Табрикоти директори Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ, номзади илмҳои иқтисод, дотсент Ҳошимзода Ҳ.Ҳ. ба муносибати Рӯзи Ғалаба

Бо камоли эҳтиром ва самимияти афзун ҳамаи Шумо – ҳайати профессорону омӯзгорон, донишҷӯён ва кормандони Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистонро ба муносибати Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ табрику таҳният гуфта, бароятон сарбаландию сарфарозӣ, саодати рӯзгор, осмони софу беғубор, хонаи ободу осуда ва дар ҷодаи фаъолияти пурсамаратон барору комёбиҳо таманно менамоям.
Дар таърихи инсоният санаҳое ҳастанд, ки бо гузашти солҳо аҳамият ва бузургии онҳо боз ҳам бештар аён мегардад. Рӯзи Ғалаба ҳам дар радифи ҳамин гуна санаҳои фаромӯшнашаванда қарор дорад. Саҳифаҳои таърих ҷонбозию қаҳрамонии миллати тоҷикро дар ҳифзи марзу бум ва арзишҳои миллӣ дар хотираҳо ҷой додааст, ки барои наслҳои имрӯзу фардо сабақомӯз аст.
Ҷавонони диловари тоҷик дар солҳои 1941-1945 дар баробари дигар халқу миллатҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ба муқобили фашизм бархоста, рисолати ватандории худро ба ҷо оварда, дар таъмини ғалаба саҳми муносиб доранд. Имрӯз дар баробари дигар ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ мардуми Тоҷикистон рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватаниро бо шукӯҳу шаҳомати хос истиқбол менамоянд.
Ҳаёт ва фаъолияти пуршарафи собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ мову шуморо ба корҳои ободонию созандагӣ, таъмини шукуфоии Тоҷикистони азиз ва пос доштани дастовардҳои Истиқлолият ҳидоят менамояд. Пирӯзӣ дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ намунаи олии дӯстӣ, якдилӣ ва хизмати таърихии тамоми халқу миллатҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ мебошад. Тақрибан 100 ҳазор ҷавонмарди тоҷик дар арсаи ҷанг қаҳрамонона шаҳид гаштанд. Мо дар назди хотираи неки онҳо сари таъзим фуруд меорем ва бо зикри хайр номи онҳоро зинда медорем.
Ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунем, ки падарон ва бобоёни мо дар солҳои душвори баъдиҷангӣ меҳнати фидокорона намуда, хоҷагии халқи харобгардидаро барқарор намудаанд. Бо ҷаҳду талошҳои ватандӯстонаи собиқадорон ва мардуми мамлакат дар як муддати кӯтоҳ харобиҳои ҷанг бартараф карда шуда, Ватан ба ободӣ ва муваффақиятҳои бузург ноил гардид. Дар назди онҳое, ки на танҳо Ватани мо, балки тамоми инсониятро аз даҳшати фашизм наҷот додаанд, сари таъзим фуруд меорем. Ин саҳифаи таърихӣ бояд воситаи хуби таълиму тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии наслҳои оянда ва дар рӯҳияи гиромидошти сулҳу салоҳ, меҳанпарастиву инсонпарварӣ, меҳру муҳаббат нисбат ба Ватан бошад. Ҷасорату қаҳрамонӣ, диловарию муҳаббати зиёди онҳо нисбат ба халқу диёр барои мо ва наслҳои минбаъда мактаби бузурги ватандӯстӣ аст.
Бори дигар ҳамаи Шумо – устодону донишҷӯён ва кормандони донишкадаро ба муносибати Рӯзи Ғалаба муборакбод намуда, таманнои онро дорем, ки ҳамеша дар Ватани мо тинҷиву амонӣ ҳукумфармо бошаду мардуми шарифи Тоҷикистони азиз ҳамеша сарбаланду хонаобод ва тансиҳату комёб бошанд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *