Барои ҳимояи марзу буми Ватан омодаем!

Дар ДИС ДДТТ мулоқоти директори Донишкада, номзади илмҳои иқтисод, дотсент Ҳошимзода Ҳ. Ҳ. бо хатмкунандагон баргузор гардид. Директори донишкада дар бораи омодагӣ ба аттестатсияи давлатии хатм маълумот дода, таъкид намуд, ки бояд хатмкунандагон омодагии ҳаматарафа дида, имтиҳонҳои хатмро сарбаландона супорида, рисолаҳои тахассусии хатмро дифоъ намоянд.
Мавриди зикр аст, ки солҳои охир донишҷӯён – хатмкунандагони Донишкада барои адои хизмати Модар – Ватан ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳуриии Тоҷикистон ихтиёрӣ ариза навишта, барои хизмат ба Артиши миллӣ сафарбар мегарданд.
Директори Донишкада дар идома зикр намуд, ки ки бояд ҳар як ҷавонмард барои ҳифзу ҳимояи сарзамини худ, Ватан-Модари худ камари ҳиммат бандад. Аз хатмкунандагон даъват ба амал оварда шуд, ки барои ҳимояи хоки поки меҳан ҳамеша омода бошанд.
Дар мулоқот муовини аввали комиссариати ҳарбии вилояти Суғд, полковник Солиҷонов Д. А., иштирок намуда, аз шароиту имкониятҳои фароҳамгардидаи қисмҳои низомӣ ёдоварӣ шуда, зикр дошт, ки хизмат ба Ватан барои ҷавонон мардонагӣ, ҷасорат далериву шуҷоатро меомӯзад ва ҳар ҷавонмард бояд адои хизмат намояд.
Дар идомаи мулоқот хатмкунандагон баромад карда, омодагии хешро барои хизмат ба Модар – Ватан иброз доштанд.
Лозим ба таъкид аст, ки аз Донишкада ба тариқи ихтиёрӣ зиёда аз 60 нафар хатмкунандагон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳуриии Тоҷикистон сафарбар гардиданд.

IMG_8365
IMG_8368
IMG_8369
previous arrow
next arrow

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *