Конференсияи илмии донишҷӯён

Санаи 18 апрели соли 2022 дар кафедраи ҷомеашиносӣ конференсияи илмӣ-амалӣ бахшида ба рӯзи илми тоҷик таҳти унвони “Ахлоқ ва баъзе ҷанбаҳои ташаккули маданияти экологӣ” баргузор гардид, ки дар он 25 нафар донишҷӯён бо маърӯзаҳои худ иштирок намуда, доир ба ин самт мавриди муҳокима ва хулосабарорӣ қарор доданд.

278567518_3373295569568868_6546048636689392371_n
previous arrow
next arrow

Ахлоқ ва баъзе ҷанбаҳои ташаккули маданияти экологӣ

Санаи 16 апрели соли 2022 дар кафедраи ҷомеашиносӣ конференсияи илмӣ-амалӣ бахшида ба рӯзи илми тоҷик таҳти унвони “Ахлоқ ва баъзе ҷанбаҳои ташаккули маданияти экологӣ” баргузор гардид, ки дар он 17 нафар устодони кафедра бо маърӯзаҳои худ иштирок намуда, доир ба ин самт мавриди муҳокима ва хулосабарорӣ қарор доданд.

278569733_3373288772902881_7431239024942229687_n
previous arrow
next arrow

Конфронси илмӣ-назариявии кафедраи менеҷмент ва маркетинг

Санаи 16-уми апрели соли 2022 дар кафедраи менеҷмент ва маркетинг конфронси илмӣ-назариявӣ таҳти унвони “Муаммоҳо ва роҳҳои баланд бардории рақобатпазирии хизматрасониҳои захираҳои меҳнатӣ ва нерӯи зеҳнӣ” баргузор гардид, ки дар он устодони кафедра маърӯза намуда, мақолаҳоро доир ба ин самт мавриди муҳокима ва хулосабарорӣ қарор доданд.

278571008_3371861366378955_8402238863856104722_n (1)
previous arrow
next arrow

Илм, иқтисодиёт ва ҷомеа: муаммоҳо ва роҳҳои баландбардории рақобатпазирии захираҳои меҳнатӣ ва нерӯи зеҳнӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ бахшида ба Рўзи илми тоҷик конференсияи анъанавии илмию амалии олимону профессорон ва муҳаққиқони ҷавон таҳти унвони “Илм, иқтисодиёт ва ҷомеа: муаммоҳо ва роҳҳои баландбардории рақобатпазирии захираҳои меҳнатӣ ва нерӯи зеҳнӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Конференсия бо сухани ифтитоҳии директори донишкада, номзади илмҳои иқтисод, дотсент Ҳошимзода Ҳомид Ҳасан оғоз гардид. Мавсуф зимни суханронӣ таъкид намуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии хеш бо мақсади пешрафти соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи мамлакат, бахусус, илму техника ва тақвияти тафаккури техникии ҷавонону наврасон дастурҳои мушаххас доданд. Қобили зикр аст, ки тайи солҳои охир Ҳукумати кишвар барои пешрафти илмӣ-техникӣ, тақвияти фаъолияти инноватсионӣ, иътироъкориву эҷодкорӣ аҳамияти хоса дода истодааст. Инчунин, таъмини саноатикунонии босуръати кишвар, эълон шудани солҳои 2022-2026 “Солҳои рушди саноат” водор месозанд, ки ба масъалаҳои тайёр кардани кадрҳои баландихтисос, баландбардоштани рақобатпазирии захираҳои меҳнатӣ, тақвият додани нерӯи зеҳнӣ аҳамияти аввалиндараҷа дода шавад. Дар ин замина, дар донишкада пайваста конференсияҳои ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва донишкадавӣ баргузор мегарданд ва мақолаҳои пешниҳодгардидаи устодону муҳаққиқон дар шакли китоби алоҳида ба нашр мерасанд.

Баъди сухани ифтитоҳии директори донишкада, номзади илмҳои иқтисод, дотсент Ҳошимзода Ҳомид Ҳасан маърӯзаҳои устодон: Расулҷон Солиҷонов, д.и.ф., профессори кафедраи ҷомеашиносӣ дар мавзӯи “Нақши илмҳои ҷомеашиносӣ дар баландбардории имкониятҳои зеҳнии ҷомеа”, Юсупов Аюбҷон Кенҷабоевич, корманди илмии Маркази илмӣ-тадқиқотии ДИС ДДТТ, н.и.ф-м, профессор оид ба “Рушди инсон ва технологияҳои рақамӣ: муаммоҳо ва ояндабинӣ”, Панфилова Мария Васильевна, ассисенти кафедраи менеҷмент ва маркетинг бо забони руси перомуни “Развитие интеллектуалного потенциала как фактор повышение конкурентспособности молодого специалиста” шунида шуданд.

Ҳамчунин Ваҳҳобов Махсум Аҳлиддинович, магистранти соли аввали ихтисоси иқтисодиёт ва идора дар корхона оид ба мавзӯи “Баландбардории рақобатпазирии захираҳои меҳнатӣ ва нерӯи зеҳнӣ дар ИМА”  ва донишҷӯи соли сеюми ихтисоси иқтисодиёти ҷаҳон Рухшона Очилова бо забони англисӣ маърӯза намуданд.

Конференсияи илмию амалии “Илм, иқтисодиёт ва ҷомеа: муаммоҳо ва роҳҳои баландбардории рақобатпазирии захираҳои меҳнатӣ ва нерӯи зеҳнӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” то санаи 23 апрели соли 2022 дар бахшҳои алоҳида идома хоҳад кард.

Дар назар аст, ки дар конференсия 189 нафар устодон ва беш аз 188 нафар донишҷӯён мақолаҳои худро  мавриди таҳқиқу баррасӣ қарор дода шуда, нигоштаҳои олимону муҳаққиқони ҷавон дар шакли маҷмуаи алоҳида ба нашр хоҳад расид.

Аксияи «Ҳафтаи умумиҷаҳонии саломатӣ»

Бо ташаббуси Раёсати Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, бахшида ба «Ҳафтаи умумиҷаҳонии саломатӣ» дар Донишкада Аксия зери шиори «Ба донишкада бе телефони мобилӣ» рафта истодааст. Аксияро устодони фанни экологияи кафедраи ҷомеашиносӣ номзади илмҳои биология, дотсент Дониёрова М.М., муаллими калон Саидова О.Ж. ва ассистент Комилова Ф.А. бо иштироки фаъолонаи донишҷӯён-волонтёрҳо Сулаймонов Х., Маъмурова П., Шерматова А. ва дигарон гузаронида истодаанд.
Онҳо ба донишҷӯён ҷиҳатҳои мусбӣ ва манфии телефони мобилиро, хусусан барои саломатӣ фаҳмонида, фикру андешаи толибилмонро оид ба тарзи истифодаи телефони мобилӣ гирифта истодаанд. Қайд кардан зарур аст, ки донишҷӯён ин иқдомро хуб қабул карда, ҳамсабақони худро низ барои истифодаи мақсадноки телефони мобилӣ даъват карда истодаанд.

278260830_3369650176600074_2940395718228848350_n
previous arrow
next arrow

Конференсияи илмию амалии вилоятӣ дар ДДХ

Санаи 12 апрели 2022 дар факултети филологияи руси Донишгоҳи давлаии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров конференсияи илмию амалии вилоятӣ дар мавзуи “Масъалаҳои муҳими омӯзишу тадриси забони русӣ ва англисӣ дар шароити рушди инноватсионӣ” бахшида бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 90-солагии таъсисёбии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, татбиқи «Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» баргузор гардид. Дар конференсия устодони кафедраи забонҳои тоҷикӣ ва русии ДИС ДДТТ дотсент Файзиева С.А., н.и.ф., муаллими калон Холшехова С.А., н.и.ф., муаллими калон Саидхоҷаева М.Н. ва муаллимаи калон Раупова К.О. иштирок намуданд. Дар бахши якум: “Масъалаҳои актуалии филология: услубшиносии забон ва фарҳанги нутқ дар забоншиносии муосир” устодони кафедра Файзиева С.А. дар мавзуи “Глаголы чувства в русском и таджикском языках”, Саидхоҷаева М.Н. дар мавзуи “Фразеологизмы – показатели видовых значений”, Раупова К.О. дар мавзуи “Роль устойчивых сочетаний в языке”, дар бахши сеюм: “Методикаи таълими забон ва адабиёт” Холшехова С.А. дар мавзуи “Применение многофункциональных учебных действий на занятиях” баромад намуданд.

278119038_2941286836116776_5096779727762963140_n
previous arrow
next arrow

Дарси лексионии муштарак

Санаи 13 апрели соли равон дар Донишкадаи иқтисод ва cавдои ДДТТ меҳмон аз ИМА профессор Гилберт Даглас, ки ба воситаи барномаи “Fulbright Specialist” ҳузур дорад ва профессор Аюбҷон Юсупов дарси лексонии муштарак дар гурӯҳи англисии курси 2юм ихтисоси “Иқтисодиёти ҷаҳон” дар мавзуи “Моделикунонии бизнес” гузарониданд.
Дар рафти дарси лексионӣ донишҷӯён бодиққат мавзу]ро гӯш карда, маълумотҳои нав барои соҳаи ояндаи худ гирифтанд ва инчунин дар ҷараёни дарс фаъол будани худро бо овардани мисолҳои худ ва ақидаҳои худ оид ба “Моделикунонии бизнес” нишон доданд. Профессор Гилберт Даглас ба сатҳи дониши забони англисӣ ва дониши соҳавии донишҷӯён баҳо дода пешравии онҳоро дар таҳсилашон дар донишкада қайд кард.
Дар охир донишҷӯён минанатдории худро ба профессор Гилберт Даглас ва профессор Аюбҷон Юсупов барои мубодилаи таҷрибаи ҳаётиашон дар соҳаи иқтисодиёт изҳор намуданд.

IMG_7559
previous arrow
next arrow

Семинар-машварат дар мавзуи “Developing an Entrepreneurial Ecosystem”

Санаи 4 апрели соли равон дар шуъбаи муносибитҳои байналмилалӣ семинар-машварат дар мавзуи “Developing an Entrepreneurial Ecosystem” аз тарафи меҳмони Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ мутахассиси барномаи Fulbright профессор Гилберт Дуглас гузаронида шуд.

Дар семинари мазкур директори ДИС ДДТТ н.и.и., дотсент Ҳошимзода Ҳомид Ҳасан, муовини директор оид ба корҳои таълимӣ н.и.и., дотсент Машокиров Ш.У., муовини директор оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ н.и.и., дотсент Мирпочоев Д.А., сарпарасти лоиҳаҳои байналмилалӣ н.и.и., профессор Аминов А., мудири шуъбаи муносибатҳои байналмилалӣ Мухторов Саидқосим ва дигарон ҳузур доштанд.

Дар ин машварат профессор Гилберт Дуглас чи тавр бояд рушд додани экосистемаи соҳибкорӣ, мушкилотҳои пешравии ширкати соҳибкорӣ, роҳбарӣ дар ширкати соҳибкорӣ маълумот дод.

Дар охири семинар ҳайати профессорону устодон фикру андешаҳои худро баён намуда, ба саволҳои худ посухҳои мушаххас гирифтанд.

?????1
previous arrow
next arrow

Дарси назариявӣ аз фанни иқтисодиёт ва ташкили бизнеси байналхалқӣ

Санаи 5 апрели соли равон мутахассиси барномаи Fulbright профессор Гилберт Дуглас барои донишҷӯёни курси 4 уми ихтисоси 250103 – иқтисодиёти ҷаҳон, таҳсил бо забони англисӣ доир ба мавзуи “Business model canvas” дарси назариявӣ аз фанни иқтисодиёт ва ташкили бизнеси байналхалқӣ гузаронид.
Дар ин дарси назариявӣ профессор Гилберт Дуглас оиди бизнес модели “canvas” дар мисоли ширкати Apple ва маҳсулотҳои он сухан ронд ва мисолҳои равшан оиди ихтирооти iPad ва моделҳои муосири iPhone шарҳи мухтасар дод. Донишҷӯён чӣ тавр ба роҳ мондани тиҷоратҳои гуногунро дар платформаи AppStore омӯхтанд.
Инчунин профессор ба донишҷӯён вебсайти AIRDNA -ро муаррифӣ намуда, тарзи истифода намудани онро омӯзонид.
Донишишҷӯён низ дар чараёни дарс хеле фаъолона иштирок намуда, фикру ақидаҳои худро доир ба ин мавзуъ баён намуданд.
Сипас, профессор Гилберт Дуглас ба донишу малакаи донишҷӯён ва забондонии онҳо баҳои хуб дод.

IMG_6858
previous arrow
next arrow

Пешгирии бемориҳои сироятӣ

Санаи 02 апрели соли 2022 дар ДИС ДДТТ барои фаҳмонидани корҳои тиббию санитарӣ оид ба пешгирии бемориҳои сироятӣ Беҳзод Шодиев – лейтенатнти калони шуъбаи тиббии Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд ташриф оварда бо донишҷӯён мулоқот намуданд.

IMG_6788
previous arrow
next arrow