Доир ба масъалаи ифротгароӣ дар матбуоти илмӣ ва оммавӣ баҳсу мунозираҳо кайҳо оғоз шудаанд. Хусусан, баъд аз ба даст овардани истиқлолият дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати ин мафҳумҳо диду назарҳои гуногун пайдо гардиданд, ки имрӯз идома дорад.
Ифротгароӣ маънои тундравй, маҷораҷӯй, зӯровариро дорад, ки дар ниҳояти кор бо мафҳуми терроризм муродиф аст, Бояд гуфт, ки ин мафҳумҳо зодаи давраи истиқлолият аст, ки ҳатто дар китоби «Фарҳанги забони тоҷикй» дида наметавонем. Аз ин рӯ вақте, ки мо дар бораи ифротгароӣ сухан меронем, дар назар дошта мешавад ҳамон калимаи тундравӣ. Ин мафҳум аз рӯи моҳияти худ, маънои ҳодисаҳои хатарнок, даҳшатангезро дошта, одамон онро шунида, дар онҳо ҳамон замон ҳисси хатар, эҳтиёт ва инкор зоҳир мешавад.
Истифодаи истилоҳи «ифротгароии динй», ё ки ба ин ё он дин мансуб донистани ин зуҳурот, сабаби пайдоиши норизогӣ ва тундравӣ шуданаш мумкин аст. Ислом ё дигар динро манбаи ифратгароӣ эътироф кардан аслан хатост. Мутаассифона дар тафаккурӣ доираи муайяни Ғарб чунин ақида ҷой гирифтааст, ки гўё ифротгароӣ хоси табиати дини ислом – яке аз динҳои ҷаҳонӣ бошад. Чунин муносибат ба мардуми мусулмон, ки аз уқёнуси Ҳинд ва Ором то уқёнуси Атлантик маскунанд ва панҷяки аҳолии сайёраро ташкил медиҳанд, аз рўӣ инсофу адолат нест. Дини мубини ислом чун ҳама динҳои дигар инсониятро ба таҳаммул, тараҳҳум ва тавозӯъ ҳидоят намуда, ҳар гуна зӯроварӣ ва кушторро маҳкум месозад. Бинобар ин терроризм ва ифротгароиро бо ислом пайванд додан хатоӣ маҳз аст. Терроризм ба ягон дин, мазҳаб ё миллат хос нест. Барои он ки дини мубини ислом минбаъд ҳамчун манбаи зӯроварию фишор қаламдод карда нашавад, мо бояд ба ҷаҳолат маърифатро муқобил гузорем ва бо ҷои муқовимати тамаддунҳо гуфтугӯи тамаддунҳоро ба роҳ монем. То замоне инсоният ба ин ҳамкорӣ ва гуфтугӯи судманд муваффақ нагардад, хатари терроризм ва ифротгароӣ боқӣ мемонад.
Вобаста ба ҳамин қайд кардан лозим аст, ки ягон дини мавҷудбуда одамонро ба тундгароӣ, золимӣ, бераҳмӣ, куштани одамони бегуноҳ ва фаҳш даъват намекунад.
Баръакс, ин динҳо одамонро ба рафтори парҳезгарона, олиҳимматӣ, риояи қонунҳо, эътироз ба зўроварӣ ва дигар сифатҳои баланди инсонй даъват менамояд. Аз рўӣ адолат нест, ки ба дини инсонпарвар тундгароӣ, золимӣ ва намудҳои гуногуни зӯроварӣ нисбат дода шавад. Одамон (хоҳ яҳудӣ, мусулмон, насронӣ ё бутпараст) метавонанд бо ин ё он тарз ифротгар ва террорист бошанд, вале дар ҳеч ҳолат ин баёнгари он нест, ки масъулияти корҳои онҳо ба ҳамон дине, ки нисбат дода шавад, онҳо пайравӣ мекунанд.
Аксаран ҳаракатҳои ноодилона, рафтору муносибати бераҳмона ва дастгирӣ аз ҷониби абарқудратҳо бар он меоваранд, ки баъзе ҷавонон ба эҳсос дода шуда, ба корҳои ношоистаи гуногун даст зада, ҳатто худкушӣ мекунанд, худро метарконанд, гумон мекунанд, ки бо ин роҳ қасос мегиранд. Қисми зиёди чунин рафторҳои ифротгаронаро чун таассуб дониста, маҳкум карда шавад. Лекин он нафароне, ки баҳри ҳимояи Ватан ва сарзаминаш аз дасти истилогарон ё гурӯҳи террористон чунин амалро ба иҷро расониданд, қаҳрамон дониста хотираи некашон ёдоварӣ карда шавад. Дар бораи ифротгароӣ ва хатарҳои он сухан ронда ба ҳамаи навъҳои вай диққат додан лозим аст. Масалан, ифротгарони сиёсӣ низ хатари ҷиддй доранд, чунки онҳо ба вуҷудорандаи дигар тамоилҳои ифротгароӣ мебошанд, аз он ҷумла онҳо динро барои манфиатҳои сиёсии худ истифода бурда метавонанд. Барои пайдо шудани ифратгароӣ сабабҳо ва омили муайян вуҷуд дорад, ки барои муайян кардани он мо бояд ҷамъиятро омӯзем ва рафъ намоем. Бо роҳи зӯри бо усули сахт ва бераҳмона бо ифротгарой мубориза бурдан хеле мушкил аст. Баръакс рафтори боадолатона ва хирадмандона дар омӯзиши сабабҳои ба вуҷуд омадани ифротгароӣ имконият медиҳанд, ки чунин ҳодисаҳо пешгирӣ карда шаванд. Дар бисёр ҳолатҳо сабабҳои муносибати одамон ба ҳаракатҳон тундрав ва ифротӣ боиси вайрон кардани ҳуқуқҳои онҳо, ноӯҳдабароӣ дар таъмини тариқи муколама ва дарёфти ҳамдигарфаҳмӣ мешавад. Байни гурӯҳҳои љинояткори ифротӣ, дастаҳои террористӣ ва дигар унсурҳои мафиозӣ аксар вақт ягон мақсади сиёсӣ ё миллӣ вуҷуд надорад. Онҳо фақат кӯшиш мекунанд, ки сарчашмаҳои калони молӣ ва иқтисодиро ба даст оранд ва байни ташкилот ва ҳаракатҳое, ки барои мақсад ва ҳуқуқҳои худ мубориза мебаранд, тафриқа гузоранд.