ПАЁМ – БАРНОМАИ АМАЛ ДАР ҲАМА САМТҲОИ ХОҶАГИИ ХАЛҚ

Бо иқдоми Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Истиқлол”- и назди Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд дар ҳамкорӣ бо Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд конференсияи вилоятӣ таҳти унвони “Паёми Пешвои миллат – раҳнамои рушди сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт” баргузор гардид.
Қабл аз оғози чорабинӣ ба 60 нафар донишҷӯёни фаъоли донишкада дар вазъияти тантанавӣ шаҳодатномаҳои ҳизбӣ аз ҷониби Раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон ва раиси кумиҷроияи шаҳрии ҲХДТ Маликисломӣ Наим Мунаввар супорида шуд.
Сипас аҳли иштирокдорони конференсия аз дастовардҳои илмиву истеҳсолии муассисаи таҳсилотии олии касбии мазкур, кабинетҳои ҷиҳозонидаи фаннии технологияи иттилоотӣ, ҳимия, парки технологӣ, ҳуҷраи криминалистика, фитнесклуб дидан намуда, ба раванди омӯзиши ин фанҳо баҳои баланд доданд. Таъкид шуд, ки бинои иловагии донишкада дар арафаи таҷлили 30 –солагии Истиқлоли давлатӣ мавриди истифода қарор гирифта, дар ин ҷо наздики 800 нафар донишҷӯёни таҳсили илм мекунанд.
Раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Зуфар Исмоилзода аснои шиносоӣ бо ҷараёни донишомӯзии муҳассилин аз онҳо даъват ба амал овард, ки ҷавобан ба ғамхориҳои рӯзафзуни Пешвои маорифпарвар, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо истифода аз имкониятҳои хуби ин боргоҳи илму ҳунар дониши худро афзун ва ба халқу Ватан хизмати содиқона намоянд. Бештар рӯ ба илмҳои дақиқ, риёзӣ ва техникаву технология биёранд, зеро дар доираи эълон гардидани солҳои 2022 – 2026 Солҳои рушди саноат истеҳсолоти ватанӣ ниёз ба кадрҳои соҳибтахассус дорад. Мавсуф вобаста ба ҳиси ватандӯсти ҷавонон иброз намуд, ки обу тоби бадан, ҷисману руҳан омода шудан ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам қарз ва матонату ҷасурӣ маҳсуб меёбад. Донишҷӯён бо шукрона аз тинҷиву ободӣ, шароити хуби таҳсил ваъда доданд, ки бо рафтор ва кирдори намунавӣ обрӯи кишвари моро дар арсаи байналмилалӣ боло мебардоранд.
Дар идома конфронс ба кори худ шуруъ намуда, директори донишкада, номзади илмҳои иқтисод, дотсент Ҳошимзода Ҳомид Ҳасан чорабиниро ҳусни ифтитоҳ бахшид ва зикр дошт, ки дар умури давлатдорӣ Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷати расмӣ ва муҳими барномавӣ буда, ойинаи равшани рушди иҷтимоиву иқтисодӣ ва фарҳангиву сиёсии Тоҷикистон, барномаи мукаммали кории тамоми ниҳодҳо ва қутбнамои ҳаракати устувори ҷомеаи мо ба сўйи ояндаи дурахшон мебошад. Ин аст, ки на танҳо хизматчиёни давлатӣ, балки тамоми мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон гаштаву баргашта ба ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз рўй оварда, мазмуну моҳияти олии онро сармашқи фаъолияти худ қарор медиҳанд. Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи тиҷоратии Тоҷикистон Паёмро ба сифати барномаи амал қабул намуда, мазмун ва муҳтавои онро ба таври ҳамешагӣ миёни ҷомеаи омӯзгорону донишҷӯён талқин месозад.
Раиси КИВ ҲХДТ, номзади илмҳои сиёсатшиносӣ Исмоилзода Зуфар Муртазохон зимни баромади хеш таъкид дошт, ки конфронси имрӯза дар рӯзҳое баргузор мегардад, ки сокинони ваҳдатшиори вилоят дар қайди таассуротҳо аз сафари навбатии кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд. Мулоқоту вохӯриҳои самимии Пешвои муаззами миллат бо фаъолони вилоят, ифтитоҳи 38 иншоотҳои таъиноташон гуногун, дастуру ҳидоятҳояшон ҷиҳати таъмини зиндагии шоиста ба мардум, ҳушёриву зиракии сиёсӣ дар шароити ҳассоси сиёсии ҷаҳонӣ моро ба меҳнати созандаву аҳлона ва бо дастовези арзандаи меҳнатӣ истиқбол гирифтани ҷашнҳои миллӣ – 25 – солагии Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ, 30 солагии Иҷлосияи 16 – уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раҳнамоӣ мекунад. Маврид ба зикр аст, ки дар низоми корбарии ҳама соҳаҳои хоҷагии халқ нақши Паёми Пешвои муаззами миллат – чун барномаи амал хеле калон аст. Шуруъ аз соли 2000 –ум инҷониб Сарвари давлат бо натиҷагирӣ аз фаъолияти хоҷагии халқ ва муаяйну мушаххас намудани вазифаҳо ба марҳилаи оянда, дар асоси далелу рақамаҳо Паёми худро ба Маҷлиси Олии кишвар ироа менамоянд. Маҳз амалишавии нуктаҳои Паём аст, ки имрӯз сатҳ ва сифати зиндагии сокинони кишвар марҳила ба марҳила рӯ ба боло ниҳодааст.
Дар идома доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Абдумавлон Азимов дар мавзӯи “Паём – раҳнамои иқтисодиёти инноватсионӣ”, доктори илмҳои фалсафа, профессор Расулҷон Солиев дар мавзӯи “Паёми Пешвои миллат – кафили субот ва рушди устувори давлат”, донишҷӯи курси 2- юми ихтисоси “Молия ва қарз дар фаъолияти иқтисодиёти берунӣ” Сарвиноз Маюсуфова дар мавзӯи “Паёми Пешвои миллат ва рушди мактаби миллии давлатдории тоҷикон” маърӯзаҳои пурмуҳтавои илмӣ намуда, баён доштанд, ки сармояи инсонӣ ҳамчун муҳаррики пуриқтидор ба пешрафти инноватсия ва технологияҳои нав мусоидат мекунад ва бинобар ин, илми муосири ватанӣ бояд ҷавононро бештар ба илмомӯзӣ, татбиқи лоиҳаҳои инноватсионӣ ва таҳқиқи масъалаҳои иқтисоди рақамӣ сафарбар намояд. Махсусан, вусъат додани раванди ихтироъкорӣ, азхудкунии технологияҳои инноватсионӣ ва ҷорӣ кардани онҳо дар истеҳсолот вазифаи аввалиндараҷаи олимони кишвар маҳсуб меёбад.
Дар фуроварди кори конфронс якчанд нафар устодони фаъоли донишкада, ки дар ташвиқу тарғиби ғояҳои ҳизб саҳми калон гузоштаанд, бо сипосномаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд тақдиронида шуданд.

IMG_7772 -- ?????
IMG_7774
IMG_7815
IMG_7817
IMG_7854
IMG_7848
IMG_7851
IMG_7857
IMG_7860
IMG_7863
IMG_7834
previous arrow
next arrow

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *