Рисолати омӯзгор дар ташаккули низоми таҳсилот ва ҳифзи арзишҳои Истиқлоли миллӣ

6-уми октябри соли равон дар Муассисаи давлатии «Кохи фарҳанги ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ» бахшида ба Рӯзи омӯзгорон чорабинии илмӣ – фарҳангӣ таҳти унвони «Рисолати омӯзгор дар ташаккули низоми таҳсилот ва ҳифзи арзишҳои Истиқлоли миллӣ» доир гардид.

Дар чорабинӣ Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Имомзода Муҳаммадюсуф омӯзгорон, олимон ва кормандони соҳаи маориф ва илми вилоят ширкат намуданд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ҳозиринро бо рӯзи касбӣ табрик гуфта, дар иҷрои рисолати пуршараф ва масъулиятнок пирӯзиҳои навинро таманно дошт. Аз ҷумла, таъкид намуд: “Аз файзи истиқлоли давлатӣ дар мамлакати азизи мо таваҷҷуҳ ба соҳаи маориф афзуда, ба масъалаи ғамхорӣ ва дастгирии омӯзгорон диққати махсус зоҳир мешавад. Ҳадаф аз ин тадбир арҷгузорӣ ба хидматҳои арзишманд ва мондагори омӯзгорон, ки қувваи пешбар ва иқтидори воқеии рушди миллат ҳастанд, маҳсуб меёбад”.

Ҳамчунин Раиси вилоят иброз дошт, ки барои ба воя расонидани насли донишманд, забондон ва дорои ҷаҳонбиниву фаҳмиши васеъ бояд, пеш аз ҳама, муассисаҳои таълимӣ бо омӯзгорони соҳибтахассус, навовару эҷодкор ва ба касби худ содиқ таъмин карда шаванд. Ҳар як роҳбар ва шахси масъули соҳаи маориф ва ҳар як омӯзгор вазифадор аст, ки рисолати худро софдилона ва аз рӯйи виҷдон анҷом дода, барои таълиму тарбияи насли босаводу соҳибмаърифат ва хештаншиносу ватандӯст саҳми фаъол гузорад.

Бо эълон намудани саноатикунонии босуръати кишвар ҳамчун ҳадафи чоруми стратегии мамлакат ҳадаф аст, ки истифодаи технологияҳои муосир дар тамоми соҳаҳои иқтисоди миллӣ густариш дода шуда, тафаккури техникии аҳолӣ ва дар навбати аввал, ҷавонону наврасон тавсеа бахшида шавад ва барои пешрафти илмҳои бунёдӣ, риёзиву табиӣ ва техникиву технологӣ фазои мусоид фароҳам гардад.

Сипас, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Имомзода Муҳаммадюсуф аҳли нишастро бо Рӯзи омӯзгорон шодбош гуфта, доир ба таваҷҷуҳи роҳбарияти давлату ҳукумат нисбати рушди соҳаи маориф ва илми мамлакат, густаришу устуворгардии истиқлол, сулҳу осоиштагӣ, тақвияти ҳамдигарфаҳмию ваҳдати миллӣ ва ҳавасмандии моддиву маънавии омӯзгорон ҳарф зад.

Аз ҷумла зикр дошт, ки “Мо ифтихорманд аз онем, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешаи омӯзгориро «муқаддастарин касби рӯи олам» медонанд ва рушду шукуфоии имрӯзу фардои кишварро аз фаъолияти пурмаҳсули омӯзгорон арзёбӣ мекунанд”.

Аз тарафи роҳбарият 110 нафар омўзгори муваффақ, олимон, хизматчиёни давлатӣ ва кормандоне, ки дар рушди соҳаи маориф ва илми кишвар нақши назаррас гузоштаанд, бахшида ба Рўзи омўзгорон нишонҳои Аълочии ифтихории маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.

Барномаи фарҳангӣ пешкаши омӯзгорон гардида, чорабинӣ бо руҳияи идонаву болидаи аҳли иштирокдорон ҳусни анҷом пазируфт. https://www.sugd.tj/index.php/tj/navid/16888-ruzi-omuzgoron

Мавриди зкир аст, ки бахшида ба Рӯзи омӯзгорон устодони Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ дар шаҳри Хуҷанд: Машокиров Шӯҳратҷон, Азимов Абдумавлон, Ҷонназарова Дилшода, Исмоилова Мутриба, Камолов Фаррухҷон сазовори унвони “Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон” гардидаанд.

Ҳамчунин устодон: Ҷамолиддинов Сӯҳроб, Қосимова Мавҷуда, Норбобоев Луқмонҷон, Раҳимов Эркинҷон, Мухторов Саидқосим, Ҷумаев Аскарҷон, Саидхоҷаева Мусаббехон, Калонова Матлуба, Эсонова Мавзунахон, Муминов Муҳиддин бо Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикситон қадршиносӣ гардидаанд.

мо ба ин дастоварди арзанда ва сазовор гардидан ба чунин унвонҳои баланд устодони арҷмандро табрик гуфта, барояшон комёбиҳои нав ба навро таманно менамоем.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *