Санаи 27-уми феврали соли 2024 намояндагони Донишгоҳи давлатии миллии тадқиқотии Белгороди Федератсияи Россия ба Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ дар шаҳри Хуҷанд ташриф оварда, шартномаи ҳамкориро барои пешбурди корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва мубодилаи устодону донишҷӯён ба имзо расониданд.
Ба шартномаи ҳамкорӣ, и.в. директори Донишкада, номзади илмҳои иқтисод, дотсент Машокиров Ш. У. ва директори Маркази барномаҳои таҳсилоти муштараки Донишгоҳи давлатии миллии тадқиқотии Белгороди Федератсияи Россия, номзади илмҳои география Шевченко Валентина Николаевна имзо гузоштанд.
Мавриди зикр аст, ки зимни гуфтушунид масъалаҳои ташкили барномаҳои таҳсилотии ду-диплома ва муштарак муҳокима гардиданд. Тарафайн қарор қабул карданд, ки то моҳи апрели соли ҷорӣ механизми татбиқи барномаҳои таҳсилотии ду-диплома ва муштарак коркард шуда, он баъди мувофиқа бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли таҳсили оянда дар амал татбиқ карда мешавад.