Вохӯри баҳри пешгирии ҳодисаҳои номатлуб

Санаи 22-юми апрели соли равон дар Донишкада тибқи нақшаи тасдиқгардидаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд вобаста ба баргузории вохӯрӣ бо устодону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии вилоят дар мавзӯи «Пешгирии ҳодисаҳои номатлуб, шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷинояткорӣ дар байни ҷавонон ва тарбияи онҳо дар руҳияи ватандӯстӣ, тарғиби одоби ҳамидаи инсонӣ» мулоқоти судманд баргузор гардид. Дар вохӯрии устодону донишҷӯёни Донишкада Бахтиёр Ибодуллозода – сардори шуъбачаи шуъбаи кофтукови ҷиноятии Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, подполковники милитсия, Давлатов Умедҷон – сардори шуъбачаи ҷавонони Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, лейтенанти милитсия ва Ҳабибуллоев Умар – роҳбари гурӯҳи ҷавонони «Авангард» дар вилояти Суғд иштирок ва суханронӣ намуданд. Вохӯриро муовини директор оид ба тарбия ва рушди ҷавонон, дотсент Аҳророва Г.У. оғоз бахшида, таъкид намуд, ки яке аз проблемаҳои ҷомеаи ҷаҳонии имрӯза терроризм ва экстремизми динӣ ба ҳисоб меравад. Тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ бар зидди ин падидаи номатлуб ва хатарнок муборизаи бемон мебаранд.
Сипас, подполковники милитсия Бахтиёр Ибодуллозода дар баромади худ аз хатарҳои терроризм ва экстремизм ёдовар шуд. Зикр гардид, ки терроризм ва экстремизми динӣ яке аз хатарҳоест, ки ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст. Зеро амалҳои террористӣ метавонад ба ҳамаи давлатҳо ва миллатҳо таъсири манфӣ расонад. Аз ин рӯ, зарур аст, ки ҳар як узви ҷомеа нисбати ин масъала муқовимат намояд. Инчунин Бахтиёр Ибодуллозода дар идомаи баромади худ аз ҷиноятҳои содиршудаи хусусияти террористӣ-экстремистӣ дошта ёдоварӣ намуда, оқибатҳои ногувори онро таъкид намуд.
Баъдан, лейтенанти милитсия Давлатов Умедҷон низ дар маърузаи пурмуҳтавои худ қайд кард, ки дар шароити муосир терроризм ва экстремизм яке аз хатарҳои умумиҷаҳонӣ ба ҳисоб мераванд ва ба амнияту суботи ҳар як давлат таҳдид менамоянд.
Дар идомаи мулоқот роҳбари гурӯҳи ҷавонони «Авангард» Ҳабибуллоев Умар донишҷӯёнро ба ҳушёрию зиракии сиёсӣ ва ҳимоя аз манфиатҳои миллӣ даъват намуд.
Ҳамзамон устодони Донишкада д.и.ф., профессор Солиҷонов Р., д.и.и., профессор Азимов А. ва муаллими калони кафедраи ҷомеашиносӣ Ҳошимов Ф. бо маърузаҳои пурмазмун баромад намуданд.

IMG_7885
IMG_7875
IMG_7888
IMG_7899
IMG_7910
previous arrow
next arrow

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *