Изҳороти аҳли ҷомеаи ДИС ДДТТ оид ба намоиши филми мустанади “Решаҳои ноаён”

Ҷаҳони муосир, ки саршор аз зиддиятҳои фикриву ақидавӣ аст, аз ҳар фарди ватандӯст ва инсони солимфикр масъулияти баланди ватандорӣ, ҳушёрии сиёсӣ ва дарки зарурати таърихии расидан ба қадри озодиву истиқлоли миллиро тақозо мекунад. Хушбахтона, бо сабақгирӣ аз таҷрибаҳои озмуда мардуми тоҷик тамоми саъйу талоши худро ба он равона мекунанд, ки неъматҳои беҳтарини соҳибистиқлолии хешро ҳифз намуда, дигар фирефтаи суханони ононе, ки оромиш ва осудаи Тоҷикистонро намехоҳанд, нагарданд.

Дар наворе, ки тариқи шабакаҳои телевизионӣ яке аз сарварони мухолифини тоҷик Қиёмиддини Ғозӣ доир ба кирдорҳои содиркардааш баён кард, бори дигар ҳадаф , мақсад ва ғаразҳои нопоки Ҳизби наҳзати исломиро кушода дод.  Собиқ суханвару таблиғгари ғояҳои ба ном исломӣ, ки дар майдони Шаҳидон мардумро ба ҷиҳод даъват мекард, аз кушта шудани ҳазорҳо ҷавон, ятим мондани фарзандони зиёди мардум изҳори пушаймонӣ кард. Даъвоҳои ў буд, ки ҷавонони гумроҳ ба сарсонию саргардонӣ гирифтор гардиданд.

Худи Қиёмиддини Ғозӣ дар навор изҳор кард, ки ҳангоми дар гурезагӣ дар Афғонистон қарор доштани тоҷикон ҷавонон ва наврасонро Ҷумҳурии Исломии Эрон барои таҳсил ва донишмандтарини онҳоро бошад, ба омўзиши умури ҳарбӣ ҷалб мекард.

Қиёмиддини Ғозӣ, ки ба худ лақаби «генерали мардумӣ» гирифтааст, дар асл на барои мардум, балки барои манфиати қувваҳое мубориза мебурд, ки берун аз мамлакат ба фаъолияти онҳо роҳбарӣ мекарданд.

Имрўзҳо шукронаи онро мекунем, ки дар кишварамон фазои сулҳу оромӣ ҳукмрон аст.  Наврасону ҷавонон ба фаро гирифтани дониш ва касбу ҳунарҳо машғул мебошанд. Мо бояд ба қадри сулҳу салоҳ ва ободии Ватани азизамон расем ва барои фардои дурахшони он софдилона заҳматкашида, аз воқеаҳои ҷаҳон сабақ андӯзем.

 

Изҳороти аҳли ҷомеаи ДИС ДДТТ оид ба ТЭТ ҲНИ

Соли ҷорӣ дар гӯшаҳои гуногуни олам нооромиву низоъҳо идома ёфта, барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун айёми душвору пуртазод эътироф гардид.

Дар ин давра зиёда аз сад давлати дунё мавриди ҳамлаҳои ғайриинсонии террористон ва ифротгароён қарор гирифт. Воқеият чунин аст, ки ҷуғрофияи нооромиҳо торафт доман паҳн намуда, таҳдиду хатарҳои глобалӣ имрӯз ба асосҳои бунёдии тартибу низоми ҷаҳонӣ ва усулҳои муносиботи байналмилалӣ таъсиргузор мебошанд.

Идомаи минбаъдаи ин ҳолат метавонад боиси амиқ гардидани таҳдиду хатарҳои сиёсиву иқтисодӣ, амниятӣ ва башариву фарҳангӣ дар минтақаҳои гуногуни олам гардад.

Дар марҳалаи кунунӣ кишвари мо бо мақсади вокуниши саривақтӣ ба таҳдиду хатарҳои ҷаҳонӣ дар раванди ташаккули иқтидори муносиби дохилӣ ва хориҷӣ тадбирҳои муассир меандешад».

Тоҷикистони азизи мо дар арсаи байналмилалӣ бояд мақом ва мавқеи устувор дошта бошад. Аммо фаъолияти бархе аз гурӯҳҳову ҳизбҳои фаъолияташон мамнӯъ дар кишвар боиси коста гаштани обрӯи кишвар мегардад. ҲНИ аз ҷумлаи чунин ҳизбу гурӯҳҳои ифротгаро ба ҳисоб рафта, имрӯзҳо дар арсаи сиёсиву байналмилалӣ на танҳо мақому манзали худро аз даст дод, балки пайваста ба номи халқу миллат ва давлати Тоҷикистон тӯҳмату бӯҳтонҳои беасос изҳор менамояд.

Мо кулли устодон ва донишҷӯёни Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ ин амалҳои номатлуб ва иғвоангезонаи ҲНИ-ро сахт маҳкум намуда, ҷонибдори сиёсати пешгирифтаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва оромиву суботи Тоҷикистони азиз мебошем.

Мо пайваста бо кӯшишу ғайрат ва такмили донишу малакаи хеш намегузорем, то ғояҳои муғризонаи ҲНИ ва гурӯҳҳои ифротгаро дар андешаву тафаккури мардуми тоҷик, хусусан ҷавонон ҷо гиранд. Дар ин раванд, тамоми таҷриба ва малакаи худро истифода бурда, алайҳи тарғиботи ғояҳои ифротӣ ва террористӣ мубориза мебарем. Намегузорем ва нахоҳем гузошт, то ҲНИТ ва тарафдорони онҳо ба мақсадҳои нопоки хеш, ки ба ҷангу бедодгарӣ кашидани Ватани мост, ноил гарданд!

Мо бояд ба қадри сулҳу ваҳдати миллӣ расем ва аз воқеаҳои ҷаҳон сабақ андӯхта, барои пешрафту шукуфоии Тоҷикистони азизамон сарбаландона заҳмат кашем. Ба қавли бузургони мо:

Ҳар кӣ н-омӯхт аз гузашти рӯзгор,

Низ н-омӯзад зи ҳеҷ омӯзгор!

Аҳли ҷомеаи ДИС ДДТТ

 дар шаҳри Хуҷанд

 

Изҳороти аҳли ҷомеаи ДИС ДДТТ оид ба намоиши филми мустанади “Решаҳои ноаён”

Ҷаҳони муосир, ки саршор аз зиддиятҳои фикриву ақидавӣ аст, аз ҳар фарди ватандӯст ва инсони солимфикр масъулияти баланди ватандорӣ, ҳушёрии сиёсӣ ва дарки зарурати таърихии расидан ба қадри озодиву истиқлоли миллиро тақозо мекунад. Хушбахтона, бо сабақгирӣ аз таҷрибаҳои озмуда мардуми тоҷик тамоми саъйу талоши худро ба он равона мекунанд, ки неъматҳои беҳтарини соҳибистиқлолии хешро ҳифз намуда, дигар фирефтаи суханони ононе, ки оромиш ва осудаи Тоҷикистонро намехоҳанд, нагарданд.

Дар наворе, ки тариқи шабакаҳои телевизионӣ яке аз сарварони мухолифини тоҷик Қиёмиддини Ғозӣ доир ба кирдорҳои содиркардааш баён кард, бори дигар ҳадаф , мақсад ва ғаразҳои нопоки Ҳизби наҳзати исломиро кушода дод.  Собиқ суханвару таблиғгари ғояҳои ба ном исломӣ, ки дар майдони Шаҳидон мардумро ба ҷиҳод даъват мекард, аз кушта шудани ҳазорҳо ҷавон, ятим мондани фарзандони зиёди мардум изҳори пушаймонӣ кард. Даъвоҳои ў буд, ки ҷавонони гумроҳ ба сарсонию саргардонӣ гирифтор гардиданд.

Худи Қиёмиддини Ғозӣ дар навор изҳор кард, ки ҳангоми дар гурезагӣ дар Афғонистон қарор доштани тоҷикон ҷавонон ва наврасонро Ҷумҳурии Исломии Эрон барои таҳсил ва донишмандтарини онҳоро бошад, ба омўзиши умури ҳарбӣ ҷалб мекард.

Қиёмиддини Ғозӣ, ки ба худ лақаби «генерали мардумӣ» гирифтааст, дар асл на барои мардум, балки барои манфиати қувваҳое мубориза мебурд, ки берун аз мамлакат ба фаъолияти онҳо роҳбарӣ мекарданд.

Имрўзҳо шукронаи онро мекунем, ки дар кишварамон фазои сулҳу оромӣ ҳукмрон аст.  Наврасону ҷавонон ба фаро гирифтани дониш ва касбу ҳунарҳо машғул мебошанд. Мо бояд ба қадри сулҳу салоҳ ва ободии Ватани азизамон расем ва барои фардои дурахшони он софдилона заҳматкашида, аз воқеаҳои ҷаҳон сабақ андӯзем.

“Решаҳои ноаён” чиро ошкор кард?

Тоҷикистони азизи мо солҳои охир ба дастовардҳои арзанда ноил гардида, дар ҳама самтҳо ба пешрафтҳои назаррас ноил гашта истодааст. Мо дар арафаи ҷашни Ваҳдати миллӣ қарор дорем ва баргузории конфронси байналмилалӣ оид ба “Об барои рушди устувор” аз мақом ва мартабаи кишвар дар арсаи байналмилалӣ гувоҳӣ медиҳад. Аммо, мутассифона, дар хориҷи кишвар, бархе аз нотавонбинон ин ҳама дастоварду комёбиҳоро нодида мегиранд ва ба чашми ҳақорат ба сӯи кишвар менигаранд. Ахиран намоиши филми мустанда бо номи “Решаҳои ноаён” парда аз рӯи он ҳама бедодгариҳои мухолифин дар солҳои навадуми қарни гузашта бардошт.

Дар ин филм сухан дар бораи яке аз фаъолони ҳизб, роҳбари ҲНИ дар Федератсияи Русия Саид Қиёмиддини Ғозӣ нақл карда мешавад, ки аз ҷониби мақомоти амниятии кишвар дастгир шудааст,  ва ӯ эътироф намуд, ки роҳи интихобкардаи ӯ ва ҳазорҳо нафар аъзо ва пайравони ҳизби ифротиву террористии ҳизби наҳзат хато буд. Зеро тавре аз навор бармеояд, маҳз Саид Қиёмиддин Ғозӣ дар майдони “Шаҳидон” халқро алайҳи давлат шӯронида, сабабгори асосии ҷангу хунрезиҳо дар кишвар гардидаанд. Ин лидери наҳзатиёнро замоне дастгир шуд, ки бо худ маблағҳои ҳангуфте дошт. Ва ӯ иқрор шуд, ки ин маблағҳоро аз хоҷагони хориҷии худ барои ташвиқу тарғиби шиапарастӣ гирифтааст. Роҳбари ҲНИ Кабирӣ шахсияти манфиатхоҳ аст ва солҳои сол дар Парлумони кишвар танҳо ғами худу хешовандонашро мехӯрад, агар ҳамин тавр намебуд, ӯ пас аз интихобот хулосаи даркорӣ бароварда, барои пурқувват намудани ҳизби худ мекӯшид, на ин ки барои дубора аланга додани ҷанги шаҳрвандӣ мекӯшид.

Ин рӯҳонӣ ва воизи машҳури солҳои 90 моҳи ноябри соли 2017 дастгир шуда, моҳи май аз ҷумла барои ҷосусӣ ба фоидаи Эрон ба 25 соли зиндон маҳкум шуд. Саид Қиёмиддини Ғозӣ эътироф кард,  ки аксарони фаъолони ҳизб парвардагони дасти хоҷагони Эронӣ аст ва ҲНИ як шохаи “Ҳизуллоҳ”-и Эрон аст. Ҳадафи ин ду ҳизб, ки аз як реша об мехӯранд, бунёди ҷомеаи хилофат ва тарғиби шиапарастӣ дар ҷомеа мебошад. Аммо тирашон хок хӯрд. Аз вазъгирии аъзоёни ҲНИТ дар ин чанд соли охир ҳаминро хулоса баровардан мумкин, ки онҳо оддитарин мушкилоти ҷомеаро баҳона карда халқро ба кӯи навмедӣ мебаранд ва хатари аз нав оғоз намудани ҷанги бародаркушро ташкил карданианд. Аммо мафкураи имрӯзаи халқ  мисли мафкураи солҳои навадуми асри гузашта нест. Халқ  сиёҳро аз сафед фарқ  мекардагӣ шудааст. Ин мардуми таҳаммулпазир ваҳдату ягонагӣ, сулҳу ормиро беҳтар аз ҳама неъматҳои мавҷудот медонад.

Генерали мардумӣ чӣ мегӯяд?!

Авзои сиёсии ҷаҳон ҳар як шахси ватандӯсту ватанпарварро водор бар он менамояд, ки дар бораи воқеаҳои гузашта дуруст фикр кунад ва ба онҳо баҳои воқеӣ диҳад. Солҳои навадуми асри гузашта дар кишвар чӣ ҳодиса ва фоҷиае рух дод, бисёриҳо медонанд. Ҷанги шаҳрвандии бародаркуш. Бо гузашти чандин даҳсолаҳо парда аз он воқеаҳои мудҳиш бардошта шуд ва аз забони собиқ генерали мардумӣ Эшони Қиёмиддини Ғозӣ дар филми “Решаҳои ноаён” сабабҳои асосии даст ба амалҳои зишт задан ва мардумро ба майдонҳо даъват намудани саркардаҳои мухолифин тавзеҳ дода шудааст.

Мо хуб медонем, ки то кунун доғи ҷанги хонумонсӯз аз дилҳои мардум нарафтааст. Ва аксаран саркардаҳои ин ҷанги бемаъниро лаънат мехонанд. Давлат ва Ҳукумати кишвар ба хотири сулҳу салоҳ аз гуноҳи размандагон гузашт, вале маҳз ҳамон нафароне, ки таҳти ғамхории доимии давлат қарор доштанд, ба қавле аз пушт ханҷар заданӣ мешаванд.

То замоне, ки Ҳоҷи Ҳалим Назарзода силоҳ ба дасту алайҳи давлат сар набардошт, то замоне, ки Саид Қиёмиддини Ғозӣ чеҳраи аслии ҳизби наҳзатро кушода надод, аксаран гумон мекарданд, ки ин ҳизб мардумро ба роҳи рост, дину диёнат, покизагиву хушрафтор даъват месозад. Аммо тавре Саид Қиёмиддин Ғозӣ дар филми «Решаҳои ноаён» иброз доштааст, мақсади ниҳоии ҳизби наҳзат ва саркардаҳои он хиёнат ба Ватан аст. Онҳо барои ҳифзу манфиатҳои худ омода ҳастанд, ки дину мазҳаб ва хоки муқаддаси худро фурӯшанд. Қабирӣ дар яке аз мусоҳибаҳояш будани аъзо ва пайравонашро дар майдони «Шаҳидон» рад мекунад, аммо Саид Қиёмиддин Ғозӣ мегӯяд, ки ба сифати таблиғгари фаъоли ҲНИ дар ин майдон ҳамроҳи Сайид Абдуллоҳи Нурӣ мардумро бар зидди давлат мешӯронд. Ӯ дар идомаи суханаш эътироф кардааст, ки  тӯли чандин солҳои охир маҳз бо дастгирии хоҷагони эронии худ барои таблиғи ҷараёни шиапарастӣ ва  дар ояндаи наздик ба даст овардани ҳокимият дар кишвар бо муҳоҷирони меҳнатӣ сӯҳбатҳо анҷом додааст ва ба сифати раиси ин ҳизб дар Федератсияи Русия кору фаъолият бурдааст. Номбурда бори дигар эътироф кардааст, ки пас аз шикасти ҲНИ дар интихоботи соли 2015 аз рӯи нақшаи қаблан тарҳрезишуда бо ҳоҷи Ҳалим Назарзода ҳамкориро вусъат бахшида, барои шӯриш заминаи мусоид фароҳам овард.

Изҳорот оид ба суханронии Эшони Қиёмиддин дар филми “Решаҳои ноаён”

ТЭТ ҲНИ имрўз  берун аз кишвар  бо  дастуру  супоришҳои  ғаразмандона  ва хиёнаткоронаи   хоҷагони худ   кўшиш дорад бо ҳаргуна ташвиқу тарғиб ва ҳадафҳои сиёҳу нопок   Тоҷикистонро дубора  ноамн созанд.  Намояндагони ТЭТ ҲНИ  Шумо ҳаргиз ба мақсадҳои нопоки худ нахоҳед расид. Мо филми “Решаҳои ноаён”-ро тамошо карда, аз забони нотиқ ва сухангӯи майдони Шаҳидон, генерали мардумӣ Эшони Қиёмиддин шунидем, ки чи тавр ҲНИ дар ҷангу ҷидоли дохилии кишвар гунаҳкор аст. Дар идомаи суханронриҳои хеш ӯ дар бораи дахолати Эрон ба воқеаҳои Тоҷикистон маълумот дода, изхори пушаймонӣ менамояд, ки даст ба чунин амалҳои нодуруст зада, мардумро бар зидди давлату ҳукумат бархезонида аст. Эшони Қиёмиддин барои чунин амалҳои худ аз мардуми кишвар самимона узр мепурсад.

Воқеан ҳам то замоне, ки ҳамингуна афрод аз воқеияти ҳол баён мекунад, мардум, хосса онҳое, ки ба ин ҳизб бовар доштанд, ангушти ҳайрат мегазанд.. Аммо Эшони Қиёмиддин яке аз наздикон ва пешвоёни ҳизб иқрор мешавад, ки ҳадафи онҳо на танҳо гирифтани давлат бо зӯрӣ буд, балки кишварро саросар ба тобеияти мазҳаби шиа ворид кардан буд. Ба ин амали “савоб”-и худ аз хоҷагони эронии худ маблағҳои калон мегирифтанд. Ва инро худи Эшони Қиёмиддин зимни дастгир шудан тасдиқ намуд.

 Агар мо имрӯз қадру манзалати Ватан,  миллат ва забони худро дарк насозем, зарурати густариши худшиносиву худогоҳӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ ва пояҳои Истиқлолиятро таъкид накунем, амнияти миллӣ ва рушди иқтисодиву фарҳангиро таъмин карда наметавонем.

Изҳороти устодони кафедраи муҳосиботи бухгалтерӣ ва аудити ДИС ДДТТ оид ба филми мустанади “Решаҳои ноаён”

Мо устодони кафедраи муҳосиботи бухгалтерӣ ва аудити ДИС ДДТТ навореро, ки шоми 18 июн дар шабакаи давлатии телевизионии “Тоҷикистон” бо номи “Решаҳои ноаён” дар бораи Саид Қиёмиддини Ғозӣ намоиш дода шуда буд, тамошо карда, хеле мутассир шудем ва ба чунин хулоса омадем, ки ин навор аз вазъияти солҳои навадуми асри гузашта ва аз  кори дасти “хиёнаткорон”-е    нақл мекунад, ки Тоҷикистони азизро ба ҷанги нангини шаҳрвандӣ кашиданд.

Дар филм дида мешуд, ки дар сар задани амалҳои ҷинояткорона нақши ин ҳизби террористӣ хеле калон аст ва инро намояндаи мухолифин Эшони Қиёмиддин тасдиқ мекунад. Генерали мардумӣ  мегӯяд зимни майдоннишиниҳо  барои ҷалби тарафдорони худ суханҳои боҳарорат задам, онҳоро даъват намудам, ки бар зидди давлат ва Ҳукумат бархезанд.  Ҳамин суханҳои ноҷо, ҳамин даъватҳои ноҷо, боис шуд, ки миллионҳо одам муҳоҷир шуд, ҳазорҳо одам бехонумон шуд, ҳазорҳо кӯдак ятим монанд.

Эшони Қиёмиддин барои ин даъватҳои ба таъбири худи ӯ, “ноҷо” дар ин филм аз мардум узр пурсид. Ӯ ҳамчунин Эронро ба маблағгузории ҲНИ айбдор карда, таъкид менамояд , ки Эрон мехоҳад наҳзатро аз нав зинда карда, барои Тоҷикистон мушкил эҷод кунад. Ӯ аз ҷумла аз як нақшаи “пароканда кардани интихоботи соли 2020” ҳарф зад, вале ҷузъиёте дар ин бора надод. Дар филм гуфта мешавад, ки Эшони Қиёмиддин бо лақабҳои Бобои Эшон ва Генерали мардумӣ маъруф буда, 21 марти соли 1952 ба дунё омадааст ва соҳиби 8 зан ва 28 фарзанд будааст. Худ қазоват кунед, ба наҳзатиён серзанагӣ ва талх кардани ҳаёти занони тоҷик расм шудааст. Ва гумонам ғолиб, ки ин бонувон дар зиндагӣ хушбахт набуданд.

Сокинони бедордили кишвар ба ин дасисабозиҳо бовар надоранд

Чи хеле мо огоҳӣ дорем, соли равон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кӯчаи Низоми Ганҷавии шаҳри Душанбе бо гузоштани санги асос ба бунёди иншооти нави Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам-Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Собит оғози расмӣ бахшиданд, ки ин иқдом низ аз арҷгузорӣ ва эҳтироми хосаи Сарвари давлат ба дини ислом шаҳодат медиҳад

Мувофиқи қонуни асосии кишвар Конститутсия – Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати дунявӣ мебошад. Давлати дунявӣ давлатест, ки дар он ба ҳеҷ гуна дини расмии давлатӣ ва таълимоти динӣ бартарият ва афзалият дода намешавад. Хусусияти дунявӣ доштани давлат чунин пешбинӣ менамояд, ки давлат ва итиҳодияҳои динӣ аз ҳамдигар ҷудо буда, онҳо метавонанд дар доираи қонунгузории амалкунанда кору фаъолият кунанд. Дар айни замон низоми дунявии давлатдорӣ ба фаъолияти иттиҳодияҳои динӣ, бовару эътиқод ва озодии виҷдони шаҳрвандон заминаҳои мусоид фароҳам месозад. Новобаста аз ин Сарвари давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон аз лиҳози он, ки аксарияти аҳолии кишвар пайравони дини мубини Ислом мебошанд, барои иҷрои маросим ва чорабиниҳои динӣ шароити мусоид фароҳам меоранд.

Аммо душманон ва хоинони давлату миллати тоҷик ин  иқдоми таърихиро нодида гирифта, ба мавзӯи баҳс ва иғвои худ табдил додаанд. Аз ҷумла, дар шабакаи иҷтимоӣ “Сохтмони Донишкадаи исломӣ амали пулшӯӣ ва риёкории навбатист” гузошта шудааст, ки он як иғво, нодидагирӣ ва дасисаву бадбинӣ нисбат ба ҳуқумати мамлакат ва мардуми тоҷик маҳсуб меёбад.

Бунёди бинои нав ва боҳашамати Донишкадаи исломии Тоҷикистон дар ҳоле, ки аксари аҳолии мамлакатро мусалмонон ташкил медиҳанд, барои баланд бардоштани савияи дониши динии мардум, огоҳ шудани шаҳрвандони ҷумҳурӣ  аз маърифату таърих ва фарҳанги исломӣ ва пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои динӣ-ифротӣ  мусоидат менамояд.

Таҷрибаҳо нишон доданд, ки мударрисони мардрасаҳо на ҳама вақт бо ниятҳои пок муҳассилинро таълим доданд, ба ҷои исломи ноб ифроту ҷаҳолатро омӯзониданд, ки барои ҷомеа ва давлати мо харатнок аст.

Аз ин лиҳоз нашри маводҳо дар шабакаҳи иҷтимоӣ оид ба масъалаи бунёди Донишкадаи исломии Тоҷикистон ягон асоси воқеӣ надошта, баракс ин амал идомаи бадбинӣ, нодидагирӣ, кинвау адовати душманон ва хоинони миллату давлат ба шумор меравад. Мо ҳама мутмаинем, ки  сокинони бедордили кишвар ба ин дасисабозиҳо дигар эҳтиёҷ ва боварӣ надоранд.

Изҳороти кулли устодон ва донишҷӯёни и факултети тиҷорат ва ҳуқуқи ДИС ДДТТ оид ба экстремизм, фундаментализм, терроризм ва дигар зуҳуроти номатлубу хатарзо

Солҳои охир яке аз мушкилиҳое, ки имрӯз тамоми ҷомеаи  муосирро фаро гирифтааст, ин экстремизм, фундаментализм, терроризм ва дигар зуҳуроти номатлубу хатарзо мебошад.

Барои ба ҳадафҳои  сиёсӣ расидан аксаран ташкилотҳои экстремистӣ ба эътиқоди динии шахсон таъсир расонида, шаҳрвандони гуногуни дунёро бовар кунониданӣ мешаванд, ки сиёсати давлатдорӣ бар зидди ақидаҳои динии онҳост.

Маҳз бо ин роҳу восита мехоҳанд дини мубини Исломро барои ба ҳадафҳои нопоки худ ноил шудан истифода баранд. Қурбони терроризм дар ин ё он минтақа асосан ҷавонон мебошанд. Аз ин рў, ҷавононро мебояд, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, сабабу омили шахсони ифратор ва гуруҳҳои терроризмро биёмўзанд ва барои дафъи он кўшиш кунанд, то сулҳ, ваҳдат ва амнияти кишвар ҳифз гардад.

Терроризм ва ифротгароӣ яке аз зуҳуроти номатлуб дар замони имрӯза ба шумор меравад, зеро он боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш – таҳдид ё истифодаи зӯроварӣ, расонидани зарари вазнин, бенизомӣ, тағйири сохти конститутсионӣ дар мамлакат, ғасби ҳокимият ва аз они худ кардани ваколатҳои он, барангехтани низои миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ мебошад.

Зӯроварӣ, зулм, фишороварӣ, таҳқир ва паст задани шаъну шарафи инсон, хусусан гурӯҳҳои дигари этникӣ аз ҷониби ҷомеа ва давлат мумкин аст, эътирозро ба вуҷуд оварад, ки он мумкин аст ба ифротгароӣ сабзида расад.

Дар баробари терроризм дар бисёр кишварҳои ҷаҳони муосир амалиёти экстремистӣ ба амал омада, боиси ташвишу изтироби ҷомеа гардида истодааст.Терроризми байналхалқӣ дар ҷаҳони муосир дар шаклҳои терроризми иҷтимоӣ-инқилобӣ, терроризми этникӣ-миллатгароӣ ва терроризми динӣ ба амал меояд. Дар замони муосир тамоили то як андоза маҳдуд шудани терроризми иҷтимоӣ-инқилобӣ ва афзудани  терроризми этникию миллатгароӣ ва терроризми динӣ ба назар мерасад.

Шаклҳои зуҳури терроризм хеле гуногун мебошад. Бинобар ин мутахассисон онро ҳар гуна тақсимбандӣ мекунанд: терроризми давлатӣ, терроризми гурӯҳҳои мухолифи давлат, терроризми байналмиллалӣ ва дохилидавлатӣ, ризми иҷтимоӣ, динӣ, этникӣ тақсим мекунанд. Бо вуҷуди ин як таърифи мукаммали терроризм не, балки даҳҳо таъриф вуҷуд дорад. Нишонаи асосии терроризм ин амали мақсадҳои сиёсӣ мебошад.

Ба қадри неъмате чун истиқлолияту давлатдории миллӣ расидан арзишҳои муқаддастарини давлату давлатдориро дарк намудан ва ҳифз намудани онҳо ин ҳам қарз, ҳам масъулият ва шарафу номуси ватандорӣ,  ифтихор аз давлату миллати хеш ва талошу заҳмати ҳар фарди бедордили ҷомеа баҳри худшиносӣ, маърифат ва фарҳанги волои миллӣ мебошад.

Изҳороти кулли устодони факултети молия ва қарзи ДИС ДДТТ оид ба хатари гуруҳҳои ифротгаро

Имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст. Тафаккури ифротӣ, гурӯҳҳои ифротгароии динӣ ва созмонҳои террористӣ чӣ дар минтақа ва чӣ дар миқёси чаҳонӣ барои мавҷудияти кишварҳо хатарҳои ҷиддӣ эҷод намудаанд.Имрӯзҳо яке аз пробалемаҳои асосии умумиҷаҳонӣ тероризм ва экстроризм маҳсуб мебошад. Шароит имрӯз моро водор мекунад, ки мубориза бо ифротгароии динӣ ва терроризмро чун масъалаи ҳаёту мамот қабул намоем. Шак нест, ки ин масъала ба сарнавишти давлатдории миллии мо гиреҳ хӯрдааст. Лозим аст, ки ба шинохти моҳияти ифротгароии динӣ, дарки хатари воқеӣ ва ба мубориза алайҳи он таваҷҷӯҳи бештар намоем.

Таври маълум ифротгароёни динӣ барои расидан ба ҳадафҳои худ аз зӯроварию хушунат истифода мекунанд, аз ин рӯ, дар зиндагии рӯзмарра фаҳмиш ва арзишҳои ифротгароён барои аъзои дигари ҷомеа қобили қабул нест. Ифротгароёни динӣ мекӯшанд, ки ҷомеа ва давлатро тарсонида, бо роҳи зӯрӣ инсонҳоро ба худ тобеъ карда, мақсадҳои худро ба аҳли ҷомеа таҳмил намоянд.  Тероризм  дин, фарҳанг, таърих, давлат, миллат ва забон  надоранд ва кӯшиш мекунанд ки дигаронро низ аз ин неъмати бебаҳо бенасиб гардонанд.

Дар луғат «террор» (terror) ба маънои тарсондан ва даҳшатафканӣ омадааст. Истилоҳи «терроризм» барои ифодаи анҷоми амалҳои террористӣ ё даҳшатафканӣ дар роҳи ба даст овардани ҳадафҳои сиёсӣ, идеологӣ ва иқтисодӣ истифода мешавад.

Дар ягон давр терроризмро омма ва шаҳрвандони кишварҳои ҷаҳон дастгирӣ накардаанд. Дар лаҳзаҳои ҳассос барои ҳар як миллату давлат арзишҳои умумимиллию умумидавлатие ҳастанд, ки одамон, шаҳрвандон ва миллатро ба ҳам меоранд. Дар ин гуна лаҳзаҳои ҳассосу тақдирсоз ба ҳеҷ гуна зиддият нигоҳ накарда, миллат ва фарзандони барӯманди он аз як гиребон сар мебароранд.

Имрӯз аз муборизаи якҷояи давлатҳо ва созмонҳои байналмилалӣ ба муқобили терроризм дида масъалаи муҳимтаре нест. Барои пешгирӣ аз аъмоли террористӣ ҳамкории муассири кишварҳо бо истифода аз таҷрибаи ҳамдигар ва механизми пешрафта дар заминаҳои низомӣ, табодули иттилоот ва эҷоди фазои ҳамкорӣ миёни аъзо ва воҳидҳои қудратӣ зарур аст. Барои маҳви терроризм бояд сабабҳои пайдоиш ва заминаҳои густариши он мавриди омӯзиш қарор гиранд.  Бидуни омӯзиши дақиқ ва илмии сарчашмаҳои пайдоиш ва паҳншавии терроризм имкони нест кардани он вуҷуд надорад.

Ояндае, ки мо мехоҳем бисозем, ҷамъияти дорои имкониятҳои васеъ, бехатарӣ барои оилаҳоямон, сатҳи баланди зиндагӣ ва субот аст. Имкони таъмини ҳамаи инро дорем. Бояд якҷоя, дастаҷамъона меҳнат кунем, дӯстию ваҳдатро таҳким бахшем, оқилона ва бомулоҳизаю созанда баҳс намоем.