ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ аҳли ҷаҳонро ба ташвиш овардааст

Терроризм чун вабои аср имрӯз тамоми ҷаҳонро ба ташвиш овардааст. Ба гурӯҳҳои ифротгаро ҳомил шудани ҷавонон ва занону духтарон боиси нигаронӣ ва дарди ҷонсӯзи миллату ватан гардидааст. Террорист, ки шахси бегуноҳро аз ҳаёт маҳрум месозад, ҳеҷ гоҳ мусалмон буда наметавонад ва куллан зидди дини мубини ислом аст. Бинобар ин, моро зарур аст, ки тамоми ҷавонон, занону духтаронро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, худшиносию худогоҳӣ тарбия намоем, шукри истиқлолияти давлатӣ ва шукри суботи оромӣ кунем.

Дар раванди ҷаҳонишавӣ барои рушду амнияти ҷаҳонӣ фаъолияти ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунии динӣ ва ифротгароӣ таҳдиди калон дошта, барои густариши давлатҳо ва созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ муаммоҳои зиёд ташкил намуда истодааст. Инро дар мисоли воқеаҳои минтақаи Шарқи наздик, аз қабили Афғонистон, Покистон, Сурия, Ироқ, Ливия ва дигар давлатҳо дидан мумкин аст. Ҳадафи ин ҳизбҳо таъсиси хилофати исломӣ дар минтақаи Осиёи марказӣ мебошад. Ҷонибдорони ин равияи ифротӣ душманони ашаддии демократия мебошанд. Якчанд гурӯҳҳое дастгир шуда истодаанд, ки он ҷонибдори ташкили хилофати исломӣ буда, ҷавононро барои ҷанг ба давлатҳои Сурия, Ироқ ва Афғонистон равона карда истодааст.

Терроризм ва экстремизмро қариб 100 кишвари олам фаро гирифта, оқибатҳои номатлуби харобиовар, қурбон гаштани ҳазор одамон, бе хонаву дар мондани миллионҳо нафар, расидани зиёни иқтисодӣ оварда расонид. Мақсад аз гузаронидани чунин ҳадафҳои чораандеш паст ва бартараф кардани ифротгароии хушунатомез ва нест кардани масъалаи доғи рӯз мебошад. Дар замони ҳозира дар тамоми дунё бо ин масъалаи мубрам якчанд созмонҳо – Созмони амният, Созмони милали муттаҳид сарукор бурда, оиди бартарафкунии Ҳизбҳои сиёсию исломӣ конфронсҳои илмию амалӣ гузаронида истодаанд. Мувофиқи ин ақидаҳо ҳанӯз 33-40 сол муқаддам ба ин дастаи ифротгароии хушунатомез аҳолии қариб 19 давлати дунё сарукор доштанд ва ин миқдор сол то сол зиёд гашта истодааст.

Изҳороти устодони  кафедраи математикаи ва технологияи инноватсионии ДИС ДДТТ  нисбат ба дасисаҳои мухолифини тоҷик

Дар сомонаҳои шабакаҳои интернетӣ оид ба гўё маҳдуд гардидани озодиҳои динии аҳолӣ дар Ҷумҳурии  Тоҷикистон мақолаҳои ғаразнок ба нашр мерасад, ки асоси воқеӣ надоранд.    Сиёсати дин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси принсипҳои таҳаммулпазири ва муносибати одилона ба ҳамаи динҳо асос ёфтааст. Яке аз самтҳои асосии раванди бунёди ҷомеа демокративу ҳуқуқбунёд ва дунявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷкистон  ин ҳуқуқи аҳолӣ ба озодии афкор, виҷдон, дин ва эътиқод мебошад. Танҳо ба шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва кўшишу ҷонбозиҳои фарзанди барўманди халқи тоҷик, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон номи неку осори ниҳоят ғаниву оламшумули  муттафаккирони халқи тоҷик   аз нав эҳё  карда шуданд. Соли 2009  эълон  шудани  бузургдошти Имоми Аъзам ва инчунин тарҷума шудани Китоби Куръони Карим ба забони тоҷикӣ аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати барои баланд бардоштани дониши динӣ тасдиқи гуфтаҳои боло шуда метавонад.

Муаммои манъи пўшидани  сатру ҳиҷоб, мондани риш , ки баъзе аз воситаҳои ахбори омма аз камбудиҳои  ҷомеа меҳисобанд, ҳаминро бояд гуфт, ки ин ҷо аслан ҳеҷ гуна  маҳдудиятҳои ҳуқуқӣ ҷой надорад. Ҷумҳурии Тоҷикстон давлати миллӣ мебошад, ба мақсади ҳифзи арзишҳои миллӣ пўшидани либоси миллӣ ва риояи рукнҳои мазҳабии вобаста ба либос бар асоси анъанаҳои миллӣ тавсия дода мешавад.  Дар ҷаҳони имрўза тамоюли ҷаҳонишавӣ дар баробари ҷиҳатҳои мусбати  худ  ин тамоюл ба усулу арзишҳои асолатӣ ва ҳувиятии халқҳо, фарҳангҳо ва тамаддунҳои таърихӣ таъсири манфӣ мерасонад.  Пешгирӣ аз ақидаҳои ифротӣ ва ҳамзамон ҳифзи расму ойини ананавии миллӣ ба ҳеҷ гоҳ сабаби маҳдуд сохтани озодиҳои диниро надорад.

Ки оромиш ва осудагии Тоҷикистонро намехоҳад?!

Ҷаҳони муосир, ки саршор аз зиддиятҳои фикриву ақидавӣ аст, аз ҳар фарди ватандӯст ва инсони солимфикр масъулияти баланди ватандорӣ, ҳушёрии сиёсӣ ва дарки зарурати таърихии расидан ба қадри озодиву истиқлоли миллиро тақозо мекунад. Хушбахтона, бо сабақгирӣ аз таҷрибаҳои озмуда мардуми тоҷик тамоми саъйу талоши худро ба он равона мекунанд, ки неъматҳои беҳтарини соҳибистиқлолии хешро ҳифз намуда, дигар фирефтаи суханони ононе, ки оромиш ва осудаи Тоҷикистонро намехоҳанд, нагарданд. Пешвои миллат барои Тоҷикистон дар баробари таҳкими истиқлолияти миллӣ неъмати бузургеро чун ваҳдати миллӣ ато намуданд, ки имрӯз мо ҳамагон вазифадорем, ки дар роҳи ҳифзи ин ду ганҷи бузург- истиқлол ва ваҳдати миллӣ якҷоя иқдом намоем. Аз ин рӯ, тамоми мардуми тоҷик имрӯз боварии комил доранд, ки ин сулҳу ваҳдати тоҷикон бо роҳбарии Пешвои миллат умри абад хоҳад ёфт ва бо гузашти фосилаҳо арзиш ва аҳамияти он барои ҷомеаи ҷаҳонӣ низ бештару пештар мегардад.

Шоир барҳақ фармудааст:

Боядо, бошем мо девори ҳам,
Дар ҷаҳони хештан дунё шавем.

Хонашериҳо намезебад ба мо,
Раҳнамои мардуми аъмо шавем.

Панди Фирдавсӣ ба кор орем мо,
Рустамему ҳаққи худ ҷӯё шавем.

Баҳри ҳифзи марзу буми хештан,
Ҷон ба каф бигрифтаю пӯё шавем.

Гузашти замон нишон дод, ки ин гурӯҳҳои фиротгаро, ки оромиш ва сулҳу суботи Тоҷикистонро нодида мегиранд, боз ҳам бо мавқеи хоҷагони хориҷии хеш ҳаргуна сару садоҳоро дар дохили кишвар баланд намуда, оқибат даст ба ошӯб заданд. Ин ҷо акнун ба ин мавзӯъ бо чашми ақл назар афканд, ки маҳзи худи ҳамин гурӯҳҳо, ки фазои осудаи Тоҷикистонро намехостанд, сирати аслии хешро нишон доданд ва ҳамакнун дар хориҷи кишвар бо дастури хоҷагони худ ба бадномкунии Тоҷикистони соҳибистиқлол, Ватани азизи худ машғуланд. Имрӯз мо шукргузорем, ки воқеяти таърихиро халқи шарифи Тоҷикистон ба дурустӣ дарк намуда, фирефтаи ин афкори носолим намешавад. Ҳатто ононе, ки як замон аз сабаби гумроҳӣ ба ин Ҳизб шомил шуда буданд, баробари баромадан аз сафи он бо дарки воқеияти сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат имрӯз барои пешрафти давлату миллат содиқона хидмат карда истодааст.Хос, онҳое, ки баъди ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ ба қавли худ устувор мондаву ҳамин роҳи сулҳу оромиш ва таҳкими ваҳдати миллиро пеш гирифтанд, то охир дар ин роҳ содиқона қадам заданд ва имрӯз ҳам қадам мегузоранд. Баръакс, имрӯз ҳам онҳое чунин суханонро нисбат ба давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон мегӯянд, ки худашон ба аҳдномаи сулҳ вафо накарданд ва дубора бо дастури хоҷагонашон ба хотири халал расонидан ба раванди сулҳ даст ба ошӯб ва ҳаракатҳои мусаллаҳона заданд. Аз ин рӯ, ин ҳама сару садоҳои гурӯҳҳои ба ном муҳоҷири сиёсӣ танҳо як бадномкуние нисбат ба Ватану миллат ва давлати хеш аст, ки аз дур истода ҳарф мезананд, дар ҳоле, ки худ пеш аз ҳама ин аҳдномаи сулҳро вайрон намуданд. Дар баробари ин вақтҳои охир эҳсос мешавад, ки аксари аъзои собиқи ТЭТ ҲНИТ низ амалҳои роҳбари онро инкор намуда, аз пушаймон будани хеш ҳарф мезананд, ки фирефтаи суханони роҳбарияти ин ҳизб гардиданд. Аз сӯи дигар, гурӯҳе аз дигар ҳаммаслаконашон низ ба ақидаҳои намояндагони ҲНИ мухолифат нишон медиҳанд ва сар задани чунин нобовариҳо дар дохили онҳо худ гувоҳ бар он аст,ки акнун ақидаҳои муғризонаашонро ҳамроҳонашон низ дарк кардаанд.

 

Нисбати Тоҷикистон бадгӯиро бас кунед!

Хез, аз ҷо то ману ту мо шавем,
Қатра будан бас, дигар дарё шавем.

Худфурӯшӣ то ба кай, эй беадаб?
Якдилона аз паси савдо шавем.

Мурдақалбӣ кушт моро, ҳасрато,
Вақти он омад, ки мо эҳё шавем.

Дар сари хони муҳаббат, эй рафиқ,
Ба
ҳри ҳам мо соғару саҳбо шавем.

То ба кай аз кӯчиён миннат барем?
Чун ҳақирон аз паи даъво шавем.

Мо ҳама хуб медонем, ки ТЭТ ҲНИТ ва ҳаммаслакони ӯ дар хориҷ аз кишвар бо ташкили ҳар гуна ҳамоиш ва гирдиҳамоишҳо, анҷуманҳо ва аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ҳамоно сару садоҳои баланд намуда, нисбати Тоҷикистон бадгӯиҳо мекунанд. Ин гурӯҳ аз ҷумла мехоҳанд боз ҳам ҳангомаҳои навбатиеро доир карда, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар муносибат ба раванди сулҳ айбдор намояд. Барои ҳар нафар тоҷики бонангу ор ва ҳатто ба ҷомеаи ҷаҳонӣ имрӯз равшан аст, ки сулҳи тоҷикон пеш аз ҳама маҳсули талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки ҳатто барои расидан ба ин рӯзи саодатофар ҷони худро ба хатар гузошта, ҳатто ба кишвари ҳамсояи Афғонистон новобаста ба мушкилоти сиёсӣ ва ташаннуҷи вазъият сафар намуданд. Маҳсули ин талошҳо буд, ки дар натиҷаи имзои созишномаи умумии сулҳ ва ризояти миллӣ тамоми мухолифини давлат бахшида шуда, ҳатто ин мафҳум ба хотири таъмини суботи кишвар аз миён бардошта шуд. Тавре таъкид гардид, кисмати зиёди намояндагони мухолифин бо вазифаҳои муайяни давлатӣ таъмин гардиданд ва аз ҷумла худи Муҳиддин Кабирӣ се навбат ба курсии Вакили Маҷлиси намояндагон нишаста буд.

Давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз бо ҳамон маром ва садоқати хеш ба қавлу амал ва нишондодҳои аҳдомаи сулҳ ва ризояти миллӣ қадам мезанад ва ҳамеша ҷонибдори сулҳу субот ва тантанаи ваҳдат дар сарзамини Тоҷикистони азиз мебошад. Имрӯз сиёсадмадорони сатҳи ҷаҳонӣ, коршиносони байналмилалӣ ҳам сулҳи Тоҷикистонро дар симои меъмори он Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон эътироф намуда, ҳатто онро намуна барои таъмини субот дар кишварҳои дигари мувоҷеҳ ба ҷанг эълон карданд, ки ин баҳои бузург ба фаъолияти сулҳофаринии роҳбари давлат ва меъмори ҳақиқи ваҳдати миллат мебошад. Мардуми сарбаланди тоҷик ҳамакнун як бор дар сароғози соҳибистиқлолии хеш қурбони ин фитнаву дасисаҳои онҳо гардида чеҳраи аслии онҳоро шинохт ва бо эътимод ба давлату ҳукумат, хоса ормонҳои Пешвои миллат ба сӯи ояндаи дурахшон қадам мезанад. Сокинони Тоҷикистон чун симои аслии ин бадхоҳони миллат ва давлатро шинохтаанд, дигар ҳаргиз аз ғояву ақидаҳои номатлуби онҳо пайравӣ намекунанд, балки сулҳу субот ва оромишро, ки бар ивази ҷонбозиҳои фаровоне ба даст омадааст, дар мамлакат ҳамчун неъмати бебаҳо ҳифз ва эҳтиром мекунанд.

Изҳороти факултети тиҷорат ва ҳуқуқ оид ба фаъолияти “Гуруҳи 24”

Додгоҳи олии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 9 октябр “Гурӯҳи 24”-ро созмони ифротӣ эътироф карда, фаъолияташро дар қаламрави кишвар манъ намуд. Воқеан, ин созмон чӣ мехоҳад ва чӣ ғаризаҳои шахсие дар фаъолияти аъзои он ниҳон мебошад, ба кас рӯшан нест. Аммо, як чиз мусаллам аст, ки мардуми тоҷик ҳеҷ гоҳ ба дасисаи душманони миллат дода намешаванд ва ҳеҷ гоҳ ба митингу митингбозӣ ва роҳпаймоиҳои беҳуда роҳ намедиҳанд.

Мо, насли нисбатан калонсолтар, шоҳиди ҳаводиси даврони аввали соҳибистиқлолии кишвар мебошем, ки Тоҷикистон ба ҷанги нангини шаҳрвандӣ кашида шуд, мардуми сарсону саргардону парешон дар кадом ҳолат умр ба сар бурданд. Қурбониҳои ин ҷанги нангинро ба ҳеҷ маблағу сарват баркашида намешавад. Аз ҷиҳати иқтисодӣ Тоҷикистон миллиард-миллиард доллар хисороти маънавӣ дид. Аз ҳама аламовараш он буд, ки тоҷик бар сари тоҷик теғу камон бардошт ва хавфи барҳамхӯрии давлати тоҷикон падид омад.

Ба қавли устод Лоиқ Шералӣ:

Додем ҳазорсолаҳо қурбонӣ,

Ҷонҳо зи барои Ватани армонӣ.

Дарё-дарё бирехт хуни тоҷик,

Эй чарх, магар ба хуни мо гардонӣ?!

Ин ҳама хунрезию ҷангу ҷидол ва парешонию парешонхотирӣ бас набуд, ки боз ин гуруҳ ё созмони бо ном «Гуруҳи 24» мардумро ба гирдиҳамоӣ даъват карда, норизоияту нобовариро байни қишрҳои ҷомеа ба вуҷуд овардан мехоҳад.

Мо ҳама шоҳиди ин ҳама митингу роҳпаймоиҳо ва гирдиҳамоиҳои бемаънӣ гашта будем ва хуб медонем, ки оқибати он барои миллати азияткашидаи мо чӣ ранҷу азобҳое хоҳад овард.

Ҷаҳон дар вазъи бисёр ҳассос қарор дорад. Воқеаву ҳаводиси кишварҳои араб, ҷангҳои дохилӣ дар Украина, вазъи кишварҳои Аврупо ҳар лаҳза моро водор менамоянд, ки боандеша бошем ва дар нисбати халқу миллати хеш бепарвоӣ зоҳир нанамоем.

Ин ҳодисаҳо ҳар лаҳза метавонанд, ки дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ва водии Фарғона низ рух диҳанд, зеро дар ин минтақаи ба андешаи бисёр коршиносон бисёр ҳассос миллату қавмиятҳои зиёде зиндагӣ мекунанд ва ҳар лаҳза дасисаи душманон метавонад, сабаби сар задани муноқишаҳо гардад.

Мо даврони пас аз ҷанги шаҳрвандиро паси сар менамоем ва дар ин муддат чӣ қадар корхонаҳои нав ташкил карда шуданд, рушди бомароми иқтисоди кишвар таъмин гардид. Дар бораи корҳои созандагию ободонӣ чӣ қадар ҳарф занем, боз кам аст.

Фикр мекунем, ки имрӯз душманони дохилию хориҷӣ оромию осоиши кишварро намехоҳанд ва агар мехостанд, ба ин шева, яъне даъвати мардумро ба гирдиҳамоӣ таҳрик намедоданд.

Ахиран, дар шабакаҳои интернет назари аҳзоби сиёсии кишвар оид ба манъ кардани фаъолияти «Гуруҳи 24» мунташир гардид, ки бисёре аз ҳизбу ҳаракатҳо аз ин иқдоми додситонии кишвар дастгирӣ карданд. Аммо, бархе баста шудани фаъолияти ин гуруҳро аз ҷиҳати қонунӣ нодуруст ҳисобидаанд, ки ба андешаи мо ҳар гуна ҳизбу ҳаракат, амсоли ҳизби сотсиал-демократ ва ҳизби наҳзати ислом ва ё гуруҳе, ки алайҳи суботу оромии кишвар барои баргузор кардани митингу гирдиҳамҳоиҳо садо баланд мекунанд, бояд фаъолияташон қатъ карда шавад.

Оромию осудагии сокинони кишвар ҳадафи асосии Ҳукумати Тоҷикистон аст ва мо бовар дорем, ки барои расидан ба ин ҳадафи олӣ ҳама сокинони кишвар якмарому якдил гашта, барои рушду тараққиёт ва шукуфоии Ватан софдилона заҳмат мекашанд.

Мо бовар дорем, ки мардуми шарифи тоҷик ҳеҷ гоҳ ба дасисаи душманон дода намешаванд ва ҳеҷ як гурӯҳ, созмону ҳизб ва ҳаракатҳоро, ки фаъолияташ мамнуъ эълон шудааст, дифоъ нахоҳанд кард.

Факултети тиҷорат ва

ҳуқуқи ДИС ДДТТ

 

 

Изҳороти омўзгорони кафедраи иқтисодиёти ҷаҳони ДИС ДДТТ оид ба ҲНИ ва дигар гуруҳҳои ифротгаро

Таърих гувоҳ аст, ки дар даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон 8 ҳизби сиёсӣ амал мекард. Яке аз онҳо ҲНИ (Ҳизби наҳзати исломӣ) буд, ки дар тамоми минтақаи Осиёи Миёна ягона ҳизби сиёсии исломӣ ба ҳисоб мерафт.

Мо хуб медонем, ки дар Ватани азизи мо – Тоҷикистон ғайр аз ҳизбҳои сиёсӣ, инчунин гуруҳу ҳаракатҳои ифротгарое низ мавҷуд буданд, ки фаъолияташон тавассути баъзе аз ин ҳизбҳо ба роҳ монда шуда буд, ки худ паси парда назорат мекарданд. Баъзе ҳизбҳои сиёсӣ бошанд, дар навбати худ фирефтаи ваъдаҳои пучу бемаънӣ ва маблағи муфти ин гуна ташкилоту ҳаракатҳои террористӣ гардида, дар бораи мақсаду мароми ҳизбиашон манфиатҳои миллӣ, арзишҳои халқ, аз ҳама муҳимаш тинҷиву амонӣ ва ҳаёти ширини мардуми азияткашидаи диёрро фаромӯш мекарданд.

ҲНИ агар дар аввали фаъолияташ диққати мардумро бо рафтору кирдорҳои номатлубаш наонқадар ҷалб карда бошад, пас роҳбарияти он бо мақсади амалӣ намудани мақсадҳои нопокаш аллакай ба таври ошкоро фаъолияти зиддидавлатӣ бурданд. Барои ҲНИ ва ҳамсангаронаш муҳим нест, ки бо инқилобхоҳиашон мардумро ба чӣ вазъи ногувор гирифтор мекунанд. Муҳим он аст, ки қудрати сиёсиро ба даст оранд.

Мардуми шарифи Тоҷикистон, пирони рӯзгордида, ҷавонон, омӯзгорону шогирдон – мо ҳама шукрона аз ин рӯзҳо, аз ин зиндагонии хушу хуррам дорем. Ҳама бо кореву ҳунаре андармон дар фазои сулҳу амонӣ умр ба сар бурда истодаем.  Барои мо аз ҳама чизи муҳим ин сулуҳ амонӣ ҳаст, ки мо онро чун гавҳараки чашм ҳифз менамоем.

Лекин дар ин даврони тинҷию амонӣ моро як чиз ба ҳайрат меорад, ки як тоифа зархаридони беватан, ки дар ватани азизи мо бародарро бо бародар низоъ андохтанд, дар хориҷи кишвар зери тозиёнаи хоҷагони худ давлати ободи- Тоҷикистонро зери танқид мегиранд ва як гуруҳи инсонҳои беватанмондаи ташкилоти экстремистӣ-террористии ҲНИ таҳти роҳбарии М. Кабирӣ мебошанд, ки мехоҳанд бо ҳар роҳу восита, истифода аз расонаҳо дар олам номи кишвари моро доғдор намоянд.

Акнун ки беватан мондаанд, хору залил, дастнигари хоҷагони худ гардида, ҳоло ҳам бо сиёҳ намудани номи ватани азизи мо машғуланд. Дигар касе онҳоро гуш нахоҳад кард.

Чӣ хеле, ки ба ҳамагон маълум аст  29 сентябри соли 2015 Ҳизби наҳзати исломӣ, ҳамчун ҳизби террористӣ элон карда шуд ва фаъолияти ин ҳизб дар ҳудуди кишвар манъ карда шуд.  Аммо то ба ҳол қисме аз аъзоён ва тарафдорони ин ташкилоти террористӣ дар хориҷ, ҳар куҷое, бо супориши ҳар касе, сарсону саргардон гашта, ҳар гуна суханҳои бофтаю дуруғро паҳн карда истодаанд.

Мардуми шарифи кишвар, сокинони ватандӯсту худогоҳи мамлакат тариқи васоити ахбори омма муроҷиат намуда, ба мардуми хирадпешаи кишвар ру оварда, даъват менамоем, ки ҳеҷ гоҳ дигар ба суханҳои фитнаангезу дуруғини ин тоифаи ватанфурушу хоин ва беватан гӯш надиҳанд. Ба доми фиребу суханҳои бемаънии онҳо наафтанд. Мо бояд танҳо паи ободкорӣ ва зебо намудани ватани хеш ва рузгори хуш қадам ба пеш гузорем.

Бинобар он мо бояд ҳушёрию зиракиро аз даст надода, ба чунин рафтори хоинонаи онҳо нафрат орем ва ҷавононро ба ватандӯстӣ, ҳифзи Ватан даъват намоем. Нагузорем, ки ҷавонон ба он рафтору кирдори номатлуби чунин хоҷагони гумроҳ гардида, фирефта нашаванд.

Ҷомеаи омўзгорони кафедраи

                                                 иқтисодиёти ҷаҳон

ТЕРРОРИЗМ – ОСНОВНАЯ УГРОЗА 21 ВЕКА

Понятие «терроризм» в современном мире является одной из самых актуальных. Начиная с 2000 года, общество стало ассоциировать Ближний Восток и все, что связано с Исламом с таким понятием, как терроризм.

Но, для начала, давайте поближе ознакомимся со значением самой формулировки слова «терроризм».

Что такое терроризм? Терроризм – это метод, посредством которого организованная группа или партия стремится достичь провозглашенных ею целей преимущественно через  систематическое использование насилия. В терроризме само отношение к убийству определяется, как необходимость. Грубо говоря, выносится приговор группе людей, объединению, стране или целой религии, которая обвиняется во всех смертных грехах. И единственным способом решить эту проблему считается ее полное физическое уничтожение.

Терроризм – угроза обществу! С помощью страха  можно управлять теми людьми, которые подвержены влиянию. При этом это не просто банальное убийство или истребление, но также проводятся показательные казни, отрезание голов и прочие ужасные вещи, которые злоумышленники фиксируют на фото или видео для трансляций, как доказательство серьезности своих намерений.

Что такое террористический акт? Террористическим актом является любое действие, будь-то взрыв, захват, поджог и т.д. Главное заключается в том, что оно несет эффект устрашения общества, создает опасность для жизни человека и причиняет имущественный или физический ущерб. Любая страна и отдельно взятый человек может оказаться «под прицелом» террористов, если они видят в этом необходимость. Определение терроризма в любой стране практически одинаково. Помимо этого, существует еще и информационный терроризм. Угроза информационному обществу может привести к неожиданным последствиям. Кибер-терроризм – это осознанное и целенаправленное использование той или иной информации для принуждения верхушки государства к принятию определенных экономических, политических и религиозных решений. Важным фактором в этой атаке является эмоциональное воздействие на мнение общественности. Теперь, помимо выполнения  террористических актов, на передний план выходит информационная сфера. Информацию при желании можно использовать в качестве оружия для создания противоречий. Информационный терроризм – это так называемая «мягкая сила», которая основывается на манипуляции психологий общества. Благодаря тому, что информация является доминирующей в такой войне, многие западные страны стали разрабатывать новые защиты информационного поля, от всевозможных угроз извне. Это можно назвать современной концепцией «сетевой войны».

Мы все чаще слышим фразу «Терроризм и экстремизм – это угроза обществу!» Экстремизм – это склонность к самым крайним мерам и радикальным взглядам, но при этом человек является не кем иным, как теоретиком. Террорист же – убежденный практик. Эти два понятия идут рядом, но их не стоит путать. Например, любой террорист – это обязательно экстремист, но в тот же момент, не любой экстремист может пойти на убийство, между ними существует тонкая грань, которая их и отличает.

На данный момент, наряду с самыми опасными вирусами и болезнями, особое место занимает терроризм. Угроза современному обществу очевидна, но эффективного лекарства от этих проблем в современном мире пока нет. Организованность бандформирований увеличивается. Растет стремление бандитов захватить оружие массового поражения. Увеличивается финансирование террористов со стороны заказчиков. Терроризм используется как оружие для вмешательства в политику страны. Исходя из всего этого, можно сделать вывод о том, что терроризм – угроза обществу, государству, экономике, религии и вред, который она несет, можно сравнить только с вирусом Эбола, который также неконтролируемо разрастается и поражает все больше людей с каждым днем.

Сейчас современные виды террора используются достаточно активно многими радикальными группами и организациями. В последнее время очень «популярной» стала такая организация, как «Исламское государство» ИГ (ИГИЛ),благодаря своим шокирующим видео с казнями, похищением дипломатов, консулов и захватом Мосула. «Исламское государство» (ИГИЛ) – старается позиционировать себя как «сборную» из особо жестоких и бесстрашных банд, основываясь на радикальном исламизме и салафитской трактовке Ислама. Исходя из действий организации ИГ, можно смело говорить о том, что они выполняют свои зверства не столько из-за религиозных убеждений, больше  как по геополитическим предрасположенностям.

Главная цель ИГИЛ – это создание некого государства на территории Сирии и Ирака. Терроризм  – растущая угроза обществу. Об этом может говорить тот факт, что народы этих стран, как бы это парадоксально ни звучало, поддерживают злоумышленников.

В последнее время по всему миру активизируется усиление мер безопасности. Необходимо международное сотрудничество государств-членов мирового сообщества в целях борьбы с терроризмом и выработки мер его предупреждения. Для того чтобы эффективно противодействовать терроризму, предупреждать его акции, нужно выявить, тщательно проанализировать и уяснить первопричины терроризма. Он находится еще на стадии  развития, поэтому очень важно ужесточить меры борьбы с ним именно на этой стадии. Помощь в борьбе с преступностью может выражаться по-разному.  Этого можно достичь различными способами: уделять больше внимательности происходящему вокруг, не оставаться безучастным к чужому горю, помогать как жертвам, так и правоохранительным органам. Я считаю, что борьба с таким большим злом, как терроризм начинается с каждого человека. Каждый должен делать хоть что-то, что способствовало бы оздоровлению человеческого общества. А если это сделают почти все люди, жить станет намного легче.

  Асссистенти кафедраи забонхои хоричи

Носирова М.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Изҳороти  УСТОДОНИ КАФЕДРАИ МОЛШИНОСӢ ВА ФАЪОЛИЯТИ ГУМРУКИИ ДИС ДДТТ оид ба ифротгароии динӣ

Доир ба масъалаи ифротгароӣ дар матбуоти илмӣ ва оммавӣ баҳсу мунозираҳо кайҳо оғоз шудаанд. Хусусан, баъд аз ба даст овардани истиқлолият дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати ин мафҳумҳо диду назарҳои гуногун пайдо гардиданд, ки имрӯз идома дорад.

Ифротгароӣ маънои тундравй, маҷораҷӯй, зӯровариро дорад, ки дар ниҳояти кор бо мафҳуми терроризм муродиф аст, Бояд гуфт, ки ин мафҳумҳо зодаи давраи истиқлолият аст, ки ҳатто дар китоби «Фарҳанги забони тоҷикй» дида наметавонем. Аз ин рӯ вақте, ки мо дар бораи ифротгароӣ сухан меронем, дар назар дошта мешавад ҳамон калимаи тундравӣ. Ин мафҳум аз рӯи моҳияти худ, маънои ҳодисаҳои хатарнок, даҳшатангезро дошта, одамон онро шунида, дар онҳо ҳамон замон ҳисси хатар, эҳтиёт ва инкор зоҳир мешавад.

Истифодаи истилоҳи «ифротгароии динй», ё ки ба ин ё он дин мансуб донистани ин зуҳурот, сабаби пайдоиши норизогӣ ва тундравӣ шуданаш мумкин аст. Ислом ё дигар динро манбаи ифратгароӣ эътироф кардан аслан хатост. Мутаассифона дар тафаккурӣ доираи муайяни Ғарб чунин ақида ҷой гирифтааст, ки гўё ифротгароӣ хоси табиати дини ислом – яке аз динҳои ҷаҳонӣ бошад. Чунин муносибат ба мардуми мусулмон, ки аз уқёнуси Ҳинд ва Ором то уқёнуси Атлантик маскунанд ва панҷяки аҳолии сайёраро ташкил медиҳанд, аз рўӣ инсофу адолат нест. Дини мубини ислом чун ҳама динҳои дигар инсониятро ба таҳаммул, тараҳҳум ва тавозӯъ ҳидоят намуда, ҳар гуна зӯроварӣ ва кушторро маҳкум месозад. Бинобар ин терроризм ва ифротгароиро бо ислом пайванд додан хатоӣ маҳз аст. Терроризм ба ягон дин, мазҳаб ё миллат хос нест. Барои он ки дини мубини ислом минбаъд ҳамчун манбаи зӯроварию фишор қаламдод карда нашавад, мо бояд ба ҷаҳолат маърифатро муқобил гузорем ва бо ҷои муқовимати тамаддунҳо гуфтугӯи тамаддунҳоро ба роҳ монем. То замоне инсоният ба ин ҳамкорӣ ва гуфтугӯи судманд муваффақ нагардад, хатари терроризм ва ифротгароӣ боқӣ мемонад.

Вобаста ба ҳамин қайд кардан лозим аст, ки ягон дини мавҷудбуда одамонро ба тундгароӣ, золимӣ, бераҳмӣ, куштани одамони бегуноҳ ва фаҳш даъват намекунад.

Баръакс, ин динҳо одамонро ба рафтори парҳезгарона, олиҳимматӣ, риояи қонунҳо, эътироз ба зўроварӣ ва дигар сифатҳои баланди инсонй даъват менамояд. Аз рўӣ адолат нест, ки ба дини инсонпарвар тундгароӣ, золимӣ ва намудҳои гуногуни зӯроварӣ нисбат дода шавад. Одамон (хоҳ яҳудӣ, мусулмон, насронӣ ё бутпараст) метавонанд бо ин ё он тарз ифротгар ва террорист бошанд, вале дар ҳеч ҳолат ин баёнгари он нест, ки масъулияти корҳои онҳо ба ҳамон дине, ки нисбат дода шавад, онҳо пайравӣ мекунанд.

Аксаран ҳаракатҳои ноодилона, рафтору муносибати бераҳмона ва дастгирӣ аз ҷониби абарқудратҳо бар он меоваранд, ки баъзе ҷавонон ба эҳсос дода шуда, ба корҳои ношоистаи гуногун даст зада, ҳатто худкушӣ мекунанд, худро метарконанд, гумон мекунанд, ки бо ин роҳ қасос мегиранд. Қисми зиёди чунин рафторҳои ифротгаронаро чун таассуб дониста, маҳкум карда шавад. Лекин он нафароне, ки баҳри ҳимояи Ватан ва сарзаминаш аз дасти истилогарон ё гурӯҳи террористон чунин амалро ба иҷро расониданд, қаҳрамон дониста хотираи некашон ёдоварӣ карда шавад. Дар бораи ифротгароӣ ва хатарҳои он сухан ронда ба ҳамаи навъҳои вай диққат додан лозим аст. Масалан, ифротгарони сиёсӣ низ хатари ҷиддй доранд, чунки онҳо ба вуҷудорандаи дигар тамоилҳои ифротгароӣ мебошанд, аз он ҷумла онҳо динро барои манфиатҳои сиёсии худ истифода бурда метавонанд. Барои пайдо шудани ифратгароӣ сабабҳо ва омили муайян вуҷуд дорад, ки барои муайян кардани он мо бояд ҷамъиятро омӯзем ва рафъ намоем. Бо роҳи зӯри бо усули сахт ва бераҳмона бо ифротгарой мубориза бурдан хеле мушкил аст. Баръакс рафтори боадолатона ва хирадмандона дар омӯзиши сабабҳои ба вуҷуд омадани ифротгароӣ имконият медиҳанд, ки чунин ҳодисаҳо пешгирӣ карда шаванд. Дар бисёр ҳолатҳо сабабҳои муносибати одамон ба ҳаракатҳон тундрав ва ифротӣ боиси вайрон кардани ҳуқуқҳои онҳо, ноӯҳдабароӣ дар таъмини тариқи муколама ва дарёфти ҳамдигарфаҳмӣ мешавад. Байни гурӯҳҳои љинояткори ифротӣ, дастаҳои террористӣ ва дигар унсурҳои мафиозӣ аксар вақт ягон мақсади сиёсӣ ё миллӣ вуҷуд надорад. Онҳо фақат кӯшиш мекунанд, ки сарчашмаҳои калони молӣ ва иқтисодиро ба даст оранд ва байни ташкилот ва ҳаракатҳое, ки барои мақсад ва ҳуқуқҳои худ мубориза мебаранд, тафриқа гузоранд.

Изҳороти устодони кафедраи назарияи иқтисоди факултети молия ва баҳисобгирии бухгалтерии  Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон оид ба ифротгароӣ, экстремизм, фундаментализм, терроризм

Кулли устодони кафедра афзудан ва густариши ифротгароӣ, экстремизм, фундаментализм, терроризм ва дигар зуҳуроту падидаҳои номатлубу хатарафзоро  маҳкум намуда, қайд менамоем, ки ин амалу зуҳурот метавонад  дар тамоми соҳаҳои фаъолияти инсон – дар дин, сиёсат, иқтисодиёт, идеология, илм ва ҳатто дар варзиш низ ба миён ояд.

Дар ин давра зиёда аз сад давлати дунё мавриди ҳамлаҳои ғайриинсонии террористон ва ифротгароён қарор гирифт. Воқеият чунин аст, ки ҷуғрофияи нооромиҳо торафт доман паҳн намуда, таҳдиду хатарҳои глобалӣ имрӯз ба асосҳои бунёдии тартибу низоми ҷаҳонӣ ва усулҳои муносиботи байналмилалӣ таъсиргузор мебошанд.

Дар Паёми асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Xаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 декабри соли 2017 вазъи имрӯзи ҷаҳони муосир ва хатару таҳдидҳои глобалиро ба мардуми мамлакат ироа намуда, аз ҷумла изҳор доштанд:  “… вақтҳои охир дар ҷаҳон раванди бартариҷӯӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, пайдоиши нишонаҳои марҳалаи нави “ҷанги сард” боиси нигаронӣ гардидааст. Соли ҷорӣ дар гӯшаҳои гуногуни олам нооромиву низоъҳо идома ёфта, барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун айёми душвору пуртазод эътироф гардид.

Фаъолияти ғаразноки онҳо аз ҳодисаҳои куштор ва даҳшатнок ибтидо гардида, аъзои он ба гуруҳҳои тунрав шомил шуданд. Ҳатто бо даъвати худ онҳо ҷавононро гумроҳ намуда, бо ҳамин роҳ фирефтагони хешро ба давлати чангзада сафарбар менамуданд, ки дар натиҷа, даҳҳо ва садҳо кӯдаконро бепадару модар намуда, хазорон оиларо аз байн рабуд.Зеро онҳо ақидаҳои бегонапарастӣ, хадафи вайрон намудани сохти конститутсионӣ ва ба ном пойдор намудани “давлати  исломӣ”-ро доштанд.

Дар марҳалаи кунунӣ ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади пешгирии саривақтии таҳдиду хатарҳои ҷаҳонӣ дар раванди ташаккули иқтидори муносиби дохилӣ ва хориҷӣ тадбирҳои муассир меандешад.

Дар хулосаи ин изҳорот, кулли устодони кафедраи назарияи иқтисод таъкид менамоем, ки  дахолату вайронкориҳои чунин падидаҳои номатлубу хатарафзо  маърифату бунёдкориро муқобил  гузошта, гуфтугӯи тамаддунҳо, вахдату ҳамадилӣ ва ягонагиро ба роҳ мемонем.

Намегузорем ва нахоҳем гузошт, то тарафдорони онҳо ба мақсадҳои нопоки хеш, ки ба ҷангу бедодгарӣ кашидани Ватани мо ноил гарданд!

Мо бояд ба қадри сулҳу ваҳдати миллӣ расем ва аз воқеаҳои ҷаҳон сабақ андўхта, барои пешрафту шукуфоии Тоҷикистони азизамон сарбаландона заҳмат кашем.

 

ТЭТ ҲНИ мехоҳанд, ки дар  кишвари  мо оташи ҷангу хунрезӣ дубора авҷ гирад

ТЭТ ҲНИ барои амалисозии ҳадафи нопок – ба даст овардани ҳокимият ва татбиқи он аз номи дини маъруфу шинохтаи олам баромад карда истодааст. Чунин рафтори разилонаи хоинони ватан мавриди мазаммату танқиди солимфикрон ва мусулмонони чаҳон қарор дорад.

Имрўзҳо беш аз пеш собит гардида истодааст, ки сабабгори аслии тамоми бадбахтиҳо ва корҳои нанговари зиёд  ҳамин гурўҳҳои дингаро ва ифротӣ мебошад.  Дар сари ҳамин гуна гурўҳҳои ифротӣ  шахсияти хиёнатгори миллат Муҳиддин Кабирӣ буда, кўшиш менамояд, ки ҷавонони  ноогоҳро ба сўи ҷангу хунрезӣ хонад. Барои ҳокимиятро ба даст овардан  аз ягон кори зишт даст намекашад.  Дар майдони сиёсати ҷаҳонӣ маҳз ба василаи ҳамин симои манфур гоҳо  мардуми тоҷик хурофотиву динзада муаррифӣ мегардад, ки боиси нигаронист. Маҳз бо ташаббуси ҳамин гуна шахсиятҳои хатарзо ва хиёнаткори ҷомеа  баъзе давлатҳо майдони ҷангу хунрезӣ гардидаанд. Аз ин рў, салафияву ваҳҳобия ва ТЭТ ҲНИ мехоҳанд, ки дар  кишвари  мо оташи ҷангу хунрезӣ дубора авҷ гирад ва намояндагонаш ба ҳадафҳои нопок ва нанговари худ бирасанд. Ин гурўҳҳо имрўз  берун аз кишвар бо дастуру супоришҳои ғаразмандона ва хиёнаткоронаи  хоҷагони  худ  кўшиш доранд бо ҳар гуна ташвиқу тарғиб ва ҳадафҳои сиёҳу нопок   Тоҷикистонро дубора ноамн созанд.

ТЭТ ҲНИ имрўз   мехоҳанд ҷавононро бо ташвиқу талқин ба афкори диниву манфиятҷўёни худ ба корҳои бад сафарбр кунанд. Маълум мешавад, ки афроде берун аз кишвар кўшиш доранд бо ҳаргуна ташвиқу тарғиб ва ҳадафҳои сиёҳу нопок Тоҷикистонро дубора  ноамн созанд. Дар асл метавон гуфт, ки ин гурўҳҳо мехоҳанд барои мардумро ба дину ҳурофотпарастӣ талқин намоянд. Маълум аст, ки  дар замони имрўз  бо мафкураи динӣ наметавон пеш рафт ва ба муваффақият расид. Аҳли илми ҷаҳонӣ борҳо гуфтаанд, ки замони дину хурофот кайҳо гузаштааст. Намояндагони гурўҳҳои мазкур аксаран аз илмҳои  муҳими замонавӣ огоҳӣ надоранд. Як гурўҳҳои беилму хурофотзада, ки ба ҷуз суханони мутаасибони  хоҷагони дигар ба ҳеҷ чиз бовар надоранд.

Мо мехоҳем, ки ҷавонони имрўза огоҳ бошанд, бештар китобҳоро мутолиа намоянд, аз суботи давлат ва муносибати давлатӣ огоҳии том дошта бошанд. Роҷеъ ба ҳар  гуна ҳизбу ҳаракатҳо маълумот дошта бошанд. Ҷавонони зиёд имрўз ба тарғиботҳои гуногуни гурўҳҳои ифротӣ бовар намуда, ба онҳо шомил шуда истодаанд. Намедонанд, ки зарбаи сахт на танҳо ба ватани хеш, балки ба оила, падару модар, пайвандони хеш мерасонанд.

Мо хеле хуб медонем, ки мардуми тоҷик дар солҳои баъди пошхўрии Иттиҳоди Шўравӣ ба чӣ бало гирифтор шуданд. Имрўза шароите, ки мо дорем ин меҳнати зиёда аз бисту шаш солаи Пешвои муаззами миллати мо, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Зеро баъди ҷанги шаҳрвандї ба давлати ҷангзадаи мо инвеститсияҳо, робитаҳои илмӣ, фарҳангӣ ва ғайраҳо овардан ва ё барои омадан метарсиданд. Чи қадар ин зарба буд барои мо, зеро давлат ба ҷои рушд кардан ақибнишинӣ карда буд. Имрўз шукри давлат, ободӣ, пешравӣ ва осудагии онро намуда, ба ҳар гуна тарғиботҳо роҳ додан мумкин нест.

Аз ҷавонон даъват ба амал менамоем, ки огоҳ бошанд, ба давлати худ, модари худ, ватани худ ва сарвари он хиёнат накунанд, ки гуноҳи азмиеро дар назди ҳам давлат ва ҳам назди Худованд мегиранд.

Аз калонсолон бошад онро хоҳонем, ки ба ҷавонон корҳои нек, амалҳои солеҳро омўзонанд, ҳамроҳи онҳо бошанд ва одоби баланди шарқиёнаро таълим диҳанд.

Амнияти давлати мо дар дасти ҳар яки мост, мо худамон  гирду атрофи хешро эҳтиёт намоем, ба рушди босуботи давлатамон саҳмгузор бошем.

И. Иброҳимов, н.и.ф.м., ДИС ДДТТ