Ҷаласаи ҷамъбасти конфронси илмӣ-амалии устодону донишҷӯён

Дар Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ бахшида ба Рўзи илми тоҷик конференсияи анъанавии илмию амалии олимону профессорон ва муҳаққиқони ҷавон таҳти унвони “Илм, иқтисодиёт ва ҷомеа: муаммоҳо ва роҳҳои баландбардории рақобатпазирии захираҳои меҳнатӣ ва нерӯи зеҳнӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ҷамъбаст гардид.
Зимни натиҷагирӣ аз конференсия директори донишкада, номзади илмҳои иқтисод, дотсент Ҳошимзода Ҳомид Ҳасан таъкид намуд, ки тайи солҳои охир Ҳукумати кишвар барои пешрафти илмӣ-техникӣ, тақвияти фаъолияти инноватсионӣ, иътироъкориву эҷодкорӣ аҳамияти хоса медиҳад. Мо ба масъалаҳои тайёр кардани кадрҳои баландихтисос, баландбардоштани рақобатпазирии захираҳои меҳнатӣ, тақвият додани нерӯи зеҳнӣ аҳамияти аввалиндараҷа медиҳем. Дар ин замина, дар донишкада пайваста конференсияҳои ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва донишкадавӣ баргузор мегарданд ва мақолаҳои пешниҳодгардидаи устодону муҳаққиқон дар шакли китоби алоҳида ба нашр мерасанд.
Баъди суханронии директори донишкада, номзади илмҳои иқтисод, дотсент Ҳошимзода Ҳомид Ҳасан деканҳои факултет оид ба натиҷаҳои баргузории конференсия ва муқаррароти он фикру мулоҳиза ва пешниҳодҳои худро баён доштанд.
Конференсияи илмию амалии “Илм, иқтисодиёт ва ҷомеа: муаммоҳо ва роҳҳои баландбардории рақобатпазирии захираҳои меҳнатӣ ва нерӯи зеҳнӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар вазъияти тантанавӣ ҷамъбаст гардида, ба як қатор устодон ва донишҷӯёни фаъол барои маърузаҳои пурмуҳтаво ва ғолибият дар бахшҳо диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

IMG_7920
IMG_7928
IMG_7932
IMG_7941
IMG_7942
IMG_7947
IMG_7950
IMG_7974
IMG_7991
IMG_7993
IMG_7995
IMG_8000
previous arrow
next arrow

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *