭЪТИМОД

Дар шароити шиддат гирифтани рақобатҳои геосиёсӣ, мухолифату низоъҳо ва ҳассос гаштани вазъи ҷаҳони муосир, арзишҳои сулҳу субот ва тинҷиву оромӣ аҳамияти бештар пайдо менамоянд. Бо дарки амиқи ин равандҳо, минтақаи Осиёи Марказӣ имрӯз ба макони сулҳ, ҳамкорӣ ва ҳамсоягии нек табдил ёфтааст. Ҳамкориҳои кишварҳои минтақа ба эҳтироми ҳамдигар ва дастгирии тарафайн асос ёфта, минтақа ба фазои созанда ва ҳамкорӣ мубаддал гаштааст.
Воқеан, кишварҳо ва мардумони Осиёи Марказиро риштаҳои қавии дӯстии бисёрсола, накӯҳамсоягӣ ва ҳамкориҳои судманд мепайванданд. Ба имзо расидани Эъломияи Хуҷанд доир ба дӯстии абадӣ байни Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон моҳи марти соли 2025 дар шаҳри Хуҷанд, ин воқеиятро тасдиқ намуд. Инчунин, бо роҳи сулҳ ҳал намудани масъалаҳои марзӣ миёни кишварҳои минтақа аз ҷониби давлатҳо ва созмонҳои байналмилалӣ баҳои баландро гирифт.
Дар ин зимн, 21 декабри соли 2025 ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ба роҳбарони давлатҳои Қирғизистон ва Ӯзбекистон Ҷоизаи байналмилалии сулҳи ба номи Лев Толстой супорида шуд.
Хоттирасон бояд кард, ки оғоз аз соли 2018 дар ҳамкориҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ, алалхусус дар муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Ӯзбекистон тағийротҳои куллӣ ба вуҷуд омаданд, ки ба рушди тамоми соҳаҳои ҳамкории ду кишвар такони ҷиддӣ бахшид. Аз ҷумла, 9-10 марти ҳамон сол нахустин сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар ҷараёни он тақрибан ҳамаи масъалаҳои ҳалталаби муносибатҳои дуҷониба ҳаллу фасл шуданд. Ҷонибҳо тамоми масъалаҳои сарҳадиро бартараф намуданд, ба мувофиқа расиданд, ки низоми раводидро барои сафарҳои мутақобилаи шаҳрвандони ду кишвар ба муддати то 30 рӯз бекор кунанд. Ҳамзамон фаъолияти комили гузаргоҳҳои сарҳадии давлатӣ дар марзи байни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон, инчунин робитаҳои нақлиётӣ ва коммуникатсионии дуҷониба, аз ҷумла қитъаи роҳи оҳани Ғалаба-Амузанг барқарор карда шуданд .
17-18 августи соли 2018 сафари давлатии ҷавобии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон доир гардид ва он мувофиқоти қаблан ҳосилшударо устувортар намуд. Дар рафти сафари мазкур Созишномаи шарики стратегӣ ба имзо расид, ки он дурнамои муносибатҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистонро ба сатҳи сифатан нави ҳамкорӣ баровард.

Дар солҳои минбаъда, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ба тақвияти амиқи ҳамкориҳо дар соҳаҳои гуногун шурӯъ карданд. Айни замон, заминаи шартномавию ҳуқуқии ду кишварро имрӯз беш аз 200 созишномаву шартномаҳо ташкил медиҳанд, ки дар сатҳи байнидавлатӣ, байниҳукуматӣ ва байниидоравӣ ба имзо расидаанд. Поягузори онҳо Аҳднома дар бораи дӯстии абадӣ аз 15 июни соли 2000, Шартнома дар бораи шарикии стратегӣ аз 17 августи соли 2018, Эъломия оид ба таҳкими дустии абадӣ ва ҳампаймонӣ аз 3 июни соли 2022 ва Аҳднома оид ба муносибатҳои ҳампаймонӣ аз 18 апрели соли 2024 мебошанд.
Маврид ба зикр аст, ки 26 марти соли ҷорӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои анҷоми сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон сафар карданд. Зимни нишасти нахустини Шурои олии байнидавлатӣ, ки таъсиси он нишонаи ба сатҳи баланд расидани муносибатҳои шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии ду кишвари ҳамсоя арзёбӣ гардид, маҷмуи васеи масоили таҳким ва густариши ҳамкории дуҷониба баррасӣ шуданд.
Зимни нишаст, таъкид гардид, ки ҳаҷми гардиши молу маҳсулот миёни ду кишвар ба 1 миллиард доллари ИМА наздик мешавад ва изҳори бовар карда шуд, ки то соли 2030 ин нишондод, то ба 2 миллиард доллар расонида мешавад. Инчунин, ҳоло дар сарзамини Ӯзбекистон 410 корхона бо сармояи соҳибкорони тоҷик ва дар Тоҷикистон 131 корхонаи муштараки Тоҷикистону Ӯзбекистон фаъолият доранд. Ин аз сатҳи баланди фаъолияти тиҷоратии соҳибкорони тоҷику ӯзбек дарак медиҳад.
Бояд зикр кард, ки фароҳам овардани шароити мусоид барои рафтуомади шаҳрвандон миёни ду кишвар, аз ҷумла бо мақсади сайёҳӣ, яке аз дастовардҳои муҳими ҷонибҳо дар солҳои охир арзёбӣ мегардад. Вобаста ба ин Пешвои миллат зимни музокирот таъкид карданд, ки дар соли 2025 наздики 2 миллиону 800 ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва беш аз 1 миллиону 100 ҳазор шаҳрванди кишвари ҳамсоя ба Тоҷикистон сафар намудаанд.
Ҳамзамон, зимни нишаст, суръати баланди густариши робитаҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои стратегӣ, чун энергетика, саноат, нақлиёт, рушди технология ва кишоварзӣ таъкид карда шуданд.
Робитаҳои фарҳангӣ-гуманитарӣ ҳамчун пули боэътимоди дӯстӣ мардумони ду кишвар боқӣ мемонанд. Дар доираи ҳамкорӣ кинофилм дар бораи дӯстии Абдурахмони Ҷомӣ ва Алишер Навоӣ таҳия гардида, яке аз кӯчаҳои Тошкенти Нав ба номи шаҳри Душанбе гузошта шудааст. Инчунин, аз баргузории бомуваффақияти намоишгоҳи муштараки маҳсулоти соҳавӣ дар шаҳри Тошканд, Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Ӯзбекистон ва анҷумани байниминтақавии соҳибкорони ду кишвар дар шаҳри Ҷизахи Узбекистон, ки дар ҳошияи ин сафар ҷараён доштанд, изҳори қаноатмандӣ карда шуд.
Илова бар ин, рушди минбаъдаи ҳамкорӣ дар бахшҳои маориф, тандурустӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир карда шуд. Қайд гардид, ки барои ҷамъияти ӯзбекон дар Тоҷикистон ва ҷамъияти тоҷикон дар Ӯзбекистон ҷиҳати ҳифз ва рушди забонҳои модарӣ, фарҳанг, анъана ва суннатҳои миллӣ шароити мусоид фароҳам мегардад.
Зимни нишаст, инчунин ба масъалаҳои амнияти минтақавӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир карда шуд. Дар робита ба ин зарурати ҳамоҳангиҳои муштарак дар мубориза бо зуҳуроти терроризму ифротгароӣ, ҷиноятҳои киберӣ, қочоқи маводи мухаддир ва дигар зуҳуроти ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ таъкид карда шуд. Ба ҳамкорӣ дар масоили минтақавию ҷаҳонӣ ҳам таваҷҷуҳи хос зоҳир гардид. Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла, авзои атрофи минтақаи моро «мураккаб» номида, иброз доштанд, ки барои вокуниши муассир ба хавфу таҳдидҳои умумӣ талошҳои муштараки минбаъда тақозо мегардад. Дар фарҷоми нишаст бастаи нави санадҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои гуногун имзо карда шуданд.
Ҳамин тариқ, имрӯз минтақаи Осиёи Марказӣ ба фазои сулҳ, ҳамкорӣ ва рушди устувор табдил гаштааст, ки шароитҳои нави ҳамкориро дар ҳама соҳаҳо фароҳам овардааст. Мардумон ва кишварҳои минтақаро риштаҳои қавии дӯстии бисёрсола, накуҳамсоягӣ ва рушди муштарак бо ҳам мепайванданд, ки ин рисолати таърихӣ то ҳол идома ёфта истодааст. Ба шарофати иродаи қавии сиёсӣ ва дастгирии Роҳбарони ду давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев муносибатҳои дӯстӣ, ҳамсоягии нек ва рушди ҳамкорӣ ба сатҳи сифатан нав бароварда шуда, муносибатҳои ин ду кишвари ҳамсоя ба шарики стратегӣ ва ҳампаймонӣ мубаддал гардиданд.
Айни ҳол, Тоҷикистону Ӯзбекистон боэътимодона пеш мераванд, ки муносибатҳо дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа бомаром рушд меёбанд ва дар як муддати кӯтоҳ ҷонибҳо тавонистанд, тамоми масъалаҳои дар тӯли солҳо ҷамъ шударо бартараф намоянд ва минтақаи Осиёи Марказӣ ба фазои боварӣ ва ҳамкорӣ табдил диҳанд. Ба шарофати саъю кӯшиши Сарони давлатҳо халқҳои ду кишвар имрӯз шаҳди меваҳои ширини муносибатҳои бародаронаро мечашанд ва мо эътимоди қавӣ дорем, ки дустӣ миёни ду кишвар то абад пойдор хоҳанд монд.

Ҳошимов Фирӯз Ҷабборович,
муаллими калони кафедраи ҷомеашиносӣ,
Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи
давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар ш. Хуҷанд.

АЛАЙҲИ ТЕРРОРИЗМ ВА ИФРОТГАРОӢ  МУБОРИЗАИ БЕАМОН МЕБАРЕМ!

 

Мусаллам аст, ки имрӯз дар ҷомеаи муосир тамаддуни иттилоотӣ қутбнамои яке аз самти нави рушди инсоният ба ҳисоб рафта, моҳияти аслии онро интишор ва мубодилаи беҳадду марзи иттилоотӣ, рушди васоити интернетӣ, коркарду пахши барномаю ахборот ва густариши алоқаи моҳворавӣ, торафт вусъат ёфтани имконияти технологияи компютерӣ ва васоити иттилоотӣ ташкил медиҳад.

 Фазои иттилоот ва истифодаи технологияи муосири иттилоотӣ ҷиҳатҳои манфӣ ва мусбӣ дорад. Ҷиҳати мусбиаш дар он аст, ки инсоният, бахусус наврасону ҷавонон ҳар лаҳза метавонанд аз навидҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ истифода баранд, маълумот пайдо кунанд, китоб хонанд, тарбия гиранд, аз ахлоқи ҳамида бархурдор воқиф гарданд, асли хешро донанд ва дар фазои шадиди ҷаҳони сиёсӣ мавқеи худро муайян кунанд. Аз асолати миллии хеш ҳифз кунанд, маънавиёти худро ғанӣ гардонанд, муаррифгари фарҳанги миллии хеш дар арсаи ҷаҳон гардад.

Ҷиҳати манфӣ дар он зоҳир мегардад, ки инсоният, алалхусус ҷавонон дар натиҷаи истифодаи нодурусти технологияи иттилоотӣ метавонанд ба фазои номатлуб ворид гардида, аз фазои озоди омӯзишу созандагӣ берун раванд. Хуллас, фазои бозории иттилоот дар ҳолати шадиди ҷаҳонишавӣ қарор гирифта, ҷомеаи шаҳрвандӣ, бахусус ҷавононро бештар ба ин гирдоб медарорад, ки оқибат ғарқи нофаҳмиҳои сиёсӣ ва туъмаи ҳаракатҳои номатлуби ҷомеаи башарӣ мегарданд. Дар ҷомеаи ҷаҳони имрўза тарғибу ташвиқ ва ба амалоии бесару сомониҳои гуногуни байналмилалӣ ва кишварҳои алоҳида мушоҳида карда мешавад, ки асоси он иғвогарии қувваҳои ҷудоихоҳии берунмарзӣ ба ҳисоб меравад. Мақсади онҳо ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунии худро ба амал бароварда, сарнагун намудани сиёсати давлатдории ҷумҳуриҳои озодихоҳ ба ҳисоб меравад. Ин гуна қувваҳои мухталиф аз тарафи давлатҳои хориҷӣ дастгирӣ карда мешаванд ва шаҳрвандони ниёзманд, ки мафкура – шуурнокии маънавӣ, маданӣ ва ҳуқуқии онҳо паст ва аксарияти онҳо ҳатто намедонанд, ки ба кадом роҳ рафта истодаанд, бо истифода аз сомонаҳои гуногуни ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ ва экстремистӣ(ифротгароӣ) шомил мешаванд.

Таҳлилҳо собит менамоянд, ки бархе ҷавонон ба ҷойи шукрона аз сулҳу ваҳдат, оромиву суботи ҷомеа, давлату давлатдории миллати солору бофарҳангамон, ободиву шукуфоӣ ва эътибори байналмилалӣ пайдо кардани Тоҷикистони азизамон ба доми фиреби наҳзату навнаҳзатиҳо, созмони террористии Давлати исломии Ироқу Шом ва ё бо номи “Давлати исломӣ” ,ки  дар расонаҳои хабарӣ бештар дар шакли ДИИШ, ДОИШ ва шохаи “Хуросон” зикр мегардад ки хилофи мазҳаби аҷдодиамон – ҳанафия мебошад, гароида мешаванд. Гумон мекунанд, ки иғвогарии онҳоро ягон кас намефаҳманд, ё дар ин соҳа дониши кофӣ надоранд. Ҳамин тариқ, ҷойгир намудани ҳама гуна маълумотҳои беасосу бемазмун, хабарҳои иғвоангезанда дар сомонаҳои ғайридавлатӣ ҷамъиятро ба гумроҳӣ, нофаҳмиҳо меорад.  Бинобар ин, моро лозим аст, ки сирати зишту нопоки сомонаҳои гуногуни ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ ва ифротгароиро ҳарчӣ амиқтару дақиқтар ба аҳли ҷомеа, огоҳ созем.

Дар интиҳои андешаи хеш бояд қайд кард, ки раванди афзоиши паҳншавии ақидаҳои ифротӣ, гаравидан ва пайвастани ҷавонон ба гурӯҳу ҳаракатҳои тундгаро ва террористӣ, моро водор месозад, ки бар зидди ин зуҳуроти номатлуб муборизаи беамон барем. Албатта, мубориза бар зидди ин хатар на танҳо вазифаи давлат ва ҳукумат аст, бояд тамоми ҳаракатҳои ҷамъиятӣ ва иттиҳодияву созмонҳои ғайриҳукуматӣ дар ин ҷода фаъол бошанд ва ҳамарӯза дар таҳкиму пойдории сулҳу ваҳдати миллати кишвар саҳмгузор бошанд.

 Ф.ҚУРБОНОВ,

мудири шуъбаи кор бо

ҷавонони ДИС ДДТТ

дар ш.Хуҷанд

ДИЛРО БА ДИЛ РАҲЕСТ ДАР ИН ГУНБАДИ СИПЕҲР

ЗИ ҶӮЙЕ, КИ ХУРДӢ АЗ ОН ОБИ ПОК …

Яке аз деҳаҳои зебоманзари ноҳияи Рӯшон Шидз ном дорад. Ин деҳа дар аввали солҳои ҳаштодум ҳамагӣ навад хоҷагӣ дошт ва дар он тахмин ҳаштсад – ҳазор нафар зиндагӣ мекард.
Дар деҳа мактаби миёна, китобхона ва идораи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ – ҷамоати деҳот ҷойгир буданд.
Ин мавзеъ сарсабз, сердолу дарахт ва чашмасор буд. Аз дари ҳар хона чашмае фаввора зада, ба ҷӯйборҳои деҳа ҳамроҳ мешуд. Атрофи хонаҳо ва талу теппаи гирдогирди қишлоқро шодоб мегардонд. Дар ин деҳа дарахтони мевадиҳандаи тут, себ, нок, зардолу, олучаву гелос хуб нашъунамо меёбанд. Мардуми деҳа мисли сокинони тамоми кӯҳистони Бадахшон меҳнатқарин, одӣ, хоксор ва бо нону намаканд.
Деҳа, дар маҷмуъ, як хонаи бузурги сеқабатаро мемонд. Фақат, ки зинаи барқӣ надошт.
Одамон бори худ, лингчаҳои орду қандеро, ки аз ма ғоза, қабати аввали деҳа мехариданд, дар даруни сабади калони дарозрӯяи аз берун барои китфҳо банди махсусдошта, пуштора намуда, ба масофаи як-ду километр ба боло, то хонаҳояшон мебурданд.
Қариб дар тамоми Бадахшон қиматтарин чиз хок аст. Агар дар пойин, дар роҳи калон касе барои худ аз таҳдашт, дар як мошини бузург ин муъҷизаи табиатро оварда резад, бисёр бо заҳмат, таҳаммул ва бурдборона дар шабонарӯз онро одамон бо сабадашон кашонида, то макони даркорӣ ба баландиҳо бурда, тахт карда, аз он самаранок истифода мебаранд.
Баъди бозгашт аз Бадахшон, вақте ман ба дигар нуқоти мамлакат сафар карда, одамонеро медидам, ки бо вуҷуди доштани заминҳои наздиҳавлигии ҳосилхез ва обҳои фаровон, соатҳо дар сари кӯчаву хиёбон рост истода, бо гапхӯрӣ, вақтгузаронӣ, беҳудакорӣ маш ғуланд, дар тааҷҷуб мешудам. Онҳоро бо мардуми заҳматкаши кӯҳистон – сарзамини камзамин муқоиса мекардам.
Ман қариб ҳамаи деҳоти Бадахшонро, ки он ҷо гузарам меафтид, кор мекардам, бо ҳиссиёти қаноатмандӣ ёдоварӣ мекунам. Аммо Шидз дар байни онҳо ҷойи махсус дорад. Дар ин деҳа дӯстони содиқ, ватандӯст ва намаксипос зиёд буданд. Инҷо дидбонгоҳи сарҳадӣ низ ҷойгир буд, ки мо бо афсарони он ошноӣ ва муносибати хуби корӣ доштем. Табодули маълумот карда, чорабиниҳои гуногуни таъмини бехатарии қитъаи муайянро дар чор фасл мегузаронидем. «Роҳ» ба Аф ғонистон доштем.

ТАҚДИРИ ЯК ДУХТАРИ УКРАИНӢ

Яке аз рӯзҳои сахти зимистон ман дар деҳаи Шидз дар сафари навбатии хизматӣ будам.
Корам дар мактаб кашол ёфт.
Дар як синфхонаи калон бо фаъолони деҳа, падару модарон дар бораи зарурати ҳушёрӣ дар сарҳади давлатӣ, вобаста ба маълумоти дастрасшуда оид ба пайдо шудани гурӯҳи террористон дар деҳаи Чоснуд ва дараи Тангшеви кишвари ҳамсоя, суҳбати фаҳмондадиҳӣ доштам. Зарурати ҳамкории зичро бо мо ва сарҳадчиён таъкид кардам.
Мардум ҳам фаъол буданд. Суолҳои зиёд медоданд. Вақт андак зиёдтар рафт. Ман аз мактаб баромада, бояд ба дидбонгоҳи сарҳадӣ мерафтам. Владимир Ким ном як ҷавони кореягӣ сардори он ва аз ҷӯраҳои наздики мо буд. Аз лиҳози дигар, фазои дидбонгоҳ барои ман мисли хонаи худӣ менамуд.
Аммо дар дами дар директори мактаб Алибеков Муродмамад гуфт:
– Ошно, вақти хӯроки нисфирӯзӣ гузашт. Туро намедонам, ман сахт гушна шудам. Хонаи мо меравем.
Директор марди тақрибан шаст – шаступанҷсола, қадбаланд, тануманд, бо мӯйи сари сап-сафед, шахсияти бофарҳанг ва воқеан, зиёӣ буд.
Тарзи либоспӯшии озода – курта ва шиму костюми бо эҳтиёт дарзмолшуда, гарданбанди мувофиқ бо сару либос ва дар шароити деҳа пойафзоли ба мавсим мувофиқу доимо пок дошт.
Чанд муддате, ки ман директори солхӯрдаро мешинохтам, ягон бор риши расидаи ӯро мушоҳида накардам. Ӯ барои муаллимон, талабагон ва аҳли деҳа дар рафтору гуфтор ва муносибату кирдор намунаи ибрату пайравӣ буд.
Умуман, мактабу деҳа, ки маърифат ва ибтидои давлатдорӣ аз онҳо сарчашма мегиранд, ба он фарқ намекунанд, ки бузурганд ё хурд, чӣ қадар одамон дар онҳо таҳсил мекунанд ё ба сар мебаранд. Инсонро ҳам на аз рӯйи қадду қомат, балки аз рӯйи ақлу фаросат ва донишу хирад бузург номидан мумкин аст. Шуҳрати макону маскани ёдшуда ҳам, аз шумораи шахсиятҳои соҳибмаърифат, кордида ва барои ҷомеа муфиду судманд вобастагӣ дорад.
Гарчанде ман дар Шидз дӯстону рафиқони хуб доштам, макони зистам меҳмонхонаи афсарии дидбонгоҳи сарҳадӣ буд. Аммо таклифи нисфирӯзии директор ҳам бароям қобили қабул афтод.
Чун вориди макони иқомати директор шудам, атроф ва дохили манзил намуна ва ҳамсон бо сифати шахсияти соҳибхона ба назар мерасид.
Мувофиқ ба анъанаҳои маҳаллӣ, дар мобайни хона печкаи русӣ меистод.
Дар болои он чанд зарфи хурду бузурги хӯрокпазӣ ва чойҷӯш дар ҳамоҳангӣ бо ҳарорати бухории бузурги русӣ озодаву дар таносуб ба ҳадафи рӯз арзи вуҷуд мекарданд.
Мизи тозаву озодаи хӯрокхӯрӣ, ки дар болояш дастурхони сафеди оҳарӣ партофта, тибқи тахмин анвои ғизо дошт, бо докаи пок пӯшонида шуда буд.
Дар назди бухорӣ зани ҳамсинну соли соҳибхона моро дидан баробар аз ҷой бархост. Ва саломи моро алейк гирифт. Бо чеҳраи кушод хайрамақдам гуфт. Алибеков хонумро ба ман муаррифӣ кард:
– Ин кас завҷаи ман – Елена Илйинична Школа. Зодаи Украина. Сиву панҷ сол муаллимаи забони русии мактаби деҳа буд. Ҳоло дар нафақа аст.
Ман ба ин хонуми солхӯрдаи муштипари ситорагарм нигаристам. Ҳазор суол яку якбора ба сарам омад. Дар бораи тақдири одамӣ, дар ин сарзамини фарсахҳо дур аз он ҷойе, ки «хуни ноф рехтааст». Ба замми он ки Бадахшон дар як сол ҳашт моҳ бо маркази ҷумҳурӣ ҳам роҳ надошт, қисмат ин зани аврупоиро ба чӣ дуриҳои дур овардааст.
Келини кампир барои ману соҳибхона хӯрок овард. Нони танурӣ бо ширчойи чорма ғзӣ беҳтарин ғизо буд. Ману устод Алибеков бо даст, ҳамсараш бо қошуқ таоми нисфирӯзиро дар сари як дастурхон дидем.
Елена Илйинична нигоҳи ҳалиму модарона дошт.
Чун гап дар бораи кори мактаб рафт, хонум гӯё ки масъала ба ӯ ҳам дахл дошта бошад, бо гӯшу ҳуш ба суханҳои шавҳараш диққат медод.
Ман медидам, ки пиру кампир бо вуҷуди хосияти синну солӣ, бо якдигар мисли ҷӯраҳои ҷонӣ муомила мекунанд.
Баъди хӯрок пиразан як пиёла об ва аз қуттича ду дона доруи ҳархела оварда:
– Мурод, доруятро фаромӯш накунӣ, – гуфта, дар назди соҳибхона монд. Директор доруи сафедро нӯшид. Хост доруи дуюмро аз паси он нӯшад, ки ҳамсараш дасти мӯйсафедро бо меҳрубонӣ поин кард:
– Магар духтур нагуфта буд, ки байни нӯшидани ду дору панҷ дақиқа фосила бошад.
Соҳибхона ба ман бо табассум нигоҳ карда, доруву пиёларо дар ҷояш монд. Бо гузашти андак вақт онро нӯшид.
Ман эҳсос мекардам, ки нигоҳҳои зани солхӯрда ба мӯйсафед то ҳанӯз ниҳоят меҳрубонона ва бо эҳтироми махсусанд. Ба ӯ ҳамчун ба меҳмони азиз муносибат мекунад. Мӯйсафед ҳам хомӯшона аз чунин арзи эҳтиром ва ҳусни таваҷҷуҳи пур аз меҳр ором, хотирҷамъу қаноатманд менамуд.
Ман ба ҳама ҳаракатҳои кампир бодиққат ва омӯзанда нигоҳ мекардам. Мехостам, ақаллан, чизе ҳам дар бораи тақдири ин зани ғариб донам, ки кай ва чӣ рӯзгор ӯро ба ин кӯҳистони дурдаст овардааст.
Пиразани рамузфаҳм инро дарк кардагӣ барин:
– Бачам, ба фикрам, ту ҳам инҷоӣ нестӣ. Мисли ман мусофирӣ. Аз нигоҳҳоят, мехоҳӣ донӣ, ки чӣ рӯзгоре маро бадахшонӣ кард.
Ман бо табассум ба доноии муаллимаи собиқ қоил будани худро тасдиқ кардам.
Елена Илйинична бо нақли кӯтоҳ хост маро аз таваҷҷуҳам ба донистани сарнавишташ огаҳӣ бахшад:
«Соли 1938 буд. Ман ҳамагӣ нуздаҳ сол доштам, ки омӯзишгоҳи педагогии духтаронаи шаҳри Донетскро бо ихтисоси муаллимаи забони русӣ хатм кардам.
Маро барои кор ба Тоҷикистон фиристоданд.
Муддати понздаҳ шабонарӯз ба воситаи роҳи оҳан ба шаҳри Сталинобод расидам.
Мо панҷ муаллима будем.
Ҳангоми тақсимот эълон карданд, ки маро ба Помир мефиристанд. Он ҷо муаллимаи забони русӣ намерасад.
Шояд барои Шумо ҷолиб бошад, ки аз соли 1938 то ҳол, яъне муддати 43 сол аз ҳамин деҳаи Шидзу маркази ноҳияи Рӯшон, дигар ба ягон ҷо, ҳатто то шаҳри Хору ғ ҳам нарафтаам.
Он вақт Сталинобод баробар ба як кӯчаи шаҳри Донетск ҳам набуд.
Баъди як ҳафтаи расидан ба пойтахти Тоҷикистон, намояндаи вазорати маориф ба ҷойи зисти муваққатии мо омада, саросемавор пурсид:
– Фамилияи Шумо Школа аст?
– Оре! Чӣ гап шудааст? – пурсидам ман.
– Ҳеҷ чиз не! Фақат таъҷилан бояд фурудгоҳ равем. Ҳоли ҳозир ҳаво кушода шудааст. Шумо бояд ба Хору ғ парвоз кунед, – гуфт.
Ман ҷомадони худро гирифтам. Ин марди бӯзбала дасти холӣ медавид ва мани духтари муштипарро бо ҷомадони кӯчбастаам ҳадаҳа мекард, ки зуд бошам. Аз ӯ қафо намонам.
Хайрият фурудгоҳ дар мобайни шаҳр будааст. Баъди ҷанг гуфтанд, ки дар ҷойи ин аэродром Театри опера ва балет сохтаанд.
Дар фурудгоҳ ҳамагӣ як ҳавопаймои хурдакаки болояш шишагии якмуҳаррика буд.
Ходими фурудгоҳ ҷомадони маро гирифта, дар куҷое аз ҳавопаймо, ки ҳамагӣ ду курсии нишасти пасопеш дошт – яке барои халабон ва дуюмӣ барои мусофир, ҷой кард.
Маро фаҳмонданд, ки парвоз қариб севуним соат идома меёбад.
Ба ман кулоҳи махсус ва айнаки шишагӣ доданд. Тарзи пӯшидани онҳоро фаҳмонданд. Баъд халабони ҳавопаймо ҳам бо каллапӯши махсус, айнакҳо, портфели чармӣ сару либоси нимнизомӣ ва мӯзаҳои «хром» омада, сари рул нишаст. Касе аз пеш чархи ҳавопайморо тоб дод, ки муҳаррики он ба кор даромад.
Парвози мо ба Хору ғ баъди хаму хезҳои зиёди «бодбараки ҳавоӣ» ба некӣ анҷом ёфт. Дар фурудгоҳ маро пешвоз гирифтанд. Муддати чор шабонарӯз бо асп аввал ба маркази ноҳияи Рӯшон, аз он ҷо дар якуним рӯзи дигар ба ҳамин деҳаи Шидз оварданд.
Агар сабаби сарфи умри азизи маро дар ин кӯҳистон пурсед, ана ҳамин Мурод аст. Акнун, бубин, суханашро хулоса кард кампир, – тарҷумаи ҳоли умри шасту панҷ солаи ман дар панҷ дақиқа тамом шуд, – гуфта, ин зани солхӯрдаи ғариб аз ёру диёр нигоҳи пурмеҳре ҷониби шарики якумраи ҳаёташ кард.

ЭЙ ВОЙ БАР ОН ДИЛ, КИ ДАР Ӯ СӮЗЕ НЕСТ

Аз ин нақли Елена Илйинична расо чил сол сипарӣ гашт.
Рӯзе як нафарро аз рӯйи сифатҳои хуби корӣ, касбӣ ва шахсӣ интихоб ва дар яке аз самтҳо ба вазифаи масъул пешниҳод кардам.
Ҳангоми шиносоӣ бо тарҷумаи ҳоли ӯ фаҳмидам, ки зодаи деҳаи Шидзи ноҳияи Рӯшон будааст.
Ҳини суҳбат бо ӯ аз ҳолу аҳволи чанд нафар шиносҳову наздикони худ аз ин деҳа пурсон шудам. Аз ҷумла, дар бораи собиқ директори мактаби Шидз Алибеков Муродмамад ва завҷаи ӯ Школа Елена Илйинична суол додам.
Ҳамсуҳбати ман Ардашер ном ҷавон буд. Соле, ки ман дар Рӯшон кор о ғоз кардаам, ҳамон сол таваллуд шуда будааст.
Ӯ гуфт:
– Алибеков Муродмамад бобоям ва Елена Илйинична бибиам мешаванд.
Аз ҳамсуҳбат фаҳмидам, ки баъди барҳам хӯрдани Иттиҳоди Шуравӣ, солҳои ҷанги шаҳрвандӣ, тохтутози гурӯҳҳои силоҳбадасти ҷиноятӣ, шикасти низоми инсониву одамгарӣ, тантанаи террору қаҳтиву гуруснагӣ ҳама дар ғами ҷони худ афтида, роҳи халосӣ меҷустанд. Авлодони ӯ дигар ба ояндаи тоҷику Тоҷикистон, давлату давлатдорӣ, эҳтимоли бозгашти осудагиву оромӣ бовар надоштаанд.
Елена Илйинична дар пиронсолӣ ин аҳволи фалокатборро дида, бо гиряву зорӣ аз шавҳараш хоҳиш мекунад, ки кунун, дар чунин шароит дар Тоҷикистон имкону зиндагии имрӯзу оянда намонд. Якҷо ба ватани ӯ ба Украина раванд. Фарзандонро ҳам бо худ бубаранд.
Бобои Мурод ба чунин таклиф розӣ шуда наметавонад. Чӣ тавр ӯ зодгоҳ, хешу табор, ҳамқишлоқу ҳамшаҳриҳо ва Тоҷикистони азизашро партофта, дар охири умр худро овораи сад мулк мегардонад?
Елена Илйинична аҳволи рӯзафзуни бадро дида, дар назди мӯйсафед ба зону зада, зорӣ мекунад, ки агар нахоҳад, ӯро иҷозат диҳад то ба Украина, ба назди хешу табораш баргардад.
Мӯйсафед ноилоҷ монда, розӣ мешавад, ки охирин хоҳиши ҳамсафари умр, вафодори ғариби азиятдидаеро, ки ҳаёташро ба ӯ бахшиду акнун умраш Офтоби ба ғуруб расидаро мемонад, иҷро кунад.
Тасмим мегирад, ки худаш шахсан кампирро ба зодгоҳаш, шаҳри Донетск бурда, дар назди хешу ақрабояш мемонад ва ба деҳа бармегардад.
Ҳамин тариқ, мӯйсафеди бечора бо дили реши бедармон, кампири аз ҷабри замона хазон ва аз алами рӯзгор ноумедгаштаву нолонашро гирифта, бо ҳазор дарду алам дар чанд шабу рӯз ба Украина мерасонад.
Кампир пеши пойи мӯйсафед меафтад. Гиряву зорӣ мекунад, ки ӯ аз баҳри падару модар, акаву додар, хешу табораш гузаштаву умри худро сарфи муҳаббати Мурод кардааст. Акнун навбати посух расидааст. Наравад. Бо ӯ бимонад:

Мабод кас чу мани хаста мубталои фироқ,
Ки умри ман ҳама бигзашт дар балои фироқ.
Ғарибу ошиқу бедил фақиру саргардон,
Кашида меҳнати айёму до ғҳои фироқ.
Куҷо равам, чӣ кунам, ҳоли дил киро гӯям,
Ки доди ман биситонад, диҳад ҷазои фироқ?
Фироқро ба фироқи ту мубтало созам,
Чунон, ки хун бичаконам зи дидаҳои фироқ.
Ман аз куҷову фироқ аз куҷову ғам зи куҷо,
Магар бизод маро модар аз барои фироқ.

Гаштаву баргашта изҳор доштааст, ки дар Тоҷикистон дигар осудагиву умеди зиндагӣ аз даст рафт. Силоҳбадастон мардум, зиёиён, махсусан муаллимонро шикор карда истодаанд. Ба ҳеҷ кас раҳм надоранд. Зориву тавалло мекунад, ки Мурод бо ӯ биистад. Дур аз Ватанаш бошад ҳам, охирин лаҳзаҳои умрро якҷо гузаронанд.
Ҳоли дили ин мискини зор суханҳои Ҳофизи бузургворро ба хотир меовард, ки:

Ҳазор ҷаҳд бикардам, ки ёри ман бошӣ,
Муродбахши дили беқарори ман бошӣ.
Чаро ғи дидаи шабзиндадори ман гардӣ,
Аниси хотири уммедвори ман бошӣ…
Ман ин мурод бибинам ба худ, ки ними шабе,
Ба ҷойи ашки равон дар канори ман бошӣ.

Пирамард ҳолати руҳиашро бори чандум ба кампир изҳор медорад. Бо чашмони пурнам ва дили пур ғам бо ӯ хайрухуш мекунад. Ва роҳи Тоҷикистони азизашро пеш мегирад. Елена беовоз, ашки шашқатор аз дили хастаи оташбор мерезад:

Юсуфи азизам рафт, эй бародарон, раҳме,
К-аз ғамаш аҷаб бинам, ҳоли пири канъонӣ.

Мӯйсафед се шабонарӯз дар поезд дар бораи рӯзгори неки аз сар рафта, ранҷу азоби гузашта ва ҳамакнун синаи моломоли дарди бемарҳам, танҳоии якумраи мусаллам андеша мекунад. Умедашро аз зиндагӣ ва ояндаи нек меканад. Аҳволашро дар пирӣ бо дили шикаста ва руҳи гусаста тасаввур мекунад:

Маро корест мушкил бо дили хеш,
Ки гуфтан менаёрам мушкили хеш…
Чи фурсатҳо, ки гум кардам дар ин роҳ,
Зи бахти хобноки ғофили хеш!

Бобои Муродбек намехост, ки ин поезд ба манзил расад. Ва акнун ба замине қадам гузорад, ки дигар ғамхору ғамгусор, табиби шабзиндадор, дар ҳама дарду ранҷ шарик – ҳамдами роздор, Еленааш нест.
Бо ҳамин хаёл, шабу рӯз об дар даҳон накарда, бемору бемадор дар гӯшаи «купе»-и поезд менишаст:

Эй боди сабо, бигзар, з-он ҷо, ки ту медонӣ,
Аҳволи дилам баргӯ онҳо, ки ту медонӣ.
Дар пардаи асрораш ҳар гаҳ ки шавам маҳрам,
Сарбаста бигӯ аз мо онро, ки ту медонӣ.

Оқибати шабу рӯзҳои бехобӣ наздик ба истгоҳи Душанбе, бобои Муродро хоб мебарад. Ногаҳ касе болои сари мӯйсафеди ғамбемору бемадор омада, мегӯяд:
– Бобо, ба Душанбе расидем! Ҳама фаромада рафтанд! Намехезед?!
Мӯйсафед чашмонашро мекушояд. Аз ҷояш хеста, ҷомадони фарсудаи худро бардошта, гӯё намедониста бошад, ки аз куҷо омадааст, ба куҷо меравад, бо дили нохоҳам, аз қафои роҳбалади поезд базӯр – базӯр қадам мезанад. Чун масъули қатор эҳсос менамояд, ки ҳоли мӯйсафед хуб нест, дасти ӯро гирифта, то даҳани дари вагон меорад. Таъкид мекунад, ки эҳтиёт бошад.
Мӯйсафед дастаи зинапояи поездро дошта – дошта, бо ҳоли ҳазине поин фаромаданӣ мешавад. Ҷомадони куҳнаашро роҳбалади поезд гирифта, мехоҳад пирамардро ёрдам кунад. Ҳангоми пой гузоштан ба охирин пила, мӯйсафед сархам дастаки зинапояро дошта, қадам ба замин мегузорад. Ин вақт як кас бо бастаи хоксоронаи гул мӯйсафедро пешвоз ва бо дастони ларзон ба о ғӯш мегирад. Ӯро дигар сар намедиҳад. Оби шашқатори дидагони ӯ рӯю гардани мӯйсафедро мисли селоб тар мекунад…
Пирамард парешонхотиру беҳис дастони нофармони ларзидаи ба гардановехтаи ӯро мебӯсад… Инро давоми хоби ширини даруни поезд мепиндорад. Аммо чашм кушода, сар бардошта, беҳис менигарад. Пирамардро на каси дигар, балки Елена Илйиничнаи азизаш тани танҳо пешвоз гирифтааст.
Пиру кампир, чанд муддат дар ҳамин ҳолат моту мабҳут мемонанд…

Эй вой бар он дил, ки дар ӯ сӯзе нест,
Савдозадаи меҳри дилафрӯзе нест.
Рӯзе, ки ту бе ишқ ба сар хоҳӣ бурд,
Зоеътар аз он рӯз, туро рӯзе нест.

Баъди оне, ки кампир мӯйсафедро дар истгоҳи Донетск ба поезд савор карда, гусел мекунад, ба хонаи хешу табор бармегардад. Дар байни наздикон худашро бегона меҳисобад. То субҳ чун пири бекаси ғарибафтодаи фақиру ҳақир бо замири пурдарду алами эҳсоси ҷудоӣ аз дӯсти якумраи беназири акнун зиндаҷудои худ Мурод, ки дигар ҳеҷ вақт ӯро намебинад, то ба рӯз болиштро аз ашк тар мекунад.
Ин шаби дарозтарини умри Елена Илйинична буд.
Субҳ аз хешовандон бо имдод мехоҳад, ки роҳи фурудгоҳро ба ӯ нишон диҳанд. Кампир бо касе маслиҳат накарда, хомӯш дар навбат истода, бо наздиктарин хатсайр билети ҳавопаймо мегирад.
Се рӯз пеш ба Душанбе мерасад. Се рӯзу шаби интизориро танҳо дар вокзали поезд мегузаронад.
Акнун ба охирин муроди зиндагии худ мерасад:

Вақтро ғанимат дон, он қадар, ки битвонӣ,
Ҳосил аз ҳаёт, эй ҷон, ин дам аст, то донӣ…
Бо ғбон, чу ман з-ин ҷо бигзарам, ҳаромат бод,
Гар ба ҷойи ман сарве, ғайри дӯст биншонӣ.

(Порча аз китоби «Ёддоштҳо»-и Саймумин Ятимов,
Қисми 2. – Душанбе: «Эко Принт», 2024, –С. 106-119)

Ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат», №39 (2320) аз 01.10.2025

ИЗҲОРОТИ шуъбаи кор бо ҷавонони ДИС ДДТТ дар ш.Хуҷанд нисбат ба баромадҳои иғвоангезонаи М.Садриддин дар канали YouTube -”Ислоҳ.тv” (Ислоҳ.нет.)

Мо, кормандони шуъбаи кор бо ҷавонони Донишкада борҳо нисбати як фроди роҳгумзадаи ифротӣ-Муҳаммадиқболи Садриддин, ки имрўзҳо аз имконияти шабакањои ичтимоӣ истифода бурда, дар барномаи “Зери Заррабин”ва “Номаҳо аз Ислоҳ.нет” тўтивор такрор ба такрор баромадҳо намуда, беасосу бедалел бар зидди кишвари соҳибистиқлоламон, ба миллати куҳанбунёду тозаҷавонамон санги маломат мезанад.Баробари ин, дар солҳои қабли то имруз бештар тавассути канали YouTube-”-Ислоҳ.тv”(Ислоҳ.нет) дар барномаи ифротӣ бо номи “Минбари муҳоҷир”дар якҷоягии шогирдону пайравонаш бо чашми ғараз баромадҳо намуда, бар аҳли башар аз рушду пешрафти кишвари соҳибистиқлоламон шикоят мекунад. Чуноне, ки мо зимни изҳороти қаблӣ нисбат ва фаъолияти афроди роҳгумзада сухан карда будем, такроран қайд менамоем, ки М.Садриддин чун солҳои қаблӣ дар соли равон, аз ҷумла дар давоми моҳи шарифи Рамазон, санаҳои 1, 4, 8, 11 ва 15 марти соли ҷорӣ aрзишҳои диниву мaзҳaбиро истифодa бурдa, баромади иғвогаронаи ифротиро боз пеша намуд. Аз баромади М.Садриддин ҳар шунавандаю бинанда бе ягон душворӣ пай мебарад, ки номбурда ин навбат худро раиси Шӯрои уламои дини чумҳурӣ намоиш дод.Дар иртибот ба ин, ба хонандаи закӣ шарҳу баён намудан зарурият надорад. Хулоса, М.Садриддин ва думравонаш ба ғайр аз туҳмату ғайбат ва иғвогарӣ дигар коре надоранд, ки аз љињати сиёсиву динӣ ва фарњангї дар ягон ќолиб рост намеояд. Умуман, баромадҳои М.Садриддин ва шогирдону пайравонаш даъвоҳои пучу беъманӣ ва бепояаш дар бораи масъулият, одобу аҳлоқ, дину диёнат ва дигар насињатомези иѓовоанезонааш бори дигар ба мардум нишон дод, ки миллати тоҷик ва давлати Тоҷикистонро дар назди хоҷагони сармоядеҳу барномасозаш бадном кунад. Баробари ин, бояд қайд кард, ки мо, ҷавонон аз соҳибистиқлолии кишвари хеш сарбаланду шукргузорем ва аз аркони дини Мубин фазилати моҳи шарифи Рамазон огаҳем. Бояд ёдовар шуд, ки моҳи Рамазон моҳи сулҳу субот ва покӣ аз нифоқ аст. Моҳи хайру баракат, моҳи ибодат, моҳи аз ҳоли беморон ва мӯҳтоҷон хабардор шудан ва моҳи аз буғзу адоват дур будан аст. Хуллас, гуфтору рафтори М.Садриддин ва пайравонаш баръкси ин суханҳо.
Хушбахтона, имрӯз дар байни сокинони асосии кишвари мо, ки бештари онро љавонон ташкил медињад ба ин тамоюлҳо мо баҳои дурусти худро медиҳем, зеро ҷавонони даврони соњибистиқлол оид ба давлату давлатдорӣ ва дин баҳоигузории худро доранд.

Дар интиҳои изҳороти хеш мо ин навбат низ М.Садриддин ва шогирдону думравонашро сахт маломат карда, лаънат мехонем ва суханњои иғвоангезонашонро шадидан маҳкум намуда, нагузорем, ки бадхоҳони миллат дар шабакањои иҷтимоӣ бо дурўғпардозӣ ва дасисабозии худ нисбати кишари мо сухан гӯянд.

ҒАЙБАТУ ТУҲМАТАНГЕЗИ ИҒВОГАРОН АЁН АСТ!

Мушоҳидаву таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки солҳои охир тӯдаи роҳгумзадаи ифротӣ, бо ҳар роҳу восита мехоҳанд иғво барангехта, сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти мамлакатро дар назди ҷаҳониён нодуруст арзёбӣ намоянд. Яке аз чунин афроди роҳгумзадаи ифротӣ- Муҳаммадиқболи Садриддин мебошад, ки дар давоми соли равон, бештар тавассути сомонаи “ISLOH TV”(Ислоҳ.нет.) дар барномаи ифротӣ бо номи “Минбари муҳоҷир”ровигиро ба уҳда гирифта, зимни баромадҳояш дастовардҳои даврони соҳибистиқлолро нодида гирифта, Ҳукумати кишварамонро беасос ба ҳаргуна гуноҳҳо айбдор менамояд. М. Садриддин дар давоми моҳи шарифи Рамазон низ дар барномаи ифротии зикршуда бо ҷалби шогирдону думравонаш баромадҳо ташкил намуда, зимни ҷараёни он, аз ҷумла санаҳои 01, 04, 08, 11 ва 15 марти соли ҷорӣ бо суханҳои беасос ва бо маълумотҳои бардурӯғи бедалел, сафасатагӯӣ намуданд. Баромадҳои М.Садриддин ва шогирдону думравонаш ва намоиши сабтҳои видеоӣ, аудиоии онҳо танҳо суханони ғайбату туҳматангез ва иғвогарона инъикос ёфтаасту ба ғайр аз иғво ва фитнаандохтан корӣ дигар надоранд. Хуллас, ғайбату туҳматангези иғвогарон аён аст Умуман, бадхоҳони роҳгумзадаи ифротӣ ва хоҷагони хориҷии онҳо фаромӯш кардаанд, ки мардуми шарафманди кишвари соҳибистиқлоламон дигар намегузоранд, ки касе зиндагии орому осудаи онро мисли солҳои 90-уми асри гузашта бо фитнаангезиву дасисабозӣ халалдор намоянд.
Роҳгумзадагони ғайбатчии ифротиро бори дигар хотиррасон менамоем, ки мо ҷавонони зодаи даврони соҳибистиқлол ҳастем фикру андешаи солим дорем ва аз таърихи навини кишвари хеш бохабар ҳастем. Умуман, мардуми шарифи Тоҷикистон, якдилу яктанем, рӯҳи шикастнопазир доранд. Барои мо беҳтарин неъмат сулҳу субот аст ва оромиву осоиш барои ҳар кишвару миллат, махсусан, барои халқи мо, ки даҳшати ҷанги шаҳрвандиро аз сар гузаронидааст, неъмати бузургтарин маҳсуб ёфта, ҳифзу ҳимояи он вазифаи муқаддаси ҳар як фарди миллатдӯсту ватанпараст ва кулли ҷавонони бонангу номуси Ватан мебошад.

Р.АНВАРӢ,
ассистенти кафедраи молия ва
қарзи ДИС ДДТТ дар ш.Хуҷанд

ТЕРРОРИЗМ ВА ИФРОТГАРОӢ – ЗУҲУРОТИ НАФРАТОВАРИ ХАТАРНОК

Имрӯз яке аз зуҳуроти нафратовари хатарнок-терроризм ва ифротгароӣ, дар шароити торафт мураккаб гардидани вазъи ҷаҳони муосир густариш пайдо карда истодааст. Зери фишори неруву унсурҳои бегона ва аз байн рафтани низоми давлатдории як қатор кишварҳо ва вусъати торафт афзояндаи терроризму экстримизм вазъи байналмилалӣ хеле заиф шуда, истиқлолияти давлатҳои миллӣ осебпазир гардидааст. Намуна ва пайомадҳои чунин вазъро мо дар мисоли Сурия, Ироқ, Либия, Яман ва имруз бошад дар Афғонистон мебинем.
Аксари созмонҳои ифротгароӣ, алалхусус мубалиғони яке аз созмони байналмилалии тундрави исломгаро бо номи “Давлати исломии Ироқу Шом” (ДИИШ, ДОИШ) ва ё бо номи “Давлати исломӣ” , ташкилоти террористии “Ал-Қоида” шабакаҳои иҷтимоиро чун яроқи муосир – идеологӣ васеъ истифода бурда, бештар аз ҳисоби муҳоҷирони меҳнатӣ, алалхусус шаҳрвандони Осиёи Марказӣ-ро гумроҳ намуда, сафҳои худро зиёд намуданашон ба назар мерасад.
Таблиғи ғояҳои радикалӣ, бештар тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ, аз қабили Facebook, Instagram, VKontakte, Twitter, Tumbler, Telegram, Youtube татбиқ карда мешавад. Мушоҳидаву таҳлилҳо собит менамоянд,ки ҳаштод фоизи ҷавонон, ки дар терроризм, алахусус дар ДИИШ даст доранд, мустақиман дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҷалб карда шудаанд. Аз ин лиҳоз, масъалаи ҷалби ҷавонон ба сафи ҷунбишу ҳаракатҳои ифротӣ ва гурӯҳхои террористӣ, инчунин иштироки онҳо дар ҷангу муноқишаҳои давлатҳои хориҷӣ, ба яке аз масъалаҳои доғи ҷомеа табдил шудааст.
Дар иртибот ба ин бояд қайд кард, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар ҷиҳати пешгирӣ аз ин амалу рафтори ба ҳаёт ва суботи ҷомеа хатарнок диққати махсус равона менамоянд ва тадбирҳои мушаххас самараи назаррас ба бор оварда истодааст.Мувофиқи иттилои расмӣ соли 2025 додгоҳҳои кишвар дар умум беш аз 400 парвандаи марбут ба ифротгароиро баррасӣ кардаанд.Тибқи маълумоти вазорати корҳои дохилаи мамлакат аз соли 2015 то инҷониб бо роҳҳои фаҳмондадиҳӣ 1030 нафар узви ташкилотҳои террористиву ифротгароӣ ва иштирокчиёни муҳорибаҳои ҷангӣ ба Ватан баргардонда шуда, бо онҳо мунтазам чораҳои профилактикӣ гузаронда мешаванд.
Дар иртибот ба масъалаи матраҳгардида ва аз рақамҳои оморӣ хулосабарорӣ намуда, бояд қайд кард, ки он оилаҳои дар он низоми якдигарфаҳмӣ, садоқату муҳаббат, вафодорӣ, андӯхтани илму маърифат, интихоби касби дӯстдошта ва инсонсолорӣ барпо шудааст, хатари воридшавии идеологияҳои ифротгаро ва маданияти бегона умуман ба чашм намерасанд. Аз ин лиҳоз, хуб мешуд, падару модарон аз оғоз ба тарбияи дурусту мақсадноки фарзандон таваҷҷуҳ намоянд. Умуман, раванди афзоиши паҳншавии ақидаҳои ифротӣ, гаравидан ва пайвастани ҷавонон ба гурӯҳу ҳаракатҳои тундгаро ва террористӣ, моро водор месозад, ки бар зидди ин зуҳуроти номатлуб муборизаи беамон барем.Мо набояд фаромӯш созем, ки мубориза бар зидди ин хатар на танҳо вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аст. Ҳар як фарди кишвар, кулли ҳаракатҳои ҷамъиятӣ ва иттиҳодияву созмонҳои ғайридавлатӣ бояд дар ин самт фаъол бошанд ва ҳамарӯза дар таҳкиму пойдории сулҳу ваҳдати миллати кишвар саҳмгузор бошанд. Моро зарур аст, ки насли ҷавонро дар рӯҳияи хештаншиносӣ тарбия намуда, онҳоро ҷиҳати аз худ намудани донишҳои муосир талқин намоем. Хуллас, ҳар як фарди соҳибшуур ва бомаърифати ҷомеа, махсусан ҷавононро, ки қисми асосии ҷамеаро ташкил медиҳанд мебояд ба ин афкори манфур фирефта нашаванд, дар ҷустуҷӯи омӯзиш ва ғанигардонии маърифати ахлоқӣ, ҳуқуқӣ ва сиёсии худ бошанд, то дар таҳкими суботи комили сиёсии Тоҷикистон саҳмгузор бошанд. Чунки суботу амнияти Тоҷикистон, устувории суботу амнияти минтақа ва ҷамеаи ҷаҳонӣ аст.

Ф.ҚУРБОНОВ,
мудири шуъбаи кор бо
ҷавонони ДИС ДДТТ
дар ш.Хуҷанд

ДАСИСАБОЗИ ИФРОТӢ

Тибқи расонаҳои хабарӣ мо огаҳ ҳастем, ки имрўзҳо яке аз пайрави фаъоли наҳзат Муҳаммадиқболи Садриддин агар ҳафтае нисбати кишвари соҳибистиқлоламон туҳмату буҳтон наяфкананд, худро ором намегирад. Ин иғвогари дасисабози ифротӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ, амиқтараш дар канали YouTube -“ ISLOH TV ,пойгоҳи “ ISLOH net”, маскан гирифта, дар барномаи ифротӣ бо номи “Минбари муҳоҷир ” солҳои қаблӣ ва аз оғози соли равон то имрӯз бо бо ҷалби думравонаш баромад намуда, ба низоми давлатдории муосири миллии мо халал расонидан ва мардумро ба ноамниву ноумедӣ раҳнамоӣ намудан кӯшиш дорад.
Мо борҳо зимни андешаҳои хеш вобаста ба баромадҳои қаблии М.Садриддин ва думравонаш, аз қабили Муҳаммад Тағоев ва афроде бо номи Абдулло ибрози андеша намуда, қайд карда будем, боз такроран таъкидан қайд менамоем, ки ин бадхоҳони ифротӣ ҳадафаш тағйири сохти сиёсӣ ва тарзи зиндагиро тағйир додан аст. Таърих гувоҳ аст, ки аслан роҳбарияти наҳзат, хоса Мухиддин Кабирӣ бо такягоҳу пуштибонии хоҷагони хориҷӣ, мазҳабу виҷдон ва ҳама гуна арзишҳои миллиро фурӯхтаанду бар ивази маблағҳои хоҷагони хориљаашон омода ҳастанд, ки ватанашонро ба як ғуломи давлати дигар табдил диҳанд.
Таърих гувоҳ аст, ки баъди чандин солҳо талошу заҳматҳои роҳбарияти давлати Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамчун кишвари ободу сулҳпарвар аз ҷониби тамоми кишварҳои бонуфузу қудратманди ҷаҳон эътироф гардид. Ҳамаи ин дастовардҳои миллати тоҷик дар дили бадхоҳони миллат беқарор кардаст, ки имрўз М.Садриддину думравонаш ,умуман фаъолияти хиёнатпешаи наҳзату навнаҳзатиҳо дар хориҷи кишвар аз дунёи маҷозии интернет истифода бурда, ба туҳмату буҳтон, дурӯғу дасиса ва бадном кардани ходимони сиёсиву давлатӣ даст зада истодаанд ва тудаи фейкҳояшон дар шабакаҳои иҷтимоии интернет парса мезананду гӯё «ҳақиқат»-ро ба мардуми тоҷик мефаҳмонида бошанду миллатро аз «нестӣ» мераҳонида бошанд. Яъне, ду-се фирориву хоини ватангадо, ки дар боло мо зикр кардем, миллати тоҷикро аз номи миллати тоҷик бадном мекунанд. Бо ин рафторашон сурат ва сифати аслӣ, ҷаҳонбинии тангашонро ифшо менамоянд. Албатта, шахси солимандеш ҳарзасароиҳои онҳоро ба як пули сиёҳ ҳам намехарад. Ҳатто хориҷиёни онҳоро дар бағали худ гирифта, ба гуфтори бепояашон зоҳиран боварӣ нишон медиҳанд. Аммо, аслан, дар дил ба ҳолашон писханд мезананд! Баробари ин, бояд ќайд кард, ки таърихи талхи начандон дури кишварамон моро водор месозад, ки сари њар гуфтору рафтори нањзату навнаҳзат ва хољагони онхо дуруст андеша кунем. Мо бояд ба қадри сулҳу ваҳдат ва осоиштагии кишвар расем ва нагузорем, ки М.Садриддин ва шогирдону думравонаш нисбати кишвари соњибистиќлоламон сухани ќабеҳ гӯянд. Бояд хотиррасон кард, ки пешгирии ҷараёну ҳаракатҳои ғайриќонунӣ кори дастҷамъонаи мо аст. Бояд дар мактабу коргоҳҳо ва оила мо чеҳраи манфури дасисабозҳои ифротӣ ба аҳли ҷомеа нишон диҳем. Ва бо ҳамин тарз қарзи худро дар назди Ватан адо намоем!

М.АХМЕДОВ,
устоди ДИС ДДТТ

ТЕРРОРИЗМ ВА ИФРОТГАРОӢ – ПАДИДАҲОИ МАНФИИ НОМАТЛУБИ ҶОМЕА

Терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ) имрӯз яке аз проблемаи асосии ҷаҳони шинохта шуда, махсусан ҷавононро бо ҳар гуна ваъдаҳои бардурӯғи динию дунявӣ ҷалб намуда, онҳоро ба ҷараёнҳои террористӣ сафарбар месозад. Дар иртибот ба ин, муҳаққиқон ва коршиносони масоили сиёсӣ бар он назаранд, ки пайравони созмонҳои террористиву ифротгароӣ барои ноором сохтани вазъият дар ҷомеа ва тафриқаандозиву барангехтани низоъҳои диниву мазҳабӣ кӯшиш карда, барои гумроҳ сохтани сокинон бахусус, ҷавонон ва ба созмонҳои манъшуда ҷалб намудани онҳо аз роҳу воситаҳои гуногун истифода менамоянд. Дар аксар маврид қишри ноогоҳу камсавод ва таассубӣ ба доми чунин гурӯҳҳои ифротӣ меафтанд. Вобаста ба масоли мазкур аз ҷониби мақомотҳои ҳифзу ҳуқуқи кишвар диққати махсус зоҳир мегардад, ки дар натиҷа баҳри пешгирӣ ва ошкор кардани ҷиноятҳо оид ба терроризиму ифротгароӣ корҳои назаррас ба анҷом дода шудаанд. Масалан танҳо дар нимаи аввали соли 2025 дар Тоҷикистон 241 террористу ифротгаро боздошт шуданд. Бояд қайд кард,ки шумораи ҷиноят вобаста ба терроризиму ифротгароӣ сол аз сол дар кишвар кам шуда истодааст. Вале, аз рақами оморӣ хулоса бароварда, қайд кардан зарур аст, ки дар чунин вазъи пешгуинашавандаи сиёсии сайёра ҳар фарди соҳибшуур ва бомаърифати ҷомеа, махсусан ҷавононро, ки қисми асосии ҷамъиятро ташкил медиҳанд месазад ба афкори барғалати чеҳраҳои сиёсии ноаёни гурӯҳҳои радикалӣ фирефта нагардида дар ҷустуҷӯи омӯзиш ва ғанигардонии маърифати ахлоқӣ, ҳуқуқӣ ва сиёсии хеш бошанд, то дар таҳкими суботи комили сиёсии Тоҷикистони азиз поягузор бошанд.
Хулоса, дар фарҷоми андешаи хеш, мо ҷавонон дар ҷомеаи муттамадини имрўза бояд дарк намоем, ки мо ояндаи миллат ҳастем ва бояд аз тамоми амлҳои номатлуб, бахусус аз ифротгароиву терроризм дур бошем. Агар мо хоҳем, ки ҷомеаи мо бо суръат рушд кунад, пайваста дар омӯхтани илм талош варзем, зеро агар шахс соҳиби илму дониш, хираду заковат бошад, ҳеҷ вақт фирефтаи падидаҳои манфии номатлуби ҷомеа намегардад.

Ф.ҚУРБОНОВ,
мудири бахши
ҷавонони ДИС ДДТТ

ИЗҲОРОТИ шуъбаи кор бо ҷавонони ДИС ДДТТдар ш.Хуҷанд нисбат ба баромади иғвоангезонаи ифротии М.Садриддин дар канали YouTube- ”Ислоҳ.тv” (аз 15.03.2026с.)

Мо, ҷавонони зодаи даврони соҳибистиқололи кишвар, ки дар фазои сулҳу оромӣ ва зери парчами арзишҳои миллӣ ва инсондӯстӣ ба воя расидаем, мавқеи хешро нисбат ба фаъолияти бадхоҳони миллат,алалхусус яке аз пайрави фаъоли паймони худсохтаи наҳзат ”Паймони милли..”- Муҳаммадиқболи Садриддин мебошад, андешаҳоямонро изҳор менамоем. Бояд қайд кард, ки М.Садриддин оқибат фирорӣ шуда, дар кишварҳои Аврупо пойгоҳи таҳлилӣ, сиёси ва динӣ бо номи Ҳаракати ислоҳотхоҳон”(Ислоҳ.нет) ва “Номаҳо аз Ислоҳ.нет”- ро таъсис дода, фаъолияти ифротиашро ба роҳ мондааст.Илова бар ин, аз 29 апрели соли 2020 ровии барномаи ифротӣ бо номи “Минбари муҳоҷир” ба ӯҳда гирифта, дар давоми шаш соли охир дар канали YouTube – Ислоҳ.тv, дар барномаи “Минбари муҳоҷир” бо ҷалби шогирдону думравонаш 400 барнома таҳия намуда, зимни баромадҳо бо ҳангомаю ҳарзаи ифротӣ ҷилвасозӣ намуда, бо истифода аз номи халқ, шаҳр ва ё ким-кадом ниҳодҳои ормониашон иғвову буҳтонҳо мебофад. М.Садриддин ва думравонаш бо ин роҳ мехоҳанд сиёсати пешгирифтаи кишвари соҳибистиқлоламонро, ки баҳри таъмини сулҳу субот ва тараққиёт равона шудааст, мавриди интиқод қарор дода, бо талошҳои бесамари худ умедворанд, ки фазои ақидатиро дар ҷомеаи мо тира карда мардумро ба чолиш кашанд. Масалан баромади навбатиаш ,ки санаи 15 марти соли равон, дар барномаи ифротии зикршуда таҳти унвони “400 барнома барои озодӣ аз ғуломӣ” боз бо ҷалби шогирдону думравонаш, ки номҳои ғайриоддӣ доранд , аз қабили “Мубориз”, “Ватсап 665”ва ғайра баромад намуданд. Зимни баромади ифротӣ суханро мисли обу ҳаво тағийр дода, мисли баромадҳои қаблиаш худро “уламои дин” намоиш дода, оид ба роҳсозӣ, қазияи Украина ва баробар ин, ин аз шикоят доштаниу кумак кардани мардум пурсон шуд. Гуё ки муаммоҳоро ҳаллу фасл мекарда бошад??!!! Илова бар ин, оид ба фаъолияти собиқ роҳбари ҲНИ Саид Абдуллои Нури таҳсиномез ба хотир оварда,ба зодурузаш табрик намуд. Бояд ёдовар шуд, ки номбурда соли 1973 ташкилоти пинҳонии ҷавонони исломиро бо номи «Наҳзати ислом» таъсис дода, бадан аз соли 1993 то дами маргаш то соли 2006 роҳбари Ҳизби наҳзати ислом буд.
Дар рафти барномаи ифротии “Минбари муҳоҷир”,як тудаи роҳгумзада,амиқтараш думрави М.Садриддин арзи вуҷуд доранд, ки тариқи мондани лайкҳо ва бе риояи меъёрҳои забони адабӣ ва хатогии имлои забон роҳ медиҳанд, ки ин ба якон қолиб рост намеояд. Тудаи роҳгумзада бешубҳа аз бесаводӣ гувоҳӣ медиҳад,ки ба хонандаи закӣ нусхаи навиштаҷотро нишон медиҳем: “ @DronDkdkidЧОПЛУС И ИН БЕМОРИИ ВАЗНИН АЗ САРАТОНУ ВАБОХАМ САНГИН БАР ЗИДИ У ЙОФТ НАШУД ВАКСИН БЕХТАРИН ДАРМОН ЯК БОР ДИНГЛАКМИТСИН,” @DronDkdkidХАМА ДОНЕД КИ ЧОПЛУС КИБЛА НАДОРАД АЗ КАСЕ ДИД МАНФИАТ БА ОН САЖДА МЕОРАД. @НематАшуров-э1щДРОН ВАТАН БИЁЕН ЯКЧОЯ ШАВЕМ ИН МИЛЛАТА НАҶОТ БИДИҲЕМ АЗ ШАЙТОН
Ин гурӯҳакҳои бадтинату бадмизоҷ ва носолими беватан тўтивор дар ҳар баромадҳои ифротиашон такрор ба такрор оид ба масоили ободӣ, пешравӣ ва рушди мунтазам ва босуръати кишварро нодида вонамуд карда, ҳар як камбудӣ ва норасоиҳои ночизро бо муболиғаву воҳима табдил менамоянд. Илова бар ин, бо баҳонаи табрикоти моҳи Рамазонӣ рукнҳои дини мубини Исломро дар шакли ғалат тарғиб карда, ҷиҳати ҳалли мушкилоти ба миёномада сухан карданд Гӯё ки мушкилотҳои зикршударо ҳал мекарда бошад?! Ба андешаи мо ин баромаду лофзанињо дар сатњи байналмилалӣ ҷоиз нест. Алалхусус бо забони тољикї ва њатто дигар забон бошад њам.Хонандаи закӣ дарк мекунад, ки дар моҳи Рамазон мусалмони комил бояд бо рафтору гуфтори некро пеша кунад, вале М.Садридди! аз ин амал хеле дур аст!
Хулоса, М.Садриддин ва пайравонаш натанҳо дини мубини Ислом, инчунин арзишҳои муқаддас, яъне Ватану миллатро фурӯхта, зери пой кардаанд ва ҳатто, барои маблағ шуда, мазҳаби аҷдодии худро ҳам фурӯхта, мазҳаби бегонаро қабул намудааст. Мо, ҷавонон чӣ мақсад доштани М.Садриддин, умуман наҳзату навнаҳзатиҳоро медонем, ки онњо имрӯз низ ҳирсу худхоҳӣ ва табиату тинати ба хиёнат одат кардаашон оромашон нагузоштасту боз ҳам мисли солҳои 90-уми асри гузашта бо супоришњои хоҷагонашон барои иљрои супориши онҳо кўшиш доранд. Таъкидан ба М.Садриддину шогирдону думравонаш хотиррасон менамоем, ки имрӯз он ҳама давраҳои вазнин паси сар шуданду ба ҳукми таърих даромаданд. Дар кишвари азизи мо ва мардуми сарбаланди он ба марҳилаи нави рушду тараққиёт вуруд гардида, дар арсаи байналмилал мақому манзалати баландро сазовор мегардад. Имрӯзҳо тамоми мардуми сарбаланди кишвар баҳри сазовор истиқбол намудани ҷашни 35-умин солгарди Истиқлоли давлатии кишвари азизамон омодагии ҳаматарафа дида истодаанд ва бо боварии комил метавон гуфт, ки ҳама дар яқҷоягӣ ҷашни бузурги миллиамонро бо муваффақияту комёбиҳои беназир пешвоз мегирем.
Дар фарљоми изҳороти хеш мо ин навбат низ М.Садриддину шогирдону думравонаш ва умуман наҳзату навнаҳзатиҳоро сахт маломат карда, лаънат мехонем ва суханҳои иғвоангезонашонро шадидан мањкум намуда, нагузорем, ки бадхоҳони миллат дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо дурўғпардозӣ ва иѓвоангезонаи ифротии худ нисбат ба кишвари соҳибистиқлоламон сухан гӯянд.

ТЕРРОРИЗМ ВА ИФРОТГАРОӢ – ТАҲДИД БА СУЛҲУ СУБОТИ ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ

Аз расонаҳои хабари ҳамагон аз вазъи ниҳоят мураккабу печидаи ҷаҳони муосир огоҳ ҳастанд, ки имрӯз назаррастарин таҳдид ба сулҳу суботи ҷомеаи ҷаҳонӣ ин терроризим ва ифротгароӣ мебошад. Яке аз амалҳои дигари характери глобалидошта хатари терроризми исломӣ ба ҳисоб меравад, ки воқеан, дар давоми даҳсолаҳои охир атрофи ин бархўрд гуфтугузори доманадоре ҷараён дорад. Беадолатиҳо ва нооромиҳои ҷаҳони имрўза, гунаҳкор шумурдани дини мубини Ислом ва бархўрди тамаддуни исломӣ барои мо тољикон ва кулли башарият хатарҳои мудҳишу фоҷиабор эҷод мекунад. Мо борҳо гуфтаем ва боз такрор мекунем, ки терроризми байналмилалї ва ҳангомаҳои ифратгароӣ ба мазҳабу дин ва миллати ҷудогона мансуб нестанд ва аз бархўрди тамаддунњои ѓарбию шарќї низ сарчашма намегиранд. Шаҳодати гуфтаҳо бо ҳамдигар умумият надоштани гурўҳҳои ифротгарои исломӣ, ҷунбишҳои террористии кишварњои мухталиф, ки аъзои онњо аз рўи табиати иҷтимоӣ, фарњангу тамаддун, дину мазҳаб, урфу одат, суннату анъана ва миллату забон надоранд, мебошад. Омилҳои пайдоиш, сабзидан ва ба нерўи хатарноки тахрибкорї табдил ёфтани дастањои људогона дар ин ё он минтаќаи љањон аз миллат, забон, урфу одат, мазњабу эътиќод чандон вобастагӣ надорад. Яке аз хатарҳои асосӣ интиқоли ҷангҷӯёни террорист аз минтақаҳои ҷангии Сурия ва Ироқ ба дигар минтақаҳо, аз ҷумла Афғонистон аст, ки дар он созмони террористии Давлати исломии Ироқу Шом ва ё бо номи “Давлати исломӣ”, ки дар расонаҳои хабарӣ бештар дар шакли ДИИШ, ДОИШ ва шохаи “Хуросон” зикр мегардад, мавқеи худро мустаҳкам карда истодааст. Илова бар ин, бо роҳу усулҳои нав мақсадҳои муғризонашонро амалӣ намуда истодаанд. Чунончи 19 январи соли равон дар тарабхонаи чинӣ, воқеъ дар шаҳри Кобул, ки шаҳрвандони Чин бештар ба он ташриф меоранд, амали террористӣ содир шуд. Дар натиҷаи ин амали мудҳиш ҳафт нафар ба ҳалокат расида, беш аз даҳ кас захмӣ шудаанд. Масъулияти ин амали террористиро “Давлати исломӣ” ба ӯҳда гирифта, бо нашри баёнияе иброз доштааст, ки ҳадафи ҳамлаи маргталабона шаҳрвандони Чин будааст. Баробари ин, ёдовар мешавем, ки ҷангҷӯёни ДИИШ моҳи декабри соли 2022 низ ба як меҳмонхонаи чиниҳо дар Кобул ҳамлаи хунин анҷом дода буданд. Ин вазъият барои кишварҳои Осиёи Марказ хатари ҷиддӣ эҷод мекунад. Илова бар ин, бар асари ташвиқоти густурдаи ифротгароӣ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ва ҳангоми дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доштани шаҳрвандон шомилшавии ҷавонон ба ташкилоти экстремистиву террористии “Давлати исломӣ” ва дигар гурӯҳҳои террористӣ, сафарбар гардидани онҳо ба минтақаҳои даргир ба назар мерасанд,ки нигарониҳои ҷиддии ҷомеаро ба миён овардааст. Мувофиқи баёнияҳои худи ин гурӯҳҳои ифротӣ, таваҷҷӯҳи бештар барои ҷалбу эҷоди халқаҳои хуфта дар кишварҳои гуногун аз ҳисоби муҳоҷирон ё намояндаҳои бумии Осиёи Марказӣ ё худи Афғонистон аст. Дар шароити имрўза аксари кишварҳои Осиёи Марказӣ дорои шумораи барзиёди қишри ҷавон мебошанд ва дар ҳолати беэътиноӣ нисбати тавонбахшии онҳо заминаи ҷалби ин гурўҳ ба ҳар гуна созмонњои ифротӣ ва хосияти тундгароӣ дошта ба миён меояд. Чун аксари ҷавонони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар муҳоҷирати мавсимии меҳнатӣ қарор доранд чунин ҳолат метавонад заминаи дучори онҳо ба созмонҳои тамоюли ифротӣ ва террористӣ дошта гардад. Ҳолатҳои зиёде мавҷуданд, ки ҷавонони Осиёи Марказӣ маҳз ҳангоми дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доштан ба сафи созмонҳои ифротӣ пайвастаанд. Хулоса, пешгирии терроризм ва ифротгароӣ дар байни ҷавонон татбиқи тадбирҳои мукаммали ташаккули фарҳанги ҳуқуқиро дар муҳити ҷавонон дар бар мегирад, ки ба тавсеаи назарраси ҷузъи ҳуқуқии тарбия ва таълим мусоидат мекунад. Аз байн бурдани падидаҳои манфии ҷомеа дар ниҳоди ҷавонон ҳисси худшиносии миллӣ ва дар заминаи он тарбия намудани ифтихори миллӣ, ки ватандӯстии ҳақиқатро ба вуҷуд меорад, амри зарурӣ аст. Зарур аст, ки дар мавкурраи ҷавонон доимо ҷаҳонбинии таҳаммулпазир, муносибати таҳаммулпазирона нисбат ба ҳама одамон, сарфи назар аз миллат, дин, мазҳаб, вазъи иҷтимоӣ, моликият ва ҳолатҳои дигар ҷой дода шавад. Шахсе, ки худшиносии миллӣ ва ифтихори миллии баланд дорад, бо истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ ва иттилооти мухталифи интернет ва ё шабакаҳои телевизионӣ ва радиоии ҷаҳонӣ гумроҳ гашта наметавонад. Ҳар яки мо бояд зиракии сиёсиро аз даст надода, баҳри ҳифзи сулҳу суботи ҷомеа, оромиву осудагии кишвар корҳои мушаххасро ба амал барорем. Бояд аз ҷониби мақомоти дахлдор ва бахусус ходимони дини кишвар корҳои фаҳмондадиҳӣ дар ин самт таҳким бахшанд. Баробари ин, имрўз ҷавонон бояд аз илму ҳунари давру замон ҳар чӣ зиёдтар баҳравар шуда, баҳри рушди оилаи худ, маҳалла, ҷомеа ва давлати худ саҳми сазовор гузоранд ва аз фарҳангу маданияти худ баҳравар гарданд, таърихро хуб омўзанду ҳамчун шахсиятҳои арзандаи давру замони худ ба воя расанд, то ки модар, аҳли ҷомеа ва ватан солҳои сол ба онҳо аҳсан хонанд.

Ф. МАМАДҶОНОВ,
устоди ДИС ДДТТ