Татбиқи Лоиҳаи «Рушди таҳсилоти олӣ»

Санаи 23 ноябр бо мақсади амалӣ намудани Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ ҷаласаи корӣ баргузор гардид.
Сараввал Директори Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ, номзади илмҳои иқтисод, дотсент Ҳошимзода Ҳомид Ҳасан дар ҷаласа оид ба татбиқи Лоиҳаи «Рушди таҳсилоти олӣ» сухан ронда, қайд кард, ки мақсади лоиҳаи мазкур ин таҳияи механизмҳои беҳтар намудани мониторинги сифат ва мутобиқати таҳсилоти олӣ ба бозори меҳнат мебошад.
Директори Донишкада таъкид намуд, ки ДИС ДДТТ яке аз фаъолтарин донишгоҳҳои ҷумҳурӣ оид ба татбиқи лоиҳаҳо дар чаҳорчӯбаи Лоиҳаи “Рушди таҳсилоти олӣ” ба ҳисоб рафта, аз соли 2017 то имрӯз чаҳор лоиҳаҳои “Рушди таҳсилоти олӣ”-ро бо муваффақият дар амал татбиқ кардааст.
Мудири шуъбаи робитаҳои байналмиллалӣ Саидқосим Мухторов дар баромади худ оид ба самти нави Лоиҳаи «Рушди таҳсилоти олӣ», самти 1.3 “Беҳтар намудани роҳи таълим”, ки он аз ду қисмат иборат аст:
Қисмати 1: Таъмини МТОК бо ТИК ва таҷҳизоти лабараторӣ;
Қисмати 2: Тақвияти иқтидори фосилавӣ;
сухан ронда, дар бораи тарзи пурра намудани дархости лоиҳа, хусусиятҳои он, тартиб ва ба танзим даровардани лоиҳа аз рӯи намунаи пешниҳод намудаи Вазорати маориф ва илм ба ҳозирин маълумот дод.
Доир ба омода намудани лоиҳаҳо муовини директор оид ба илм ва робитаҳои байналмиллалӣ Д.Мирпочоев, муовини директор оид ба таълим Ш.Машокиров, сарпарасти лоиҳаҳои байналмиллалӣ И.Аминов, мудири кафедраи математика ва технологияи информатсионӣ А.Ваҳҳобов, устоди кафедраи иқтисодиёти ҷаҳон Ш.Қобилов ва мудири маркази бақайдгирӣ ва машварат А.Ҷабборов фикру андешаҳои худро баён карданд.
Гурӯҳи кории техникӣ барои омодасозии пешниҳоди лоиҳаи ДИС ДДТТ барои озмуни эълон гашта, кори худро оғоз намуд.

IMG_1367
IMG_1361
IMG_1363
IMG_1369
IMG_1376
IMG_1380
IMG_1386
IMG_1390
previous arrow
next arrow

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *