Афзалиятҳои ҳамкории судманди низоми бонкии ҶТ бо ташкилотҳои молиявӣ-қарзии байналхалқӣ ва дурнамои рушди муносибатҳо

Санаи 25 ноябри соли 2021 кафедраи молия ва қарз дар Маркази забонҳои МДТ “Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон” (ИЭТ ТГУК), бинои таълимии №1 мизи мудаввар таҳти мавзӯи “ ” бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки кормандони ташкилотҳои қарзӣ, устодони варзидаи кафедраи молия ва қарз ва донишҷӯёни ихтисосҳои кори бонкӣ, молия ва қарз дар ФИБ баргузор гардид.
Дар мизи мудаввар кормандони варзидаи ташкилотҳои қарзии дар шаҳри Хуҷанд фаъолият бурда истода: Ғаниева Сарвиноз – мутахассис оид ба захираҳои кадрии ҶСП “Бонки Арванд”, Ҳошимова Гулнора – менеҷер оид ба таҳия ва пешниҳоди маҳсулотҳои бонкии Департаменти бизнеси корпоративии ҶСК “Бонки Эсхата”, Султонов Фирдавс – сардори раёсати рушди тиҷорати ҶСП ТАҚХ “ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ”, Зарифов Афзалшо – сардори шуъбаи амалиётии ФҶСК “Halyk Bank Tajikistan” дар шаҳри Хуҷанд, Алимов Шодиқул – мутахассис оид ба қарзҳои тиҷоратии чаканаи ҶСП ТАҚХ “ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ”, декани факултети молия ва баҳисобгирии бухгалтерӣ н.и.и., дотсент Ҳакимзода М.М., мутахассис оид ба таҷрибаомӯзӣ ва карераи ДИС ДДТТ устод Умаров Содирхон ва кулли омӯзгорони кафедраи молия ва қарз ширкат варзиданд.
Мизи мудавварро мудири кафедраи молия ва қарз н.и.и., дотсент Раҳматова З.И. оғоз намуда, аз ҳамагон хоҳиш намуд, ки дар кори мизи мудаввар фаъол бошанд ва аз рафти кори ташкилотҳои қарзӣ ахборотҳоро дастрас намоянд.
Сухани аввал ба декани факултети молия ва баҳисобгирии бухгалтерӣ, н.и.и., дотсент Ҳакимзода М.М. дода шуд. Устод дар баромади худ қайд намуд, ки Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон-яке аз идҳои расмии Тоҷикистон, ки 24 ноябри соли 2009 бо фармони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабул гардида, ҳар сол ҷашн гирифта мешавад. Парчами давлатии Тоҷикистон рамзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дӯстиву бародарии ҳамаи миллатҳои он ба шумор меравад. Ин рамзи давлатӣ шаҳрвандонро ба зиндагии ором, сулҳу осоиш ва талош ба хотири ҳаёти арзанда, рушду нумӯи ҳаматарафа ва соҳибихтиёрию соҳибдавлатӣ сафарбар менамояд.
Бегумон Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ рамзҳои асосии ҳар як давлат буда, нишонаи соҳибихтиёрӣ ва соҳибистиқлолии ҳамон давлату миллат маҳсуб мешаванд. Воқеан иқдоми ба пеш гузоштаи кафедраи молия ва қарз оид ба гузаронидани мизи мудаввар бамаврид буда, баҳри рушду нумӯ ва пайваст гардидани самти илм бо амал зарурият пайдо мекунад.
Дар мизи мудаввар масъалаҳои ба монанди: нақши ташкилотҳои қарзӣ дар рушди низоми бонкӣ ва бахши воқеии иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамкории молиявии ташкилотҳои қарзӣ бо ташкилотҳои молиявии байналхалқӣ: ҷиҳатҳои мусбӣ ва манфии ин муносибатҳо, тартиби таҳия ва амалигардонии сиёсати карзии ташкилотҳои қарзӣ дар шароити муосир, масъалаи васеъ паҳн намудани қарзи ипотекӣ ва шартҳои пешниҳоди он, ҳадафҳо ва зарурияти қарзи бонкии байналхалқӣ дар таъмини рушди устувории иқтисодиёти Тоҷикистон ва масъалаҳои мухталифи бо кор таъмин гаштани хатмкунандагон кушоду равшан гардиданд.
Дар мизи мудаввар мутахассис оид ба таҷрибаомӯзӣ ва карераи ДИС ДДТТ устод Умаров Содирхон низ ҳузур доштанд ва бо ҳамроҳии кормандони ин ташкилотҳои қарзӣ якчанд пешниҳоду дархостҳо оид ба рафти таҷрибаомӯзии хатмкунандагони донишкадаамон пешниҳод кард. Кормандони ташкилотҳои қарзӣ иқдом карданд, ки семинарҳои ройгон барои ихтисосҳои кори бонкӣ, молия ва қарз дар ФИБ дар донишкадаамон мегузаронанд ва барои баланд бардоштани савияи дониши амалии донишҷӯён саҳми арзанда мегузоранд.
Умуман, мизи мудаввар басо баҳснок гузашт ва он масъалаҳо, саволҳое, ки чӣ дар барнома ва берун аз он дода шуданд, ҷавоби худро дарёфтанд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *