Озмуни “Илм – фурӯғи маърифат” аз рӯи номинатсияи биология

Тибқи нақшаи чорабиниҳо оид ба ташкил ва баргузории озмуни ҷумҳуриявии “Илм – фурӯғи маърифат”, ки илмҳои дақиқу табиатшиносиро дарбар мегирад, санаи 27-уми апрели соли 2022 дар Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон давраи донишкадавӣ баргузор гардид. Озмун аз рӯи номинатсияи “Биология” бо иштироки муовини директор оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ Мирпочоев Д., мудири шуъбаи илм ва инноватсия н.и.ф. Камолов Ф.А. гузашт. Ҳамагӣ дар озмун 23 донишҷуи ихтисосҳои гуногуни курсҳои I ва II фаъолона иштирок намуданд. Озмун ба таври хаттӣ ташкил шуда, донишҷӯён фикру ақидаҳои худро доир ба саволҳои пешниҳодшуда баён намуданд. Инак, ғолибони озмун:
Ҷойи 1. Абдураҳмонова Ш.- курси I ихтисоси 25010407анг.
Ҷойи 2. Олимова Ш.- курси I ихтисоси 250108тб.
Ҷойи 3. Мирзобобоев М. – курси I ихтисоси 250108тб.
Озмунро устодони кафедраи ҷомеашиносӣ, биолог-экологҳо номзади илмҳои биология, дотсент Дониёрова М.М. ва ассистент Комилова Ф.А. гузаронида натиҷабардорӣ намуданд.

IMG_8039
previous arrow
next arrow

Озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” дар Донишкада

Тибқи нақшаи чорабиниҳо оид ба ташкил ва баргузории озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” аз рӯйи номинатсияҳои адабиёти классикӣ, муосир, бачагона, ҷаҳон ва шоирӣ санаи 27-уми апрели соли 2022 дар китобхонаи Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ озмун дар сатҳи донишкадавӣ бо иштироки муовини директор оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ Мирпочоев Д., муовини директор оид ба тарбия ва рушди ҷавонон н.и.ф., дотсент Аҳророва Г.У., мудири шуъбаи илм ва инноватсия н.и.ф. Камолов Ф.А., мудири кафедраи забонҳои тоҷикӣ ва русӣ н.и.ф., дотсент Файзиева С.А., мудири кафедраи забонҳои хориҷӣ н.и.ф., Исмоилова М., мудири китобхона Усмонова М. ва кулли омӯзгорони кафедраи забонҳои тоҷикӣ ва русӣ гузаронида шуд.
Ба озмун 20 нафар донишҷӯён аз рӯи номинатсияҳо иштирок доштанд.
Баромади донишҷӯён аз тарафи аъзоёни комиссия шунида шуда, аз рӯйи наминатсияи интихобкардаи онҳо саволу ҷавоб намуданд. Дар натиҷа аз рӯйи наминатсияи адабиёти ҷаҳон ҷойи аввал ба донишҷӯи курси 3 Ачилова Рухшонахон, ҷойи дуюм ба донишҷӯйи курси 4 Маҳмудов Нодирбек сарфарозонида шуд.
Инчунин озмуни китобхони беҳтарин ҷамъбаст гардид, ки аз иштирокдорон донишҷӯи курси 1 Ашӯрова Анисахон ғолиб дониста шуд.

IMG_8045
previous arrow
next arrow

Озмуни “Илм – фурӯғи маърифат” аз рӯи номинатсияи география

Тибқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади амалисозии “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” (солҳои 2020-2040) ва ҷалби бештари хонандагону донишҷӯён ва дигар қишрҳои ҷомеа ба омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ ҳамасола баргузории озмуни ҷумҳуриявии “Илм –фурӯғи маърифат” эълон гардид.
Дар ин замина санаи 27.04.2022 дар Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон бо супориши шуъбаи илм ва инноватсия аз тарафи устодони кафедраи иқтисодиёти ҷаҳон – Шораҷабова Шаҳноза, Умаров Содирхон, Ғайбуллоев Камолҷон ва Ҷавоҳир Азмадзода даври донишкадавии озмуни “Илм – фурӯғи маърифат” аз рӯи номинатсияи география баргузор гардид.
Дар озмун 32 нафар донишҷӯён аз се факултет иштирок намуда, донишу малакаи худро аз фанни география санҷиданд.
Боиси қайд аст, озмун аз рӯи се шарт баргузор гардид:
1. кор бо тестҳо;
2. саволҳои хаттии назариявӣ;
3. кор бо харита
Тибқи Низомномаи озмуни мазкур супоришҳои озмун дар шакли 50% назариявӣ ва 50% амалӣ гузаронида шуд.
Иштирокчиёни озмун бо завқи баланд ба ҳар як шарти озмуни иштирок намуда, маҳорати хешро нишон доданд.
Махсусан, дар шарти кор бо харита дар байни донишҷӯён рақобати сахт ба назар расид.
Умуман, даври аввали озмун дар ДИС ДДТТ бо ташаббуси кафедраи иқтисодиёти ҷаҳони факултаи иқтисодиёт ва технологияҳои инноватсионӣ бевосита бо иқдоми мудири кафедра номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Ш.Мухитдинова дар сатҳи баланд гузаронида шуд.

IMG_8078
previous arrow
next arrow

Дарси кушод аз фанни микроиқтисод

Санаи 27 апрел дарси кушод аз фанни микроиқтисод бо донишҷӯёни бахши якуми ихтисоси “Молия ва қарз дар фаъолияти иқтисодии берунӣ” аз тарафи олими ҷавон, устоди кафедраи назарияи иқтисод Фарҳодҷон Хуршедович Раҳмонов дар мавзуи “Хусусиятҳои фаъолияти фирма дар шароити монополия” дар сатҳи олӣ, баргузор гардид. Дар дарси намунавӣ: сармутахассиси шуъбаи мониторинги сифати таҳсилот Н.Абдуллозода, профессор А.Азимов, мудири кафедраи назарияи иқтисод н.и.и., Ғ.Бобоев ва ҳайъати омӯзгорону профессорони кафедра иштирок намуданд.
Дар раванди дарси кушод Фарҳодҷон Раҳмонов ба донишҷӯён раванди масъалаҳои муҳими фаъолияти фирма дар шароити монополия, dumping, ҳадди аксаркунии даромади монополист дар шароити дарозмуддат ва кӯтоҳмуддатро мавриди баррасӣ қарор дода, донишҷӯён низ ба дарс фаъол буданд ва ба саволҳо ҷавобҳои мушаххас пешниҳод намуданд.
Дар фарҷоми дарси намунавӣ ҳайати комиссия ба маҳорати баланди омӯзгории устоди кафедра Фарҳодҷон Хуршедович Раҳмонов ва тарзи дарсазхудкунии донишҷӯён баҳои баланд дода шуд.

IMG_8022
previous arrow
next arrow

Ҷаласаи ҷамъбасти конфронси илмӣ-амалии устодону донишҷӯён

Дар Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ бахшида ба Рўзи илми тоҷик конференсияи анъанавии илмию амалии олимону профессорон ва муҳаққиқони ҷавон таҳти унвони “Илм, иқтисодиёт ва ҷомеа: муаммоҳо ва роҳҳои баландбардории рақобатпазирии захираҳои меҳнатӣ ва нерӯи зеҳнӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ҷамъбаст гардид.
Зимни натиҷагирӣ аз конференсия директори донишкада, номзади илмҳои иқтисод, дотсент Ҳошимзода Ҳомид Ҳасан таъкид намуд, ки тайи солҳои охир Ҳукумати кишвар барои пешрафти илмӣ-техникӣ, тақвияти фаъолияти инноватсионӣ, иътироъкориву эҷодкорӣ аҳамияти хоса медиҳад. Мо ба масъалаҳои тайёр кардани кадрҳои баландихтисос, баландбардоштани рақобатпазирии захираҳои меҳнатӣ, тақвият додани нерӯи зеҳнӣ аҳамияти аввалиндараҷа медиҳем. Дар ин замина, дар донишкада пайваста конференсияҳои ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва донишкадавӣ баргузор мегарданд ва мақолаҳои пешниҳодгардидаи устодону муҳаққиқон дар шакли китоби алоҳида ба нашр мерасанд.
Баъди суханронии директори донишкада, номзади илмҳои иқтисод, дотсент Ҳошимзода Ҳомид Ҳасан деканҳои факултет оид ба натиҷаҳои баргузории конференсия ва муқаррароти он фикру мулоҳиза ва пешниҳодҳои худро баён доштанд.
Конференсияи илмию амалии “Илм, иқтисодиёт ва ҷомеа: муаммоҳо ва роҳҳои баландбардории рақобатпазирии захираҳои меҳнатӣ ва нерӯи зеҳнӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар вазъияти тантанавӣ ҷамъбаст гардида, ба як қатор устодон ва донишҷӯёни фаъол барои маърузаҳои пурмуҳтаво ва ғолибият дар бахшҳо диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

IMG_7920
previous arrow
next arrow

Натиҷаи конференсияи илмӣ-амалӣ дар факултет

Санаи 22 апрели соли 2022 дар толори маҷлисгоҳи факултети тиҷорат, фаъолияти гумрукӣ ва ҳуқуқи ДИС ДДТТ ҷаласаи ҷамъбастии конференсияи донишкадавии илмӣ-амалӣ бахшида ба Рӯзи илми тоҷик таҳти унвони “Илм, иқтисодиёт ва ҷомеа: муаммоҳо ва роҳҳои баландбардории рақобатпазирии захираҳои меҳнатӣ ва нерӯи зеҳнӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардид. Дар конфронс декани факултети тиҷорат,фаъолияти гумрукӣ ва ҳуқуқи ДИС ДДТТ н.и.и., дотсент Ҷалолов Н.М. баромад намуда, ба саҳми иштирокчиёни конференсия аз рўи се бахши конференсия 41-нафар устодон ва 60 нафар донишҷўён маърўзаи илмӣ намуданд, расониданд. Сипас аз тарафи мудирони кафедраҳо н.и.ҳ., дотсент Ҳусаинова Ш.М, н.и.и., дотсент Ҷумаев А.Қ. ва н.и.и., дотсент Ниёзов Ҷ.С. муқаррароти конфронс хонда шуд. Дар ҷамъбаст декани факултет иштирокчиёни конференсияро бо тўҳфаҳои хотирмон қадрдонӣ намуданд.

278625893_3375375119360913_8105495053606646998_n
previous arrow
next arrow

Вохӯри баҳри пешгирии ҳодисаҳои номатлуб

Санаи 22-юми апрели соли равон дар Донишкада тибқи нақшаи тасдиқгардидаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд вобаста ба баргузории вохӯрӣ бо устодону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии вилоят дар мавзӯи «Пешгирии ҳодисаҳои номатлуб, шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷинояткорӣ дар байни ҷавонон ва тарбияи онҳо дар руҳияи ватандӯстӣ, тарғиби одоби ҳамидаи инсонӣ» мулоқоти судманд баргузор гардид. Дар вохӯрии устодону донишҷӯёни Донишкада Бахтиёр Ибодуллозода – сардори шуъбачаи шуъбаи кофтукови ҷиноятии Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, подполковники милитсия, Давлатов Умедҷон – сардори шуъбачаи ҷавонони Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, лейтенанти милитсия ва Ҳабибуллоев Умар – роҳбари гурӯҳи ҷавонони «Авангард» дар вилояти Суғд иштирок ва суханронӣ намуданд. Вохӯриро муовини директор оид ба тарбия ва рушди ҷавонон, дотсент Аҳророва Г.У. оғоз бахшида, таъкид намуд, ки яке аз проблемаҳои ҷомеаи ҷаҳонии имрӯза терроризм ва экстремизми динӣ ба ҳисоб меравад. Тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ бар зидди ин падидаи номатлуб ва хатарнок муборизаи бемон мебаранд.
Сипас, подполковники милитсия Бахтиёр Ибодуллозода дар баромади худ аз хатарҳои терроризм ва экстремизм ёдовар шуд. Зикр гардид, ки терроризм ва экстремизми динӣ яке аз хатарҳоест, ки ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст. Зеро амалҳои террористӣ метавонад ба ҳамаи давлатҳо ва миллатҳо таъсири манфӣ расонад. Аз ин рӯ, зарур аст, ки ҳар як узви ҷомеа нисбати ин масъала муқовимат намояд. Инчунин Бахтиёр Ибодуллозода дар идомаи баромади худ аз ҷиноятҳои содиршудаи хусусияти террористӣ-экстремистӣ дошта ёдоварӣ намуда, оқибатҳои ногувори онро таъкид намуд.
Баъдан, лейтенанти милитсия Давлатов Умедҷон низ дар маърузаи пурмуҳтавои худ қайд кард, ки дар шароити муосир терроризм ва экстремизм яке аз хатарҳои умумиҷаҳонӣ ба ҳисоб мераванд ва ба амнияту суботи ҳар як давлат таҳдид менамоянд.
Дар идомаи мулоқот роҳбари гурӯҳи ҷавонони «Авангард» Ҳабибуллоев Умар донишҷӯёнро ба ҳушёрию зиракии сиёсӣ ва ҳимоя аз манфиатҳои миллӣ даъват намуд.
Ҳамзамон устодони Донишкада д.и.ф., профессор Солиҷонов Р., д.и.и., профессор Азимов А. ва муаллими калони кафедраи ҷомеашиносӣ Ҳошимов Ф. бо маърузаҳои пурмазмун баромад намуданд.

IMG_7885
previous arrow
next arrow

ПАЁМ – БАРНОМАИ АМАЛ ДАР ҲАМА САМТҲОИ ХОҶАГИИ ХАЛҚ

Бо иқдоми Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Истиқлол”- и назди Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд дар ҳамкорӣ бо Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд конференсияи вилоятӣ таҳти унвони “Паёми Пешвои миллат – раҳнамои рушди сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт” баргузор гардид.
Қабл аз оғози чорабинӣ ба 60 нафар донишҷӯёни фаъоли донишкада дар вазъияти тантанавӣ шаҳодатномаҳои ҳизбӣ аз ҷониби Раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон ва раиси кумиҷроияи шаҳрии ҲХДТ Маликисломӣ Наим Мунаввар супорида шуд.
Сипас аҳли иштирокдорони конференсия аз дастовардҳои илмиву истеҳсолии муассисаи таҳсилотии олии касбии мазкур, кабинетҳои ҷиҳозонидаи фаннии технологияи иттилоотӣ, ҳимия, парки технологӣ, ҳуҷраи криминалистика, фитнесклуб дидан намуда, ба раванди омӯзиши ин фанҳо баҳои баланд доданд. Таъкид шуд, ки бинои иловагии донишкада дар арафаи таҷлили 30 –солагии Истиқлоли давлатӣ мавриди истифода қарор гирифта, дар ин ҷо наздики 800 нафар донишҷӯёни таҳсили илм мекунанд.
Раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Зуфар Исмоилзода аснои шиносоӣ бо ҷараёни донишомӯзии муҳассилин аз онҳо даъват ба амал овард, ки ҷавобан ба ғамхориҳои рӯзафзуни Пешвои маорифпарвар, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо истифода аз имкониятҳои хуби ин боргоҳи илму ҳунар дониши худро афзун ва ба халқу Ватан хизмати содиқона намоянд. Бештар рӯ ба илмҳои дақиқ, риёзӣ ва техникаву технология биёранд, зеро дар доираи эълон гардидани солҳои 2022 – 2026 Солҳои рушди саноат истеҳсолоти ватанӣ ниёз ба кадрҳои соҳибтахассус дорад. Мавсуф вобаста ба ҳиси ватандӯсти ҷавонон иброз намуд, ки обу тоби бадан, ҷисману руҳан омода шудан ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам қарз ва матонату ҷасурӣ маҳсуб меёбад. Донишҷӯён бо шукрона аз тинҷиву ободӣ, шароити хуби таҳсил ваъда доданд, ки бо рафтор ва кирдори намунавӣ обрӯи кишвари моро дар арсаи байналмилалӣ боло мебардоранд.
Дар идома конфронс ба кори худ шуруъ намуда, директори донишкада, номзади илмҳои иқтисод, дотсент Ҳошимзода Ҳомид Ҳасан чорабиниро ҳусни ифтитоҳ бахшид ва зикр дошт, ки дар умури давлатдорӣ Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷати расмӣ ва муҳими барномавӣ буда, ойинаи равшани рушди иҷтимоиву иқтисодӣ ва фарҳангиву сиёсии Тоҷикистон, барномаи мукаммали кории тамоми ниҳодҳо ва қутбнамои ҳаракати устувори ҷомеаи мо ба сўйи ояндаи дурахшон мебошад. Ин аст, ки на танҳо хизматчиёни давлатӣ, балки тамоми мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон гаштаву баргашта ба ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз рўй оварда, мазмуну моҳияти олии онро сармашқи фаъолияти худ қарор медиҳанд. Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи тиҷоратии Тоҷикистон Паёмро ба сифати барномаи амал қабул намуда, мазмун ва муҳтавои онро ба таври ҳамешагӣ миёни ҷомеаи омӯзгорону донишҷӯён талқин месозад.
Раиси КИВ ҲХДТ, номзади илмҳои сиёсатшиносӣ Исмоилзода Зуфар Муртазохон зимни баромади хеш таъкид дошт, ки конфронси имрӯза дар рӯзҳое баргузор мегардад, ки сокинони ваҳдатшиори вилоят дар қайди таассуротҳо аз сафари навбатии кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд. Мулоқоту вохӯриҳои самимии Пешвои муаззами миллат бо фаъолони вилоят, ифтитоҳи 38 иншоотҳои таъиноташон гуногун, дастуру ҳидоятҳояшон ҷиҳати таъмини зиндагии шоиста ба мардум, ҳушёриву зиракии сиёсӣ дар шароити ҳассоси сиёсии ҷаҳонӣ моро ба меҳнати созандаву аҳлона ва бо дастовези арзандаи меҳнатӣ истиқбол гирифтани ҷашнҳои миллӣ – 25 – солагии Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ, 30 солагии Иҷлосияи 16 – уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раҳнамоӣ мекунад. Маврид ба зикр аст, ки дар низоми корбарии ҳама соҳаҳои хоҷагии халқ нақши Паёми Пешвои муаззами миллат – чун барномаи амал хеле калон аст. Шуруъ аз соли 2000 –ум инҷониб Сарвари давлат бо натиҷагирӣ аз фаъолияти хоҷагии халқ ва муаяйну мушаххас намудани вазифаҳо ба марҳилаи оянда, дар асоси далелу рақамаҳо Паёми худро ба Маҷлиси Олии кишвар ироа менамоянд. Маҳз амалишавии нуктаҳои Паём аст, ки имрӯз сатҳ ва сифати зиндагии сокинони кишвар марҳила ба марҳила рӯ ба боло ниҳодааст.
Дар идома доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Абдумавлон Азимов дар мавзӯи “Паём – раҳнамои иқтисодиёти инноватсионӣ”, доктори илмҳои фалсафа, профессор Расулҷон Солиев дар мавзӯи “Паёми Пешвои миллат – кафили субот ва рушди устувори давлат”, донишҷӯи курси 2- юми ихтисоси “Молия ва қарз дар фаъолияти иқтисодиёти берунӣ” Сарвиноз Маюсуфова дар мавзӯи “Паёми Пешвои миллат ва рушди мактаби миллии давлатдории тоҷикон” маърӯзаҳои пурмуҳтавои илмӣ намуда, баён доштанд, ки сармояи инсонӣ ҳамчун муҳаррики пуриқтидор ба пешрафти инноватсия ва технологияҳои нав мусоидат мекунад ва бинобар ин, илми муосири ватанӣ бояд ҷавононро бештар ба илмомӯзӣ, татбиқи лоиҳаҳои инноватсионӣ ва таҳқиқи масъалаҳои иқтисоди рақамӣ сафарбар намояд. Махсусан, вусъат додани раванди ихтироъкорӣ, азхудкунии технологияҳои инноватсионӣ ва ҷорӣ кардани онҳо дар истеҳсолот вазифаи аввалиндараҷаи олимони кишвар маҳсуб меёбад.
Дар фуроварди кори конфронс якчанд нафар устодони фаъоли донишкада, ки дар ташвиқу тарғиби ғояҳои ҳизб саҳми калон гузоштаанд, бо сипосномаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд тақдиронида шуданд.

IMG_7772 -- ?????
previous arrow
next arrow

Конференсияи анъанавӣ бахшида ба Рӯзи илми тоҷик

Санаи 19-уми апрели соли 2022 дар кафедраи менеҷмент ва маркетинг конфронси илмӣ-назариявӣ таҳти унвони “Муаммоҳо ва роҳҳои баланд бардории рақобатпазирии хизматрасониҳои захираҳои меҳнатӣ ва нерӯи зеҳнӣ” баргузор гардид, ки дар он зиёда аз 14 нафар донишҷӯёни ихтисосҳои марбутаи кафедра перомуни мавзӯи матраҳгардида маърӯза намуда, масъалаҳои идоракунии рақобатпазирии фаъолияти субъектҳои хоҷагидорӣ ва соҳаҳои иқтисодиёти маҳалро мавриди муҳокима қарор доданд. Натиҷаи муҳокимаи маърӯзаҳо бо пешниҳодоти тавсиявӣ ҷамъбаст гардида 5-нафар донишҷӯён сазовори ҷойҳои намоён гардиданд.

278398326_3374693259429099_9009863883584583676_n
previous arrow
next arrow

Конференсияи илмии устодону донишҷӯёни кафедраи иқтисодиёти ҷаҳон

Санаи 18 апрели соли ҷори дар ДИС ДДТТ конфронси анъанавӣ дар бахшҳо гузаронида шуд. Дар кафедраи иқтисодиёти ҷаҳон низ конфронс бо иштироки устодони кафедра ташкил ва баргузор карда шуд. Кори конфронсро мудири кафедра н.и.и., дотсент Мухитдинова Ш.С. оғоз намуда, ба ҳамаи иштирокчиён комёбиҳо таманно намуданд. Боиси кайд аст, ки устодони кафедра доир ба мавзўъҳои мубрам маърўза намуданд. Маърўзаҳо оид ба муаммоҳои ҷойдошта дар самти рушди иқтисодиёти кишвар, самтҳои саноат ва дурнамои рушди он, тиҷорати байналмилалӣ, истифодаи пулҳои электронӣ дар тиҷорати байналмилалӣ, муаммоҳо ва дурнамои рушди муносибатҳои иқтисодии байналхалқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи гурўҳҳои интегратсионӣ, муҳити сармоягузорӣ ва роҳҳои такомули ҷалби сармоя ба иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон шунида шуд.
Инчунин санаи 19 апрел конфронси донишҷўён баргузор гардид. Дар конфронс донишҷўён бо маърўзаҳои худ баромад намуда, ба саволҳои додашуда посухҳо доданд.

278573467_3373312322900526_5533907108343658648_n
previous arrow
next arrow