Табрикоти директори Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Ҳошимзода Ҳ.Ҳ. ба муносибати ҷашни Наврӯзи ҷаҳонӣ

Дар ин лаҳзаҳои пурнишот, ки ба Тоҷикистони биҳиштосои мо соли нави аҷдодиамон – Наврӯзи ҷаҳонафрӯз бо қадамҳои сабзи худ фаро расидааст, аҳли ҷомеаи меҳнатӣ, ҳайати профессорону устодон, донишҷӯён ва кормандони донишкадаро ба ифтихори ин ҷашни фархунда, ки рамзи ҳувияти миллӣ ва истиқлоли маънавии тоҷикон мебошад, самимона табрику муборакбод менамоям.
Тавре Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фармудаанд:
«Наврӯз бо обу хок, марзу бум ва рӯҳи тамаддунсози ниёгони мо пайванди азалӣ дошта, расму ойинҳои он рамзҳое доранд, ки аз замонҳои бостонӣ то имрӯз рӯзгори мардуми фарҳангиву ободгар ва инсондӯсту таҳаммулгарои моро ҳамроҳӣ мекунанд. Дар айёми Наврӯз табиат эҳё мегардад, инсон нерӯи нав мегирад, дилу андешаҳо ба ҳам меоянд, одамон амалҳои саховату накӯкорӣ ва хайру савобро ба ҷо оварда, ба ҳамдигар шодиву сурур мебахшанд».
Воқеан, ҷашни Наврӯз аз муборактарин ҷашнҳои миллии мо – тоҷикон маҳсуб мешавад, ки аз замонҳои қадим то ба имрӯз бо ғояҳои олии башардӯстона – дӯстиву ҳамкорӣ, созандагиву ободкорӣ, инсондӯстиву хайрхоҳӣ ва шукргузорӣ аз зебоиву неъматҳои табиат мардумро гирди ҳам меорад.
Бо истифода аз фурсати муносиб бори дигар устодону донишҷӯён ва аҳли ҷомеаи донишкадаи азизамонро шахсан аз номи худ ва аз номи раёсати донишкада ба ифтихори ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ табрику таҳният намуда, ба ҳар яки шумо саломатӣ, хонаи обод, файзу баракати наврӯзӣ ва барори кор таманно менамоям.
Ҷашни Наврӯзи фархундапай муборак бошад!

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *