Санаи 18 ноябри соли 2021 кафедраи молия ва қарз дар толори лексионии №1 бинои таълимии №3 мизи мудаввар таҳти мавзӯи “Раванди амалигардонии ҳадафи чаҳоруми стратегияи миллии мамлакат бо назардошти ислоҳоти андозӣ” бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон бо иштироки кормандони Раёсати андози Вилояти Суғд, устодони кафедраи молия ва қарз ва донишҷӯёни ихтисосҳои андоз ва андозбандӣ, молия ва қарз дар ФИБ баргузор гардид.
Дар мизи мудаввар Раҳимзода Ҳофиз Ҳоким – сардори шуъбаи ситонидани қарзи андозҳои Раёсати андози Вилояти Суғд маърӯза таҳти мавзӯи “Ҳадафҳо ва зарурияти ислоҳоти андозӣ бо мақсади саноатикунонии босуръати иқтисодиёти кишвар ва устувории он”, Ҷамолзода Манучеҳр – мутахассис оид ба назорати андозӣ маърӯза таҳти мавзӯи “Раванди татбиқи иқтисодиёти рақамӣ дар низоми миллии андоз ва такомули он дар шароити муосир”, н.и.и., дотсент, декани факултети молия ва баҳисобгирии бухгалтерӣ Ҳакимзода М.М., мудири кафедраи молия ва қарз, н.и.и., дотсент Раҳматова З.И. – маърӯза таҳти мавзӯи “Моҳияти ҳадафи чоруми стратегии кишвар ва татбиқи он дар шароити муосир (рафти иҷрои барномаҳои давлатӣ ва лоиҳаҳои сармоягузорӣ)”, муаллими калони кафедраи молия ва қарз Бобоев Фаррухзод маърӯза таҳти мавзӯи “Ҳадаф ва намудҳои хизматрасониҳои мақомоти андози ҶТ дар шароити муосир” ва инчунин донишҷӯи курси 4-уми ихтисоси андоз ва андозбандӣ Ҷабборов Комрон маърӯза таҳти мавзӯи “Моҳият ва аҳамияти маъмурикунонии андоз дар низоми муносибатҳои андозӣ” баромад намуданд.
Дар мизи мудаввар масъалаҳои мубрами рӯз, ки бо ислоҳоти андозӣ вобаста аст дида баромада шуда, он ислоҳотҳое, ки дар лоиҳаи Кодекси андози нави ҶТ, ки дар оғози соли 2022 ба нашр мерасад, огоҳӣ гардида, баъзе масъалаҳои оид ба имтиёзҳои андозӣ барои пешрафт ва рушди иқтисодиёт нигаронида шудаанд, дида баромада шуданд.
Дар мизи мудаввар нақши бузурги Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти ҶТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ислоҳотҳои иқтисодиву молияавӣ, ки баҳри рушди иқтисодиёти миллӣ нигаронида шудаанд, шунида шуданд.
Мизи мудаввар бо мақсади ошно намудани донишҷӯёни хатм карда истода, бо ислоҳотҳое, ки дар низоми андози ҶТ шуда истодааст, нигаронида шуда буд.