Озмуни “Илм – фурӯғи маърифат” аз рӯи номинатсияи география

Тибқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади амалисозии “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” (солҳои 2020-2040) ва ҷалби бештари хонандагону донишҷӯён ва дигар қишрҳои ҷомеа ба омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ ҳамасола баргузории озмуни ҷумҳуриявии “Илм –фурӯғи маърифат” эълон гардид.
Дар ин замина санаи 27.04.2022 дар Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон бо супориши шуъбаи илм ва инноватсия аз тарафи устодони кафедраи иқтисодиёти ҷаҳон – Шораҷабова Шаҳноза, Умаров Содирхон, Ғайбуллоев Камолҷон ва Ҷавоҳир Азмадзода даври донишкадавии озмуни “Илм – фурӯғи маърифат” аз рӯи номинатсияи география баргузор гардид.
Дар озмун 32 нафар донишҷӯён аз се факултет иштирок намуда, донишу малакаи худро аз фанни география санҷиданд.
Боиси қайд аст, озмун аз рӯи се шарт баргузор гардид:
1. кор бо тестҳо;
2. саволҳои хаттии назариявӣ;
3. кор бо харита
Тибқи Низомномаи озмуни мазкур супоришҳои озмун дар шакли 50% назариявӣ ва 50% амалӣ гузаронида шуд.
Иштирокчиёни озмун бо завқи баланд ба ҳар як шарти озмуни иштирок намуда, маҳорати хешро нишон доданд.
Махсусан, дар шарти кор бо харита дар байни донишҷӯён рақобати сахт ба назар расид.
Умуман, даври аввали озмун дар ДИС ДДТТ бо ташаббуси кафедраи иқтисодиёти ҷаҳони факултаи иқтисодиёт ва технологияҳои инноватсионӣ бевосита бо иқдоми мудири кафедра номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Ш.Мухитдинова дар сатҳи баланд гузаронида шуд.

IMG_8078
IMG_8081
IMG_8080
IMG_8085
IMG_8076
IMG_8086
IMG_8088
IMG_8089
IMG_8093
previous arrow
next arrow

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *