Масъалаҳои мубрами муносибатҳои байналмилалӣ ва дипломатия

Иштироки устодони Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ Ф.Ҳошимов ва К.Ғайбуллоев дар конфронси байналмилалии илмӣ-амалии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Масъалаҳои мубрами муносибатҳои байналмилалӣ ва дипломатия”, ҳамчунин, “Тоҷикистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ: самтҳои ҳамкорӣ ва дурнамои рушд” (Душанбе, 28 октябри соли 2021)

Озмуни “Донишҷӯи сол – 2021”

Талошҳои пайвастаи ҷавонони имрӯзаи мо ҷиҳати иштироки фаъолона дар рушду нумӯи кишвари азизамон бовар бар он месозад, ки ҷавонони мо бо ҳисси баланди худшиносиву худогоҳии миллӣ ва ифтихор аз давлату давлатдории миллӣ дар оянда низ тамоми нерӯи худро барои ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, таҳкими давлатдорӣ, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот, рушди минбаъдаи иқтисодиву иҷтимоии Ватани азизамон ва устувор гардонидани мавқеи он дар қатори кишварҳои мутараққӣ сафарбар менамоянд.
Маврид ба ёдоварист, ки озмуни «Донишҷӯи сол» ҳар сол бо мақсади дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии ҷавонон – муҳассилини макотиби олӣ ва муайян намудани донишҷӯи беҳтарин дар самти илмомӯзӣ гузаронида мешавад. Ҳадаф аз он таҳким бахшидани тарбияи маънавию ахлоқии ҷавонон мебошад.
Бо ин мақсад санаи 15-уми октябри соли 2021 даври дувуми озмуни вилоятии “Донишҷӯи сол – 2021” дар Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид.
Ҳайати Комиссияи озмуни “Донишҷӯи сол-2021” дар ДИС ДДТТ Мирпочоев Д.А. – муовини директор оид ба илм ва муносибатҳои байналмилалӣ, раис, Аҳророва Г.У. – муовини директор оид ба тарбия ва рушди ҷавонон, аъзо, Камолов Ф.А. – мудири шуъбаи илм ва инноватсия, аъзо, Шарипов З.У. – декани факултети иқтисодиёт ва технологияҳои инноватсионӣ, аъзо, Ҳакимзода М.М. – декани факулети молия ва баҳисобгирии бухгалтерӣ, аъзо, Ҷалолов Н.М. – декани факултети тиҷорат, фаъолияти гумрукӣ ва ҳуқуқ, аъзо буда, дар озмун 14 нафар донишҷӯёни роҳхатёфта ба даври дувуми озмун тибқи рӯйхат:
1. Каримова Ганҷина Эҳромовна – бахши 3, ихтисоси 25010300 – иқтисодиёти ҷаҳон
2. Каримова Саидахон Акбаровна – бахши 3, ихтисоси 25010300 – иқтисодиёти ҷаҳон
3. Охунов Фирӯз Илҳомович – бахши 3, ихтисоси 25010407 – молия ва қарз
4. Фаррухзода Фарзона – бахши 2, ихтисоси 25010402 – кори бонкӣ
5. Ахмедова Адиба Алишеровна – бахши 2, ихтисоси 25010402 – кори бонкӣ
6. Аҳмадзода Ганҷамеҳри Абдукарим – бахши 3, ихтисоси 25010407 – молия ва қарз
7. Дадобоев Абдулазиз Абдуҳалимович – бахши 2, ихтисоси 250108 – баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит
8. Абдуалиев Сиддиқҷон Толибҷонович – бахши 3, ихтисоси 250108 – баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит
9. Ибрагимов Акмал Ғайратович – бахши 4, ихтисоси 250108 – баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит
10. Мунавваров Сайфидин Садриддинович – бахши 3, ихтисоси 24010302 – танзими ҳуқуқии молия ва қарз
11. Адуллоева Шоҳинахон Фурқатовна – бахши 3, ихтисоси 25010104 – ҳуқуқи байналмилалии тиҷоратӣ
12. Буходирова Дилбар Ҳабибуллоевна – бахши 3, ихтисоси 26010100 – идораи давлатӣ
13. Кличова Гулафзо Давлаталиевна – бахши 3, ихтисоси 240103 – ҳуқуқи иқтисодӣ
14. Шарипов Муҳиддин Абдумубинович – бахши 3, ихтисоси 26010100 – идораи давлатӣ
иштирок карданд.
Дар аввал, Д.А.Мирпочоев – муовини директор оид ба илм ва муносибатҳои байналмилалӣ, раиси Комиссия сухан карда, озмунро ифтитоҳ намуд.
Тибқи рӯйхат 14 нафар донишҷӯён дар озмун иштирок карданд. Ҳамаи иштироккунандагон бо баҳоҳои хубу аъло таҳсил менамоянд ва ҳуҷҷатҳои худро пурра омода кардаанд. Иштирокчиён аз даври якуми озмун гузаштаанд ва аз ҷониби факултети иқтисодиёт ва технологияҳои инноватсионӣ, факултети молия ва баҳисобгирии бухгалтерӣ, факултети тиҷорат, фаъолияти гумрукӣ ва ҳуқуқ пешниҳод шудаанд.
Дар озмун ҳар як донишҷӯ презентатсияи инфиродӣ намоиш дода, баъдан натиҷаи озмун, яъне «Донишҷӯи сол» муайян карда шуд.
Донишҷӯёне, ки иштирокчии озмун буданд, рафти онро хеле шаффоф ва одилона арзёбӣ намуданд.
Охунов Фирӯз Илҳомович – донишҷӯи бахши 3, ихтисоси 25010407 – молия ва қарз яке аз иштирокчиёни фаъол ба назар мерасид ва кӯшиш мекард ба ҳамаи суолҳои ҳакамон ба пуррагӣ ҷавоб пешниҳод намояд
Фирӯз озмуни мазкурро барои сайқал додани дониш ва талошҳои илмӣ саривақтӣ хонд. «Барои ба чунин озмунҳо омадан донишҷӯ ҳатман бо тайёрии хуб меояд. Ва ин озмунҳо сабабгор мешаванд, ки мо бори дигар китобҳои лозимиро варақгардон намоем ва барои худ боз як иттилоъ ё маълумоти дигар бигирем. Дар озмун ҳакамон ба донишҷӯён суолҳои зиёд медоданд ва аз мо ҷавоби мукаммалро интизор буданд. Фикр мекунам ҳакамон ба ҳама посухҳои донишҷӯён баҳои сазовор доданд».
Каримова Ганҷина Эҳромовна – донишҷӯи бахши 3, ихтисоси 25010300 – иқтисодиёти ҷаҳон ба ҳайси иштирокчии рақами 1 бо тариқи муаррифиҳо худро шинос намуда, ба саволҳои ҳайати Комиссия посух дод. Ганҷина гарчанде бо тайёрӣ ба озмун омада бошад ҳам, вале баъди шиносоӣ бо ҳамсолонаш чунин эҳсос мекунад, ки ӯ аллакай ғолиб аст. Яъне барои худ дӯстони навҷӯ ва навоварро пайдо кард. Ганҷина, изҳор дошт, ки «ин озмун ҷавононро боз ҳам муттаҳид ва муносибати байни моро қавитар мекунад. Имрӯз мо аз ҳар факултети ин донишкада бо мақсади ғолиб омадан дар озмун омадем, аммо баъди вохӯрӣ ҳама ин мақсадро фаромӯш карда, ба ягдигар барор ва сазовор гардидан ба ҷойи намоёнро орзу мекунем».
Ба гуфтаи масъулон, ки озмун нисбат ба солҳои қаблӣ хубтару беҳтар ба роҳ монда шуда, донишҷӯён низ фаъол, зирак ва ба худ боварии комил доранд.
Ибрагимов Акмал Ғайратович – донишҷӯи бахши 4, ихтисоси 250108 – баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит яке аз он иштирокчиёнест, ки барои санҷидани дониши худ ба ин озмун омада, иштирок намудан дар ин озмунро ифтихор медонад. Ба гуфтаи Акмал чунин озмунҳо ба онҳо имконият медиҳанд, ки ҷаҳонбинии онҳо боз ҳам васеътар гардад. «Чунин озмунҳо имконият медиҳанд, ки ҳисси ватандӯстиву ватанпарварии ҷавонон бештар гардад. Ва мо ҷавонон бояд дар ҳама ҷанбаҳо бо масъулияти баланд фаъолият намуда, парчамбардори ин сарзамин ва кишвари муқаддасамон бошем».
Дар охир аз рӯи натиҷаи муаррифӣ ва саволу ҷавобҳо донишҷӯён холҳои зеринро сазовор шуданд:
1. Каримова Ганҷина Эҳромовна 9 хол
2. Каримова Саидахон Акбаровна 7 хол
3. Охунов Фирӯз Илҳомович 10 хол
4. Фаррухзода Фарзона 4 хол
5. Ахмедова Адиба Алишеровна 4 хол
6. Аҳмадзода Ганҷамеҳри Абдукарим 7 хол
7. Дадобоев Абдулазиз Абдуҳалимович 5 хол
8. Абдуалиев Сиддиқҷон Толибҷонович 9 хол
9. Ибрагимов Акмал Ғайратович 7 хол
10. Мунавваров Сайфидин Садриддинович 7 хол
11. Адуллоева Шоҳинахон Фурқатовна 6 хол
12. Буходирова Дилбар Ҳабибуллоевна 6 хол
13. Кличова Гулафзо Давлаталиевна 5 хол
14. Шарипов Муҳиддин Абдумубинович 4 хол
Ҳакамон фаъолияти донишҷӯёнро ҳаматарафа баҳогузорӣ намуда, дар давраи ҷамъбасти озмун 7 нафар донишҷӯ сазовори ҷойҳои аввал, дуюм ва сеюм гардиданд.
Ҷои I – Охунов Фирӯз Илҳомович – донишҷӯи бахши 3, ихтисоси 25010407 – молия ва қарз;
Ҷои II – Каримова Ганҷина Эҳромовна – донишҷӯи бахши 3, ихтисоси 25010300 – иқтисодиёти ҷаҳон;
Ҷои II – Абдуалиев Сиддиқҷон Толибҷонович – бахши 3, ихтисоси 250108 – баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит;
Ҷои III – Каримова Саидахон Акбаровна – бахши 3, ихтисоси 25010300 – иқтисодиёти ҷаҳон;
Ҷои III – Аҳмадзода Ганҷамеҳри Абдукарим – бахши 3, ихтисоси 25010407 – молия ва қарз;
Ҷои III – Ибрагимов Акмал Ғайратович – бахши 4, ихтисоси 250108 – баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит;
Ҷои III – Мунавваров Сайфидин Садриддинович – бахши 3, ихтисоси 24010302 – танзими ҳуқуқии молия ва қарз
Ғолибон барои иштирок ба даври савуми озмуни вилоятии “Донишҷӯи сол – 2021” пешбарӣ карда шаванд.

IMG_9461
previous arrow
next arrow

Бинои нави таълимӣ – туҳфаи арзанда ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд ва таҷлили бошукӯҳи ҷашни фархундаи 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бинои нави таълимии Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ дар шаҳри Хуҷанд мавриди истифодабарӣ қарор дода шуд.

Дар ифтитоҳи бинои мазкур вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода, муовини Раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ, муовини раиси раёсати Иттифоқи Тоҷикматлубот Раҳмонализода Хуршед Раҳмоналӣ, ректори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат, ректорони муассисаҳои олии вилоят, кормандони васоити ахбори умум иштирок намуданд. Бо буридани лентаи рамзӣ меҳмонон вориди ошхонаи муассиса гардида, дар гирди дастархони идона бо донишҷӯёни ятим, маъюб ва камбизоат суҳбати самимӣ оростанд. Вазири  маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода ва ҳамроҳонаш ба 17 нафар ятимону маъюбон туҳфаҳои хотиравию арзишманди Пешвои миллатро тақдим намуда, зикр намуд, ки ин табақаи ниёзманди ҷомеа ҳамеша зери ғамхорию пуштибонии Ҳукумати кишвар ва Пешвои муаззами миллат қарор доранд.

Сипас меҳмонон бо роҳбаладии директори донишкада Ҳошимзода Ҳомид Ҳасан дар ошёнаи якуми бино вориди синфхонаҳои таълимӣ гардида, аз синфхонаи тиҷорати электронӣ, озмоишгоҳи молшиносӣ ва муоинаи молҳои истеъмолӣ, парки технологӣ, толори фитнесс дидан карда, бо устодону донишҷӯён мулоқот намуданд.

Дар ошёнаи дуввуми бинои муассисаи нави таълимӣ дар толори конференсия суҳбати онлайнии вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода ва ҳамроҳонаш бо донишҷӯёни донишкада, ки айни замон дар Донишгоҳи Варнаи Булғория таҳсил менамоянд, баргузор гардид. Донишҷӯён зимни суҳбат арзи сипоси худро ба Пешвои муаззами миллат барои муҳайё намудани шароити хуби таҳсил дар хориҷи мамлакат баён доштанд. Дар идома меҳмонон аз озмоишгоҳҳои криминалистика ва синфхонаи компютерӣ боздид карда, ба раванди таълим ва тарзи гузаронидани машғулиятҳо аз тарафи устодони донишкада ошно гаштанд.

Сипас дар маҷлисгоҳи бинои нави таълимӣ мулоқоти меҳмонон бо устодони донишкада баргузор гардид. Вазири маориф аҳли нишастро ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, ба истифода дода шудани бинои нави таълимиро туҳфаи арзандаи ҷомеаи меҳнатӣ ба ин санаи фархундаи миллӣ арзёбӣ кард. Муовини Раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ ва муовини Раиси Иттифоқи Тоҷикматлубот Раҳмонализода Хуршед Раҳмоналӣ низ ба ҷашни фархундаи миллӣ устодонро табрик гуфта, аз сатҳу сифати корҳои сохтмонӣ дар бинои нави таълимӣ изҳори қаноатмандӣ намуданд.

IMG_9306
previous arrow
next arrow

Директори донишкада Ҳошимзода Ҳомид Ҳасан ташрифи меҳмонони иззатмандро хайрамақдам гуфта, зикр намуд, ки ҷавобан ба ғамхориҳои Пешвои муаззами миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбия ва омода намудани мутахассисони варзидаи соҳаи иқтисод ва савдо ҷаҳду талоши созанда менамоянд.

Дар даврони соҳибистиқлоли кишвар муассисаҳои олии касбӣ таъсис дода шуда, фаъолияти хешро босамар пеш мебаранд, ки аз ҷумлаи онҳо Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд» ба шумор меравад. Донишкадаи мазкур, ки муассиси он Иттифоқи Тоҷикматлубот аст, тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №59 аз 12 феврали соли 2010 таъсис дода шудааст. Донишкада фаъолияти худро бо мақсади иҷрои амалии нуктаҳои асосии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба тайёр кардани мутахассисони баландихтисоси дар бозори ҷаҳонии меҳнат рақобатпазир ба роҳ мондааст.

Дар ҳақиқат донишкада зодаи даврони соҳибистиқлолии кишвар аст ва дар баробари дастовардҳои таълимӣ, илмӣ, тарбиявӣ бахшида ба ҷашни фархундаи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Раёсати Иттифоқи Тоҷикматлубот дар маҳаллаи Пахтакори шаҳри Хуҷанд таҷдид ва таъмири бинои нави таълимӣ ба роҳ монда шуда, корҳои сохтмонӣ ва азнавсозӣ дар сатҳи баланд ба анҷом расиданд.

ZEBO8965
previous arrow
next arrow

Бинои мазкур тибқи нақша, дар масоҳати 3561 метри мураббаъ доман густурда, аз 4 ошёна ва 35 синфхонаи таълимӣ, аз ҷумла, утоқҳои лингофонӣ ва компютерӣ, утоқҳои кориву ёрирасон, маҷлисгоҳ, толори конференсия, китобхонаи электронӣ ва анъанавӣ, озмоишгоҳҳои молшиносӣ ва ташхиси сифати молҳои истеъмолӣ ва криминалистика, Парки технологӣ, ошхона, толори фитнесс мебошад ва барои 850 нафар донишҷў пешбинӣ гардидааст. Ҳудуди бино, роҳравҳо ва синфхонаҳо бо камераҳои мушоҳидавӣ, инчунин бо Wi-Fi муҷаҳҳаз гардонида шудаанд. Бинои таълимӣ дорои буғхона буда, дар фасли зимистон имконияти бо ангишт гарм нигоҳ доштани тамоми ҳуҷраҳоро дорад. Гирду атрофи бино бо дарахтони сояафкану ороишӣ ва гулҳои рангоранг зебо гардонида шудааст. Ҳамчунин саҳн ва роҳравҳои бинои таълимӣ сафолакпўш гардида, чароѓакҳои равшанидиҳанда ва нишастгоҳҳо насб шудааст. Бинои мазкур бо тарҳи замонавӣ таъмиру таҷдид гардида, дар он асосан масолеҳи сохтмонии баландсифати истеҳсоли ватанӣ истифода бурда шудааст.

https://www.facebook.com/iettsuc/posts/3231019303796496

Рисолати омӯзгор дар ташаккули низоми таҳсилот ва ҳифзи арзишҳои Истиқлоли миллӣ

6-уми октябри соли равон дар Муассисаи давлатии «Кохи фарҳанги ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ» бахшида ба Рӯзи омӯзгорон чорабинии илмӣ – фарҳангӣ таҳти унвони «Рисолати омӯзгор дар ташаккули низоми таҳсилот ва ҳифзи арзишҳои Истиқлоли миллӣ» доир гардид.

Дар чорабинӣ Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Имомзода Муҳаммадюсуф омӯзгорон, олимон ва кормандони соҳаи маориф ва илми вилоят ширкат намуданд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ҳозиринро бо рӯзи касбӣ табрик гуфта, дар иҷрои рисолати пуршараф ва масъулиятнок пирӯзиҳои навинро таманно дошт. Аз ҷумла, таъкид намуд: “Аз файзи истиқлоли давлатӣ дар мамлакати азизи мо таваҷҷуҳ ба соҳаи маориф афзуда, ба масъалаи ғамхорӣ ва дастгирии омӯзгорон диққати махсус зоҳир мешавад. Ҳадаф аз ин тадбир арҷгузорӣ ба хидматҳои арзишманд ва мондагори омӯзгорон, ки қувваи пешбар ва иқтидори воқеии рушди миллат ҳастанд, маҳсуб меёбад”.

Ҳамчунин Раиси вилоят иброз дошт, ки барои ба воя расонидани насли донишманд, забондон ва дорои ҷаҳонбиниву фаҳмиши васеъ бояд, пеш аз ҳама, муассисаҳои таълимӣ бо омӯзгорони соҳибтахассус, навовару эҷодкор ва ба касби худ содиқ таъмин карда шаванд. Ҳар як роҳбар ва шахси масъули соҳаи маориф ва ҳар як омӯзгор вазифадор аст, ки рисолати худро софдилона ва аз рӯйи виҷдон анҷом дода, барои таълиму тарбияи насли босаводу соҳибмаърифат ва хештаншиносу ватандӯст саҳми фаъол гузорад.

Бо эълон намудани саноатикунонии босуръати кишвар ҳамчун ҳадафи чоруми стратегии мамлакат ҳадаф аст, ки истифодаи технологияҳои муосир дар тамоми соҳаҳои иқтисоди миллӣ густариш дода шуда, тафаккури техникии аҳолӣ ва дар навбати аввал, ҷавонону наврасон тавсеа бахшида шавад ва барои пешрафти илмҳои бунёдӣ, риёзиву табиӣ ва техникиву технологӣ фазои мусоид фароҳам гардад.

Сипас, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Имомзода Муҳаммадюсуф аҳли нишастро бо Рӯзи омӯзгорон шодбош гуфта, доир ба таваҷҷуҳи роҳбарияти давлату ҳукумат нисбати рушди соҳаи маориф ва илми мамлакат, густаришу устуворгардии истиқлол, сулҳу осоиштагӣ, тақвияти ҳамдигарфаҳмию ваҳдати миллӣ ва ҳавасмандии моддиву маънавии омӯзгорон ҳарф зад.

Аз ҷумла зикр дошт, ки “Мо ифтихорманд аз онем, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешаи омӯзгориро «муқаддастарин касби рӯи олам» медонанд ва рушду шукуфоии имрӯзу фардои кишварро аз фаъолияти пурмаҳсули омӯзгорон арзёбӣ мекунанд”.

Аз тарафи роҳбарият 110 нафар омўзгори муваффақ, олимон, хизматчиёни давлатӣ ва кормандоне, ки дар рушди соҳаи маориф ва илми кишвар нақши назаррас гузоштаанд, бахшида ба Рўзи омўзгорон нишонҳои Аълочии ифтихории маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.

Барномаи фарҳангӣ пешкаши омӯзгорон гардида, чорабинӣ бо руҳияи идонаву болидаи аҳли иштирокдорон ҳусни анҷом пазируфт. https://www.sugd.tj/index.php/tj/navid/16888-ruzi-omuzgoron

Мавриди зкир аст, ки бахшида ба Рӯзи омӯзгорон устодони Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ дар шаҳри Хуҷанд: Машокиров Шӯҳратҷон, Азимов Абдумавлон, Ҷонназарова Дилшода, Исмоилова Мутриба, Камолов Фаррухҷон сазовори унвони “Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон” гардидаанд.

Ҳамчунин устодон: Ҷамолиддинов Сӯҳроб, Қосимова Мавҷуда, Норбобоев Луқмонҷон, Раҳимов Эркинҷон, Мухторов Саидқосим, Ҷумаев Аскарҷон, Саидхоҷаева Мусаббехон, Калонова Матлуба, Эсонова Мавзунахон, Муминов Муҳиддин бо Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикситон қадршиносӣ гардидаанд.

мо ба ин дастоварди арзанда ва сазовор гардидан ба чунин унвонҳои баланд устодони арҷмандро табрик гуфта, барояшон комёбиҳои нав ба навро таманно менамоем.

Мубодилаи байналмилалии кредитии Донишкада бо Донишгоҳи Варна

Донишгоҳи менеҷменти Варнаи Булғория яке аз шарикони стратегии Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон буда, дар доираи якчанд лоиҳаҳо ва барномаҳо ҳамкории зич дорад. Ба хотир меорем, ки дар доираи лоиҳаи Рушди таҳсилоти олӣ зиёда аз 11 омӯзгорони Донишгоҳи менеҷменти Варна, аз он ҷумла ректори донишгоҳи номбурда ҷаноби Тодор Радев ба донишкадаи мо, ба шаҳри Хуҷанд ва 4 омӯзгорони донишкадаи мо ба шаҳри Варна сафарҳои корӣ-омӯзишӣ доштанд. Байни мактбатҳои олии номбурда меморандум оид ба ҳамкориҳои бисёрсамта баста шуда буд.

Ҳамкориҳои мо дар асоси шартномаи дутарафаи дар чаҳорчӯбаи барномаи Эрасмус+ баста шуда оид ба амалигардонии лоиҳаи Мубодилаи байналмилалии кредитӣ КА107 давом дода истодааст. Дар семестри якуми соли хониши 2021-2022 дар доираи лоиҳаи номбурда 7 нафар донишҷӯёни ДИС ДДТТ барои таҳсил дар Донишгоҳи менеҷменти Варна соҳиб роҳхат гаштанд.

IMG_7754
previous arrow
next arrow

Санаи 14-уми сентябри соли 2021 дар ҷаласаи раёсати донишкада аз ин дастоварди арзанда аҳли ҷомеаи меҳнатӣ огоҳ гардиданд. Директори донишкада Ҳошимзода Ҳомид Ҳасан ба гирандагони стипендияи Эрасмус+ сертификатҳоро тақдим намуда, ба онҳо дар таҳсили минбаъдаашон дар хориҷи кишвар барору комёбиҳои нав ба нав таманно намуданд.

Шӯъбаи робитаҳои байналмилалии донишкада барои гирифтани раводиди Булғория чораҳои омодагӣ ва ташкилии зарури гирифта, бо хароҷоти кам ва зуд гирифтани раводидро таъмин намуд. Ҳамаи 7 нафар соҳиби раводид гаштанд ва санаи 21 сентбряи соли 2021 ба шаҳри Добричи Булғория сафар намуданд.

Минбаъд шуъбаи робитаҳои байналмилалии донишкада аз фаъолият, таҳсил, зисту зиндагонӣ ва пешрафти онҳо якҷоя бо ҳамоҳангсози лоиҳа аз Донишгоҳи менеҷменти Варна маълумотҳои заруриро дастрас намуда, аз тарафи худ барои расонидани ҳаргуна машваратҳо ё кӯмакҳои техникӣ омода аст.

Тамоми хароҷотҳои вобаста ба сафари ва таҳсили онҳо аз рӯи барномаи Эрасмус+ пардохт карда шуда, инчунин бо стипендияи моҳона таъмин карда мешаванд.

 

Бобоев Меҳроб ғолиби озмуни ҷумҳуриявии илмӣ-таҳқиқотии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ -“Донишҷӯ ва пешрафти илмию техникӣ дар соли 2021”

Бобоев Меҳроб донишҷӯи курсӣ 1, факултаи тиҷорат, фаъолияти гумрукӣ ва ҳуқуқ, ихтисоси  идораи давлатӣ дар мавзӯи  “Пешомадҳои таърихию фарҳангӣ-даврони эҳёи давлатдорӣ ва талошҳо баҳри худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ” ва иштироки фаъолона дар даври ҷумҳуриявии озмуни  илмӣ- таҳқиқотии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ -“Донишҷӯ ва пешрафти илмию техникӣ дар соли 2021” дар бахши фалсафа ва ҷомеашиносӣ, бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои  табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ  дар соҳаи илму маориф”  сазовори дипломи дараҷаи 3-юм гардид.

Бобоев Меҳроб дар ноҳияи Ҷаббор Расулов таввалуд шуда, баъди хатми муассисаи давлатии литсейи рақами як соли 2020 ба ДИС ДДТТ дохил шудааст.  Меҳроб дар иштирокчии мусобиқаи  гуштини тарзи озод мебошад ва дар чанд мусобиқаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардидааст.  Устоди аввалини Меҳроб падараш аст, баъдан устод Шодиев Абдувосид, ки бисёр ӯро дастгирӣ мекунад ва орзу дорад, ки  шогирдонаш мисли худ  варзишгари бомаҳорату номдор дар тамоми ҷаҳон гарданд. Меҳроб дар мусобиқаҳои шаҳрҳои Бишкек, Тошкент, Нурсултон  сазовори ҷойҳои 1-ум ва 2-ум гардида, барои иштирок дар  мусобиқаи байналмиалӣ, ки дар Россия баргузор мегардад, роҳхат гирифт.

Ганҷамеҳр Аҳмадзода – ғолиби озмуни ҷумҳуриявии “Донишҷӯ ва пешрафти илмию техникӣ”

Аҳмадзода Ганҷамеҳр, донишҷӯи курсӣ 2, факултаи  молия ва баҳисобгирии бухгалтерӣ, ихтисоси молия ва қарз таҳти мавзӯи  “Саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомали Раҳмон дар барқароршавии сулҳи тоҷикон” ва иштироки фаъолона дар даври ҷумҳуриявии озмуни  илмӣ- таҳқиқотии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ  “Донишҷӯ ва пешрафти илмию техникӣ” дар бахши сиёсатшиносӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои  табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ  дар соҳаи илму маориф”  сазовори дипломи дараҷаи 2-юм гардид.

Аҳмадзода Ганҷамеҳр дар шаҳри Панҷакент, деҳаи Ёрии ҷамоати деҳоти Ёрӣ дар оилаи деҳқон таваллуд шуда, мактаби миёнаи рақами 9- уми ба номи Бобо Раҷабзода дар шаҳри Панҷакентро бо баҳои хубу аъло хатм намуда, баъди хатми муассиса донишҷӯи донишкадаи ДИС ДДТТ мегардад. Ганҷамеҳр хондани китобҳои бадеӣ ва таърихиро бисёр дӯст медорад. Аз ҷумла китобҳои “Пешвои миллат дар Панҷакент”, “Тоҷикон дар оинаи таърих”, “Тоҷикистон нурборон мешавад”, “Шоҳномаи”-и Абулқосим Фирдавсӣ, “Мактаби кӯҳна”, “Марги судхур”-и Садриддин Айнӣ, “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров, “Тобистон”-и Пӯлод Толис, “Бӯстон” ва “Гулистон”-и Саъдии Шерозиро аллакай мутолиа намуда,  дар як моҳ зиёда аз 30 китобҳои таърихиву  бадеиро мехонад.

Дар давраи донишҷӯӣ ва толибилм буданаш дар чандин олимпиадаҳои ҷумҳуриявиву вилоятӣ ва ноҳиявӣ аз фанҳои таърих, химия фалсафа иштирок намуда, ҷойҳои намунавиро ишғол кардааст. Барои ҳамсабақонаш аз таҳти дил ва бо меҳру муҳаббат  дасти ёрӣ расониданро дареғ намедорад. Ганҷамеҳр ба омӯзиши забонҳои англисӣ, русӣ   шавқу рағбати зиёде дорад ва мехоҳад ин забонҳоро ба таври комил аз худ намояд. Баъди хатми донишкада мехоҳад ҳамчун устоди ин донишкадаи бонуфуз кору  фаъолият намояд. Барои амалӣ гаштани ин орзуҳои наҷиб ба ӯ барору комёбиҳо таманно менамоем.

Муваффақиятҳои муаллимаи ботаҷриба Мунаввар Зарипова.

 

Имрӯз яке аз муваффақиятҳои муаллимаи ботаҷриба Зарипова Мунавар, ки худро барои таълим додани насли ҷавонон бо забони англисӣ бахшидааст, нақл мекунем. 40 соли мураккабтарини кориаш ӯро муваффақтарини зан дар Точикистон кард. Шиори Ӯ “Агар дигаронро тағир додан хоҳӣ, худатро тағир деҳ”. Сармуаллима Зарипова Мунавар бо забони англисӣ дар ДИС ДДТТ мебошад. Аз аввали кории худ ҳар вақт кӯшиш мекард, ки дониши мукалламаи худро баланд кунад ва ба барномаҳои байналмиллалӣ иштирок мекард. Орзуяш дар 2007 амалӣ гашт, вақте , ки финалисти барномаи TEA гашт ва кори таҷрибавии худро дар Донишгоҳи George Mason дар шаҳри Верҷина дар ИМА гузаронд.
Пас аз ба анҷом расидани барномаи TEA ҳаёташ тағир ёфт ва аз гирифтани таҷрибаи худ метавонист донишашро дар амал тадбиқ намояд. Ӯ соҳиби гранти хурди ИМА гашт, якчанд семинарҳои омӯзишӣ барои омӯзгорони забони англисӣ ва мактабҳои миёнаи вилояти Суғд дар истифодаи инноватсионии таълим гузаронд.
Дигар имкониятҳои ӯ барои инкишоф додани дониши худ ин яке аз барномаи JFDP дар 2013 буд, ки ба ӯ муяссар шуд, ки таърихи Амрикоиро дар Донишгоҳи Ландер, Каролинаи Чанубӣ омӯзад. Барномаи стипендия имконият дод, ки мақолаи илмии худро ба мавзуъи “Таълими таърихи Амрикоӣ дар Точикистон пеш аз истиқлол ва пас аз истиқлол” омода кунад. Аз баромадани мақолаи илмиаш дар китоби Донишгоҳи Клемсон, Каролинаи Чанубӣ мефахрид. Бо шарофати ин барнома муносибати худро бо Ландер ва ДДТТ беҳтар намуд. Дар натиҷа бо Memorandum of Understanding шартнома баст, ки омӯзгорон ва донишҷӯёни ду Донишгоҳ метавонанд таҷрибаи худро дар Донишгоҳи шариконашон гузаронанд. То ҳол якчанд семинарҳои онлайнӣ ба таври робитаҳои дӯстонаи онҳо баргузор мегардад.
Бо ташаббуси барномаи ETM (English Teaching Mentor) дар 2017 дониши худро ба дигар омӯзгорони аз дигар минтақаи Точикистон нақл кард ва имрӯз ӯ яке аз беҳтарин мураббӣ ва машваратчӣ барои омӯзгорони ҷавон мебошад.
Зарипова Мунавар хатмкунандаи фаъоле, ки таҷрибаи худро ба Хатмкунандагони Конфренс нақл мекунад ва омӯзгорони ҷавонро иштирок кардан ба барномаҳои илмӣ ҳавасманд мекунад. Ӯ боварӣ дорад, ки авлодҳои чавон ҳамаи имкониятҳои хондан ва илм омӯзонданро ба дигарон доранд.
Мо барои Ваҳдат омадаем! Ба USANT ҳамроҳ шавед!