ЭЪЛОН!!!

Шуъбаи таҳсилоти дуалӣ ва алоқа бо истеҳсолоти Донишкадаи Иқтисод ва Савдои Донишгоҳи Давлатии Тиҷорати Тоҷикистон, дар ҳамкорӣ бо ҶСК “Тавҳидбонк”, шартномаи сеҷониба бо донишҷӯён имзо мерасонад. Ин иқдом ба донишҷӯён имкон медиҳад, ки дар муҳити воқеии корӣ малакаҳои касбии худро такмил диҳанд ва ҳамзамон донишҳои таҷрибавии худро густариш диҳанд. Донишҷӯён дар вақти берун аз машғулиятҳои таълимӣ ба кор дар ҶСК “Тавҳидбонк” ҷалб мешаванд.

Пас аз гузаронидани санҷишҳои зарурӣ, донишҷӯён бо ҷойи корӣ дар ин ташкилот таъмин карда мешаванд.

Инчунин, “Тавҳидбонк” бар ивази фаъолияти донишҷӯён маблағи таҳсили онҳоро пардохт менамояд.

Шумораи ҷойҳои корӣ маҳдуд аст, бинобар ин довталабон бояд аз санҷишҳои зарурӣ гузаранд.

Афзалиятҳои ин иқдом:

  • Имконияти кор ва таҳсил дар як вақт.
  • Такмили малакаҳои касбӣ дар муҳити воқеии корӣ.
  • Ҷои кори доимӣ пас аз хатм.

Барои  бақайдгирӣ:
Ба Шуъбаи таҳсилоти дуалӣ ва алоқа бо истеҳсолот муроҷиат кунед (бинои таълимии №2, утоқи 314) ё тариқи почтаи электронии dual.edu.iet@gmail.com. Муроҷиат намоед.

Фурсатро аз даст надиҳед ва барои ояндаи касбии худ қадами устувор гузоред!

Табрикоти директори Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ, номзади илмҳои иқтисод, дотсент Ҷалилзода А. А. ба муносибати Рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 32-солагии баргузории Иҷлосияи 16-уми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

     Бо камоли эҳтиром ва самимияти афзун, дар ин рўзҳои хуҷаставу фархунда, Рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 32-солагии Иҷлосияи 16-уми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба Шумо аҳли ҷомеаи меҳнатии Донишкада, ҳайати профессорону устодон ва донишҷўёну кормандон самимона табрику таҳният гуфта, бароятон саодати рўзгор, сарбаландию сарфарозӣ ва барору комёбиҳо таманно менамоям. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар нахустин баромади худ баъди интихоб гардиданашон ба вазифаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни суханрониашон дар Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тазаккур доданд, ки: “Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кафили амалӣ гардидани Конститутсия мебошад. Ман ба ҳайси Президент Шуморо бовар мекунонам, ки ҳифзи ҳуқуқҳо, озодиҳои шаҳрвандон, тамомияти арзии ҷумҳурӣ, Ваҳдати миллӣ, сулҳу салоҳро дар ҷумҳурӣ таъмин хоҳам кард”. Дастоварду комёбиҳои беназири даврони соҳибистиқлолӣ далолат ба хидматҳои бузургу арзишманди Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон менамоянд. Сарвари давлат дар як мудддати кўтоҳ тавонистанд Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намуда, барои халқи тоҷик шароити зиндагии шоиставу арзанда муҳайё созанд. Иҷлосияи ХVI Шўрои Олӣ барои мо як мактаби бузурги ҳаёт ва сабақи нотакрори давлату давлатдорӣ, марҳалаи ибратомўзи расидан ба сулҳу ваҳдати миллӣ, як қадами ҷиддии рў овардан ба нақшаҳои азими офарандагӣ гардид. Пешвои муаззами миллат барҳа фармудаанд: “Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Тоҷикистон рӯйдоди воеан таърихӣ мебошад, зеро маҳз дар ҳамин Иҷлосия тадири ояндаи давлати миллии тоҷикон тарҳрезӣ гардид ва ба сӯи ҳадафҳои бузурги умумимиллӣ – сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ адами нахустин гузошта шуд”. Аҳли ҷомеаи меҳнатӣ, ҳайати профессорон, омўзгорон, донишҷўён ва кормандони Донишкада, бо истифода аз фурсати муносиб, ҳамаи Шумо ва сокинони сарбаланди Ватани азизамонро ба ҷашни фархундаи Рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иҷлосияи 16-уми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, таманнои онро дорам, ки дар кишвари азизамон сулҳу субот, оромӣ ва Ваҳдати миллӣ абадан пойдор монда, ҳар як сокини бо нангу номус бо азму иродаи созанда дар пешрафту шукуфоии он саҳми арзандаи хешро гузорад.

ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ БАР ЗИДДИ ТЕРРОРИЗМ МУБОРИЗАБАРАНДА ТИБҚИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶОРӢ

Мусаллам аст, ки тибқи моддаи 43 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон “Ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси шаҳрванд аст” муқаррар гардидааст.
Ҳифзи Ватан вазифаи муқаддаси ҳар шаҳрванди Точикистон эълон мешавад. Истилоҳи «вазифаи муқаддас» ба он ишора мекунад, ки он вазифаи ҳам конститутсионӣ ва ҳам маънавии ҳар шаҳрванд аст. Манфиати давлат ба пешрафту камолоти ҷомеа, сатҳи баланди некўаҳволии халқ, шароити зиндагии арзандаи ҳар фарди ҷомеа нигаронида мешавад. Дар шароити имрўзаи вусъати ҷаҳонишавӣ, таҳдиди бўҳрони ҷаҳонии молиявӣ ва энергетикӣ нақш ва нуфузи давлати миллӣ дар ҳалли вазифаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ бештар мегардад. Аз ин хотир, ҳимояи манфиати миллии давлат аз ҷумлаи вазифаҳои муқаддаси ҳар шаҳрванди Тоҷикистон мебошад.
Тибқи Конститутсия таҳкими амнияти давлат вазифаи ҳар шаҳрванд аст. Дар асоси моддаи 4-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи амният» ба ҳайси субъектони таъмини амният муқаррар намудааст:
– субъекти асосии таъмини амният давлат мебошад, ки вазифаҳои худро дар ин соҳа ба воситаи мақомоти ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ амалӣ менамояд;
– шаҳрвандон ва ташкилотҳо, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқиашон, субъектҳои таъмини амният ба шумор рафта, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо ва ноҳияҳо, ки дар доираи салоҳияташон дар ин соҳа қабул карда шудаанд, дорои ҳуқуқу ўҳдадориҳо оид ба иштирок намудан дар таъмини амният мебошанд;
– давлат ҳимояи ҳуқуқӣ ва иҷтимоии шаҳрвандон ва ташкилотҳоро, ки мувофиқи қонун дар таъмини амният мусоидат мекунанд, таъмин менамояд.
Таъмини амният баҳри пешгирӣ ва бартарафсозии таҳдидҳои воқеӣ ва эҳтимолии дохилӣ ва хориҷӣ ба объектҳои амният сурат мегирад. Амният зимни сиёсати ягонаи давлатии соҳаи таъмини амният, тавассути тадбирҳои иқтисодӣ, сиёсӣ, ташкилӣ ва ғайра таъмин мешавад. Иштироки шаҳрвандон дар таъмину таҳкими амният дар заминаи принсипҳои тавозуни манфиатҳо ва масъулияти дуҷонибаи шахс, ҷомеа ва давлат сурат мегирад .
Мушоҳидаву таҳлилҳо собит менамоянд,ки тайи солҳои охир ҳаракатҳои иртиҷоӣ, ифротгароӣ ва динию мазҳаби бо амалҳои ғайриинсонӣ ва кирдорҳои разилона авзои сиёсии сайёраро ноором карда, ҳаёти осоиштаи мардумро зери хатар мегузоранд. Ин вабои аср буда, ба Ҷумҳурии Тоҷикистон низ таъсири худро расониданаш аз эҳтимол дур нест. Яке аз падидаҳои номатлубе, ки имрўз хусусан дар байни ҷавонон ба миён омада истодааст, терроризм ва ифротгароӣ мебошад. Ин зуҳуроти номатлуб боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш-таҳдид ё истифодаи зўроварӣ, расонидани зарари вазнини рўҳонию ҷисмонӣ, таҷовуз ба ҳаёти инсон, бенизомӣ, тағйири сохти конститутсионии кишварҳои ҷудогона, ғасби ҳокимият, барангехтани низои миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ гардидааст. Терроризм ва ифротгароӣ дар байни табақаҳои мухталифи ҷомеа, махсусан миёни ҷавонон яке аз муаммоҳои меҳварии ҳаёти башарият буда, оқибат ба бесуботи ва вайронкорӣ меорад.

Субъектҳои бар зидди терроризм мубориза баранда ба субъектхои бевосита бар зидди терроризм муборизабаранда ва субъектҳои дар мубориза бар зидди терроризм иштироккунанда тақсим мешаванд.
Роҳбарии умумии мубориза бар зидди терроризм ба зиммаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор аст.
Субъектҳои бевосита бар зидди терроризм муборизабаранда, аз ҷумла амнияти зидди террористии худро таъминкунанда дар доираи ваколатҳое, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди терроризм”, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудаанд, мақомотҳои зерин мебошанд:


– Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
– Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
– Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
– Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
– Гвардияи миллии ҷумҳурии Тоҷикистон;
– Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Тибқи моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм” субъекти асосии бевосита бар зидди терроризм муборизабаранда Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта дар асоси қонуни мазкур чунин вазифаҳоро дар зимма дорад:
– бо тартиби муқарраргардида ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи барномаҳои давлатӣ, консепсияи мубориза бар зидди терроризмро таҳия ва пешниҳод менамояд;
– бо тартиби муқараргардида ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба ҳолати мубориза бар зидди терроризм ахборот медиҳад;
– фаъолияти субъектҳои бар зидди терроризм мубориза барандаро мутобиқ мегардонад;
– иттилоотро оиди ҳолат ва тамоили терроризм, аз он ҷумла иттилоотӣ аз субъектҳои зидди терроризм мубориза баранда ба нуқтаи мутамарказии байни идоравии маълумот доир ба масъалаҳои терроризм дохил мешаванд, ҷамъ меоваранд, таҳлил ва ҷамъбаст менамояд;
– бо тартиби муқараргардида оиди такмили қонунгузорӣ дар соҳаи мубориза бар зидди терроризм, таклифҳо пешниҳод менамояд.

Ба ғайр аз ин Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборизаро бар зидди терроризм тавассути инҳо амалӣ менамояд:
– ошкор, пешгирӣ ва қатъ намудани ҷиноятҳои дорои хусусияти террористӣ, ки мақсади сиёсӣ, миллӣ, нажодӣ ё ифроти динӣ доранд;
– ошкор, пешгирӣ ва rатъ намудани фаъолияти террористии байналмиллалӣ;
– таъмин намудани амнияти муассисаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа, коркунон ва аъзоёни оилаи коркунони ин муассисахо;
– таъмини амнияти объектхои муҳофизати давлатӣ ва ҳифзи шахсони муҳофизатшаванда;
– ошкор, пешгирӣ ва қатъ кардани кўшиши рахна намудани сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби террористон;
– қатъ намудани ғайриқонунӣ ба воситаи сарҳади давлатӣ гузаронидани силоҳ, лавозимоти ҷангӣ, маводи тарканда, заҳрнок, радиоактивӣ ва дигар предметҳо, ки бо мақсади террористӣ истифода шуданашон мумкин аст.
Инчунин, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мубориза бар зидди терроризмро тавассути ошкор намудан, пешгирӣ ва қатъ намудани ҷиноятҳои дорои хусусияти террористӣ, ки мақсади ғаразнок доранд, амалӣ менамояд.
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон амнияти зидди террористии фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъмин намуда, дар мавридхои зарурӣ ба мақомоти амнияти давлатӣ доир ба тайёр ва гузаронидани амалиётҳои зиддитеррористӣ кўмак мерасонад.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо мақомоти амнияти давлатӣ ва субъектҳои дигари бар зидди терроризм мубориза баранда ҳангоми барҳамдиҳии оқибати ҳолатҳои фавқулодда амнияти зидди террористии маҳалли корҳои анҷомдиҳӣ ва садамаю барқаркуниро таъмин менамояд.
Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ваколатҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бар зидди терроризм мубориза мебарад.
Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бар зидди терроризм муборизаро тавассутӣ:
– иштирок дар таъмин намудани амнияти зидди террористии объектҳои муҳофизати давлатӣ ва ҳифзи шахсони муҳофизатшаванда;
– иштирок дар тайёр ва гузаронидани амалиётҳои зидди террористӣ, амалӣ менамояд.
Қайд кардан лозим аст, ки тибқи моддаи 9 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм” субъектҳои дар мубориза бар зидди терроризм иштирокунанда Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мақомоти ҳокимияти иҷроия мебошанд, ки номгўи онҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.
Иштирок дар мубориза бар зидди терроризм аз ҷониби инҳо ба амал бароварда мешавад:
Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути назорат ба фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсӣ, ки бо тартиби муқаррарӣ сабти ном шудаанд.
Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути гуфтушунид бо давлатҳои хориҷӣ хангоми ошкор, пешгирӣ ва қатъ намудани фаъолияти террористии байналхалқи ва дар шаклхои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян кардааст;
Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути қатъ намудани ғайриқонунӣ аз сарҳади гумрукӣ гузаронидани силоҳ, лавозимоти ҷангӣ, маводи тарканда, заҳрнок, радиоактивӣ ва дигар ашёҳое, ки мумкин аст ба мақсадҳои террористӣ истифода шаванд, инчунин бо расондани ёрӣ ба мақомоти амнияти давлатӣ дар мубориза бар зидди фаъолияти террористии байналхалқӣ мусоидат мекунад.

Мақомоти прокуратура ва судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мубориза бар зидди терроризм бо шартҳо ва тартиби пешбиникардаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст иштирок менамоянд.
Ҳамин тариқ, таҳкими Истиқлолияти давлат пеш аз ҳама ҳифзи музаффариятҳои соҳибистиқлолӣ ва ҳимояи онро дар назар дорад. Ҳамзамон соҳибистиқлолии давлат таҳкими минбаъдаро тақозо мекунад. Таҳкими Истиқлолияти давлат бо чораҳои мухталифи давлатӣ дар самти пешрафти иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ таъмин карда мешавад. Истиқлолияти давлат дар айни замон ба тақвияти истиқлолияти иқтисодӣ, энергетикӣ ва соҳаҳои дигари ҳаёти ҷомеа ниёз дорад. Истиқлолитяи давлатӣ, ҳимоя ва тахкими он бо кўшишу талош, меҳнати садоқатмандона, таҳсили мунтазам, афзун намудани сатҳи дониш, маҳорати касбӣ, миллатшиносӣ ва ватанпарастии ҳар шаҳрванди Тоҷикистон баҳри ободонии кишвар ва таъмини пешрафту камолоти он ба даст меояд. Барои ҳамин, таҳкими Истиқлолияти давлатӣ вазифаи муқаддаси ҳар шаҳрванди Тоҷикистон ва мақомотҳои давлатии он мебошад.

Х.БОБОНИЁЗОВ,
ассистенти кафедраи ҳуҳуқшиносӣ

“Конститутсия аз ҷумлаи дастовардҳои бузурги мардуми Тоҷикистон буда, пойдевори ҳуқуқии давлати наву соҳибистиқлоли тоҷикон, шакли ифодаи ҳуқуқии ормонҳои давлатдории миллӣ, ҳимояи ҳадафҳо ва манфиатҳои миллӣ, осори таърихӣ ва фарҳанги миллӣ мебошад”. Эмомалӣ Раҳмон

Табрикоти директори ДИС ДДТТ Ҷалилзода А.А. ба муносибати 30-юмин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳамаи мо хуб огоҳ ҳастем, ки 6 ноябри соли 1994 бори аввал ба тариқи раъйпурсии умумихалқӣ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида, он ба ташаккули давлати демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёд заминаи боэътимод гузошт.
Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин санади тақдирсозро ҳамчун ҳуҷҷати равшангари роҳи ҳаёти мардум арзёбӣ намудаанд, ки низоми давлатдориро муайян ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро таъмин мекунад:
“Конститутсия шаҳодатномаи ҳар як халқи соҳибистиқлол ва гувоҳномаи давлати озоду мустақил ва ҳамзамон санади танзимкунандаву муайянсозандаи низоми давлатдорӣ ва муҳимтар аз ҳама кафолати ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд аст”.Ба шарофати арзишҳои башардӯстонаи Конститутсия имрӯз миллати тоҷик таҳти сарварии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи ҷаҳон ҳамчун давлати мутамаддин ва демократӣ эътироф гардидааст. Конститутсия дар бароварда гардонидани орзуву ормони халқи Тоҷикистон, пойдорию бардавомии давлатдории миллӣ ва сулҳу Ваҳдат кафили рушди устувори ҷомеа ва ояндаи дурахшони миллати тоҷик маҳсуб меёбад.
Бо истифода аз фурсати муносиб, ҳамаи Шумоён – устодон ва донишҷӯёни гиромиқадрро ба муносибати 30-юмин солагарди Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрику муборакбод гуфта, бароятон осмони софу беғубор, саломатӣ, осудагии рӯзгор, зиндагии шоиста ва иқболи баланд орзу менамоям.

Конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ таҳти мавзуи “Муаммоҳои муосири рушди низоми иҷтимоӣ-иқтисодӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ”

Санаи 25 октябри соли 2024 бо ташаббуси Шуъбаи илм ва инноватсияи ДИС ДДТТ дар ҳамбастагӣ бо якчанд донишгоҳҳову донишкадаҳои пешқадами ҷаҳон Донишкадаи иқтисодиёт ва идораи Донишгоҳи давлатии миллии тадқиқотии Белгород (Ферератсияи Русия), Донишкадаи инженерӣ-технологии Бухоро (Ҷумҳурии Ӯзбекистон), Донишгоҳи Русия-Арманистон (Славянӣ) (Ҷумҳурии Арманистон), Донишгоҳи Дэчжоу (Ҷумҳурии мардумии Чин), Донишкадаи иқтисодии Академияи миллии илмҳои Беларус (Ҷумҳурии Беларус), Донишгоҳи иқтисодии Казпотребсоюзи Караганда (Ҷумҳурии Қазоқистон), Донишгоҳи нафтии Пекин (Ҷумҳурии мардумии Чин), Донишгоҳи давлатии иқтисодии Тошканд (Ҷумҳурии Ӯзбекистон), Донишгоҳи давлатии Тошканд ба номи С. Улуғзода (Ҷумҳурии Ӯзбекистон), Донишгоҳи хоҷагии халқи Қазоқистон (Ҷумҳурии Қазоқистон), Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ (Ҷумҳурии Тоҷикистон)

баргузор гардид. Дар конфронси мазкур аз ҷониби ҳайати профессорону омӯзгорон, магистрантон якчанд мақолаҳои илмӣ пешниҳод карда шуда, мавриди муҳокима гаштанд. Конфронси илмӣ-амалӣ тариқи онлайн гузаронида шуда, иштирокчиёни конфронс дар баҳсҳои илмӣ басо фаъол буданд ва ба саволҳои худ ҷавобҳои саҳеҳро ноил гаштанд. Дар охири ҷамъбасти конфронс аз ҷониби Донишкадаи иқтисодиёт ва идораи Донишгоҳи давлатии миллии тадқиқотии Белгород ба иштирокчиёни конфронс сертификатҳо пешниҳод карда шуданд.

ДЛЯ УРЕГУЛИРОВАНИЯ КОНФЛИКТА МЕЖДУ ИЗРАИЛЕМ И ПАЛЕСТИНОЙ НЕОБХОДИМО СОЗДАТЬ ДВА ОТДЕЛЬНЫХ ГОСУДАРСТВА!

Каждый день на мировой арене происходят события, к которым невозможно оставаться равнодушным и нейтральным. Следует отметить относительную стабилизацию политической ситуации в Сирии и Ираке,  как всем известно 7 октября 2023 года начался  Арабо-израильский конфликт. Вторжение ХАМАС в Израиль в 2023 году по числу жертв стало крупнейшим за многие годы. Руководство Израиля объявил в стране военное положение и начало военную операцию против сектора Газа. ЦАХАЛ бомбардирует города без предупреждения, уничтожает инфраструктуру, дома, больницы, школы, не щадя мирных жителей. Сейчас количество погибших составляет более 15 тысяч человек и это количество растёт каждый день сотнями.

Почему Палестина напала на Израиль 2023? На данный вопрос, в частности Президент России Владимир Путин назвал причиной нападения, в первую очередь, «поселенческую политику» Израиля (все израильские поселения были выведены из сектора Газа за 18 лет до нападения).

Воспомная об истории  кофликта вышеуказанный стран можно сказат,что согласно плану ООН по разделу Палестины (1947) на арабское и еврейское государства, сектор входил в состав территории, выделенной для создания арабского государства. В результате Арабо-израильской войны 1948—1949 годов, начавшейся после решения ООН и последующего образования Государства Израиль, арабское государство создано не было, и с 1948 по 1967 год сектор находился под контролем Египта. По результатам Шестидневной войны с 1967 года по 2005 год сектор находился под контролем Израиля.

В 1994 году для обеспечения безопасности гражданского населения от проникновения террористов. Израиль начал возводить забор безопасности по периметру сектора Газа. В сентябре 2000 года, после начала интифады-«восстание» Аль-Аксы, забор был во многих местах уничтожен палестинцами. В период с декабря 2000 года по июнь 2001 года забор был восстановлен израильтянами. Были добавлены современные средства наблюдения, а вдоль забора создана полоса отчуждения километровой ширины. Для плотно населённого сектора, ширина которого составляет от 6 до 12 км, это значительная площадь. Согласно данным комиссии ООН по нарушениям международных законов во время операции «Литой свинец», полоса отчуждения подобного размера серьёзно уменьшила площади под сельское хозяйство и промышленность. Вдоль десятикилометровой границы сектора Газа с Египтом израильтяне воздвигли две параллельные стены. С начала второй интифады была создана стена из гофрированного железа и бетона, дополненная сверху колючей проволокой. В 2004—2005 годах израильтяне воздвигли на этой границе ещё одну бетонную стену. Высота стены составляет 9 метров, и она оснащена современными средствами слежения. Стена также уходит и в глубь земли, чтобы предотвратить создание тоннелей для контрабанды. Вдоль стены была создана 300-метровая полоса отчуждения. В результате строительства этой стены израильской армией были разрушены более 1800 палестинских домов в городе Рафахе, мешавших возведению стены. В результате 16 000 палестинцев лишились крова.

              ХАМА́С приблизительная передача кириллицей: Хе́ракет эль-Мука́уамат эль-Ислами́я «Движение «Исламское Сопротивление» / «Исламское движение сопротивления») — палестинское исламистское (суннитское) движение и политическая партия. ХАМАС контролирует сектор Газа в Палестине, где находится центр деятельности организации, и также активен и на Западном берегу реки Иордан. У организации есть военное крыло — бригады «Изз ад-Дин аль-Кассам», но ХАМАС также занимается и социальным обслуживанием населения. Соперником ХАМАСа является ФАТХ. В 2006 году ХАМАС выиграл выборы в Палестинский законодательный совет, получив там большинство голосов, и в ходе боев в секторе Газа в 2007 году вытеснил оттуда сторонников ФАТХ, полностью поставив эту территорию под свой контроль. Это привело к обострению конфликта в секторе Газа и его многолетней экономической блокаде. В октябре 2007 года Израиль объявил сектор Газа «враждебным государственным образованием» и приступил к его частичной экономической блокаде, периодически отключая подачу электроэнергии, прекращая снабжение энергоносителями и т. д. По состоянию на 2014 год при власти ХАМАС значительную часть импорта разнообразных товаров.

         Бывший чиновник отдела по борьбе с терроризмом Государственного департамента США Ларри Джонсон высказал мнение, что «Израильтяне напоминают того парня, который поджигает себе волосы, а затем пытается потушить огонь ударами молотка», «они делают больше для того, чтобы спровоцировать и поддержать терроризм, чем для того, чтобы сдержать его».

Следует отметить, что жители Сектора Газа израильтянами считается людьми низшего сорта, им некуда убежать, военные катера Израиля контролируют побережья и не щадят даже детей и женщин, приблизивших к берегу моря. В стороне стен создана 300 метровая зона отчуждения, к которым тоже не дают мирным гражданам приближаться. Люди не имеют продукты питания, питьевой воды, медикаменты, электричества. Другими словами они находятся в условиях концентрационного лагеря без права на жильё, питание, образования, медицинской помощи. Государства Израиль искусственно создал им такие условия и безнаказанно с ними борятся как им задумается.

          Палестинцы стремятся вернуть границы между двумя странами по линиям, которые существовали до Шестидневной войны 1967 года. Палестина хочет создать своё государство на Западном берегу реки Иордан и в секторе Газа, а Восточный Иерусалим сделать его столицей. Израиль отказывается от поставленных условий. Поэтому палестино-израильский конфликт будет носить затяжной характер. Завершить его получится только созданием полноценного палестинского государства. Исходя из мнение экспертов нужно отметить, что  единственный разумный вариант, договориться о создании полноценного палестинского государства. Хотя тут тоже могут возникнуть проблемы. Сейчас, готовится пятая резолюция, касающаяся событий в Газе. Четыре резолюции не прошли – нет согласия, нет единого взгляда.     Эффективным способом урегулирования конфликта Израиля и Палестины было бы создание двух отдельных государств. “Создание двух отдельных государств – реально. В целом, выход на общую стратегию возможен при наличии политической воли и возможно мирное сосуществование Израиля с мусульманским миром.

 ИБРАГИМОВ И. И.,

доцент кафедры высшей математики

и инновационной технологии

 

Масъулиятшинос бошем!

Боиси ифтихор аст, ки халқи шарафманд ва соҳибхиради мо бо азму иродаи қавӣ ба ифтихори 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қадамҳои устувор гузошта, бо шукрона аз фазои оромиву осудагӣ бузургтарин ҷашни миллиамонро бо ифтихори баланди ватандўстона пешвоз мегиранд. Имрўзҳо дар ҳама самтҳои хоҷагии халқ пешрафтҳли назаррас мушоҳида мегарданд, биноҳои зебо қомат меафрозанд, корхонаҳои саноатӣ бунёд мегарданд, теъдоди аҳолӣ низ рў ба афзоиш аст. Дар баробари ҳама пешрафтҳои муҳими иқтисодӣ масъалаи экологӣ ва тозаву озода нигоҳ доштани шаҳри азизамон ва маҳаллаҳои зист хеле муҳим аст.
Дўст доштани меҳан ва ватандўстӣ аз амалҳои хурдтарини ҳар як шахс метавонад маншаъ гирад, аз он ҷумла, доштани оилаи хуб, беҳтарин мутахассиси ягон соҳа шудан, доштани касб ва умуман амале, ки манфиатовар бошад ва ҳатто дар ҳолати манфиатбахш набудан, басанда аст, ки зараррасон набошад. Ҳар лаҳза бо ғурур қоил мешавем, ки бо Ватани худ ифтихор дорем. Албатта, бо Ватан ифтихор кардан хуб аст, вале беҳтар аз он, ки Ватан аз мо ифтихор кунад, аз рафтору кирдори мо, аз дастоварду ташаббускориҳои мо, аз созандагиву бунёдкориҳои мо.

Ба андешаи мо яке аз нишонаҳои дўстдории ватани азизамон ҳифзи табиат, тозагӣ ва озодагии манзилу маҳал ва шаҳри азизамон мебошад. Мутассифона, бо рушди саноат ва иқтисод масъалаи экологӣ ва ҳифзи макони зист, бардоштани партовҳо, баланд бардоштани маърифати шаҳрвандон печидатар мегардад. Дар кишварҳои пешрафта ба масъалаи истифодаи партовҳои маишӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда мешавад. Албатта, дар шаҳри Хуҷанд низ солҳои охир ба тозагии шаҳр бештар аҳамият медиҳанд. Бале, мо бояд пеш аз ҳама дар ин масъала маърифати шаҳрвандонро баланд бардорем. Дар партофтани партов дар ҷойҳои муқарраргардида ва ҳатто ҷудо намудани онҳо ба навъҳои гуногун бояд маърифати истифодабарии партов ва эҳтиром ба кормандони КВДК “Хизматрасонии нақлиёти санитарии Хуҷанд”-ро тарбия намуд. Бисёриҳо ҳанўз бар ин андешаанд, ки онҳо маош мегиранд, корашон ҳамин аст, рисолаташон ҳамин аст. Бале, корашон ҳамин, рисолаташон ҳамин аст, аммо рисолаи пур аз хайру баракат, рисолати покизакории муҳит. Пас ба онҳо аҳсан бояд хонем, ки дар чунин муҳите кору фаъолият доранд ва барои тозагии шаҳр софдилона зағмат мекашанд. Солҳои охир, аҳолии кишвар рў ба афзоиш дорад. Партовҳои пластикӣ низ дар кўчаву ҷўйборҳо бештар мушоҳида мешаванд. Тасаввур кунед, агар дар як рўз садҳо нафар одамон зарфҳои пластикӣ ва селофанҳоро ба ҷое, ки дилашон мехоҳад, партоянд, пас кўчаву ҷўйборҳои шаҳри мо чӣ ҳолеро ба худ мегиранд. Тасвири ин манзара хеле ҳузнангез ва таассуфбор аст. Пас мо бояд маърифати шаҳрвандонро оид ба ин масъала дар хонаву манзил, кўдакистону мактаб ва коллеҷу мактабҳои олӣ баланд бардорем ва бо корҳои фаҳмондадиҳӣ онҳоро водор намоем, ки сари ин масъала андеша намоянд. Ба ибораи дигар, аз худамон шуруъ кунем ва барои ислоҳи вазъ талоши созанда намоем.
Биёед, як ба манзараи атроф таваҷҷуҳ намоем ва бинем, ки то чӣ андоза сокинон дар масъалаи партовбарорӣ аз манзилашон масъулиятшинос ҳастанд?! Мо борҳо шоҳид гаштем, ки сокинон партовро дар қуттиҳои партовбарор не, балки дар замин гузошта мераванд. Ҳатто, калонсолон ба он эътибор намедиҳанд ва дар як муддати кутоҳ гирду атрофи қуттиҳои партов пур аз ифлосиҳо мегардад. Аммо, як нуктаи дигарро таъкид карданӣ ҳастем, ки падару модарон партофтани партовро ба дўши фарзандон вогузор кардаанд ва онҳо вақте назди қуттиҳо меоянд, аслан фикр намекунанд, ки онро куҷо партоянд, ба дохил ё атрофи қуттиҳо. Пас дар ин масъала волидайн бояд масъулиятшинос бошанд ва ба фарзандони худ талқин кунанд, ки партовро дар ҷойи муносиб ва дохили қуттиҳо партоянд, то ин ки ба муҳити атроф таъсири ногувор нарасонида, кори идораи партовбарорро мушкилтар насозанд.
Мо имрўз дар кўчаҳои зебоманзари шаҳри Хуҷанд гаштугузор мекунем ва ободию пешрафт, тозагию озодагӣ, мавҷи фаввораҳо ва гулу себаргаҳои шукуфон мафтунамон мегардонад. Аммо ҷо-ҷое чашмамон ба партовҳо меафтаду табъамон хира мегардад. Пас саволе пайдо мешавад, вақте ки дар кўча мегардед, партовҳои дастатонро ба куҷо мепартоед? Шумо онро ба қуттии махсуси партовгоҳ мепартоед ё ба замин? Табиист, ки ҷавоби ҳама як хел нахоҳад шуд, зеро агар партов танҳо ба ҷои таъиншуда партофта мешуд, шаҳру кўчаҳои мо хеле тоза мегардид, дар зери дарахту ҷўйборҳо аслан партов ҷамъ намешуд.
Мутаассифона, дар ҳама ҷое, ки қадами инсон расидааст, муаммои партовҳои маишӣ дучор мешаванд. Имрўзҳо дар шаҳри Хуҷанд низ қуттиҳои партов бо ранги хос ва аломатгузориҳои махсус барои партовҳо гузошта шудаанд. Аммо, ин рамзу аломат ва нишонаҳоро сокинон аслан эътибор намедиҳанд ва ҳамагуна партовҳоро дар дилхоҳ қуттиҳо партофта, роҳи хешро идома медиҳанд.
Вақте ки аз кўчаҳои шаҳр мегузарем, қуттиҳои дар гирду атрофамон, дар кўчаҳо, дар истгоҳҳои автобусҳо гузошташудаи партовро дида, «хуб ки ҳаст» мегўем. Аммо коғаз, картон ва дигар партовҳои рўзгорро дар ҷои муайяншуда напартофтан, партоянд ҳам, ба навъҳо, мувофиқи ранг ва навиштаҷот ҷудо накарда мепартоянд, ки боиси таассуф мегардад.
Ба худ суол медиҳем, ки «Маърифати экологии мо кай ташаккул меёбад?» Дарвоқеъ, ба кўдакон аз замони таҳсил дар муассисаи томактабӣ партовҳоро ба навъҳо ҷудо кардан, аз рўи ранги қуттӣ фарқ карданро ёд додан лозим аст. Чунин дониш дар баъзе боғчаҳо ёд дода мешаваду дар баъзеҳо не. Шояд гўед, ки «майлаш, дар мактаб ёд мегиранд». Ҳақиқатан ҳам, ин мавзуъро бояд бевосита дар мактаб омўхт, аммо афсўс, ки бо кадом сабабе натиҷааш ба чашм намерасад. Мо бояд киро гунаҳкор кунем?

Мушкилоти аслӣ дар берун аст, дар онҳоест, ки ҳангоми қуттиҳои партовро насб кардан, худ намедонанд, ки кадом ранг барои кадом навъи партов аст ва ҷойи онро иваз мекунанд. Аммо ранги қуттиҳои партовҳои насбшуда ва тартиби аслии ба навъҳо ҷудо кардани он ба куллӣ тағйир ёфта, номутаносиб шудаанд. Масалан, қуттии сурх барои коғаз, зард барои пластикӣ ва сабз барои навъҳои дигар навишта шудааст.
Пас, қуттиҳои партов бояд чӣ гуна ранг дошта бошанд? Дар шабакаҳои иҷтимоӣ оид ба қуттиҳои партов, истифодаи партов ва рангу аломатҳои он дар кишварҳои ҷаҳон маълумотҳои зиёде ба назар мерасанд. Масалан, мувофиқи қарори Девони Вазирони Ҷумҳурии Ўзбекистон аз 2‑юми октябри соли 2018 «Дар бораи чораву тадбирҳои боз ҳам афзудани самаранокии корҳо дар соҳаи амалинамоии корҳои вобаста ба партовҳои маишӣ» 4 намуди контейнерҳо насб карда мешаванд. Барои алоҳида ҷамъ кардан ва баровардани партовҳои сахти маишӣ:
• барои партовҳои сахти маишии аз нав коркардашуда — ранги кабуд;
• барои партовҳои сахти органикии маишӣ (озуқаворӣ ва дигар партовҳои биологии вайроншаванда) — қаҳваранг;
• барои партовҳои дурушти маишӣ, ки аз нав коркард намешаванд — хокистарранг;
• барои партовҳои хатарноки маишӣ — ранги норанҷӣ.
Талаботи навъбандии партовҳо дар кишварҳо аз якдигар фарқ мекунанд ва тавсия дода мешавад, ки пеш аз партофтан ба тамғаи коғазии болои қуттӣ диққат диҳед. Инро дар мисоли мамлакатҳои зерин муқоиса кардан мумкин аст.
МАЛАЙЗИЯ
Дар ин кишвар қуттиҳои партов аз рангҳои бетараф, аз қабили норанҷӣ, кабуд ва қаҳваранг иборатанд. Қуттии норанҷӣ барои шишаҳои пластикӣ ва партовҳои алюминӣ, қуттии кабуд барои коғаз аст. Зарфҳои шишагӣ ва пластикӣ дар қуттии қаҳваранг ҷойгир карда мешаванд.
СИНГАПУР
Дар Сингапур ба мисли мо қуттиҳои партов низ дорои рангҳои табиии зард, сурх ва кабуд мебошанд. Қуттии зард барои алюминий, сурх барои зарфҳои шишагӣ ва пластикӣ ва қуттии кабуд барои партовҳои коғаз аст.
БРИТАНИЯИ КАБИР
Дар Британия навъи партовҳои барои қуттии партов мувофиқро дар сарпўш бо ҳарфҳои калон навиштаанд. Асосан, фарқияти ранг дар сарпўши қуттӣ аст. Қуттии хокистарранг барои партовҳои ғизоӣ ва алюминӣ, қуттии кабуд барои рўзнома, маҷалла ва дигар маводи коғазӣ ва қуттии сурх барои ашёи пластикӣ мебошад.
Ба навъҳо ҷудо кардан ва коркарди партовҳо кўмак мекунад, ки муҳити атроф тозатар шавад. Тавассути ин имкон пайдо мешавад, ки ҳолатҳои манфии рўз аз рўз зиёдшаванда, партовҳои омехтаи муҳити зисти моро ишғолнамуда, ки ба табиату экология таъсири манфӣ мерасонад ва дар натиҷа ба худи одамон ҷабр хоҳад шуд, низ кам карда шаванд.
Пеш аз ҳама, коркарди такрорӣ захираҳоро сарфа мекунад. Ба мисли ҳамин, қуттиҳои ҷудокунӣ ба одамон имконият медиҳад, ки партовҳо, чизҳои нолозимро партоянд. Ба ҷои ифлос кардани замин, ин партовҳо тавассути коркарди дубора ба маҳсулоти нав табдил меёбанд. Илова бар ин, одамон низ метавонанд дар ҳифзи табиат саҳм гузоранд. Масалан, тавассути аз нав коркарди якчанд ҷурнали кўҳна ва ба қуттии ҷудокунӣ гузоштан, шумо зарурати буридани дарахтонро бавосита коҳиш медиҳед. Дар ин ҷо ҳар қадар бештар коғазҳои партовро насўзонда ҷамъ овардан, миқдори муайяни дарахтонро аз буридан наҷот медиҳад.
Ба навъҳо ҷудо кардан ва аз нав коркард, энергияро сарфа мекунад. Барои истеҳсоли маҳсулоти нав миқдори зиёди энергия сарф мешавад, ки он ба муҳити зист ва атмосфера таъсири манфӣ мерасонад. Аммо коркарди дубора метавонад масрафи энергияро кам кунад. Масалан, коршиносон ҳангоми коркарди маҳсулоти алюминий сарфаи нерўи барқро то навад дарсад арзёбӣ мекунанд.
Ҳамин тариқ, коркарди такрорӣ ба ҳифзи табиат аз бисёр ҷиҳат кўмак мекунад. Агар як порча партови пластикиро ба кўча ё ба об партоед, тавассути партове, ки сад сол пўсида намешавад, ба олами набототу ҳайвонот зарар мерасонад.
Агар дар ҷаҳон технологияи коркарди партовҳо истифода намешуд, камбудӣ ва пур кардани партовгоҳҳо барои ҳар як кишвар мушкили ҷиддие меовард ва рўзе дар рўи замин фазои бе партов намемонд. Аз ин рў, ба муаммои партовҳо ҷиддитар муносибат кардан, маърифати экологиро ташаккул додан лозим ва зарур аст.
Мо боварӣ дорем, ки дар шаҳри Хуҷанд ва дар маҷмуъ шаҳраку деҳоти вилояти Суғд ба масъалаи тозагию озодагии маҳаллаи сукунат эътибори ҷиддӣ дода мешавад ва бо баланд бардоштани маърифати экологии насли наврас, ҷавонон ва сокинон метавонем шаҳрамонро ба макони озодагию тозагӣ табдил диҳем. Дар ин самт барои ҳалли муаммоҳои мавҷуда ҳама сокинон бояд масъулиятшинос бошанд!

Абдулмаҷиди Бобоҷониён,
Нуъмон Раҷабзода

Зарари партвоҳои пластикӣ ба табиат ва инсон

Дар бораи партовҳо ва хусусан партовҳои маишӣ расонаҳо зиёд менависанд ва аз таҷрибаи давлатҳои пешқадам мисол меоранд, ки онҳо чӣ тавр маърифати шаҳрвандии сокинонро баланд бардоштаанд, то ин ки партовро дар ҷойи муқарраршуда, дар соати муайян ва ба қуттиҳои махсус ҷойгир намоянд. Албатта, дар ин масъала, кишварҳои пешрафта қадамҳои ҷиддӣ гузоштаанд ва фаъолияти муназзами онҳо то андозае натиҷа ҳам додааст. Аммо ҷаҳон дар авҷи рушду тараққӣ қарор дорад ва табиист, ки ин ҳолат боиси зиёд гаштани партовҳо ва ифлосшавии муҳити зист мегардад. Бо рушди иқтисодии мамлакат дар натиҷаи истеҳсол ва истихроҷ зиёдшавии партовҳо низ ба миён меояд, чун мусаллам аст, ки ягон намуди истеҳсолот бидуни ба вуҷуд овардани партов фаъолият карда наметавонад.
Партовҳо аз рўи тақсимбандӣ ба гуруҳҳои зерин ҷудо мешаванд: истеҳсолӣ. Партовҳои истеҳсолӣ ҳамон намуданд, ки дар равандҳои гуногуни истеҳсолӣ ба вуҷуд омадаанд ва барои истифодабарии минбаъда бо мақсади дастрас кардани маҳсулоти нав дар муассисаву корхонаҳо корношоям мебошанд.
Нави дуюм сохтмонӣ аст. Ба гурўҳи партовҳои сохтмонӣ он партовҳое дохил мешаванд, ки дар ҳолатҳои истеҳсолии ин ё он сохтмон ба вуҷуд омадаанд. Барои мисол, хишти шикаста, порчаҳои оҳан, маводҳои бетонӣ, қисмҳои ленолиум ва дигар маводҳо. Партовҳои сохтмониро тамоман безарар номида намешавад, барои мисол, тахтаҳои дар сохтмон истифодашудае, ки бо рангҳо молида шудаанд — ин гуна тахтаҳо рангро кайҳо ҷабида гирифтаанд ва ҳангоми сўзонидани онҳо дар коргоҳи партовсўзонӣ аз худ газе ҳосил мекунанд, ки дар таркибаш моддаҳои зарарнок зиёд аст.
Ба партовҳои коммуналии зараровар мансубанд: шиша, коғаз, боқимондаҳои органикӣ, пластмассаҳо, ашёҳои металӣ, мебели куҳна, зарфҳои маишӣ ва ғайра. Аз байн бурдани партовҳои маишӣ, ки инсоният дар тўли рушди худ ба даст меорад, вазифаи мушкил ва ҳалталабест. Хусусан, дар шаҳрҳои бузург солҳои охир масъалаи аз миён бурдани партовҳо мушкилоти муҳиму мураккаберо ба миён меорад ва андешидани чораҳои махсусеро талаб менамояд. Ҷамъшавии партовҳои маишӣ дар шаҳрҳо ва инчунин деҳот, ки ҳамасола шумораи беандозаеро ташкил медиҳанд, хатари таъсиррасонии зиёдеро дар муҳити экологии замин ба вуҷуд меоварад.
Бояд қайд намуд, ки тамоми партовҳои маишӣ – ин ашёи хоми хубе шуда метавонанд, барои истифодабарии баъзе аз намудҳои дигари истеҳсолот, ки аллакай дар бештари мамолики хориҷ онҳо бо ин мақсад истифода мешаванд. Коркарди онҳо яке аз роҳҳои муҳими бартарафсозии мушкилоти экологӣ ба шумор меравад.

Партовҳо ба назар як чизи оддӣ, нозаруру корношоям ва ба касе нолозим менамоянд, аммо дар асл масъала тамоман дигаргуна аст, шояд ҳанўз касе намедонад, ки мо чи қадар партовро дар як рўз ба табиат ҳавола медиҳем, ҳамарўза шумораи партовҳо дар ҳоли афзоиш қарор доранд ва нисбат ба солҳои пешин ҳаҷми беандоза бузурги онҳо ба муҳити моро иҳотанамуда интиқол дода мешаванд.
Дар сайёра одамон ҳоло партовҳоро ба кўҳҳои бузурге табдил медиҳанд. Масалан, дар канорҳои Бейрути Ливон партовҳо дар ҳаҷми 80 тонна, ҳамарўза ба собиқ регсоҳилҳое партофта мешаванд, ки замоне ҷойи истироҳати одамон маҳсуб меёфт. Баландии ин партовкўҳҳо тақрибан 40 метрро ташкил менамояд. Ин партовҳо дар натиҷаи вайрон шуда, пўсидан аз худ метан ва дигар заҳрхимикатҳоро хориҷ менамоянд, ки замин ва фазоро заҳролуд месозанд ва аз он 200 ҳазор нафар шаҳрвандон нафас мегиранд. Моҳигирони маҳаллӣ аз партовҳои пластикии ба баҳр партофташуда пайваста шикоят менамоянд.
Мушкилоти асосии экологӣ дар сайёраи мо он аст, ки дар тамоми ҷаҳон, ҳар ҷо ки инсон зиндагонӣ дорад, партовҳо низ дар ҳоли афзоишанд ва хатари таъсирбахшии зараровари он рўз ба рўз инсониятро таҳдид менамояд.
Бояд донист, ки дар баробари партовҳои зараровар боз безарари онҳо низ мавҷуданд. тўли солҳои зиёди сипаригашта, ки маводҳои полиэтиленӣ ё пластикӣ дар истеҳсолот камтар истифода бурда мешуданд, партовҳо низ аз маҳсулоти табиӣ – ба монанди коғаз, дарахт, пасмондаи хўрока, пашминагиҳо ва пахта иборат буд. Ин гуна партовҳо бидуни ягон зараре дар табиат нобуд ё ки пўсонида мешаванд, вале мутаассифона, дар баробари пешравии сатҳи зиндагӣ ва истеҳсолот маводҳои партовӣ ҳам заҳрноку хатарноктар гаштанд, таркиби металлҳои вазнин, моддаҳои радиоактивӣ ва пластмассаҳо дар заминаи модаҳои синтетикӣ хеле баланд ва зараррасонии онҳо ҳатто баъд аз нобудсозиашон низ барҳам намехўрад.
Аз ин рў, масъалаи ҷамъоварӣ, ҷойгиркунӣ, коркард ва безараргардонии партовҳо яке аз мушкилоти асосии экологӣ дар ҷумҳурӣ ба ҳисоб рафта, чун дигар масъалаҳои ҳифзи муҳити зист дар як қатор санадҳои қонунгузорию меъёрӣ, ҳуҷҷатҳои стратегию барномавии рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар инъикос ёфтааст.
Воситаи муфид ин дар байни аҳолӣ ҷоннок кардани корҳои фаҳмондадиҳӣ мебошад. Гузарондани корҳои фаҳмондадиҳӣ барои тарғиби кам истифода бурдани зарф ва халтаҳои пластикӣ хеле муҳим аст. Гузоштани овезаҳо дар хиёбону кўчаҳо низ омили баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ мебошад. Зеро агар одамон зарари пластика ба саломатӣ ва муҳити зистро нафаҳманд ва тартиби ҷамъоварии партовҳои пластикиро риоя накунанд, ҳалли масъала номумкин мегардад.
Бо мақсади тозагии муҳити атроф дар Хуҷанд қуттиҳои махсус барои партовҳо, аз ҷумла зарфҳои пластикӣ гузошта шудааст ва дар назар аст, ки чунин қуттиҳо дар дигар ҷойҳои серодам низ таъмин карда мешаванд. Ҳадаф аз насби чунин қуттиҳо тоза нигоҳ доштани шаҳр, ҷамъоварӣ ва коркарди дубораи зарфҳои пластикӣ ва ба ин васила, коҳиш додани таъсири манфии зарфҳои пластикӣ ба табиат мебошад. Аммо мо борҳо мушоҳида менамоем, ки баъзе аз сокинон зарфҳои пластикиро аз дохили қуттиҳои партов ҷудо намуда мегиранд ва онҳоро дар кадом шакл ва чӣ тавр ба куҷо расониданашон маълум нест. Дар қуттии партове, ки ҳама намуди партов гузошта шудааст ва аз он ҷо бўйи нороҳаткунанда мерасад, бардоштани зарфҳои пластикӣ мутобиқ ба талаботи экологӣ нест. Мо бояд ба фарзандонамон, ба насли наврас фарҳанги истифодаи қуттиҳои партовро, ки омили асосии тозагии гирду атроф ва муҳити тозаи экологӣ мебошад, омўзонем. Маҳз, ба навиштаҷот ва рангҳои қуттиҳои партов аҳамият дода, мутобиқ ба он партовҳоро ҷо ба ҷо намоем. Албатта, дар қадами аввал ин мушкил ва номумкин менамояд, аммо тадриҷан мардум ба он одат мекунанд ва дар ҳифзи муҳити зист ва экологияи шаҳр саҳми худро мегузоранд.
Нуъмон Раҷабзода