Саҳми академик Раҳимов Рашид Каримович дар рушди илми иқтисоди Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар бинои чаҳоруми ДИС ДДТТ семинари ҷумҳуриявӣ дар мавзуи “Саҳми академик Раҳимов Рашид Каримович дар рушди илми иқтисоди Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардид. Сараввал меҳмонон аз бинои нави таълимии Донишкада дидан карда, бо шароити таълим ва тарбия ошно гашта, бо устодону донишҷӯён мулоқот намуданд.
Семинари ҷумҳуриявӣ бо сухани ифтитоҳии директори Донишкада, номзади илмҳои иқтисод, дотсент Ҳошимзода Ҳомид Ҳасан оғоз гардид, ки меҳмонон ва аҳли нишастро хайрамақдам гуфта, дар бораи хидматҳои академик Рашид Раҳимов дар рушди иқтисоди кишвар ибрози андеша намуд.
Директори Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ, д.и.и, профессор Шариф Раҳимзода зимни суханронии худ аз нақш ва саҳми академик Раҳимов Рашид Каримович дар рушди иқтисодиёти миллӣ ва омода кардани мутахассисони варзидаи соҳаи иқтисод ибрози назар кард.
Баъдан тибқи барномаи семинар мудири шуъбаи тадқиқотҳои иқтисодии муқоисавии Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ, д.и.и., профессор, узви вобасати АМИТ Саидмуродзода Лутфулло Ҳабибулло дар мавзӯи “Марҳилаҳои асосии рушди афкори иқтисодии халқи тоҷик: илми академикӣ дар давраҳои иқтисоди танзимшаванда ва бозорӣ” маърӯзаи пурмуҳтаво намуд.
Маърузаи д.и.и., профессори ДДҲБСТ Раҳимов А.М. ба мавзӯи “Нақши академик Раҳимов Р.К. дар таҳқиқи муаммоҳои баланд бардоштани самаранокии иқтисодиёти Тоҷикистон” бахшида шуд.
Ҳамчунин дар семинари ҷумҳуриявӣ маърузаҳои д.и.и., профессори Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд Авезов А.Ҳ. дар мавзуи “Ташаккули низоми инноватсионӣ дар иқтисодиёти гузариш” ва мудири кафедраи назарияи иқтисоди ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, д.и.и., дотсент Алиҷонов Ҷ.А. дар мавзӯи “Заминаҳои татбиқи саноатикунонии босуръат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” шунида мавриди муҳокима қарор дода шуданд.
Дар идомаи семинар шогирдону ҳамкорони академик Раҳимов Рашид Каримович д.и.и., профессори ДДҲБСТ Алиҷон Азизович Бойматов, д.и.и., профессори ДДҲБСТ Тӯрақул Ризоқулов ва д.и.и., профессори ДИС ДДТТ Инъомҷон Аминов хотираҳои хешро аз рӯзгори устод, дӯст ва ҳамкори хеш нақл карда, зиндагии шодравонро барои насли наврас намунаи ибрат арзёбӣ карданд.
Ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон номзади илмҳои иқтисод, дотсент Маҳмадалӣ Бахтиёр Набӣ аз баргузории семинари мазкур ба хотири гиромидошти олимони бузурги соҳаи иқтисод, аз ҷумла академик Раҳимов Рашид Каримович арзи сипос намуда, дар ин самт иқдоми Раёсати Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ-ро шоистаи ибрат тавсиф намуд.
Дар поёни семинар директори Донишкада, номзади илмҳои иқтисод, дотсент Ҳошимзода Ҳомид Ҳасан пешниҳод намуд, ки хуб мешуд ба номи академик Раҳимов Рашид Каримович ҷоиза таъсис дода шуда, ҳамасола олимони ҷавони соҳаи иқтисод барои беҳтарин дастовардҳои илмӣ қадрдонӣ карда шаванд.
Мавриди зикр аст, ки академик Раҳимов Рашид Каримович (1932-2020) доктори илми иқтисодӣ (1968), профессор (1970), Академики АИ ҶШС Тоҷикистон (1987), Арбоби шоистаи илм ва техникаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (1994), дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯалӣ ибни Сино (1987) буда, Институти хоҷагии халқи Москва ба номи Г. В. Плехановро аз рӯи ихтисоси иқтисоди саноат хатм кардааст. Самтҳои асосии фаъолияти илмии устод: иқтисодиёт, самаранокии истеҳсолоти ҷамъиятӣ, масъалаҳои назариявии иқтисоди миллии Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Академик Раҳимов Рашид Каримович дар вазифаҳои пурмасъулияти ёвари ноиби президенти АИ ҶШС Тоҷикистон (1957-1958), мудири бахши саноати Шуъбаи иқтисод АИ ҶШС Тоҷикистон (1958-1963), мудири Шуъбаи иқтисод АИ ҶШС Тоҷикистон (1963-1964), директори Институти иқтисодиёти АИ ҶШС Тоҷикистон (аз соли 1991 АИ ҶТ) (1964-1995). Директори Институти иқтисоди ҷаҳонӣ ва муносибатҳои байналмилалӣ (1995-1999), директори ифтихории Институти иқтисодиёти АИ Тоҷикистон (2000) кор кардааст.
Барои хидматҳои арзанда бо Ордени «Нишони Фахрӣ», медали «Барои меҳнати шоён. Ба муносибати 100-солагии рӯзи таваллуди В.И.Ленин», Ифтихорномаҳои Раёсати Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон, Арбоби шоистаи илм ва техникаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (1994), Дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯалӣ ибни Сино (1987) қадрдонӣ карда шудааст.

IMG_9967
IMG_9903
IMG_0051
IMG_0013
IMG_9969
IMG_9953
IMG_9988
IMG_9955
IMG_0005
IMG_0012
IMG_0018
IMG_9962
IMG_0022
IMG_9960
IMG_0028
IMG_9980
IMG_0031
IMG_0039
IMG_0045
IMG_0048
IMG_9992
IMG_9978
IMG_0049
IMG_0066
IMG_0068
previous arrow
next arrow

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *