Ваҳдати миллӣ – дастоварди беназири замони Истиқлолият

Санаи 17 май ҳамоиши ҷамъбастии Ҳаракати ҷамъиятии Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон таҳти унвони “Ваҳдати миллӣ- дастоварди беназири замони Истиқлолият” дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ бизнес ва сиёсати Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар ин ҳамоиш муовини директор оид ба тарбия ва рушди ҷавон Гулчеҳра Аҳоророва дар мавзуи «Тараннуми Истиқлолият ва Ваҳдати миллӣ дар ашъори Лоиқ Шералӣ» маърӯза намуд. Мавсуф бо овардани байтҳову таҳлилҳоли амиқ баён дошт, ки то чӣ андоза шабу рӯзҳои даргир шоир ғусса мехурд ва дарду аламҳояшро дар ашъори нобаш инъикос намудааст. Инчунин донишҷӯёни курси 1-уми ихтисоси баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит: Муллоева Насиба, Бобоҷонова Нилуфар, Ашӯрова Хушнуда дар мавзуи «Пешвои миллат – асосгузори сулҳи тоҷикон» иншо навишта, ғолибият ба даст оварданд ва аз ҷониби Шӯрои ҷамъиятии Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар вилояти Суғд бо Сипоснома қадрдонӣ гардиданд.

281925142_382636943880618_3318800797767918550_n
previous arrow
next arrow

Ҷаласаи ҷамъбасти конфронси илмӣ-амалии устодону донишҷӯён

Дар Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ бахшида ба Рўзи илми тоҷик конференсияи анъанавии илмию амалии олимону профессорон ва муҳаққиқони ҷавон таҳти унвони “Илм, иқтисодиёт ва ҷомеа: муаммоҳо ва роҳҳои баландбардории рақобатпазирии захираҳои меҳнатӣ ва нерӯи зеҳнӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ҷамъбаст гардид.
Зимни натиҷагирӣ аз конференсия директори донишкада, номзади илмҳои иқтисод, дотсент Ҳошимзода Ҳомид Ҳасан таъкид намуд, ки тайи солҳои охир Ҳукумати кишвар барои пешрафти илмӣ-техникӣ, тақвияти фаъолияти инноватсионӣ, иътироъкориву эҷодкорӣ аҳамияти хоса медиҳад. Мо ба масъалаҳои тайёр кардани кадрҳои баландихтисос, баландбардоштани рақобатпазирии захираҳои меҳнатӣ, тақвият додани нерӯи зеҳнӣ аҳамияти аввалиндараҷа медиҳем. Дар ин замина, дар донишкада пайваста конференсияҳои ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва донишкадавӣ баргузор мегарданд ва мақолаҳои пешниҳодгардидаи устодону муҳаққиқон дар шакли китоби алоҳида ба нашр мерасанд.
Баъди суханронии директори донишкада, номзади илмҳои иқтисод, дотсент Ҳошимзода Ҳомид Ҳасан деканҳои факултет оид ба натиҷаҳои баргузории конференсия ва муқаррароти он фикру мулоҳиза ва пешниҳодҳои худро баён доштанд.
Конференсияи илмию амалии “Илм, иқтисодиёт ва ҷомеа: муаммоҳо ва роҳҳои баландбардории рақобатпазирии захираҳои меҳнатӣ ва нерӯи зеҳнӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар вазъияти тантанавӣ ҷамъбаст гардида, ба як қатор устодон ва донишҷӯёни фаъол барои маърузаҳои пурмуҳтаво ва ғолибият дар бахшҳо диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

IMG_7920
previous arrow
next arrow

Фаъолияти омӯзгорӣ ва илмии профессор Усмонов Ирмат Усмонович

Устод Ирмат Усмонов 13-марти соли 1942 дар шаҳраки адрасмони ноҳияи Ашт чашм ба олами ҳасти кушодаанд.

Соли 1958 мактаби миёнаи №4 ба номи Маъдани деҳаи Понғозро бо баҳои аъло хатм намуда, ҳамон сол ба техникуми кооперативии шаҳри Ленинобод дохил шуда, онро соли 1960 бо муваффақият хатм намудаанд.

Усмонов Ирмат Усмонович баъд аз хизмат дар сафи Артиши давлати Шуравӣ ба донишкадаи савдои кооперативии шаҳри Самарқанд дохил шуда, онро соли 1967 бо ихтисоси молшинос-ташкилотчии савдои молҳои саноатӣ бо баҳои аъло хатм намудаанд. Маъмурияти Донишкада сатҳи дониш ва қобилияти кордонии Устод Ирмат Усмоновичро ба эътибор гирифта, ба ҳайси мудири лаборатория ба кор таъйин мекунад, ки фаъолияти меҳнатӣ ва омӯзгориашон дар ҳамин боргоҳи илм оғоз меёбад.

Ирмат Усмонович дар донишкадаи савдои кооперативии шаҳри Самарқанд, аввал, ҳамчун мудири лабораторияи кафедраи молшиносии молҳои саноатӣ, баъд дар вазифаи ассистенти кафедраи ташкил ва техникаи савдо фаъолият намуданд.

Соли 1969 маъмурияти Донишкадаи савдои кооперативии шаҳри Самарқанд Ирмат Усмоновичро, ҳамчун омӯзгори болаёқат барои таҳсил ба аспирантураи Донишкадаи савдои кооперативии шаҳри Москав тавсия мекунад. Ирмат Усмонович имтиҳони дохилшавиро бомуваффақият супорида, ба аспирантураи Донишкадаи мазкур дохил шуда, онро соли 1973 бо баҳои аъло хатм намуда, рисолаи номзадиашонро дар мавзӯи “Хоҷагиҳои анбори кооператсияи матлуботи Тоҷикистон ва роҳҳои такмили истифодабарии онҳо”, таҳти роҳбарии И. П. Шейченко бомуваффақият ҳимоя мекунанд.

Баъд аз ҳимояи рисолаи номзадӣ ба Донишкадаи савдои кооперативии шаҳри Самарқанд баргашта дар кафедраи ташкил ва техникаи савдо фаъолияти омӯзгории худро дар тайёр намудани мутахассисони соҳаи савдо давом медиҳанд.

Соли 1976 ба ҳайси дотсенти кафедраи асосҳои илмии идоракунӣ фаъолияти омӯзгории худро идома медиҳанд.

Соли 1979 Раёсати Иттифоқи Тоҷикматлубот дар мувофиқа бо роҳбарияти Донишкадаи савдои кооперативии шаҳри Самарқанд барои барқарор намудани фаъолияти нуқтаи таълиму машварати дар шаҳри Душанбе будаи Донишкадаи савдои кооперативии Самарқанд Ирмат Усмоновичро ба вазифаи мудири ин бахш тавсия менамояд.

Ирмат Усмонович дар муддати кӯтоҳ фаъолияти бахши мазкурро барқарор намуда, теъдоди донишҷӯёнро аз 150 нафар ба 800 нафар мерасонанд.

Соли 1987 баъди дар шаҳри Душанбе таъсис додани бахши Донишкадаи савдои кооперативии Шӯравии шаҳрӣ Новосибирск, ҳамчун мудири кафедраи фанҳои молшиносию технологӣ адои вазифа мекунанд. Аз соли 1986 ба ҳайси ноиби Ректор оид ба корҳои таълим ва иҷрокунандаи вазифаи Ректори Донишкадаи давлатии тиҷорати Тоҷикистон фаъолият бурда, соли 1993 барои ташкили Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ба вазифаи мушовири Ректори Донишгоҳи мазкур ба кор даъват мешаванд. Дар донишгоҳи мазкур бо ташаббуси Ирмат Усмонович кафедраи менеҷмент ва маркетинг ташкил гардида роҳбарии онро худ амали намудаанд.

Моҳи феврали соли 1995 раёсати Иттифоқи Тоҷикматлубот Ирмат Усмоновичро барои дар заминаи техникуми кооперативии шаҳри Хуҷанд ташкил намудани коллеҷи кооперативӣ ба кор даъват намуда дар навбати аввал директори техникум ва баъд директори коллеҷи кооперативии шаҳри Хуҷанд таъйин мекунад. Бо роҳбарии Ирмат Усмонович ду кафедраи тайёркунандаи мутахассисони соҳаи иқтисод ва савдои кооперативӣ ба роҳ монда мешаванд.

Солҳои 2001-2005 мудири кафедраи менеҷмент ва маркетинги КЯТ ДДТТ ва бо пешниҳоди Ректори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон солҳои 2006-2010 муовини директори Комплекси ягонаи таълимӣ Донишгоҳи давлатии тиҷоратӣ Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд оид ба илм ва истеҳсолот таъйин гардидаанд.

Ирмат Усмонович дар тайёр намудани мутахассисони соҳаи хизмат саҳми беандоза доранд, ки натиҷаи он ин дар соҳаҳои гуногуни хизмат фаъолият намудани шогирдони он кас мебошанд.

Натиҷаҳои фаъолияти илмӣ-тадқиқотии профессор Усмонов И.У.- 4 монография, зиёда аз 13 китоби дарсӣ ва воситаҳои таълимӣ, 200 мақолаҳои илмиро дар бар мегиранд. Аксарияти мақолаҳои илмии Усмонов И.У. дар маҷаллаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Федератсияи Россия ба чоп расидаанд. Профессор Ирмат Усмонов дар симпозиумҳо ва конфронсҳои илмӣ дар шаҳрҳои Маскав, Новосибирск, Чита, Таллин, Каунас, Самарқанд, Тошканд, Алма-ато, Белгород, Фрунзе, Ашқобод, Душанбе иштирок намуда, маърӯзаҳо намудаанд.

 

Қадрдонӣ барои саҳми муносиб дар рушди соҳаи варзиш

Устоди варзиш, муаллими калони кафедраи ҷомеашиносӣ Саидхоҷаев Абдураҳмон – барои саҳми муносиб дар рушди соҳаи варзиш, ноил гардидан ба дастовардҳои назарраси варзишӣ ва иштироки фаъолона дар чорабиниҳои ҷамъиятӣ бо СИПОСНОМАИ Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд сарфароз гардонида шуд.

Тақдими дипломҳои дараҷаи илмии доктори илм ва номзади илм

Санаи 29 декабр дар ҷаласаи Шӯрои олимони Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ба устодон, ки соҳиби дипломҳои дараҷаи доктори илм ва номзади илм гардиданд, тақдим карда шуд.
Аз ҷумла, ба дотсенти кафедраи ҷомеашиносӣ Алиева Рафоатхон Рашидовна дипломи дараҷаи доктори илмҳои таърих, ки аз ҷониби Комиссияи олии аттестатсионии Федератсияи Россия, ба ассистенти кафедраи математикаи олӣ ва технологияҳои инноватсионӣ Бобоҷонова Муаттар Муротҷоновна ва ассистенти кафедраи иқтисодиёт ва соҳибкорӣ Шарипова Шаҳноза Абдуразоқовна дипломи дараҷаи илмии номзади илмҳои иқтисодӣ, ки аз ҷониби Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дастрас гардидааст, супорида шуд.

IMG_2803
previous arrow
next arrow

Иштироки устоди донишкада Ҷӯраева Н. дар озмуни “Тоҷикистон – ватани азизи ман”

Ҷӯраева Нодирахон Зарифовна ассистенти кафедраи забонҳои хориҷӣ дар озмуни “Тоҷикистон – ватани азизи ман”, ки санаи 7.11.2021 баргузор шуд, дар жанри эстрадии “Номиннатсияи сарояндагӣ” барои иштироки фаъолона сазовори диплом гардид.

Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони даври шаҳрии озмунҳои ҷумҳуриявии «Илм-фурўғи маърифат» ва «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст»

 

Санаи 26 ноябр маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони даври шаҳрии озмунҳои ҷумҳуриявии «Илм-фурўғи маърифат» ва «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст» дар толори гимназияи №1-и шаҳри Хуҷанд баргузор гардид.Даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурўғи маърифат» бо мақсади таъмини иҷрои банди 4-уми Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 феврали соли 2021, №АП-44, қарори Раиси вилояти Суғд аз 30 марти соли 2021, №140 «Дар бораи ташкил ва гузаронидани даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурўғи маърифат»» ташкил ва гузаронида шуда, мақсади баргузории озмуни мазкур амалисозии барномаи «Бистсолаи омўзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф барои солҳои 2020-2040» ва ҷиҳати рушди тафаккури техникӣ, васеъ намудани ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо намудан ба техникаву технология, тавсияи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, пайвасти илм бо истеҳсолот, ҷалби бештари хонандагону донишҷўён ва дигар қишрҳои ҷомеа ба омўзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин дарёфти истеъдодҳои нав дар ин самт мебошад. Озмуни мазкур дар самтҳои математика, физика ва астраномия, химия, биология, география, технологияи иттилоотӣ, ихтироъкорӣ ва навоварӣ доир гардид.
Таъкид шуд, ки озмун ба пешравии илму техника ва ҳавасманд намудани ташаббускориву фаъолияти ихтироъкорӣ ва навоварӣ дар байни ҷавонон хизмат мекунад, ки дар шароити азнавсозиҳои ҷамъиятӣ омили муҳими такмили муносибатҳои истеҳсолӣ бояд гардид.
Сипас, дар вазъияти тантанавӣ ба 150 нафар ғолибони даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурўғи маърифат» ва «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст» мувофиқ ба ишғоли мақомҳояшон аз 500 то 1000 сомонӣ маблағҳои пулии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд тақдим карда шуд.
Аз ҷумла ба донишҷӯёни Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ Ӯрунов Фирӯз барои ишғоли ҷойи сеюм дар даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” аз рӯи номинатсияи эҷоди назму наср ва ба Алиев Азизҷон барои ишғоли ҷойи сеюм дар даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии “Илм – фурӯғи маърифат” аз рӯи номинатсияи технологияи итилоотӣ бо дипломи дараҷаи 3 ва ба ҳаҷми 500 сомонӣ маблағҳои пулӣ супорида шуд.

https://www.khujand.tj/index.php?option=com_content&view=article&id=7100%3Amuloqot&catid=36%3Anavgoni&Itemid=182&lang=tg

 

Қадрдонии донишҷӯён дар озмуни “Иншои беҳтарин” бахшида ба Рӯзи Парчам

Санаи 24 ноябр ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Осимӣ” дар назди Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣконференсияи илмӣ – амалӣ таҳти унвони “Парчам – рамзи ваҳдат ва ягонагии миллат” бо ибтикори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид.
Дар рафти чорабинӣ якчанд нафар аъзоёни фаъоли ҳизб бо Медали ҷашнӣ, Сипоснома ва тӯҳфаҳои кумиҷроияи шаҳрӣ қадршиносӣ карда шуданд.
Инчунин барои иншоҳои беҳтарин бахшида ба Рӯзи Конситутсия, Рӯзи Президент ва Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки байни донишҷӯёни донишгоҳҳои олии шаҳри Хуҷанд ва хонандагони муассисиҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ гузаронида шуда буд, ҷамъбаст гардида, ғолибони озмун бо диплом ва тӯҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардиданд.


Бояд, қайд кард, ки дар озмуни “Иншои беҳтарин” донишҷӯёни Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ низ ширкат варзида, Юсуфова Дилфуза, Зоидова, Фароғат, Аюбова Шаҳзода, Шарипова Фарзона, Ҷӯраева Манижа, Эргашева Аниса ва Орифӣ Фирдавс бо диплом ва тӯҳфаҳои хотирмон қадрдонӣ шудаанд.

http://www.hhdt-khujand.tj/index.php?p=news_02991ee4462a2f0e3e05e17d7ac81b7f

Курсҳои сайёри такмили ихтисос дар равияи иқтисодӣ

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати такмил ва баланд бардоштани сатҳи дониш ва малакаи касбии омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ дар шаҳри Хуҷанд дар ҳамкорӣ бо Донишкадаи такмили ихтисоси омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз санаи 01.11.2021 то 18.11.2021 курсҳои сайёри такмили ихтисоси равияи иқтисодӣ гузаронида шуд.
Дар ин курсҳо 52 нафар омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии вилоят иштирок намуда, соҳиби диплом гаштанд. Аз Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ низ 16 нафар омӯзгорон иштирок варзиданд.

IMG_1150
previous arrow
next arrow

Таъсири ҷаҳонишавӣ ба равандҳои сиёсии Тоҷикистон

Маърӯзаи устоди Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ Ф.Ҳошимов дар мавзӯи “Масъалаҳои таъмини амнияти иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити ҷаҳонишавӣ” дар конференсияи ҷумҳуриявии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳти унвони «Таъсири ҷаҳонишавӣ ба равандҳои сиёсии Тоҷикистон» (Душанбе, 29 октябр)