Мизи мудаввар дар мавзӯи “Назорати сифати молҳо ва нишондиҳандаҳои баҳодиҳии он”

Санаи 26 ноябри соли 2021 дар доираи нақша чорабинии кафедраи молшиносӣ ва фаъолияти гумрукии ДИС ДДТТ баҳри иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2030” барои баланд бардоштани савияи дониши донишҷӯён мизи мудаввар дар мавзӯи “Назорати сифати молҳо ва нишондиҳандаҳои баҳодиҳии он (дар мисоли корхонаҳои истеҳсолии вилояти Суғд)” бо донишҷӯёни ихтисоси 25010900-молшиносӣ ва муоинаи мол дар бинои 4-уми ДИС ДДТТ бо иштироки корманди Маркази Тоҷикстандарт дар вилояти Суғд Сайдуллоев Раҳматҷон Аҳмадҷонович гузаронида шуд.

Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони даври шаҳрии озмунҳои ҷумҳуриявии «Илм-фурўғи маърифат» ва «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст»

 

Санаи 26 ноябр маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони даври шаҳрии озмунҳои ҷумҳуриявии «Илм-фурўғи маърифат» ва «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст» дар толори гимназияи №1-и шаҳри Хуҷанд баргузор гардид.Даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурўғи маърифат» бо мақсади таъмини иҷрои банди 4-уми Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 феврали соли 2021, №АП-44, қарори Раиси вилояти Суғд аз 30 марти соли 2021, №140 «Дар бораи ташкил ва гузаронидани даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурўғи маърифат»» ташкил ва гузаронида шуда, мақсади баргузории озмуни мазкур амалисозии барномаи «Бистсолаи омўзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф барои солҳои 2020-2040» ва ҷиҳати рушди тафаккури техникӣ, васеъ намудани ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо намудан ба техникаву технология, тавсияи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, пайвасти илм бо истеҳсолот, ҷалби бештари хонандагону донишҷўён ва дигар қишрҳои ҷомеа ба омўзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин дарёфти истеъдодҳои нав дар ин самт мебошад. Озмуни мазкур дар самтҳои математика, физика ва астраномия, химия, биология, география, технологияи иттилоотӣ, ихтироъкорӣ ва навоварӣ доир гардид.
Таъкид шуд, ки озмун ба пешравии илму техника ва ҳавасманд намудани ташаббускориву фаъолияти ихтироъкорӣ ва навоварӣ дар байни ҷавонон хизмат мекунад, ки дар шароити азнавсозиҳои ҷамъиятӣ омили муҳими такмили муносибатҳои истеҳсолӣ бояд гардид.
Сипас, дар вазъияти тантанавӣ ба 150 нафар ғолибони даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурўғи маърифат» ва «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст» мувофиқ ба ишғоли мақомҳояшон аз 500 то 1000 сомонӣ маблағҳои пулии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд тақдим карда шуд.
Аз ҷумла ба донишҷӯёни Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ Ӯрунов Фирӯз барои ишғоли ҷойи сеюм дар даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” аз рӯи номинатсияи эҷоди назму наср ва ба Алиев Азизҷон барои ишғоли ҷойи сеюм дар даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии “Илм – фурӯғи маърифат” аз рӯи номинатсияи технологияи итилоотӣ бо дипломи дараҷаи 3 ва ба ҳаҷми 500 сомонӣ маблағҳои пулӣ супорида шуд.

https://www.khujand.tj/index.php?option=com_content&view=article&id=7100%3Amuloqot&catid=36%3Anavgoni&Itemid=182&lang=tg

 

Мизи мудаввари байналмилалии илмӣ дар мавзӯи “Муаммоҳои иҷтимоӣ-демографии давлатҳои ИДМ дар марҳилаи COVID-19”

Санаи 25-уми ноябри соли 2021 дар Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд дар доираи рушди робитаҳои байналмилалӣ ва тақвияти корҳои илмӣ-тадқиқотии ҳайати профессорону омӯзгорони донишкада мизи мудаввари байналмилалии илмӣ дар мавзӯи “Муаммоҳои иҷтимоӣ-демографии давлатҳои ИДМ дар марҳилаи COVID-19” бо иштироки меҳмонони ватаниву хориҷӣ баргузор гардид.

Дар оғози ҷаласаи мизи мудаввар директори Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Ҳошимзода Ҳомид Ҳасан бо сухани ифтитоҳӣ баромад намуда, меҳмононро хайрамақдам гуфт.

Меҳмонони олиқадр аз Федератсияи Россия, аз ҷумла, д.и.и., профессор, узви пайвастаи АИР, директори Институти тадқиқотҳои демографии Маркази илмӣ-тадқиқотии иҷтимоии федералии Академияи илмҳои Россия мудири кафедраи сиёсати демографӣ ва муҳоҷиратии ДДРБМ ВКХ Россия Рязансев Сергей Василевич дар мавзӯи “Рушди демографии давлатҳои ИДМ: 30 соли пошхӯрии ИҶШС” баромад намуд.

Сипас, маърӯзаи н.и.и., муовини директор оид ба лоиҳакашии инноватсионии Институти тадқиқотҳои демографии Маркази илмӣ-тадқиқотии иҷтимоии федералии Академияи илмҳои Россия, дотсенти кафедраи сиёсати демографӣ ва муҳоҷиратии ДДРБМ ВКХ Россия Лукянес Артём Сергеевич дар мавзӯи «Муҳоҷирати иқлимӣ ҳамчуни тренди муосир» шунида шуд.

Аз олимони ватанӣ д.и.и., профессор, корманди пешбари маркази илмӣ-тадқиқотии Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ Азимов Абдумавлон Ҷалилович дар мавзӯи «Муҳоҷирати таълимӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ» маърӯза намуд.

Дар фазои тантана аз тарафи директори Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ Ҳошимзода Ҳомид Ҳасан ба директори Институти тадқиқотҳои демографии Маркази илмӣ-тадқиқотии иҷтимоии федералии Академияи илмҳои Россия Рязансев Сергей Василевич дипломи “Профессори фахрӣ”-и донишкада супорида шуд.

Дар фарҷоми чорабинӣ байни Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ дар шаҳри Хуҷанд ва Институти тадқиқотҳои демографии Маркази илмӣ-тадқиқотии иҷтимоии федералии Академияи илмҳои Россия созишномаи ҳамкории тарафайн дар бобати иҷрои корҳои илмӣ-тадқиқотӣ, гузаронидани онлайн-лексияҳо ва тайёр кардани мутахасстсони илмӣ баста шуд.

Ходими калони илмии Институти тадқиқотҳои демографии Маркази илмӣ-тадқиқотии иҷтимоии федералии Академияи илмҳои Россия Акрамов Шариф Юлдошевич барои гузаронидани чунин як мизи мудаввар дар сатҳи олӣ ба аҳли Раёсати донишкада изҳори сипос намуд.

Мизи мудаввари байналмилалии илмӣ дар мавзӯи “Муаммоҳои иҷтимоӣ-демографии давлатҳои ИДМ дар марҳилаи COVID-19 ” бо иштироки меҳмонони ватаниву хориҷӣ дар фазои гарми дӯстона бо муҳокимаҳои илмӣ ва баррасии як қатор пешниҳодҳои судманд ба анҷом расид.

 

IMG_1400
previous arrow
next arrow

Қадрдонии донишҷӯён дар озмуни “Иншои беҳтарин” бахшида ба Рӯзи Парчам

Санаи 24 ноябр ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Осимӣ” дар назди Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣконференсияи илмӣ – амалӣ таҳти унвони “Парчам – рамзи ваҳдат ва ягонагии миллат” бо ибтикори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид.
Дар рафти чорабинӣ якчанд нафар аъзоёни фаъоли ҳизб бо Медали ҷашнӣ, Сипоснома ва тӯҳфаҳои кумиҷроияи шаҳрӣ қадршиносӣ карда шуданд.
Инчунин барои иншоҳои беҳтарин бахшида ба Рӯзи Конситутсия, Рӯзи Президент ва Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки байни донишҷӯёни донишгоҳҳои олии шаҳри Хуҷанд ва хонандагони муассисиҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ гузаронида шуда буд, ҷамъбаст гардида, ғолибони озмун бо диплом ва тӯҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардиданд.


Бояд, қайд кард, ки дар озмуни “Иншои беҳтарин” донишҷӯёни Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ низ ширкат варзида, Юсуфова Дилфуза, Зоидова, Фароғат, Аюбова Шаҳзода, Шарипова Фарзона, Ҷӯраева Манижа, Эргашева Аниса ва Орифӣ Фирдавс бо диплом ва тӯҳфаҳои хотирмон қадрдонӣ шудаанд.

http://www.hhdt-khujand.tj/index.php?p=news_02991ee4462a2f0e3e05e17d7ac81b7f

Афзалиятҳои ҳамкории судманди низоми бонкии ҶТ бо ташкилотҳои молиявӣ-қарзии байналхалқӣ ва дурнамои рушди муносибатҳо

Санаи 25 ноябри соли 2021 кафедраи молия ва қарз дар Маркази забонҳои МДТ “Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон” (ИЭТ ТГУК), бинои таълимии №1 мизи мудаввар таҳти мавзӯи “ ” бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки кормандони ташкилотҳои қарзӣ, устодони варзидаи кафедраи молия ва қарз ва донишҷӯёни ихтисосҳои кори бонкӣ, молия ва қарз дар ФИБ баргузор гардид.
Дар мизи мудаввар кормандони варзидаи ташкилотҳои қарзии дар шаҳри Хуҷанд фаъолият бурда истода: Ғаниева Сарвиноз – мутахассис оид ба захираҳои кадрии ҶСП “Бонки Арванд”, Ҳошимова Гулнора – менеҷер оид ба таҳия ва пешниҳоди маҳсулотҳои бонкии Департаменти бизнеси корпоративии ҶСК “Бонки Эсхата”, Султонов Фирдавс – сардори раёсати рушди тиҷорати ҶСП ТАҚХ “ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ”, Зарифов Афзалшо – сардори шуъбаи амалиётии ФҶСК “Halyk Bank Tajikistan” дар шаҳри Хуҷанд, Алимов Шодиқул – мутахассис оид ба қарзҳои тиҷоратии чаканаи ҶСП ТАҚХ “ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ”, декани факултети молия ва баҳисобгирии бухгалтерӣ н.и.и., дотсент Ҳакимзода М.М., мутахассис оид ба таҷрибаомӯзӣ ва карераи ДИС ДДТТ устод Умаров Содирхон ва кулли омӯзгорони кафедраи молия ва қарз ширкат варзиданд.
Мизи мудавварро мудири кафедраи молия ва қарз н.и.и., дотсент Раҳматова З.И. оғоз намуда, аз ҳамагон хоҳиш намуд, ки дар кори мизи мудаввар фаъол бошанд ва аз рафти кори ташкилотҳои қарзӣ ахборотҳоро дастрас намоянд.
Сухани аввал ба декани факултети молия ва баҳисобгирии бухгалтерӣ, н.и.и., дотсент Ҳакимзода М.М. дода шуд. Устод дар баромади худ қайд намуд, ки Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон-яке аз идҳои расмии Тоҷикистон, ки 24 ноябри соли 2009 бо фармони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабул гардида, ҳар сол ҷашн гирифта мешавад. Парчами давлатии Тоҷикистон рамзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дӯстиву бародарии ҳамаи миллатҳои он ба шумор меравад. Ин рамзи давлатӣ шаҳрвандонро ба зиндагии ором, сулҳу осоиш ва талош ба хотири ҳаёти арзанда, рушду нумӯи ҳаматарафа ва соҳибихтиёрию соҳибдавлатӣ сафарбар менамояд.
Бегумон Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ рамзҳои асосии ҳар як давлат буда, нишонаи соҳибихтиёрӣ ва соҳибистиқлолии ҳамон давлату миллат маҳсуб мешаванд. Воқеан иқдоми ба пеш гузоштаи кафедраи молия ва қарз оид ба гузаронидани мизи мудаввар бамаврид буда, баҳри рушду нумӯ ва пайваст гардидани самти илм бо амал зарурият пайдо мекунад.
Дар мизи мудаввар масъалаҳои ба монанди: нақши ташкилотҳои қарзӣ дар рушди низоми бонкӣ ва бахши воқеии иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамкории молиявии ташкилотҳои қарзӣ бо ташкилотҳои молиявии байналхалқӣ: ҷиҳатҳои мусбӣ ва манфии ин муносибатҳо, тартиби таҳия ва амалигардонии сиёсати карзии ташкилотҳои қарзӣ дар шароити муосир, масъалаи васеъ паҳн намудани қарзи ипотекӣ ва шартҳои пешниҳоди он, ҳадафҳо ва зарурияти қарзи бонкии байналхалқӣ дар таъмини рушди устувории иқтисодиёти Тоҷикистон ва масъалаҳои мухталифи бо кор таъмин гаштани хатмкунандагон кушоду равшан гардиданд.
Дар мизи мудаввар мутахассис оид ба таҷрибаомӯзӣ ва карераи ДИС ДДТТ устод Умаров Содирхон низ ҳузур доштанд ва бо ҳамроҳии кормандони ин ташкилотҳои қарзӣ якчанд пешниҳоду дархостҳо оид ба рафти таҷрибаомӯзии хатмкунандагони донишкадаамон пешниҳод кард. Кормандони ташкилотҳои қарзӣ иқдом карданд, ки семинарҳои ройгон барои ихтисосҳои кори бонкӣ, молия ва қарз дар ФИБ дар донишкадаамон мегузаронанд ва барои баланд бардоштани савияи дониши амалии донишҷӯён саҳми арзанда мегузоранд.
Умуман, мизи мудаввар басо баҳснок гузашт ва он масъалаҳо, саволҳое, ки чӣ дар барнома ва берун аз он дода шуданд, ҷавоби худро дарёфтанд.

Татбиқи Лоиҳаи «Рушди таҳсилоти олӣ»

Санаи 23 ноябр бо мақсади амалӣ намудани Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ ҷаласаи корӣ баргузор гардид.
Сараввал Директори Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ, номзади илмҳои иқтисод, дотсент Ҳошимзода Ҳомид Ҳасан дар ҷаласа оид ба татбиқи Лоиҳаи «Рушди таҳсилоти олӣ» сухан ронда, қайд кард, ки мақсади лоиҳаи мазкур ин таҳияи механизмҳои беҳтар намудани мониторинги сифат ва мутобиқати таҳсилоти олӣ ба бозори меҳнат мебошад.
Директори Донишкада таъкид намуд, ки ДИС ДДТТ яке аз фаъолтарин донишгоҳҳои ҷумҳурӣ оид ба татбиқи лоиҳаҳо дар чаҳорчӯбаи Лоиҳаи “Рушди таҳсилоти олӣ” ба ҳисоб рафта, аз соли 2017 то имрӯз чаҳор лоиҳаҳои “Рушди таҳсилоти олӣ”-ро бо муваффақият дар амал татбиқ кардааст.
Мудири шуъбаи робитаҳои байналмиллалӣ Саидқосим Мухторов дар баромади худ оид ба самти нави Лоиҳаи «Рушди таҳсилоти олӣ», самти 1.3 “Беҳтар намудани роҳи таълим”, ки он аз ду қисмат иборат аст:
Қисмати 1: Таъмини МТОК бо ТИК ва таҷҳизоти лабараторӣ;
Қисмати 2: Тақвияти иқтидори фосилавӣ;
сухан ронда, дар бораи тарзи пурра намудани дархости лоиҳа, хусусиятҳои он, тартиб ва ба танзим даровардани лоиҳа аз рӯи намунаи пешниҳод намудаи Вазорати маориф ва илм ба ҳозирин маълумот дод.
Доир ба омода намудани лоиҳаҳо муовини директор оид ба илм ва робитаҳои байналмиллалӣ Д.Мирпочоев, муовини директор оид ба таълим Ш.Машокиров, сарпарасти лоиҳаҳои байналмиллалӣ И.Аминов, мудири кафедраи математика ва технологияи информатсионӣ А.Ваҳҳобов, устоди кафедраи иқтисодиёти ҷаҳон Ш.Қобилов ва мудири маркази бақайдгирӣ ва машварат А.Ҷабборов фикру андешаҳои худро баён карданд.
Гурӯҳи кории техникӣ барои омодасозии пешниҳоди лоиҳаи ДИС ДДТТ барои озмуни эълон гашта, кори худро оғоз намуд.

IMG_1367
previous arrow
next arrow

Озмун байни донишҷӯён бахшида ба “Рӯзи байналхалқии муҳосибон”

Санаи 19 ноябри соли 2021 дар Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ бахшида ба “Рӯзи байналхалқии муҳосибон” аз фанни баҳисобгирии муҳосибӣ ва аудит гузаронида шуд. Ҳадаф аз баргузории озмуни фаннӣ аз ҷоннок намудани фаъолнокии донишҷӯён дар робита бо баланд бардоштани сифати таълим ва мустаҳкамии иттифоқии гурӯҳҳо иборат мебошад.

Интернет-конференсияи илмӣ-методии байналмилалӣ

Санаи 18 ноябри соли 2021 дар Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ интернет-конференсияи илмӣ-методии байналмилалӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи “Татбиқи принсипҳои CEFR дар таълими забонҳои хориҷии касбӣ тибқи раванди Болонӣ” бо иштироки меҳмонони ватаниву хориҷӣ дар реҷаи “онлайн” тибқи “Нақшаи баргузории машваратҳои илмӣ ва илмию техникӣ, конфренсияҳо, анҷуманҳо ва семинарҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2021” баргузор гардид.

Курсҳои сайёри такмили ихтисос дар равияи иқтисодӣ

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати такмил ва баланд бардоштани сатҳи дониш ва малакаи касбии омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ дар шаҳри Хуҷанд дар ҳамкорӣ бо Донишкадаи такмили ихтисоси омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз санаи 01.11.2021 то 18.11.2021 курсҳои сайёри такмили ихтисоси равияи иқтисодӣ гузаронида шуд.
Дар ин курсҳо 52 нафар омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии вилоят иштирок намуда, соҳиби диплом гаштанд. Аз Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ низ 16 нафар омӯзгорон иштирок варзиданд.

IMG_1150
previous arrow
next arrow

Раванди амалигардонии ҳадафи чаҳоруми стратегияи миллии мамлакат бо назардошти ислоҳоти андозӣ

Санаи 18 ноябри соли 2021 кафедраи молия ва қарз дар толори лексионии №1 бинои таълимии №3 мизи мудаввар таҳти мавзӯи “Раванди амалигардонии ҳадафи чаҳоруми стратегияи миллии мамлакат бо назардошти ислоҳоти андозӣ” бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон бо иштироки кормандони Раёсати андози Вилояти Суғд, устодони кафедраи молия ва қарз ва донишҷӯёни ихтисосҳои андоз ва андозбандӣ, молия ва қарз дар ФИБ баргузор гардид.
Дар мизи мудаввар Раҳимзода Ҳофиз Ҳоким – сардори шуъбаи ситонидани қарзи андозҳои Раёсати андози Вилояти Суғд маърӯза таҳти мавзӯи “Ҳадафҳо ва зарурияти ислоҳоти андозӣ бо мақсади саноатикунонии босуръати иқтисодиёти кишвар ва устувории он”, Ҷамолзода Манучеҳр – мутахассис оид ба назорати андозӣ маърӯза таҳти мавзӯи “Раванди татбиқи иқтисодиёти рақамӣ дар низоми миллии андоз ва такомули он дар шароити муосир”, н.и.и., дотсент, декани факултети молия ва баҳисобгирии бухгалтерӣ Ҳакимзода М.М., мудири кафедраи молия ва қарз, н.и.и., дотсент Раҳматова З.И. – маърӯза таҳти мавзӯи “Моҳияти ҳадафи чоруми стратегии кишвар ва татбиқи он дар шароити муосир (рафти иҷрои барномаҳои давлатӣ ва лоиҳаҳои сармоягузорӣ)”, муаллими калони кафедраи молия ва қарз Бобоев Фаррухзод маърӯза таҳти мавзӯи “Ҳадаф ва намудҳои хизматрасониҳои мақомоти андози ҶТ дар шароити муосир” ва инчунин донишҷӯи курси 4-уми ихтисоси андоз ва андозбандӣ Ҷабборов Комрон маърӯза таҳти мавзӯи “Моҳият ва аҳамияти маъмурикунонии андоз дар низоми муносибатҳои андозӣ” баромад намуданд.
Дар мизи мудаввар масъалаҳои мубрами рӯз, ки бо ислоҳоти андозӣ вобаста аст дида баромада шуда, он ислоҳотҳое, ки дар лоиҳаи Кодекси андози нави ҶТ, ки дар оғози соли 2022 ба нашр мерасад, огоҳӣ гардида, баъзе масъалаҳои оид ба имтиёзҳои андозӣ барои пешрафт ва рушди иқтисодиёт нигаронида шудаанд, дида баромада шуданд.
Дар мизи мудаввар нақши бузурги Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти ҶТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ислоҳотҳои иқтисодиву молияавӣ, ки баҳри рушди иқтисодиёти миллӣ нигаронида шудаанд, шунида шуданд.
Мизи мудаввар бо мақсади ошно намудани донишҷӯёни хатм карда истода, бо ислоҳотҳое, ки дар низоми андози ҶТ шуда истодааст, нигаронида шуда буд.