Табрикоти директори Донишкада ба муносибати Рӯзи ҷавонон

Бо камоли эҳтиром ва самимияти афзун ҳамаи Шумо – донишҷӯёни арҷманд ва ҷавонони саодатманди кишвари соҳибистиқлоламон – Тоҷикистони азизро ба муносибати Рӯзи ҷавонон табрику таҳният гуфта, бароятон сарбаландию сарфарозӣ, саодати рӯзгор, осмони софу беғубор, хонаи ободу осуда ва дар ҷодаи таълиму тарбия барору комёбиҳо таманно менамоям.
Ҷавонони Тоҷикистони соҳибистиқлол нерӯи созандаи Ватани азизамон буда, нақши онҳо дар тараққиёти ҳамаи соҳаҳои ҳаёти давлат ва ҷомеа арзишманд ва назаррас мебошад. Ҷавонони бонангу номус ва далеру ғаюри мо ҳамчун сипари боътимоди давлатдории миллиамон дар ҳифзи марзу буми кишвар ва таъмин намудани суботу оромии ҷомеа қарзи ватандӯстонаи хешро адо менамоянд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ фармудаанд:
“Ҷавонони шарафманди тоҷик анъанаҳои аҷдоди сарбаланди худро идома бахшида, ба Ватан, муқаддасоти давлатӣ ва ҳимояи марзу буми кишвар содиқ будани худро борҳо собит кардаанд. Насли ҷавони мамлакатамон бо ҳисси баланди миллӣ ва худшиносиву худогоҳӣ ба суннатҳои писандидаи гузаштаи халқамон, яъне ба таърих ва фарҳанги миллиамон арҷ мегузорад”.
Ҷаҳони пуртазоду ноороми замони муосир ҷавонони кишварро водор менамояд, ки аз таҳаввулоти босуръати сайёра ҳамеша огоҳ бошанд, худ ва ҳамсолонашонро аз таъсири манфии тарғиботи гурӯҳҳои ифротиву тундрав эмин нигоҳ доранд, барои ҳифзи истиқлолияту озодии сарзамини аҷдодӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва таҳкими пояҳои давлати соҳибихтиёри тоҷикон ҳамеша омода бошанд.
Мо боварӣ дорем, ки донишҷӯёни азиз ва ҷавонони ватандӯсти мо минбаъд низ бо илму донишҳои муосир, ҷаҳонбинии васеъ ва саъю талоши навҷӯёнаи худ барои вусъати амалҳои бунёдкорӣ ва боз ҳам таҳким ёфтани нуфузи кишварамон дар арсаи байналмилалӣ талош намуда, дар таҳкими амнияти халқу давлат, сулҳу субот ва боз ҳам устувор гардонидани пояҳои давлатдории миллиамон саҳми худро дареғ намедоранд.
Рӯзи ҷавонон муборак бошад, донишҷӯёни азиз!

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *