Санаи 13 апрели соли равон дар Донишкадаи иқтисод ва cавдои ДДТТ меҳмон аз ИМА профессор Гилберт Даглас, ки ба воситаи барномаи “Fulbright Specialist” ҳузур дорад ва профессор Аюбҷон Юсупов дарси лексонии муштарак дар гурӯҳи англисии курси 2юм ихтисоси “Иқтисодиёти ҷаҳон” дар мавзуи “Моделикунонии бизнес” гузарониданд.
Дар рафти дарси лексионӣ донишҷӯён бодиққат мавзу]ро гӯш карда, маълумотҳои нав барои соҳаи ояндаи худ гирифтанд ва инчунин дар ҷараёни дарс фаъол будани худро бо овардани мисолҳои худ ва ақидаҳои худ оид ба “Моделикунонии бизнес” нишон доданд. Профессор Гилберт Даглас ба сатҳи дониши забони англисӣ ва дониши соҳавии донишҷӯён баҳо дода пешравии онҳоро дар таҳсилашон дар донишкада қайд кард.
Дар охир донишҷӯён минанатдории худро ба профессор Гилберт Даглас ва профессор Аюбҷон Юсупов барои мубодилаи таҷрибаи ҳаётиашон дар соҳаи иқтисодиёт изҳор намуданд.