Дарси профессор Гилберт Дуглас дар мавзуи “Why learn to be an entrepreneur?”

Санаи 01 апрели соли равон дар ДИС ДДТТ барои донишҷӯёни факултети иқтисодиёт ва технологияҳои инноватсионӣ бо ташаббуси шуъбаи муносибатҳои байналмилалӣ дарси лексионии профессор аз ИМА Гилберт Дуглас дар мавзуи “Why learn to be an entrepreneur?” баргузор гардид.
Профессор Гилберт Дуглас, ки тибқи барномаи байналмилалии “FULBRIGHT” ба Донишкадаи мо ташриф овардаанд, мавзуъро дар сатҳи олӣ ба донишҷӯён муаррифӣ намуданд.
Дар охир устодону донишҷӯён аз профессор Гилберт Дуглас ба саволҳои худ ҷавоби мушаххас гирифтанд.
Чунин иқдом дар Донишкада бо иштироки профессор, мутахассиси барномаи “FULBRIGHT” Гилберт Дуглас идома дорад.
IMG_6756
previous arrow
next arrow

Курсҳои такмили ихтисос аз рӯи равияҳои иқтисодӣ ва низоми иттилоотӣ

Бо ҳамкории Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар ш. Хуҷанд курсҳои такмили ихтисос аз рӯи равияҳои иқтисодӣ ва низоми иттилоотӣ дар иқтисодиёт баргузор гашт. Дар он 8 нафар омӯзгорони ДИС ДДТТ – Гадойбоева Шоҳина Ҷаффаровна, Қаюмов Ашӯр Абдуқодирович, Қоситова Умеда Одилбоевна, Қурбонов Файзалӣ Ҷамшедович, Норбобоев Луқмон Бурҳонович, Раҳматова Мавзуна Мӯминовна, Файзиева Азизахон Тӯхтабоевна ва Ҷӯраева Нуринисо Абдувосидовна иштирок варзида соҳиби диплом гаштанд.

IMG_6738
previous arrow
next arrow

Семинарӣ илмӣ-назариявии муштарак

Санаи 31 марти соли 2022, кафедраи ҷомеашиносии ДИС ДДТТ дар ш. Хуҷанд якҷоя бо кафедраи фалсафа ва таърихи Донишгоҳи Сибири кооператсияи матлуботи (ДСИБКМ) Федератсияи Россия семинарӣ илмӣ-назариявиро барпо намуд. Дар семинари мазкур, доктори илмҳои фалсафа, профессори кафедраи фалсафа ва таърихи ДСИБКМ Андрей Анатолевич Иванов дар мавзуи “Модели шахс дар фарҳанги Замони Нав” маърӯза карда, оид ба ташаккули шахс ва омилҳои асосии таъсири ҷомеа ба он дар Замони Нав ба иштирокчиён гуфта гузашт. Пас аз баромади профессор Иванов А. А., чанд суолу ҷавоб аз тарафи устодону донишҷӯён пешкаш карда шуд, ки ба онҳо аз тарафи профессор посухҳои мушаххас дода шуданд.

Саҳми мақомоти гумрук дар таъмини амнияти иқтисодӣ дар шароити муосир

Санаи 31.03.2022 дар толори бинои 4-уми ДИС ДДТТ вохӯрии кормандони мақомоти гумрукӣ бо донишҷӯёни ихтисоси 96010102-таъмини иқтисодии фаъолияти гумрукӣ бо мақсади мустаҳкам намудани ҳамкории кафедра баҳри баланд бардоштани савияи дониши донишҷӯён дар мавзӯи “Саҳми мақомоти гумрук дар таъмини амнияти иқтисодӣ дар шароити муосир” баргузор гардид.
Мудири кафедраи молшиносӣ ва фаъолияти гумрукии ДИС ДДТТ н.и.и., дотсент Ҷумаев А.Қ. маҳфилро ифтитоҳ бахшид. Собиқадори мақомоти гумрукӣ ва муаллими калони кафедраи молшиносӣ ва фаъолияти гумрукии ДИС ДДТТ Юсупов Мансурҷон Ӯктамович дар мавзуи “Таъсисёбии мақомоти гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фаъолияти он”, муовини сардори гумруки н. Ҷаббор Расулов подполковники Хадамоти гумрукӣ, муаллими калони кафедраи молшиносӣ ва фаъолияти гумрукии ДИС ДДТТ Мамаджонов Абдувосит Абдуқаюмович дар мавзуи “Фаъолият ва саҳми муосири мақомоти гумрукӣ дар таъмини амнияти иқтисодии мамлакат”, нозири мақомоти гумрукӣ лейтенанти Хадамоти гумрукӣ, муаллими кафедраи молшиносӣ ва фаъолияти гумрукии ДИС ДДТТ Сайфиддинов Эшонбобохон Иброҳимович дар мавзуи “Тартиб ва адои хизмат дар мақомоти гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва Обидов Анвар Азамович донишҷӯи курси 3-юми ихтисоси 96010102-таъмини иқтисодии фаъолияти гумрукӣ дар мавзуи “Таҳдиди қочоқи молҳо ба амнияти иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон” таҳти роҳбарии муаллими кафедраи молшиносӣ ва фаъолияти гумрукӣ Холиқов Д.Н. маърӯза намуданд.
Декани факултети тиҷорат, фаъолияти гумрукӣ ва ҳуқуқи ДИС ДДТТ н.и.и., дотсент Ҷалолов Н.М., баромад намуда, барои ташкил ва баргузории маҳфил ба ташаббускорон арзи сипос намуд.
Маҳфили кушод дар сатҳи баланди илмӣ баргузор гардида дар он кулли устодони кафедра, донишҷӯёни ихтисосҳои фаъолияти гумрукӣ ва молшиносӣ ва муоинаи молҳо ширкат варзиданд. Дар поёни маҳфил аз ҷониби кормандони мақомоти гумрукӣ ба саволҳои аз тарафи донишҷӯён пешкаш гардида, посухҳои мушаххас дода шуд.

?????? ?? ?????????? ??????
previous arrow
next arrow

30 соли дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Санаи 30.03.2022 бо иштироки ҳайати васеъи устодону донишҷўёни факултети молия ва баҳисобгирии бухгалтерии ДИС ДДТТ бо намояндаи Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар вилояти Суғд шуда гузашт, ки дар мулоқоти мазкур муовини Раиси Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар вилояти Суғд Фахриддинзода Фирдавс., муовини директор оид ба тарбия ва рушди ҷавонон дотсент Аҳророва Г.У., декани факултети Молия ва баҳисобгирии бухгалтер дотсент Ҳакимзода М.М. ва мудири шуъбаи кор бо ҷавонони ДИС ДДТТ Саидов Муродҷон Мамурҷонович иштирок доштанд.
Мулоқот мувофиқи нақша – чорабиниҳои Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар вилояти Суғд гузаронида шуда, мавзӯи асосии он омӯзиши Паёми Пешвои муаззами миллат ба маҷлиси олӣ буд, ки Фахриддинзода Фирдавс оиди мавзӯи мулоқот суханронӣ карда ба донишҷӯён оиди 30 соли дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро маълумоти муфассал пешниҳод намуд ва ҷавононро барои шомил нашудани онҳо ба ҳизбу ҳаракатҳои бадхоҳ ва ифротӣ роҳандози намуд.

IMG_6710
previous arrow
next arrow

Рӯзи Эрасмус+ барои донишҷӯён баргузор гардид

Санаи 29 – марти соли равон дар Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ рӯзи Эрасмус+ барои донишҷӯён баргузор гардид. Дар ин чорабинӣ кормандони шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ ва меҳмон аз хориҷи кишвар профессор Гилберт Дуглас иштирок карданд. Мудири шуъбаи муносибатҳои байналмилалӣ Саидқосим Мухторов чорабинии мазкурро оғоз карда, ба донишҷӯён дар бораи Барномаи мубодилавии Эрасмус+ шарҳи мухтасар дод.
Баъдан хатмкунандагони барномаи Эрасмус+ дар соли таҳсили 2021-2022 Солиев Шероз, Сатторов Суҳроб, Шарифов Муҳаммадфарид таҷрибаи худро, ки аз Донишгоҳи менеҷменти Варна (Булғория) гирифтаанд ба донишҷӯён муаррифӣ карданд. Пас аз он 5 иштирокчиёни барномаи Эрасмус+ ки айни ҳол таҳсили худро дар Донишгоҳҳи Кордоба ва Кантабрия (Испания) давом дода истодаанд навори ҷолибро дар бораи таҳсили худ намоиш доданд.
Онҳо дар суханронии худ қайд карданд, ки “Барномаи мубодилавии Эрасмус+ яке аз имкониятҳои беҳтарин барои гирифтани таҳсилот аз хориҷи кишвар барои донишҷӯён мебошад. Ба донишчӯён маслиҳат доданд, ки имконияти худро аз даст надода, дониши худро баланд созанд ва иштирокчии ин барнома гарданд”.
Дар рафти чорабинӣ Мухторов Саидқосим ҳамкориҳои нави Донишкадаро, ки бо Донишгоҳҳои хориҷи кишвар, ки дар оянда зиёда аз 15 лоиҳаҳои нав бояд ба имзо расад маълумот дод. Баъд суханро ба меҳмони Донишкада профессор Дуглас Гилберт супориданд. Профессор Дуглас Гилберт дар суханронии худ зикр кард, ки “Донишҷӯён бояд забонро ва касби худро ба дараҷаи олӣ донанд то дар оянда муваффақ шаванд”.
Дар анҷоми чорабинӣ донишҷӯён бо хатмкунандагони барномаи мубодилавии Эрасмус+, ки дар давлатҳои хориҷа таҳсил кардаанд саволҳо дода, ҷавоби мушаххас гирифтанд.

IMG_6649
previous arrow
next arrow

Чорабиниҳои идона бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ

Дар Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ бахшида ба ҷашни Наврӯзи Аҷам чорабинии бошукуҳи идона баргузор гардид.

Бо садои карнаю сурнай чорабини идона оғоз гардида, маъракаи арӯсбиёрон, дастархони наврӯзӣ ва дигар суннатҳои аҷдодӣ аз тарафи донишҷӯён дар сатҳи баланд намоиш дода шуданд.

Дар толори Донишкада намояндаи МИҲД вилояти Суғд Ғафуров Мирзоғуфрон табрикоти Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзодаро ба самъи ҳозирин расонид.

Директори Донишкада н.и.и., дотсент Ҳошимзода Ҳомид Ҳасан устодону донишҷӯёнро ба ҷашни хуҷастаи Наврӯз табрику таҳният гуфт.

Сипас барномаи рангини адабию фарҳангии донишҷӯён пешкаши меҳмонон ва иштирокчиёни чорабинӣ гардид.

IMG_6326
previous arrow
next arrow

Табрикоти директори Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Ҳошимзода Ҳ.Ҳ. ба муносибати ҷашни Наврӯзи ҷаҳонӣ

Дар ин лаҳзаҳои пурнишот, ки ба Тоҷикистони биҳиштосои мо соли нави аҷдодиамон – Наврӯзи ҷаҳонафрӯз бо қадамҳои сабзи худ фаро расидааст, аҳли ҷомеаи меҳнатӣ, ҳайати профессорону устодон, донишҷӯён ва кормандони донишкадаро ба ифтихори ин ҷашни фархунда, ки рамзи ҳувияти миллӣ ва истиқлоли маънавии тоҷикон мебошад, самимона табрику муборакбод менамоям.
Тавре Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фармудаанд:
«Наврӯз бо обу хок, марзу бум ва рӯҳи тамаддунсози ниёгони мо пайванди азалӣ дошта, расму ойинҳои он рамзҳое доранд, ки аз замонҳои бостонӣ то имрӯз рӯзгори мардуми фарҳангиву ободгар ва инсондӯсту таҳаммулгарои моро ҳамроҳӣ мекунанд. Дар айёми Наврӯз табиат эҳё мегардад, инсон нерӯи нав мегирад, дилу андешаҳо ба ҳам меоянд, одамон амалҳои саховату накӯкорӣ ва хайру савобро ба ҷо оварда, ба ҳамдигар шодиву сурур мебахшанд».
Воқеан, ҷашни Наврӯз аз муборактарин ҷашнҳои миллии мо – тоҷикон маҳсуб мешавад, ки аз замонҳои қадим то ба имрӯз бо ғояҳои олии башардӯстона – дӯстиву ҳамкорӣ, созандагиву ободкорӣ, инсондӯстиву хайрхоҳӣ ва шукргузорӣ аз зебоиву неъматҳои табиат мардумро гирди ҳам меорад.
Бо истифода аз фурсати муносиб бори дигар устодону донишҷӯён ва аҳли ҷомеаи донишкадаи азизамонро шахсан аз номи худ ва аз номи раёсати донишкада ба ифтихори ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ табрику таҳният намуда, ба ҳар яки шумо саломатӣ, хонаи обод, файзу баракати наврӯзӣ ва барори кор таманно менамоям.
Ҷашни Наврӯзи фархундапай муборак бошад!

Роҳҳои баландбардории рақобатпазирии захираҳои меҳнатию нерӯи зеҳнӣ дар таҳкимбахшии саноатикунонии босуръати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Санаи 16-марти соли 2022 дар толори робитаҳои байналмилалии бинои якуми Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ конференсияи вилоятии илмӣ-амалии олимони ҷавон бахшида ба эълон шудани солҳои 2022-2026 “Солҳои рушди саноат” дар мавзуи “Роҳҳои баландбардории рақобатпазирии захираҳои меҳнатию нерӯи зеҳнӣ дар таҳкимбахшии саноатикунонии босуръати Ҷумҳурии Тоҷикистон”, баргузор гардид.
Мудири шуъбаи илм ва иноватсия н.и.ф., дотсент Ф.Камолов ва мудири шуъбаи магистратура ва докторантура, н.и.и., дотсент Бухадиров Ҳ.И. конфроснро ифтитоҳ бахшида, такид доштанд, ки “Рушди саноат ва соҳаҳои коркард, истифодаи технологияҳои пешрафта ва инноватсия дар самти пешбурди иқтисодиёти рақамӣ ба рушди устувори некӯаҳволии мардум мусоидат менамояд”.
Иштирокчиён Ваҳҳобов Махсум Аҳлиддинович – директори ҶДММ “Зуҳал ва Ко”, магистранти бахши якуми ихтисоси 250107-иқтисодиёт ва идора дар корхона дар мавзӯи “Проблемаҳои захираҳои меҳнатӣ дар корхонаҳои хусусӣ” (бо забонҳои англисӣ ва тоҷикӣ), Азиза Воҳидова – магистранти бахши якуми МДТ ДДХ ба номи ак. Б. Ғафуров дар мавзӯи “The economic essence of the profits of industrial enterprises and the principles of their accounting in the context of a digital economy”, Аёмиддин Ҷалолов – магистранти бахши якуми ихтисоси 25010201– иқтисодиёти таҳлилии Донишкадаи кӯҳӣ – металлургии Тоҷикистон дар мавзӯи “Нақши соҳаи саноат дар инкишофи иқтисодиёти кишвар”, Фарангис Комилова – унвонҷӯи кафедраи ҷомеашиносӣ дар мавзӯи “Промышленное производство и окружающая среда” (бо забонҳои англисӣ ва русӣ), Аскарова Санавбархон Султонхоҷаевна – докторанти курси 2 ихтисоси 6D0506(02) – Иқтисодиёт: иқтисодиёти минтақаи МДТ ДДХ ба номи ак. Б. Ғафуров дар мавзӯи “Ташаккулёбии сиёсати саноатӣ дар иқтисодиёти миллӣ” бо маърӯзаҳои пурмӯҳтаво баромад намуданд.

IMG_6212
previous arrow
next arrow