Ҷаҳони муосир, ки саршор аз зиддиятҳои фикриву ақидавӣ аст, аз ҳар фарди ватандӯст ва инсони солимфикр масъулияти баланди ватандорӣ, ҳушёрии сиёсӣ ва дарки зарурати таърихии расидан ба қадри озодиву истиқлоли миллиро тақозо мекунад. Хушбахтона, бо сабақгирӣ аз таҷрибаҳои озмуда мардуми тоҷик тамоми саъйу талоши худро ба он равона мекунанд, ки неъматҳои беҳтарини соҳибистиқлолии хешро ҳифз намуда, дигар фирефтаи суханони ононе, ки оромиш ва осудаи Тоҷикистонро намехоҳанд, нагарданд. Пешвои миллат барои Тоҷикистон дар баробари таҳкими истиқлолияти миллӣ неъмати бузургеро чун ваҳдати миллӣ ато намуданд, ки имрӯз мо ҳамагон вазифадорем, ки дар роҳи ҳифзи ин ду ганҷи бузург- истиқлол ва ваҳдати миллӣ якҷоя иқдом намоем. Аз ин рӯ, тамоми мардуми тоҷик имрӯз боварии комил доранд, ки ин сулҳу ваҳдати тоҷикон бо роҳбарии Пешвои миллат умри абад хоҳад ёфт ва бо гузашти фосилаҳо арзиш ва аҳамияти он барои ҷомеаи ҷаҳонӣ низ бештару пештар мегардад.
Шоир барҳақ фармудааст:
Боядо, бошем мо девори ҳам,
Дар ҷаҳони хештан дунё шавем.
Хонашериҳо намезебад ба мо,
Раҳнамои мардуми аъмо шавем.
Панди Фирдавсӣ ба кор орем мо,
Рустамему ҳаққи худ ҷӯё шавем.
Баҳри ҳифзи марзу буми хештан,
Ҷон ба каф бигрифтаю пӯё шавем.
Гузашти замон нишон дод, ки ин гурӯҳҳои фиротгаро, ки оромиш ва сулҳу суботи Тоҷикистонро нодида мегиранд, боз ҳам бо мавқеи хоҷагони хориҷии хеш ҳаргуна сару садоҳоро дар дохили кишвар баланд намуда, оқибат даст ба ошӯб заданд. Ин ҷо акнун ба ин мавзӯъ бо чашми ақл назар афканд, ки маҳзи худи ҳамин гурӯҳҳо, ки фазои осудаи Тоҷикистонро намехостанд, сирати аслии хешро нишон доданд ва ҳамакнун дар хориҷи кишвар бо дастури хоҷагони худ ба бадномкунии Тоҷикистони соҳибистиқлол, Ватани азизи худ машғуланд. Имрӯз мо шукргузорем, ки воқеяти таърихиро халқи шарифи Тоҷикистон ба дурустӣ дарк намуда, фирефтаи ин афкори носолим намешавад. Ҳатто ононе, ки як замон аз сабаби гумроҳӣ ба ин Ҳизб шомил шуда буданд, баробари баромадан аз сафи он бо дарки воқеияти сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат имрӯз барои пешрафти давлату миллат содиқона хидмат карда истодааст.Хос, онҳое, ки баъди ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ ба қавли худ устувор мондаву ҳамин роҳи сулҳу оромиш ва таҳкими ваҳдати миллиро пеш гирифтанд, то охир дар ин роҳ содиқона қадам заданд ва имрӯз ҳам қадам мегузоранд. Баръакс, имрӯз ҳам онҳое чунин суханонро нисбат ба давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон мегӯянд, ки худашон ба аҳдномаи сулҳ вафо накарданд ва дубора бо дастури хоҷагонашон ба хотири халал расонидан ба раванди сулҳ даст ба ошӯб ва ҳаракатҳои мусаллаҳона заданд. Аз ин рӯ, ин ҳама сару садоҳои гурӯҳҳои ба ном муҳоҷири сиёсӣ танҳо як бадномкуние нисбат ба Ватану миллат ва давлати хеш аст, ки аз дур истода ҳарф мезананд, дар ҳоле, ки худ пеш аз ҳама ин аҳдномаи сулҳро вайрон намуданд. Дар баробари ин вақтҳои охир эҳсос мешавад, ки аксари аъзои собиқи ТЭТ ҲНИТ низ амалҳои роҳбари онро инкор намуда, аз пушаймон будани хеш ҳарф мезананд, ки фирефтаи суханони роҳбарияти ин ҳизб гардиданд. Аз сӯи дигар, гурӯҳе аз дигар ҳаммаслаконашон низ ба ақидаҳои намояндагони ҲНИ мухолифат нишон медиҳанд ва сар задани чунин нобовариҳо дар дохили онҳо худ гувоҳ бар он аст,ки акнун ақидаҳои муғризонаашонро ҳамроҳонашон низ дарк кардаанд.