Маҳфили илмии донишҷӯён бо номи «Менеҷер ва маркетологҳои ҷавон»

Санаи 18 декабр дар кафедраи менеҷмент ва маркетинг маҳфили илмии донишҷӯёни ихтисосҳои вобастаи кафедра бо номи «Менеҷер ва маркетологҳои ҷавон» бо иштироки устодон ва донишҷӯён баргузор гардид. Сухани ифтитоҳиро мудири кафедраи менеҷмент ва маркетинг н.и.и., дотсент Ниёзов Ҷ.С. оғоз намуда, доир ба аҳамияти ташкили маҳфил ва иштироки донишҷӯён дар он суханрони намуд. Сипас д.и.и., профессор Ғозибеков С.А. оид ба саҳми ҷавонон ва мутахассисони ҷавони соҳаи идоракунӣ дар пешрафти соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти кишвар суханрони намуданд. Мавзуҳое, ки аз тарафи донишҷӯён мавриди муҳокимаи иштирокчиёни маҳфил қарор гирифта буд бештар ба чунин самтҳо алоқаманд буданд: низоми идоракунии фаъолияти субъектони хоҷагидорӣ, таҳияи нақшаҳои стратегии фаъолияти онҳо, масъалаҳои таъминоти рақобатпазирии фаъолияти субъектони хоҷагидорӣ ва баланд бардоштани ҳосилнокии меҳнати кормандон дар низоми имрӯзаи идоракунии иқтисодиёт.
Доир ба ин масъалаҳо донишҷӯён маърӯза карда муҳокима ва мубодилаи афкор намуда донишҳои назариявии худро вобаста ба ихтисос мукаммал намуданд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *