Изҳороти факултети тиҷорат ва ҳуқуқ оид ба фаъолияти “Гуруҳи 24”

Додгоҳи олии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 9 октябр “Гурӯҳи 24”-ро созмони ифротӣ эътироф карда, фаъолияташро дар қаламрави кишвар манъ намуд. Воқеан, ин созмон чӣ мехоҳад ва чӣ ғаризаҳои шахсие дар фаъолияти аъзои он ниҳон мебошад, ба кас рӯшан нест. Аммо, як чиз мусаллам аст, ки мардуми тоҷик ҳеҷ гоҳ ба дасисаи душманони миллат дода намешаванд ва ҳеҷ гоҳ ба митингу митингбозӣ ва роҳпаймоиҳои беҳуда роҳ намедиҳанд.

Мо, насли нисбатан калонсолтар, шоҳиди ҳаводиси даврони аввали соҳибистиқлолии кишвар мебошем, ки Тоҷикистон ба ҷанги нангини шаҳрвандӣ кашида шуд, мардуми сарсону саргардону парешон дар кадом ҳолат умр ба сар бурданд. Қурбониҳои ин ҷанги нангинро ба ҳеҷ маблағу сарват баркашида намешавад. Аз ҷиҳати иқтисодӣ Тоҷикистон миллиард-миллиард доллар хисороти маънавӣ дид. Аз ҳама аламовараш он буд, ки тоҷик бар сари тоҷик теғу камон бардошт ва хавфи барҳамхӯрии давлати тоҷикон падид омад.

Ба қавли устод Лоиқ Шералӣ:

Додем ҳазорсолаҳо қурбонӣ,

Ҷонҳо зи барои Ватани армонӣ.

Дарё-дарё бирехт хуни тоҷик,

Эй чарх, магар ба хуни мо гардонӣ?!

Ин ҳама хунрезию ҷангу ҷидол ва парешонию парешонхотирӣ бас набуд, ки боз ин гуруҳ ё созмони бо ном «Гуруҳи 24» мардумро ба гирдиҳамоӣ даъват карда, норизоияту нобовариро байни қишрҳои ҷомеа ба вуҷуд овардан мехоҳад.

Мо ҳама шоҳиди ин ҳама митингу роҳпаймоиҳо ва гирдиҳамоиҳои бемаънӣ гашта будем ва хуб медонем, ки оқибати он барои миллати азияткашидаи мо чӣ ранҷу азобҳое хоҳад овард.

Ҷаҳон дар вазъи бисёр ҳассос қарор дорад. Воқеаву ҳаводиси кишварҳои араб, ҷангҳои дохилӣ дар Украина, вазъи кишварҳои Аврупо ҳар лаҳза моро водор менамоянд, ки боандеша бошем ва дар нисбати халқу миллати хеш бепарвоӣ зоҳир нанамоем.

Ин ҳодисаҳо ҳар лаҳза метавонанд, ки дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ва водии Фарғона низ рух диҳанд, зеро дар ин минтақаи ба андешаи бисёр коршиносон бисёр ҳассос миллату қавмиятҳои зиёде зиндагӣ мекунанд ва ҳар лаҳза дасисаи душманон метавонад, сабаби сар задани муноқишаҳо гардад.

Мо даврони пас аз ҷанги шаҳрвандиро паси сар менамоем ва дар ин муддат чӣ қадар корхонаҳои нав ташкил карда шуданд, рушди бомароми иқтисоди кишвар таъмин гардид. Дар бораи корҳои созандагию ободонӣ чӣ қадар ҳарф занем, боз кам аст.

Фикр мекунем, ки имрӯз душманони дохилию хориҷӣ оромию осоиши кишварро намехоҳанд ва агар мехостанд, ба ин шева, яъне даъвати мардумро ба гирдиҳамоӣ таҳрик намедоданд.

Ахиран, дар шабакаҳои интернет назари аҳзоби сиёсии кишвар оид ба манъ кардани фаъолияти «Гуруҳи 24» мунташир гардид, ки бисёре аз ҳизбу ҳаракатҳо аз ин иқдоми додситонии кишвар дастгирӣ карданд. Аммо, бархе баста шудани фаъолияти ин гуруҳро аз ҷиҳати қонунӣ нодуруст ҳисобидаанд, ки ба андешаи мо ҳар гуна ҳизбу ҳаракат, амсоли ҳизби сотсиал-демократ ва ҳизби наҳзати ислом ва ё гуруҳе, ки алайҳи суботу оромии кишвар барои баргузор кардани митингу гирдиҳамҳоиҳо садо баланд мекунанд, бояд фаъолияташон қатъ карда шавад.

Оромию осудагии сокинони кишвар ҳадафи асосии Ҳукумати Тоҷикистон аст ва мо бовар дорем, ки барои расидан ба ин ҳадафи олӣ ҳама сокинони кишвар якмарому якдил гашта, барои рушду тараққиёт ва шукуфоии Ватан софдилона заҳмат мекашанд.

Мо бовар дорем, ки мардуми шарифи тоҷик ҳеҷ гоҳ ба дасисаи душманон дода намешаванд ва ҳеҷ як гурӯҳ, созмону ҳизб ва ҳаракатҳоро, ки фаъолияташ мамнуъ эълон шудааст, дифоъ нахоҳанд кард.

Факултети тиҷорат ва

ҳуқуқи ДИС ДДТТ

 

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *