Вохӯрӣ вобаста ба масоили муқовимат ба коррупсия ва пешгирии он

Санаи 10-уми майи соли равон дар бинои таълимии №4 вохӯрии устодону донишҷӯёни Донишкада бо Шарифзода Аминҷон – аъзои Комиссияи ҷамъиятӣ оид ба пешгирии коррупсия дар назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, сармуҳаррири рӯзномаи «Ҳақиқати Суғд» вобаста ба масоили муқовимат ба коррупсия ва пешгирии он, инчунин мақсад ва моҳияти «Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» баргузор гардид. Вохӯриро муовини директор оид ба тарбия ва рушди ҷавонон, дотсент Аҳророва Г.У. оғоз бахшида, таъкид намуд, ки коррупсия чун амали номатлуб, омили халалдорсозандаи рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва дар маҷмӯъ, тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат мебошад.
Шарифзода Аминҷон дар баромади худ зикр намуд, ки Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ҳамчун санади барномавии дурнамои миёнамуҳлати сиёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба коррупсия, баҳри паст кардани шиддат ва сатҳи коррупсия дар кишвар равона гардида, дар ҳамкории миёни мақомоти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ ва ҳамкорӣ бо созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ ва минтақавӣ амалӣ карда мешавад. Бо мақсади андешидани чораҳои маҷмӯии ташкилӣ, иҷтимоию иқтисодӣ, ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва иштироки ҷомеаи шаҳрвандӣ дар раванди мубориза бар зидди коррупсия, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3.08.2021 сол, №222 «Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» тасдиқ гардид.
Мавсуф, инчунин дар баромади худ аз устодону донишҷӯён даъват ба амал овард, ки дар иҷрои санадҳои меъёрию ҳуқуқии муқовиматбаранда бар зидди коррупсия саҳмгузор бошанд ва дар ин самт мавқеи баланди шаҳрвандии худро нишон диҳанд.
Дар анҷоми мулоқот донишҷӯён ба меҳмони чорабинӣ саволҳо пешниҳод намуда, ба он посухҳои мушаххас гирифтанд.

IMG_8480
IMG_8481
IMG_8482
IMG_8483
IMG_8486
IMG_8488
previous arrow
next arrow

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *