Изҳороти устодони  кафедраи математикаи ва технологияи инноватсионии ДИС ДДТТ  нисбат ба дасисаҳои мухолифини тоҷик

Дар сомонаҳои шабакаҳои интернетӣ оид ба гўё маҳдуд гардидани озодиҳои динии аҳолӣ дар Ҷумҳурии  Тоҷикистон мақолаҳои ғаразнок ба нашр мерасад, ки асоси воқеӣ надоранд.    Сиёсати дин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси принсипҳои таҳаммулпазири ва муносибати одилона ба ҳамаи динҳо асос ёфтааст. Яке аз самтҳои асосии раванди бунёди ҷомеа демокративу ҳуқуқбунёд ва дунявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷкистон  ин ҳуқуқи аҳолӣ ба озодии афкор, виҷдон, дин ва эътиқод мебошад. Танҳо ба шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва кўшишу ҷонбозиҳои фарзанди барўманди халқи тоҷик, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон номи неку осори ниҳоят ғаниву оламшумули  муттафаккирони халқи тоҷик   аз нав эҳё  карда шуданд. Соли 2009  эълон  шудани  бузургдошти Имоми Аъзам ва инчунин тарҷума шудани Китоби Куръони Карим ба забони тоҷикӣ аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати барои баланд бардоштани дониши динӣ тасдиқи гуфтаҳои боло шуда метавонад.

Муаммои манъи пўшидани  сатру ҳиҷоб, мондани риш , ки баъзе аз воситаҳои ахбори омма аз камбудиҳои  ҷомеа меҳисобанд, ҳаминро бояд гуфт, ки ин ҷо аслан ҳеҷ гуна  маҳдудиятҳои ҳуқуқӣ ҷой надорад. Ҷумҳурии Тоҷикстон давлати миллӣ мебошад, ба мақсади ҳифзи арзишҳои миллӣ пўшидани либоси миллӣ ва риояи рукнҳои мазҳабии вобаста ба либос бар асоси анъанаҳои миллӣ тавсия дода мешавад.  Дар ҷаҳони имрўза тамоюли ҷаҳонишавӣ дар баробари ҷиҳатҳои мусбати  худ  ин тамоюл ба усулу арзишҳои асолатӣ ва ҳувиятии халқҳо, фарҳангҳо ва тамаддунҳои таърихӣ таъсири манфӣ мерасонад.  Пешгирӣ аз ақидаҳои ифротӣ ва ҳамзамон ҳифзи расму ойини ананавии миллӣ ба ҳеҷ гоҳ сабаби маҳдуд сохтани озодиҳои диниро надорад.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *