Ганҷамеҳр Аҳмадзода – ғолиби озмуни ҷумҳуриявии “Донишҷӯ ва пешрафти илмию техникӣ”

Аҳмадзода Ганҷамеҳр, донишҷӯи курсӣ 2, факултаи  молия ва баҳисобгирии бухгалтерӣ, ихтисоси молия ва қарз таҳти мавзӯи  “Саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомали Раҳмон дар барқароршавии сулҳи тоҷикон” ва иштироки фаъолона дар даври ҷумҳуриявии озмуни  илмӣ- таҳқиқотии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ  “Донишҷӯ ва пешрафти илмию техникӣ” дар бахши сиёсатшиносӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои  табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ  дар соҳаи илму маориф”  сазовори дипломи дараҷаи 2-юм гардид.

Аҳмадзода Ганҷамеҳр дар шаҳри Панҷакент, деҳаи Ёрии ҷамоати деҳоти Ёрӣ дар оилаи деҳқон таваллуд шуда, мактаби миёнаи рақами 9- уми ба номи Бобо Раҷабзода дар шаҳри Панҷакентро бо баҳои хубу аъло хатм намуда, баъди хатми муассиса донишҷӯи донишкадаи ДИС ДДТТ мегардад. Ганҷамеҳр хондани китобҳои бадеӣ ва таърихиро бисёр дӯст медорад. Аз ҷумла китобҳои “Пешвои миллат дар Панҷакент”, “Тоҷикон дар оинаи таърих”, “Тоҷикистон нурборон мешавад”, “Шоҳномаи”-и Абулқосим Фирдавсӣ, “Мактаби кӯҳна”, “Марги судхур”-и Садриддин Айнӣ, “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров, “Тобистон”-и Пӯлод Толис, “Бӯстон” ва “Гулистон”-и Саъдии Шерозиро аллакай мутолиа намуда,  дар як моҳ зиёда аз 30 китобҳои таърихиву  бадеиро мехонад.

Дар давраи донишҷӯӣ ва толибилм буданаш дар чандин олимпиадаҳои ҷумҳуриявиву вилоятӣ ва ноҳиявӣ аз фанҳои таърих, химия фалсафа иштирок намуда, ҷойҳои намунавиро ишғол кардааст. Барои ҳамсабақонаш аз таҳти дил ва бо меҳру муҳаббат  дасти ёрӣ расониданро дареғ намедорад. Ганҷамеҳр ба омӯзиши забонҳои англисӣ, русӣ   шавқу рағбати зиёде дорад ва мехоҳад ин забонҳоро ба таври комил аз худ намояд. Баъди хатми донишкада мехоҳад ҳамчун устоди ин донишкадаи бонуфуз кору  фаъолият намояд. Барои амалӣ гаштани ин орзуҳои наҷиб ба ӯ барору комёбиҳо таманно менамоем.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *