Шуъбаи таҳсилоти дуалӣ ва алоқа бо истеҳсолоти Донишкадаи Иқтисод ва Савдои Донишгоҳи Давлатии Тиҷорати Тоҷикистон, дар ҳамкорӣ бо ҶСК “Тавҳидбонк”, шартномаи сеҷониба бо донишҷӯён имзо мерасонад. Ин иқдом ба донишҷӯён имкон медиҳад, ки дар муҳити воқеии корӣ малакаҳои касбии худро такмил диҳанд ва ҳамзамон донишҳои таҷрибавии худро густариш диҳанд. Донишҷӯён дар вақти берун аз машғулиятҳои таълимӣ ба кор дар ҶСК “Тавҳидбонк” ҷалб мешаванд.
Пас аз гузаронидани санҷишҳои зарурӣ, донишҷӯён бо ҷойи корӣ дар ин ташкилот таъмин карда мешаванд.
Инчунин, “Тавҳидбонк” бар ивази фаъолияти донишҷӯён маблағи таҳсили онҳоро пардохт менамояд.
Шумораи ҷойҳои корӣ маҳдуд аст, бинобар ин довталабон бояд аз санҷишҳои зарурӣ гузаранд.
Афзалиятҳои ин иқдом:
- Имконияти кор ва таҳсил дар як вақт.
- Такмили малакаҳои касбӣ дар муҳити воқеии корӣ.
- Ҷои кори доимӣ пас аз хатм.
Барои бақайдгирӣ:
Ба Шуъбаи таҳсилоти дуалӣ ва алоқа бо истеҳсолот муроҷиат кунед (бинои таълимии №2, утоқи 314) ё тариқи почтаи электронии dual.edu.iet@gmail.com. Муроҷиат намоед.
Фурсатро аз даст надиҳед ва барои ояндаи касбии худ қадами устувор гузоред!