Нисбати Тоҷикистон бадгӯиро бас кунед!

Хез, аз ҷо то ману ту мо шавем,
Қатра будан бас, дигар дарё шавем.

Худфурӯшӣ то ба кай, эй беадаб?
Якдилона аз паси савдо шавем.

Мурдақалбӣ кушт моро, ҳасрато,
Вақти он омад, ки мо эҳё шавем.

Дар сари хони муҳаббат, эй рафиқ,
Ба
ҳри ҳам мо соғару саҳбо шавем.

То ба кай аз кӯчиён миннат барем?
Чун ҳақирон аз паи даъво шавем.

Мо ҳама хуб медонем, ки ТЭТ ҲНИТ ва ҳаммаслакони ӯ дар хориҷ аз кишвар бо ташкили ҳар гуна ҳамоиш ва гирдиҳамоишҳо, анҷуманҳо ва аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ҳамоно сару садоҳои баланд намуда, нисбати Тоҷикистон бадгӯиҳо мекунанд. Ин гурӯҳ аз ҷумла мехоҳанд боз ҳам ҳангомаҳои навбатиеро доир карда, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар муносибат ба раванди сулҳ айбдор намояд. Барои ҳар нафар тоҷики бонангу ор ва ҳатто ба ҷомеаи ҷаҳонӣ имрӯз равшан аст, ки сулҳи тоҷикон пеш аз ҳама маҳсули талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки ҳатто барои расидан ба ин рӯзи саодатофар ҷони худро ба хатар гузошта, ҳатто ба кишвари ҳамсояи Афғонистон новобаста ба мушкилоти сиёсӣ ва ташаннуҷи вазъият сафар намуданд. Маҳсули ин талошҳо буд, ки дар натиҷаи имзои созишномаи умумии сулҳ ва ризояти миллӣ тамоми мухолифини давлат бахшида шуда, ҳатто ин мафҳум ба хотири таъмини суботи кишвар аз миён бардошта шуд. Тавре таъкид гардид, кисмати зиёди намояндагони мухолифин бо вазифаҳои муайяни давлатӣ таъмин гардиданд ва аз ҷумла худи Муҳиддин Кабирӣ се навбат ба курсии Вакили Маҷлиси намояндагон нишаста буд.

Давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз бо ҳамон маром ва садоқати хеш ба қавлу амал ва нишондодҳои аҳдомаи сулҳ ва ризояти миллӣ қадам мезанад ва ҳамеша ҷонибдори сулҳу субот ва тантанаи ваҳдат дар сарзамини Тоҷикистони азиз мебошад. Имрӯз сиёсадмадорони сатҳи ҷаҳонӣ, коршиносони байналмилалӣ ҳам сулҳи Тоҷикистонро дар симои меъмори он Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон эътироф намуда, ҳатто онро намуна барои таъмини субот дар кишварҳои дигари мувоҷеҳ ба ҷанг эълон карданд, ки ин баҳои бузург ба фаъолияти сулҳофаринии роҳбари давлат ва меъмори ҳақиқи ваҳдати миллат мебошад. Мардуми сарбаланди тоҷик ҳамакнун як бор дар сароғози соҳибистиқлолии хеш қурбони ин фитнаву дасисаҳои онҳо гардида чеҳраи аслии онҳоро шинохт ва бо эътимод ба давлату ҳукумат, хоса ормонҳои Пешвои миллат ба сӯи ояндаи дурахшон қадам мезанад. Сокинони Тоҷикистон чун симои аслии ин бадхоҳони миллат ва давлатро шинохтаанд, дигар ҳаргиз аз ғояву ақидаҳои номатлуби онҳо пайравӣ намекунанд, балки сулҳу субот ва оромишро, ки бар ивази ҷонбозиҳои фаровоне ба даст омадааст, дар мамлакат ҳамчун неъмати бебаҳо ҳифз ва эҳтиром мекунанд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *