Унвони “Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон” муборак!

23-юми майи соли ҷорӣ бо ташаббуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷавонон конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ дар мавзуи “Нақши ҷавонон дар рушди илму маорифи кишвар” баргузор гардид.
Дар ин чорабинии танатанвӣ аз ҷониби вазири маориф ва илми кишвар Раҳим Саидзода ба як қатор устодон ва омӯзгорони муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ нишони “Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон” тақдим карда шуд.
Боиси ифтихор аст, ки Абдурашид Ҷабборов-мудири Маркази бақайдгирӣ ва машварати Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд низ ба ин унвони баланд қадршиносӣ гардид.
Ба муносибати сазовор гардидан ба унвони “Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон” аз номи аҳли ҷомеаи Донишкада Абдурашид Ҷабборов-мудири Маркази бақайдгирӣ ва машварати Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистонро табрику таҳният гуфта, барояшон дастоварду комёбиҳои нав ба навро таманно менамоем.

Гирандагони Стипендияи Раиси вилояти Суғд ва Раиси шаҳри Хуҷанд

 Санаи 23-юми майи соли равон маросими супоридани Стипендияи Раиси вилояти Суғд баргузор гардид, ки дар соли таҳсили 2021-2022 аз Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон 17 нафар донишҷӯён, 4 нафар магистрантон ва 7 нафар аспирантон ба гирифтани он сазовор гардиданд. Ҳамчунин 3 нафар донишҷӯёни Донишкада ба гирифтани Стипендияи Раиси шаҳри Хуҷанд мушарраф гаштанд.

Дарси кушод дар мавзуи “Бозори меҳнат ва хусусиятҳои он”

Санаи 23-юми май дарси кушоди лексионии номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсенти кафедраи назарияи иқтисод Абдунасим Маҷидов аз фанни макроиқтисод дар мавзуи “Бозори меҳнат ва хусусиятҳои он” барои донишҷӯёни курси 1 гурӯҳи 25010407тб ихтисоси молия ва қарз баргузор гардид.
Ҳайъати кафедраи назарияи иқтисод, намояндаи шуъбаи мониторинг ва назорати сифати таълим ва дигарон ширкат варзида, ба дарси намунавии устод Маҷидов А. баҳои баланд доданд.

IMG_0087
previous arrow
next arrow

Табрикоти директори Донишкада ба муносибати Рӯзи ҷавонон

Бо камоли эҳтиром ва самимияти афзун ҳамаи Шумо – донишҷӯёни арҷманд ва ҷавонони саодатманди кишвари соҳибистиқлоламон – Тоҷикистони азизро ба муносибати Рӯзи ҷавонон табрику таҳният гуфта, бароятон сарбаландию сарфарозӣ, саодати рӯзгор, осмони софу беғубор, хонаи ободу осуда ва дар ҷодаи таълиму тарбия барору комёбиҳо таманно менамоям.
Ҷавонони Тоҷикистони соҳибистиқлол нерӯи созандаи Ватани азизамон буда, нақши онҳо дар тараққиёти ҳамаи соҳаҳои ҳаёти давлат ва ҷомеа арзишманд ва назаррас мебошад. Ҷавонони бонангу номус ва далеру ғаюри мо ҳамчун сипари боътимоди давлатдории миллиамон дар ҳифзи марзу буми кишвар ва таъмин намудани суботу оромии ҷомеа қарзи ватандӯстонаи хешро адо менамоянд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ фармудаанд:
“Ҷавонони шарафманди тоҷик анъанаҳои аҷдоди сарбаланди худро идома бахшида, ба Ватан, муқаддасоти давлатӣ ва ҳимояи марзу буми кишвар содиқ будани худро борҳо собит кардаанд. Насли ҷавони мамлакатамон бо ҳисси баланди миллӣ ва худшиносиву худогоҳӣ ба суннатҳои писандидаи гузаштаи халқамон, яъне ба таърих ва фарҳанги миллиамон арҷ мегузорад”.
Ҷаҳони пуртазоду ноороми замони муосир ҷавонони кишварро водор менамояд, ки аз таҳаввулоти босуръати сайёра ҳамеша огоҳ бошанд, худ ва ҳамсолонашонро аз таъсири манфии тарғиботи гурӯҳҳои ифротиву тундрав эмин нигоҳ доранд, барои ҳифзи истиқлолияту озодии сарзамини аҷдодӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва таҳкими пояҳои давлати соҳибихтиёри тоҷикон ҳамеша омода бошанд.
Мо боварӣ дорем, ки донишҷӯёни азиз ва ҷавонони ватандӯсти мо минбаъд низ бо илму донишҳои муосир, ҷаҳонбинии васеъ ва саъю талоши навҷӯёнаи худ барои вусъати амалҳои бунёдкорӣ ва боз ҳам таҳким ёфтани нуфузи кишварамон дар арсаи байналмилалӣ талош намуда, дар таҳкими амнияти халқу давлат, сулҳу субот ва боз ҳам устувор гардонидани пояҳои давлатдории миллиамон саҳми худро дареғ намедоранд.
Рӯзи ҷавонон муборак бошад, донишҷӯёни азиз!

Сафари устодони Донишкада ба Донишгоҳи Турини Итолиё аз рӯи барномаи UNICAC

Устодони кафедраи иқтисодиёти ҷаҳон: мудири кафедра, дотсент Мухитдинова Ш.С. ва дотсенти кафедра Комарова А.И., инчунин магистранти курси 2-юми ихтисоси иқтисодиёти ҷаҳон Шамсиева Н.А. дар Донишгоҳи Турини Итолиё аз рӯи  Лоиҳаи UNICAC барномаи ЭРАСМУС+ дар семинарҳо, терингҳо ва вохӯриҳои дар доираи ин барнома ташкилшуда фаъолона ширкат варзида истодаанд. Санаҳои 17 ва 18 майи соли ҷорӣ онҳо дар якчанд семинарҳо аз тарафи директори Донишкадаи менеҷмент ва иқтисодиёт: профессор Francesca Cullasso, коршиноси барномаи UNICAC профессор Maurizio Cisi, профессорон Cristina Ragionieri, Eliana Silvestri, Elena Bertaglia, Annarita Letizia баргузоргашта иштирок намуданд. Инчунин санаи 19 май дар Раёсати ин Донишгоҳ онҳо Донишкадаи иқтисодиёт ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистонро муаррифӣ намуда, оид ба ҳадафҳои асосии Донишкада, ихтисосҳои марбутаи он, гурӯҳҳои таҳсил бо забони англисӣ, робитаҳои байналмилалӣ ва имкониятҳои донишкада маълумот доданд. Дар нимаи дуюми ҳаминрӯз ба парки технологии ин Донишгоҳ Envi park рафта, бо фаъолияти ин парки технологӣ аз наздик ошно гардиданд.

IMG-20220517-WA0018
previous arrow
next arrow

Саҳми академик Раҳимов Рашид Каримович дар рушди илми иқтисоди Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар бинои чаҳоруми ДИС ДДТТ семинари ҷумҳуриявӣ дар мавзуи “Саҳми академик Раҳимов Рашид Каримович дар рушди илми иқтисоди Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардид. Сараввал меҳмонон аз бинои нави таълимии Донишкада дидан карда, бо шароити таълим ва тарбия ошно гашта, бо устодону донишҷӯён мулоқот намуданд.
Семинари ҷумҳуриявӣ бо сухани ифтитоҳии директори Донишкада, номзади илмҳои иқтисод, дотсент Ҳошимзода Ҳомид Ҳасан оғоз гардид, ки меҳмонон ва аҳли нишастро хайрамақдам гуфта, дар бораи хидматҳои академик Рашид Раҳимов дар рушди иқтисоди кишвар ибрози андеша намуд.
Директори Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ, д.и.и, профессор Шариф Раҳимзода зимни суханронии худ аз нақш ва саҳми академик Раҳимов Рашид Каримович дар рушди иқтисодиёти миллӣ ва омода кардани мутахассисони варзидаи соҳаи иқтисод ибрози назар кард.
Баъдан тибқи барномаи семинар мудири шуъбаи тадқиқотҳои иқтисодии муқоисавии Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ, д.и.и., профессор, узви вобасати АМИТ Саидмуродзода Лутфулло Ҳабибулло дар мавзӯи “Марҳилаҳои асосии рушди афкори иқтисодии халқи тоҷик: илми академикӣ дар давраҳои иқтисоди танзимшаванда ва бозорӣ” маърӯзаи пурмуҳтаво намуд.
Маърузаи д.и.и., профессори ДДҲБСТ Раҳимов А.М. ба мавзӯи “Нақши академик Раҳимов Р.К. дар таҳқиқи муаммоҳои баланд бардоштани самаранокии иқтисодиёти Тоҷикистон” бахшида шуд.
Ҳамчунин дар семинари ҷумҳуриявӣ маърузаҳои д.и.и., профессори Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд Авезов А.Ҳ. дар мавзуи “Ташаккули низоми инноватсионӣ дар иқтисодиёти гузариш” ва мудири кафедраи назарияи иқтисоди ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, д.и.и., дотсент Алиҷонов Ҷ.А. дар мавзӯи “Заминаҳои татбиқи саноатикунонии босуръат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” шунида мавриди муҳокима қарор дода шуданд.
Дар идомаи семинар шогирдону ҳамкорони академик Раҳимов Рашид Каримович д.и.и., профессори ДДҲБСТ Алиҷон Азизович Бойматов, д.и.и., профессори ДДҲБСТ Тӯрақул Ризоқулов ва д.и.и., профессори ДИС ДДТТ Инъомҷон Аминов хотираҳои хешро аз рӯзгори устод, дӯст ва ҳамкори хеш нақл карда, зиндагии шодравонро барои насли наврас намунаи ибрат арзёбӣ карданд.
Ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон номзади илмҳои иқтисод, дотсент Маҳмадалӣ Бахтиёр Набӣ аз баргузории семинари мазкур ба хотири гиромидошти олимони бузурги соҳаи иқтисод, аз ҷумла академик Раҳимов Рашид Каримович арзи сипос намуда, дар ин самт иқдоми Раёсати Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ-ро шоистаи ибрат тавсиф намуд.
Дар поёни семинар директори Донишкада, номзади илмҳои иқтисод, дотсент Ҳошимзода Ҳомид Ҳасан пешниҳод намуд, ки хуб мешуд ба номи академик Раҳимов Рашид Каримович ҷоиза таъсис дода шуда, ҳамасола олимони ҷавони соҳаи иқтисод барои беҳтарин дастовардҳои илмӣ қадрдонӣ карда шаванд.
Мавриди зикр аст, ки академик Раҳимов Рашид Каримович (1932-2020) доктори илми иқтисодӣ (1968), профессор (1970), Академики АИ ҶШС Тоҷикистон (1987), Арбоби шоистаи илм ва техникаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (1994), дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯалӣ ибни Сино (1987) буда, Институти хоҷагии халқи Москва ба номи Г. В. Плехановро аз рӯи ихтисоси иқтисоди саноат хатм кардааст. Самтҳои асосии фаъолияти илмии устод: иқтисодиёт, самаранокии истеҳсолоти ҷамъиятӣ, масъалаҳои назариявии иқтисоди миллии Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Академик Раҳимов Рашид Каримович дар вазифаҳои пурмасъулияти ёвари ноиби президенти АИ ҶШС Тоҷикистон (1957-1958), мудири бахши саноати Шуъбаи иқтисод АИ ҶШС Тоҷикистон (1958-1963), мудири Шуъбаи иқтисод АИ ҶШС Тоҷикистон (1963-1964), директори Институти иқтисодиёти АИ ҶШС Тоҷикистон (аз соли 1991 АИ ҶТ) (1964-1995). Директори Институти иқтисоди ҷаҳонӣ ва муносибатҳои байналмилалӣ (1995-1999), директори ифтихории Институти иқтисодиёти АИ Тоҷикистон (2000) кор кардааст.
Барои хидматҳои арзанда бо Ордени «Нишони Фахрӣ», медали «Барои меҳнати шоён. Ба муносибати 100-солагии рӯзи таваллуди В.И.Ленин», Ифтихорномаҳои Раёсати Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон, Арбоби шоистаи илм ва техникаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (1994), Дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯалӣ ибни Сино (1987) қадрдонӣ карда шудааст.

IMG_9967
previous arrow
next arrow

Стипендияи Раиси Раёсати Иттифоқи Тоҷикматлубот ба донишҷӯёни фаъол

Санаи 20-уми майи соли равон маросими супоридани Стипендияи Раиси Раёсати Иттифоқи Тоҷикматлубот ба донишҷӯёни фаъол, намунавӣ ва пешсафи Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид. Дар маросими супоридани Стипентия директори Донишкада номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Ҳошимзода Ҳ.Ҳ. иштирок карда, сараввал ҳамаи онҳоро ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон таҳният намуд. Аз ҷумла, таъкид гардид, ки имрӯз нисбат ба ҷавонон таваҷҷуҳу ғамхории беандоза зоҳир мегардад. Муносибати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масоили гуногунҷабҳаи ҳаёти ҷавонон ва ҷалби диққати ҷомеа дар тарбияву ташаккули афкори онҳо шароит фароҳам меорад, то ки ояндасозони ҷомеа мақому манзалати худро дар зиндагӣ пайдо намоянд.
Сипас, дар вазъияти тантанавӣ ба 9 нафар донишҷӯёни аълохон Стипендияи Раиси Раёсати Иттифоқи Тоҷикматлубот супорида шуд.
Дар навбати худ донишҷӯёни Донишкада Мунавваров Сайфиддин ва Нозирова Зебохон арзи сипоси гирандагони Стипендияро ба Раиси Раёсати Иттифоқи Тоҷикматлубот Идиев Ҳ.С. барои таваҷҷуҳ ва дастгириашон иброз намуданд.

IMG_9873
previous arrow
next arrow

Ҷавонон – пайравони Пешвои миллат

Санаи 19-уми май дар Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ ҳамоиши ҷавонон таҳти унвони «Ҷавонон – пайравони Пешвои миллат», бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар сатҳи баланд баргузор гардид. Дар ҳамоиши ҷавонон директори Донишкада н.и.и., дотсент Ҳошимзода Ҳ.Ҳ., сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд – Мирзоқосим Каримзода, шоираи ширинкалом Гулноз Тоҳирӣ иштирок ва суханронӣ намуданд. Нахуст, директори Донишкада дотсент Ҳошимзода Ҳ.Ҳ. аз сиёсати давлатӣ дар самти дастгирии ҷавонон ва нақши онҳо дар ҷомеа ёдовар шуд. Таъкид гардид, ки ҷавонони Донишкада дар ҳамаи чорабиниҳо ва мусобиқаҳои варзишӣ пешсаф буда, ғолибият ба даст овардаанд.
Сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд – Мирзоқосим Каримзода аз таваҷҷуҳи махсуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ҷавонон ёдовар шуда, иштироки фаъолонаи ин қишри ҷомеаро дар пешрафти хоҷагии халқи мамлакат таъкид намуд.
Шоира Гулноз Тоҳирӣ дар ҳамоиш бо шеъру каломи ноб васфи Ватану ҷавонӣ намуд.
Дар қисмати фарҳангии чорабинӣ дастаи ҳунарии «Садои ҷавонӣ» бо сурудҳои нав, рақсҳои ҷаззоб ва дастаи хушдилону ҳозирҷавобони Донишкада бо ҳазлу шӯхиҳо хотири аҳли нишастро болида намуданд.

IMG_9637
previous arrow
next arrow

Ваҳдати миллӣ – дастоварди беназири замони Истиқлолият

Санаи 17 май ҳамоиши ҷамъбастии Ҳаракати ҷамъиятии Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон таҳти унвони “Ваҳдати миллӣ- дастоварди беназири замони Истиқлолият” дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ бизнес ва сиёсати Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар ин ҳамоиш муовини директор оид ба тарбия ва рушди ҷавон Гулчеҳра Аҳоророва дар мавзуи «Тараннуми Истиқлолият ва Ваҳдати миллӣ дар ашъори Лоиқ Шералӣ» маърӯза намуд. Мавсуф бо овардани байтҳову таҳлилҳоли амиқ баён дошт, ки то чӣ андоза шабу рӯзҳои даргир шоир ғусса мехурд ва дарду аламҳояшро дар ашъори нобаш инъикос намудааст. Инчунин донишҷӯёни курси 1-уми ихтисоси баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит: Муллоева Насиба, Бобоҷонова Нилуфар, Ашӯрова Хушнуда дар мавзуи «Пешвои миллат – асосгузори сулҳи тоҷикон» иншо навишта, ғолибият ба даст оварданд ва аз ҷониби Шӯрои ҷамъиятии Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар вилояти Суғд бо Сипоснома қадрдонӣ гардиданд.

281925142_382636943880618_3318800797767918550_n
previous arrow
next arrow

Чорабинии фарҳангии «Шоми ҷавонӣ»

Санаи 18-уми майи соли равон дар Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” тибқи нақшаи Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд, инчунин шуъбаи тарбияи Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон чорабинии фарҳангии «Шоми ҷавонӣ» бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур дастаи ҳунарии «Садои ҷавонӣ»-и Донишкада бо суруду тарона ва рақсҳои ҷолиб баромад намуданд.

IMG_9459
previous arrow
next arrow