
Дар тамоми таърихи башарӣ барои пойдории миллат ва давлати хеш қавмҳо ва миллатҳо бо роҳҳои гуногун вобаста аз донишу технологияи сиёсӣ ҷиҳати нигоҳдошти ҳувияту ҳайсияти худ ҷоннисориҳо намудаанд, ки ин мероси гаронбаҳои аҷдодӣ то имрӯз ба назар мерасанд ва ифтихори ҳар як фарди ҷомеаи имрӯза аст! Вале ,мутаассифона, нафарони роҳгумшудаи ватанфурӯш арзи ҳастӣ доранд, ки барои соҳиб шудан ба пули ҳароми хоҷаҳои хориҷӣ омодаанд, ки ба иҷрои ҳама гуна кирдорҳои пасту номатлубро раво мебинанд. Дар иртибот ба ин, мо борҳо зимни шарҳу эзоҳ ва бо далелҳои раднашаванда мисол оварда будем. Ин навбат боз нисбат ба фаъолияти муғризонаи ,яке аз пайрави фаъоли паймони худсохтаи наҳзат- Муҳаммадиқболи Садриддин иброз менамоем, ки дар давоми солҳои охир, асосан тавассути канали YouTube- “Ислоҳ.тv”(“Ислоҳ.нет.”), дар барномаи “Минбари муҳоҷир” бо ваҷоҳати ҷоҳилона ва лафзи қабеҳ бо ҷалби шогирдону думравонаш, аз ҷумла пайравони фаъолаш: Муҳаммад Тағоев ва Абдулло баромад менамояд.

Саропо суханҳои ин палидон бофтаю сохтаанд! Бо ибораҳои ташбеҳӣ агар қайд кунем, ин бузакҳо дар чарогоҳи бегона, дар кишварҳои Аврупо мечараду маҷбур нидои чӯпон – супоришҳои Кабирию хоҷагонашро иҷро кунанд! Маҷбуранд, дигар илоҷе надоранд, талбандагӣ карда, имрӯз тӯтиву пагоҳ рӯбоҳ ва рӯзи дигар чуғзу мурғак, тавассути барномаи “Минбари муҳоҷир”баромадҳо карда, бо фитнагариву дасисабозӣ донае дарёбаду зиндагӣ кунанд. Барои таъом- донаю хошок ва пулу мол ба хоҷагон виҷдон ва имонро фурӯхтаанд. Умуман, ин тоифа кӯтоҳандешони ифротиии иғвогарро ақлу тамизе нест, ки дарки ҳақиқат кунанд! Ҳатто, воқеияти ҳолро бо биноӣ дида, баҳои ҳаққонӣ дода наметавонанд.
М.Садриддин ва пайравонаш – ҳамдунасифатони ифротӣ аз маркаб пасттаранду ору номус, шаъну шараф надоранду надонанд! Саропои ин афроди муғризи палид танҳо дасисаву фитна, иғвою фиреб асту ҷойи мувофиқе дар майнаи пучи онҳо ба ақлу тамиз, фаҳму фаросат, дарки воқеият намондааст. М.Садриддину пайравонаш, умуман наҳзату навнаҳзатӣ қудрати тағйир додани мафкураи солими ҷомеаро надоранду танҳо чанде нафарони соддалавҳу чаласаводро гумроҳу сарсон, овораи ҷаҳон месозанду халос!
Дар фароварди андешаи хешро хулосабарорӣ намуда, қайд менамоем, ки мо – шаҳрвандони кишвари соҳибистиқлол, омӯзгорон, мураббиён ва дигар фаъолони ҷомеаро зарур аст, ки дар маҷрои ҷаҳонишавӣ бо дарки масъулият истиқлолияти худро натанҳо бо шиору гуфтор ситоишу парастиш, балки бо меҳнати софдилона ва самимӣ дар ҳама соҳаҳо таҳким бахшем, бепарво ва масъулиятношинос набошем. Барои таълиму тарбияи наврасон, ҷавонон дар руҳи ватандӯстӣ, худогоҳиву худшиносӣ, инчунин ҷалби онҳо дар корҳои созандагиву ободкорӣ, ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, таҳким бахшидани ваҳдати миллӣ саҳмгузор бошем. Дар шароити ҷаҳоншавию душвор гардидани муносибатҳои байналмилалии сиёсию иқтисодӣ ба масъалаҳои ҳифзи симои миллию мазҳабӣ, пос доштани арзишҳои маънавӣ, баланд бардоштани сатҳи фарҳангӣ-сиёсӣ ва маърифати ҳуқуқии аҳолии кишвар, хусусан ҷавонон диққати махсус зоҳир намудан ба мақсад хеле мувофиқ аст. Биёед, сарҷамъу якдилона ин ҳамдунасифатони ифротӣ, ки ангуштшуморанд, нобуд созему насли ҷавонро аз онҳо эмин нигоҳ дорем!
Р.АНВАРӢ ,
устоди ДИС ДДТТ
