Конференсияи илмию амалии вилоятӣ дар ДДХ

Санаи 12 апрели 2022 дар факултети филологияи руси Донишгоҳи давлаии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров конференсияи илмию амалии вилоятӣ дар мавзуи “Масъалаҳои муҳими омӯзишу тадриси забони русӣ ва англисӣ дар шароити рушди инноватсионӣ” бахшида бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 90-солагии таъсисёбии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, татбиқи «Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» баргузор гардид. Дар конференсия устодони кафедраи забонҳои тоҷикӣ ва русии ДИС ДДТТ дотсент Файзиева С.А., н.и.ф., муаллими калон Холшехова С.А., н.и.ф., муаллими калон Саидхоҷаева М.Н. ва муаллимаи калон Раупова К.О. иштирок намуданд. Дар бахши якум: “Масъалаҳои актуалии филология: услубшиносии забон ва фарҳанги нутқ дар забоншиносии муосир” устодони кафедра Файзиева С.А. дар мавзуи “Глаголы чувства в русском и таджикском языках”, Саидхоҷаева М.Н. дар мавзуи “Фразеологизмы – показатели видовых значений”, Раупова К.О. дар мавзуи “Роль устойчивых сочетаний в языке”, дар бахши сеюм: “Методикаи таълими забон ва адабиёт” Холшехова С.А. дар мавзуи “Применение многофункциональных учебных действий на занятиях” баромад намуданд.

278119038_2941286836116776_5096779727762963140_n
278156584_2941286956116764_4877377745277302790_n
276160529_2941287122783414_3021348783266214550_n
previous arrow
next arrow

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *