Аксияи «Ҳафтаи умумиҷаҳонии саломатӣ»

Бо ташаббуси Раёсати Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, бахшида ба «Ҳафтаи умумиҷаҳонии саломатӣ» дар Донишкада Аксия зери шиори «Ба донишкада бе телефони мобилӣ» рафта истодааст. Аксияро устодони фанни экологияи кафедраи ҷомеашиносӣ номзади илмҳои биология, дотсент Дониёрова М.М., муаллими калон Саидова О.Ж. ва ассистент Комилова Ф.А. бо иштироки фаъолонаи донишҷӯён-волонтёрҳо Сулаймонов Х., Маъмурова П., Шерматова А. ва дигарон гузаронида истодаанд.
Онҳо ба донишҷӯён ҷиҳатҳои мусбӣ ва манфии телефони мобилиро, хусусан барои саломатӣ фаҳмонида, фикру андешаи толибилмонро оид ба тарзи истифодаи телефони мобилӣ гирифта истодаанд. Қайд кардан зарур аст, ки донишҷӯён ин иқдомро хуб қабул карда, ҳамсабақони худро низ барои истифодаи мақсадноки телефони мобилӣ даъват карда истодаанд.

278260830_3369650176600074_2940395718228848350_n
previous arrow
next arrow

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *