Илм, иқтисодиёт ва ҷомеа: муаммоҳо ва роҳҳои баландбардории рақобатпазирии захираҳои меҳнатӣ ва нерӯи зеҳнӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ бахшида ба Рўзи илми тоҷик конференсияи анъанавии илмию амалии олимону профессорон ва муҳаққиқони ҷавон таҳти унвони “Илм, иқтисодиёт ва ҷомеа: муаммоҳо ва роҳҳои баландбардории рақобатпазирии захираҳои меҳнатӣ ва нерӯи зеҳнӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Конференсия бо сухани ифтитоҳии директори донишкада, номзади илмҳои иқтисод, дотсент Ҳошимзода Ҳомид Ҳасан оғоз гардид. Мавсуф зимни суханронӣ таъкид намуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии хеш бо мақсади пешрафти соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи мамлакат, бахусус, илму техника ва тақвияти тафаккури техникии ҷавонону наврасон дастурҳои мушаххас доданд. Қобили зикр аст, ки тайи солҳои охир Ҳукумати кишвар барои пешрафти илмӣ-техникӣ, тақвияти фаъолияти инноватсионӣ, иътироъкориву эҷодкорӣ аҳамияти хоса дода истодааст. Инчунин, таъмини саноатикунонии босуръати кишвар, эълон шудани солҳои 2022-2026 “Солҳои рушди саноат” водор месозанд, ки ба масъалаҳои тайёр кардани кадрҳои баландихтисос, баландбардоштани рақобатпазирии захираҳои меҳнатӣ, тақвият додани нерӯи зеҳнӣ аҳамияти аввалиндараҷа дода шавад. Дар ин замина, дар донишкада пайваста конференсияҳои ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва донишкадавӣ баргузор мегарданд ва мақолаҳои пешниҳодгардидаи устодону муҳаққиқон дар шакли китоби алоҳида ба нашр мерасанд.

Баъди сухани ифтитоҳии директори донишкада, номзади илмҳои иқтисод, дотсент Ҳошимзода Ҳомид Ҳасан маърӯзаҳои устодон: Расулҷон Солиҷонов, д.и.ф., профессори кафедраи ҷомеашиносӣ дар мавзӯи “Нақши илмҳои ҷомеашиносӣ дар баландбардории имкониятҳои зеҳнии ҷомеа”, Юсупов Аюбҷон Кенҷабоевич, корманди илмии Маркази илмӣ-тадқиқотии ДИС ДДТТ, н.и.ф-м, профессор оид ба “Рушди инсон ва технологияҳои рақамӣ: муаммоҳо ва ояндабинӣ”, Панфилова Мария Васильевна, ассисенти кафедраи менеҷмент ва маркетинг бо забони руси перомуни “Развитие интеллектуалного потенциала как фактор повышение конкурентспособности молодого специалиста” шунида шуданд.

Ҳамчунин Ваҳҳобов Махсум Аҳлиддинович, магистранти соли аввали ихтисоси иқтисодиёт ва идора дар корхона оид ба мавзӯи “Баландбардории рақобатпазирии захираҳои меҳнатӣ ва нерӯи зеҳнӣ дар ИМА”  ва донишҷӯи соли сеюми ихтисоси иқтисодиёти ҷаҳон Рухшона Очилова бо забони англисӣ маърӯза намуданд.

Конференсияи илмию амалии “Илм, иқтисодиёт ва ҷомеа: муаммоҳо ва роҳҳои баландбардории рақобатпазирии захираҳои меҳнатӣ ва нерӯи зеҳнӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” то санаи 23 апрели соли 2022 дар бахшҳои алоҳида идома хоҳад кард.

Дар назар аст, ки дар конференсия 189 нафар устодон ва беш аз 188 нафар донишҷӯён мақолаҳои худро  мавриди таҳқиқу баррасӣ қарор дода шуда, нигоштаҳои олимону муҳаққиқони ҷавон дар шакли маҷмуаи алоҳида ба нашр хоҳад расид.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *