Мубодилаи байналмилалии кредитии Донишкада бо Донишгоҳи Варна

Донишгоҳи менеҷменти Варнаи Булғория яке аз шарикони стратегии Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон буда, дар доираи якчанд лоиҳаҳо ва барномаҳо ҳамкории зич дорад. Ба хотир меорем, ки дар доираи лоиҳаи Рушди таҳсилоти олӣ зиёда аз 11 омӯзгорони Донишгоҳи менеҷменти Варна, аз он ҷумла ректори донишгоҳи номбурда ҷаноби Тодор Радев ба донишкадаи мо, ба шаҳри Хуҷанд ва 4 омӯзгорони донишкадаи мо ба шаҳри Варна сафарҳои корӣ-омӯзишӣ доштанд. Байни мактбатҳои олии номбурда меморандум оид ба ҳамкориҳои бисёрсамта баста шуда буд.

Ҳамкориҳои мо дар асоси шартномаи дутарафаи дар чаҳорчӯбаи барномаи Эрасмус+ баста шуда оид ба амалигардонии лоиҳаи Мубодилаи байналмилалии кредитӣ КА107 давом дода истодааст. Дар семестри якуми соли хониши 2021-2022 дар доираи лоиҳаи номбурда 7 нафар донишҷӯёни ДИС ДДТТ барои таҳсил дар Донишгоҳи менеҷменти Варна соҳиб роҳхат гаштанд.

IMG_7754
IMG_7650
IMG_7648
IMG_7644
IMG_7631
IMG_7629
IMG_7627
IMG_7625
IMG_7623
IMG_7620
IMG_7618
IMG_7617
previous arrow
next arrow

Санаи 14-уми сентябри соли 2021 дар ҷаласаи раёсати донишкада аз ин дастоварди арзанда аҳли ҷомеаи меҳнатӣ огоҳ гардиданд. Директори донишкада Ҳошимзода Ҳомид Ҳасан ба гирандагони стипендияи Эрасмус+ сертификатҳоро тақдим намуда, ба онҳо дар таҳсили минбаъдаашон дар хориҷи кишвар барору комёбиҳои нав ба нав таманно намуданд.

Шӯъбаи робитаҳои байналмилалии донишкада барои гирифтани раводиди Булғория чораҳои омодагӣ ва ташкилии зарури гирифта, бо хароҷоти кам ва зуд гирифтани раводидро таъмин намуд. Ҳамаи 7 нафар соҳиби раводид гаштанд ва санаи 21 сентбряи соли 2021 ба шаҳри Добричи Булғория сафар намуданд.

Минбаъд шуъбаи робитаҳои байналмилалии донишкада аз фаъолият, таҳсил, зисту зиндагонӣ ва пешрафти онҳо якҷоя бо ҳамоҳангсози лоиҳа аз Донишгоҳи менеҷменти Варна маълумотҳои заруриро дастрас намуда, аз тарафи худ барои расонидани ҳаргуна машваратҳо ё кӯмакҳои техникӣ омода аст.

Тамоми хароҷотҳои вобаста ба сафари ва таҳсили онҳо аз рӯи барномаи Эрасмус+ пардохт карда шуда, инчунин бо стипендияи моҳона таъмин карда мешаванд.

 

Дарси кушод дар ДИС ДДТТ

Санаи 22-сентябри соли 2021 дар ДИС ДДТТ бахшида ба рӯзи “Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ” машғулияти кушод баргузор гардид. Дарси кушод бо иштироки донишҷӯени курси якуми 250103А аз ҷониби омӯзгори кафедраи “Забонҳои тоҷикӣ  ва русӣ” Аюбова Д.А гузаронида шуд.

IMG-20210922-WA0013
IMG-20210922-WA0009
IMG-20210922-WA0017
IMG-20210922-WA0016
IMG-20210922-WA0015
IMG-20210922-WA0014
IMG-20210922-WA0011
IMG-20210922-WA0005
IMG-20210922-WA0002
previous arrow
next arrow
Машғулият дар дараҷаи баланди илмӣ гузашт. Омӯзгор аз методҳои фаъоли таълим: сӯҳбат, саволу ҷавоб, исботу тасдиқ ба хубӣ истифода бурда, донишҷӯёнро ба илмомӯзӣ ва қадр кардани арзишҳои миллӣ талқин намуд. Дар дарси кушод навори филмӣ “Қисмати шоир” намоиш дода шуд, ки хеле ҷолибу диққат буд. Ҳамаи донишҷӯёни гурӯҳи 250103А дар дарс хеле фаъолона иштирок карданд.
Дар охир муовини директори ДИС ДДТТ оид ба тарбия ва рушди ҷавонон Аҳророва Гулчеҳра Усмоновна ба машғулият баҳои баланд дода, таъкид карданд, ки дар оянда чунин машғулиятҳо бисёртар гузаронида шавад.

 

 

Эълон!

Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон қабули шунавандагонро барои дохилшавӣ ба Муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ эълон менамояд.

Суроға: ш.Хуҷанд, хиёбони И.Сомонӣ, 169. Телефон барои тамос:

6-03-21; 92-800-02-46.