Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони даври шаҳрии озмунҳои ҷумҳуриявии «Илм-фурўғи маърифат» ва «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст»

 

Санаи 26 ноябр маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони даври шаҳрии озмунҳои ҷумҳуриявии «Илм-фурўғи маърифат» ва «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст» дар толори гимназияи №1-и шаҳри Хуҷанд баргузор гардид.Даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурўғи маърифат» бо мақсади таъмини иҷрои банди 4-уми Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 феврали соли 2021, №АП-44, қарори Раиси вилояти Суғд аз 30 марти соли 2021, №140 «Дар бораи ташкил ва гузаронидани даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурўғи маърифат»» ташкил ва гузаронида шуда, мақсади баргузории озмуни мазкур амалисозии барномаи «Бистсолаи омўзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф барои солҳои 2020-2040» ва ҷиҳати рушди тафаккури техникӣ, васеъ намудани ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо намудан ба техникаву технология, тавсияи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, пайвасти илм бо истеҳсолот, ҷалби бештари хонандагону донишҷўён ва дигар қишрҳои ҷомеа ба омўзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин дарёфти истеъдодҳои нав дар ин самт мебошад. Озмуни мазкур дар самтҳои математика, физика ва астраномия, химия, биология, география, технологияи иттилоотӣ, ихтироъкорӣ ва навоварӣ доир гардид.
Таъкид шуд, ки озмун ба пешравии илму техника ва ҳавасманд намудани ташаббускориву фаъолияти ихтироъкорӣ ва навоварӣ дар байни ҷавонон хизмат мекунад, ки дар шароити азнавсозиҳои ҷамъиятӣ омили муҳими такмили муносибатҳои истеҳсолӣ бояд гардид.
Сипас, дар вазъияти тантанавӣ ба 150 нафар ғолибони даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурўғи маърифат» ва «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст» мувофиқ ба ишғоли мақомҳояшон аз 500 то 1000 сомонӣ маблағҳои пулии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд тақдим карда шуд.
Аз ҷумла ба донишҷӯёни Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ Ӯрунов Фирӯз барои ишғоли ҷойи сеюм дар даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” аз рӯи номинатсияи эҷоди назму наср ва ба Алиев Азизҷон барои ишғоли ҷойи сеюм дар даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии “Илм – фурӯғи маърифат” аз рӯи номинатсияи технологияи итилоотӣ бо дипломи дараҷаи 3 ва ба ҳаҷми 500 сомонӣ маблағҳои пулӣ супорида шуд.

https://www.khujand.tj/index.php?option=com_content&view=article&id=7100%3Amuloqot&catid=36%3Anavgoni&Itemid=182&lang=tg

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *