Терроризм чун вабои аср имрӯз тамоми ҷаҳонро ба ташвиш овардааст. Ба гурӯҳҳои ифротгаро ҳомил шудани ҷавонон ва занону духтарон боиси нигаронӣ ва дарди ҷонсӯзи миллату ватан гардидааст. Террорист, ки шахси бегуноҳро аз ҳаёт маҳрум месозад, ҳеҷ гоҳ мусалмон буда наметавонад ва куллан зидди дини мубини ислом аст. Бинобар ин, моро зарур аст, ки тамоми ҷавонон, занону духтаронро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, худшиносию худогоҳӣ тарбия намоем, шукри истиқлолияти давлатӣ ва шукри суботи оромӣ кунем.
Дар раванди ҷаҳонишавӣ барои рушду амнияти ҷаҳонӣ фаъолияти ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунии динӣ ва ифротгароӣ таҳдиди калон дошта, барои густариши давлатҳо ва созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ муаммоҳои зиёд ташкил намуда истодааст. Инро дар мисоли воқеаҳои минтақаи Шарқи наздик, аз қабили Афғонистон, Покистон, Сурия, Ироқ, Ливия ва дигар давлатҳо дидан мумкин аст. Ҳадафи ин ҳизбҳо таъсиси хилофати исломӣ дар минтақаи Осиёи марказӣ мебошад. Ҷонибдорони ин равияи ифротӣ душманони ашаддии демократия мебошанд. Якчанд гурӯҳҳое дастгир шуда истодаанд, ки он ҷонибдори ташкили хилофати исломӣ буда, ҷавононро барои ҷанг ба давлатҳои Сурия, Ироқ ва Афғонистон равона карда истодааст.
Терроризм ва экстремизмро қариб 100 кишвари олам фаро гирифта, оқибатҳои номатлуби харобиовар, қурбон гаштани ҳазор одамон, бе хонаву дар мондани миллионҳо нафар, расидани зиёни иқтисодӣ оварда расонид. Мақсад аз гузаронидани чунин ҳадафҳои чораандеш паст ва бартараф кардани ифротгароии хушунатомез ва нест кардани масъалаи доғи рӯз мебошад. Дар замони ҳозира дар тамоми дунё бо ин масъалаи мубрам якчанд созмонҳо – Созмони амният, Созмони милали муттаҳид сарукор бурда, оиди бартарафкунии Ҳизбҳои сиёсию исломӣ конфронсҳои илмию амалӣ гузаронида истодаанд. Мувофиқи ин ақидаҳо ҳанӯз 33-40 сол муқаддам ба ин дастаи ифротгароии хушунатомез аҳолии қариб 19 давлати дунё сарукор доштанд ва ин миқдор сол то сол зиёд гашта истодааст.