Мизи мудаввари байналмилалии илмӣ дар мавзӯи “Муаммоҳои иҷтимоӣ-демографии давлатҳои ИДМ дар марҳилаи COVID-19”

Санаи 25-уми ноябри соли 2021 дар Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд дар доираи рушди робитаҳои байналмилалӣ ва тақвияти корҳои илмӣ-тадқиқотии ҳайати профессорону омӯзгорони донишкада мизи мудаввари байналмилалии илмӣ дар мавзӯи “Муаммоҳои иҷтимоӣ-демографии давлатҳои ИДМ дар марҳилаи COVID-19” бо иштироки меҳмонони ватаниву хориҷӣ баргузор гардид.

Дар оғози ҷаласаи мизи мудаввар директори Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Ҳошимзода Ҳомид Ҳасан бо сухани ифтитоҳӣ баромад намуда, меҳмононро хайрамақдам гуфт.

Меҳмонони олиқадр аз Федератсияи Россия, аз ҷумла, д.и.и., профессор, узви пайвастаи АИР, директори Институти тадқиқотҳои демографии Маркази илмӣ-тадқиқотии иҷтимоии федералии Академияи илмҳои Россия мудири кафедраи сиёсати демографӣ ва муҳоҷиратии ДДРБМ ВКХ Россия Рязансев Сергей Василевич дар мавзӯи “Рушди демографии давлатҳои ИДМ: 30 соли пошхӯрии ИҶШС” баромад намуд.

Сипас, маърӯзаи н.и.и., муовини директор оид ба лоиҳакашии инноватсионии Институти тадқиқотҳои демографии Маркази илмӣ-тадқиқотии иҷтимоии федералии Академияи илмҳои Россия, дотсенти кафедраи сиёсати демографӣ ва муҳоҷиратии ДДРБМ ВКХ Россия Лукянес Артём Сергеевич дар мавзӯи «Муҳоҷирати иқлимӣ ҳамчуни тренди муосир» шунида шуд.

Аз олимони ватанӣ д.и.и., профессор, корманди пешбари маркази илмӣ-тадқиқотии Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ Азимов Абдумавлон Ҷалилович дар мавзӯи «Муҳоҷирати таълимӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ» маърӯза намуд.

Дар фазои тантана аз тарафи директори Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ Ҳошимзода Ҳомид Ҳасан ба директори Институти тадқиқотҳои демографии Маркази илмӣ-тадқиқотии иҷтимоии федералии Академияи илмҳои Россия Рязансев Сергей Василевич дипломи “Профессори фахрӣ”-и донишкада супорида шуд.

Дар фарҷоми чорабинӣ байни Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ дар шаҳри Хуҷанд ва Институти тадқиқотҳои демографии Маркази илмӣ-тадқиқотии иҷтимоии федералии Академияи илмҳои Россия созишномаи ҳамкории тарафайн дар бобати иҷрои корҳои илмӣ-тадқиқотӣ, гузаронидани онлайн-лексияҳо ва тайёр кардани мутахасстсони илмӣ баста шуд.

Ходими калони илмии Институти тадқиқотҳои демографии Маркази илмӣ-тадқиқотии иҷтимоии федералии Академияи илмҳои Россия Акрамов Шариф Юлдошевич барои гузаронидани чунин як мизи мудаввар дар сатҳи олӣ ба аҳли Раёсати донишкада изҳори сипос намуд.

Мизи мудаввари байналмилалии илмӣ дар мавзӯи “Муаммоҳои иҷтимоӣ-демографии давлатҳои ИДМ дар марҳилаи COVID-19 ” бо иштироки меҳмонони ватаниву хориҷӣ дар фазои гарми дӯстона бо муҳокимаҳои илмӣ ва баррасии як қатор пешниҳодҳои судманд ба анҷом расид.

 

IMG_1400
IMG_1454
IMG_1462
IMG_1481
IMG_1497
IMG_1537
IMG_1552
IMG_1561
IMG_1578
IMG_1591
IMG_1597
previous arrow
next arrow

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *