Курсҳои тайёрӣ дар Донишкада

Бахши курсҳои тайёрӣ дар Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон аз моҳи сентябри соли 2010 ин ҷониб фаъолияти худро давом дода истодааст.
Мақсади асосии шӯъба барои таҳсил ба мактабҳои олии кишвар бештар ҷалб намудани хатмкунандагони лаёқатманд мебошад. Онҳо баъд аз ба итмом расонидани курсҳои тайёрӣ тавассути Маркази милли тестӣ назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мактабҳои олии кишвар дохил шуда метавонанд. Баъд аз хатми мактабҳои олии кишвар ва мутахассиси ин ё он соҳа шудан, барои рушду равнақи иқтисодиёти Ватанамон бештар саҳмгузор шуда тавонанд.
Дар курсҳои мазкур тибқи талаботи Маркази милли тестӣ назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи кластерҳои дуюм, сеюм ва чорум дар тӯли 6 моҳи хониш ба шунавандагон аз фанҳои забони тоҷикӣ, адабиёти тоҷик, таърихи халқи тоҷик, география, забони англисӣ, математика ва ҳуқуқи инсон дарс омӯзонда мешавад. Дарсҳо дар тӯли ҳафта 5 рӯз ба роҳ монда шудаанд. Дар ҷамъбасти сол довталабон аз фанҳои номбурда ба тариқи тестӣ имтиҳон супорида, сазовори гувоҳнома мегарданд мегарданд.
Айни ҳол дар курсҳои номбурда 115 нафар шунавандагон таҳсил менамоянд ва ба онҳо омӯзгорони ботаҷриба ва донишмандон дарс мегузаронанд.
Санаи 14 майи соли ҷорӣ аз ҷониби намояндагони Маркази милли тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд аз шунавандагони курсҳои тайёри имтиҳонҳои санҷишӣ гирифта шуд, ин ба шунавандагон имконият дод, ки бо тарзи супоридани имтиҳонҳои Маркази миллии тестӣ шинос шаванд ва дониши худро санҷанд. Дар хотима аз тарафи директори донишкада номзазди илмҳои иқтисодӣ, дотсент Ҳошимзода Ҳомид Ҳасан ба хатмкунадагони курсҳои тайёри гувоҳномаҳо супорида шуд.

IMG_8827
previous arrow
next arrow

Мобилият дар Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ аз рӯи барномаи ЭРАСМУС+ дар доираи “Лоиҳаи UNICAC” оғоз шуд

Санаи 9-05-2022, 20 нафар омӯзгорон ва донишҷӯён аз хориҷи кишвар ба Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ дар шаҳри Хуҷанд ташриф оварданд.
Директори ДИС ДДТТ н.и.и., дотсент Ҳошимзода Ҳомид Ҳасан, муовини директор оид ба илм ва робитаҳои байналмилаӣ н.и.и., дотсент Мирпочоев Далерҷон, мудири шуъбаи муносибатҳои байналмилалӣ Мухторов Саидқосим меҳмононро ба Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ хайрамақдам намуданд.
Мудири шуъбаи муносибатҳои байнилмилалӣ Мухторов Саидқосим дар бораи таърихи ДИС ДДТТ маълумот дода, онҳоро бо дастоварду комёбиҳои Донишкада шинос намуд.
Амалҳои мобилии донишҷӯён ва профессорон идома дорад.

IMG_8353
previous arrow
next arrow

Вохӯрии донишҷӯён бо кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовар

Санаи 12-уми майи соли равон вохӯрии устодон ва донишҷӯёни факултети иқтисодиёт ва технологияҳои инноватсионии Донишкада бо Ҷӯразода Т.О. – корманди Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва Баҳоваддинов Б. – корманди Маркази миллии мониторинг ва пешгирии нашъамандӣ дар вилояти Суғд баргузор гардид. Маърӯзачиён дар баромади худ доир ба амалишавии Стратегияҳо ва барномаҳои давлатӣ, инчунин пешгирии омилҳои номатлуби иҷтимоӣ, аз қабили нашъамандӣ, нашъаҷаллобӣ, бемориҳои сироятӣ, майнӯшӣ ва тамокукашӣ маълумоти муфассал доданд.

IMG_8794
previous arrow
next arrow

Оилаи солим – асоси ҷомеаи солим

Санаи 12 майи соли 2022 дар Донишкади иқтисод ва савдои ДДТТ бо ташаббуси кафедраи ҷомеашиносӣ мизи мудаввар дар мавзӯи “Оилаи солим – асоси ҷомеаи солим”, бахшида ба Рӯзи оила баргузор гардид. Дар мизи мудаввар маърӯзаи Сардори Раёсати кор бо занон ва оила МИҲД-и вилояти Суғд Хоҷазода Хуршедахон дар мавзуи “Роҳҳои пешгирии вайроншавии оилаҳои ҷавон”, маърӯзаи муовини директор оид ба тарбия ва рушди ҷавонон, н.и.ф., дотсент Аҳророва Г.У. дар мавзуи “Оила – нигаҳдорандаи анъана ва урфу одатҳои халқи тоҷик”, маърӯзаи н.и.б., дотсент Дониёрова М.М. дар мавзуи “Генетикаи аҳду никоҳҳои хеше таборони наздик”, маърӯзаи н.и.ф., дотсент Ҷонназарова Д.Х. дар мавзуи “Семья и семейные ценности” шунида шуд. Ба маърӯзачиҳо аз тарафи иштирокчиёни мизи мудаввар саволҳо дода шуданд. Дар музокираҳо д.и.ф., профессор Солиҷонов Р., д.и.т., профессор Алиева Р.Р. ва дигарон иштирок карданд.

IMG_8775
previous arrow
next arrow

Барои ҳимояи марзу буми Ватан омодаем!

Дар ДИС ДДТТ мулоқоти директори Донишкада, номзади илмҳои иқтисод, дотсент Ҳошимзода Ҳ. Ҳ. бо хатмкунандагон баргузор гардид. Директори донишкада дар бораи омодагӣ ба аттестатсияи давлатии хатм маълумот дода, таъкид намуд, ки бояд хатмкунандагон омодагии ҳаматарафа дида, имтиҳонҳои хатмро сарбаландона супорида, рисолаҳои тахассусии хатмро дифоъ намоянд.
Мавриди зикр аст, ки солҳои охир донишҷӯён – хатмкунандагони Донишкада барои адои хизмати Модар – Ватан ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳуриии Тоҷикистон ихтиёрӣ ариза навишта, барои хизмат ба Артиши миллӣ сафарбар мегарданд.
Директори Донишкада дар идома зикр намуд, ки ки бояд ҳар як ҷавонмард барои ҳифзу ҳимояи сарзамини худ, Ватан-Модари худ камари ҳиммат бандад. Аз хатмкунандагон даъват ба амал оварда шуд, ки барои ҳимояи хоки поки меҳан ҳамеша омода бошанд.
Дар мулоқот муовини аввали комиссариати ҳарбии вилояти Суғд, полковник Солиҷонов Д. А., иштирок намуда, аз шароиту имкониятҳои фароҳамгардидаи қисмҳои низомӣ ёдоварӣ шуда, зикр дошт, ки хизмат ба Ватан барои ҷавонон мардонагӣ, ҷасорат далериву шуҷоатро меомӯзад ва ҳар ҷавонмард бояд адои хизмат намояд.
Дар идомаи мулоқот хатмкунандагон баромад карда, омодагии хешро барои хизмат ба Модар – Ватан иброз доштанд.
Лозим ба таъкид аст, ки аз Донишкада ба тариқи ихтиёрӣ зиёда аз 60 нафар хатмкунандагон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳуриии Тоҷикистон сафарбар гардиданд.

IMG_8365
previous arrow
next arrow

Вохӯрӣ вобаста ба масоили муқовимат ба коррупсия ва пешгирии он

Санаи 10-уми майи соли равон дар бинои таълимии №4 вохӯрии устодону донишҷӯёни Донишкада бо Шарифзода Аминҷон – аъзои Комиссияи ҷамъиятӣ оид ба пешгирии коррупсия дар назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, сармуҳаррири рӯзномаи «Ҳақиқати Суғд» вобаста ба масоили муқовимат ба коррупсия ва пешгирии он, инчунин мақсад ва моҳияти «Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» баргузор гардид. Вохӯриро муовини директор оид ба тарбия ва рушди ҷавонон, дотсент Аҳророва Г.У. оғоз бахшида, таъкид намуд, ки коррупсия чун амали номатлуб, омили халалдорсозандаи рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва дар маҷмӯъ, тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат мебошад.
Шарифзода Аминҷон дар баромади худ зикр намуд, ки Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ҳамчун санади барномавии дурнамои миёнамуҳлати сиёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба коррупсия, баҳри паст кардани шиддат ва сатҳи коррупсия дар кишвар равона гардида, дар ҳамкории миёни мақомоти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ ва ҳамкорӣ бо созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ ва минтақавӣ амалӣ карда мешавад. Бо мақсади андешидани чораҳои маҷмӯии ташкилӣ, иҷтимоию иқтисодӣ, ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва иштироки ҷомеаи шаҳрвандӣ дар раванди мубориза бар зидди коррупсия, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3.08.2021 сол, №222 «Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» тасдиқ гардид.
Мавсуф, инчунин дар баромади худ аз устодону донишҷӯён даъват ба амал овард, ки дар иҷрои санадҳои меъёрию ҳуқуқии муқовиматбаранда бар зидди коррупсия саҳмгузор бошанд ва дар ин самт мавқеи баланди шаҳрвандии худро нишон диҳанд.
Дар анҷоми мулоқот донишҷӯён ба меҳмони чорабинӣ саволҳо пешниҳод намуда, ба он посухҳои мушаххас гирифтанд.

IMG_8480
previous arrow
next arrow

Табрикоти директори Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ, номзади илмҳои иқтисод, дотсент Ҳошимзода Ҳ.Ҳ. ба муносибати Рӯзи Ғалаба

Бо камоли эҳтиром ва самимияти афзун ҳамаи Шумо – ҳайати профессорону омӯзгорон, донишҷӯён ва кормандони Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистонро ба муносибати Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ табрику таҳният гуфта, бароятон сарбаландию сарфарозӣ, саодати рӯзгор, осмони софу беғубор, хонаи ободу осуда ва дар ҷодаи фаъолияти пурсамаратон барору комёбиҳо таманно менамоям.
Дар таърихи инсоният санаҳое ҳастанд, ки бо гузашти солҳо аҳамият ва бузургии онҳо боз ҳам бештар аён мегардад. Рӯзи Ғалаба ҳам дар радифи ҳамин гуна санаҳои фаромӯшнашаванда қарор дорад. Саҳифаҳои таърих ҷонбозию қаҳрамонии миллати тоҷикро дар ҳифзи марзу бум ва арзишҳои миллӣ дар хотираҳо ҷой додааст, ки барои наслҳои имрӯзу фардо сабақомӯз аст.
Ҷавонони диловари тоҷик дар солҳои 1941-1945 дар баробари дигар халқу миллатҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ба муқобили фашизм бархоста, рисолати ватандории худро ба ҷо оварда, дар таъмини ғалаба саҳми муносиб доранд. Имрӯз дар баробари дигар ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ мардуми Тоҷикистон рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватаниро бо шукӯҳу шаҳомати хос истиқбол менамоянд.
Ҳаёт ва фаъолияти пуршарафи собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ мову шуморо ба корҳои ободонию созандагӣ, таъмини шукуфоии Тоҷикистони азиз ва пос доштани дастовардҳои Истиқлолият ҳидоят менамояд. Пирӯзӣ дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ намунаи олии дӯстӣ, якдилӣ ва хизмати таърихии тамоми халқу миллатҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ мебошад. Тақрибан 100 ҳазор ҷавонмарди тоҷик дар арсаи ҷанг қаҳрамонона шаҳид гаштанд. Мо дар назди хотираи неки онҳо сари таъзим фуруд меорем ва бо зикри хайр номи онҳоро зинда медорем.
Ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунем, ки падарон ва бобоёни мо дар солҳои душвори баъдиҷангӣ меҳнати фидокорона намуда, хоҷагии халқи харобгардидаро барқарор намудаанд. Бо ҷаҳду талошҳои ватандӯстонаи собиқадорон ва мардуми мамлакат дар як муддати кӯтоҳ харобиҳои ҷанг бартараф карда шуда, Ватан ба ободӣ ва муваффақиятҳои бузург ноил гардид. Дар назди онҳое, ки на танҳо Ватани мо, балки тамоми инсониятро аз даҳшати фашизм наҷот додаанд, сари таъзим фуруд меорем. Ин саҳифаи таърихӣ бояд воситаи хуби таълиму тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии наслҳои оянда ва дар рӯҳияи гиромидошти сулҳу салоҳ, меҳанпарастиву инсонпарварӣ, меҳру муҳаббат нисбат ба Ватан бошад. Ҷасорату қаҳрамонӣ, диловарию муҳаббати зиёди онҳо нисбат ба халқу диёр барои мо ва наслҳои минбаъда мактаби бузурги ватандӯстӣ аст.
Бори дигар ҳамаи Шумо – устодону донишҷӯён ва кормандони донишкадаро ба муносибати Рӯзи Ғалаба муборакбод намуда, таманнои онро дорем, ки ҳамеша дар Ватани мо тинҷиву амонӣ ҳукумфармо бошаду мардуми шарифи Тоҷикистони азиз ҳамеша сарбаланду хонаобод ва тансиҳату комёб бошанд.

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ҒАЛАБА

Санаи 6-уми майи соли равон дар Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ бахшида ба 77-умин солгарди Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 чорабинии тантанавӣ баргузор гардид. Дар чорабинии устодону донишҷӯёни Донишкада, Ҷӯраев Темур – намояндаи Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳри Хуҷанд ва фарзандону пайвандони иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ иштирок намуданд.
Дар қисмати фарҳангии чорабинӣ донишҷӯён бо намоиши саҳначаҳои ҷолибу пурмазмун ва сароидани суруду таронаҳои ватандӯстона хотири аҳли нишастро болида намуданд.

IMG_8196
previous arrow
next arrow

Терроризм ва экстремизм – падидаҳои номатлуб ва хатари паҳншавии он

Санаи 30-юми апрели соли равон дар бинои таълимии №4-и Донишкада вохӯрии устодон ва донишҷӯёни факултети тиҷорат, фаъолияти гумрукӣ ва ҳуқуқ вобаста ба пешгирии падидаҳои номатлуб, аз ҷумла терроризм ва экстремизм баргузор гардид. Дар вохӯрӣ Ғаффорзода Ш.Ғ. – майори милитсия, ваколатдори калони махсусан муҳими мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд иштирок ва суханронӣ намуд.

IMG_8142
previous arrow
next arrow

Иштирок дар конференсияи байналмиллалӣ

Санаи 29 апрели соли равон, ассистенти кафедраи ҷомеашиносии Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, Комилова Фарангис Алибоевна дар ҷаласаи ифтитоҳии (пленарии) конференсияи байналмиллалии илмӣ-амалӣ, ки дар Донишгоҳи миллии Ӯзбекистон, шаҳри Тошканд тариқи онлайн баргузор гардид, фаъолона ширкат варзида, дар мавзуи «Экологическое сознание как фактор формирования экологической культуры и оптимизации социоприродного взаимодействия» баромад намуданд.

??????????
previous arrow
next arrow