Дарси назариявӣ аз фанни иқтисодиёт ва ташкили бизнеси байналхалқӣ

Санаи 5 апрели соли равон мутахассиси барномаи Fulbright профессор Гилберт Дуглас барои донишҷӯёни курси 4 уми ихтисоси 250103 – иқтисодиёти ҷаҳон, таҳсил бо забони англисӣ доир ба мавзуи “Business model canvas” дарси назариявӣ аз фанни иқтисодиёт ва ташкили бизнеси байналхалқӣ гузаронид.
Дар ин дарси назариявӣ профессор Гилберт Дуглас оиди бизнес модели “canvas” дар мисоли ширкати Apple ва маҳсулотҳои он сухан ронд ва мисолҳои равшан оиди ихтирооти iPad ва моделҳои муосири iPhone шарҳи мухтасар дод. Донишҷӯён чӣ тавр ба роҳ мондани тиҷоратҳои гуногунро дар платформаи AppStore омӯхтанд.
Инчунин профессор ба донишҷӯён вебсайти AIRDNA -ро муаррифӣ намуда, тарзи истифода намудани онро омӯзонид.
Донишишҷӯён низ дар чараёни дарс хеле фаъолона иштирок намуда, фикру ақидаҳои худро доир ба ин мавзуъ баён намуданд.
Сипас, профессор Гилберт Дуглас ба донишу малакаи донишҷӯён ва забондонии онҳо баҳои хуб дод.

IMG_6858
IMG_6863
IMG_6864
IMG_6868
IMG_6869
previous arrow
next arrow

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *