“Конститутсия аз ҷумлаи дастовардҳои бузурги мардуми Тоҷикистон буда, пойдевори ҳуқуқии давлати наву соҳибистиқлоли тоҷикон, шакли ифодаи ҳуқуқии ормонҳои давлатдории миллӣ, ҳимояи ҳадафҳо ва манфиатҳои миллӣ, осори таърихӣ ва фарҳанги миллӣ мебошад”. Эмомалӣ Раҳмон

Табрикоти директори ДИС ДДТТ Ҷалилзода А.А. ба муносибати 30-юмин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳамаи мо хуб огоҳ ҳастем, ки 6 ноябри соли 1994 бори аввал ба тариқи раъйпурсии умумихалқӣ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида, он ба ташаккули давлати демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёд заминаи боэътимод гузошт.
Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин санади тақдирсозро ҳамчун ҳуҷҷати равшангари роҳи ҳаёти мардум арзёбӣ намудаанд, ки низоми давлатдориро муайян ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро таъмин мекунад:
“Конститутсия шаҳодатномаи ҳар як халқи соҳибистиқлол ва гувоҳномаи давлати озоду мустақил ва ҳамзамон санади танзимкунандаву муайянсозандаи низоми давлатдорӣ ва муҳимтар аз ҳама кафолати ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд аст”.Ба шарофати арзишҳои башардӯстонаи Конститутсия имрӯз миллати тоҷик таҳти сарварии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи ҷаҳон ҳамчун давлати мутамаддин ва демократӣ эътироф гардидааст. Конститутсия дар бароварда гардонидани орзуву ормони халқи Тоҷикистон, пойдорию бардавомии давлатдории миллӣ ва сулҳу Ваҳдат кафили рушди устувори ҷомеа ва ояндаи дурахшони миллати тоҷик маҳсуб меёбад.
Бо истифода аз фурсати муносиб, ҳамаи Шумоён – устодон ва донишҷӯёни гиромиқадрро ба муносибати 30-юмин солагарди Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрику муборакбод гуфта, бароятон осмони софу беғубор, саломатӣ, осудагии рӯзгор, зиндагии шоиста ва иқболи баланд орзу менамоям.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *