Дарси кушод дар мавзӯи “Услубҳои забон”

Санаи 10-уми декабр дар синфхонаи № 4-и бинои таълимии 1 дарси кушоди ассистенти кафедраи забонҳои тоҷикӣ ва русӣ Х.Умуров бо иштироки донишҷӯёни бахши якуми ихтисоси 250103анг. “А” дар мавзӯи “Услубҳои забон” (назариявӣ) гузаронида шуд. Дар дарс сарнозири шуъбаи мониторинг ва сифати таҳсилот н.и.и. Абдулло-заде Н.Р., мудири кафедра Файзиева С.А., ҷонишини декан оид ба таълим Норбобоев Л. ва ассистенти кафедра Ашӯрова А. иштирок доштанд.

Семинари илмӣ-назариявии кафедраи математикаи олӣ ва технологияҳои инноватсионӣ

Дар доираи иҷроиши дастуру супориши Асосгузори сулху вахдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Чумхурии Точикистон, мухтарам Эмомали Рахмон ва барномаи давлатии Солҳои 2020-2040 – “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” санаи 08.12.2021 дар семинари илмӣ – назариявии кафедраи математикаи олӣ ва технологияҳои инноватсионӣ чорабинии мизи мудавар дар мавзӯи “Сохтори ташкили системаи алоқа (шаҳрӣ, байнишаҳрӣ, ва байналхалқӣ)” гузаронида шуд, ки дар он сардори участкаи истифодабарии системаи алоқаи байнишаҳрии Тоҷиктелеком Набиев Муродҷон баромад намуданд. Рафти баромади худ он кас дар бораи намудҳои алоқа, тарзҳои додугирифти маълумот тариқи шабака, намудҳои ноқилҳои шабакавӣ, канали алоқа (кабели, моҳворавӣ, телефонӣ, рақамӣ, радиоканалӣ ва ғайра), намудҳои гуногуни дигаргунсозандаҳои сигнал, таҷҳизоти шабакавӣ ва ғайраҳо гуфта гузаштанд.
Инчунин Набиев Муродҷон қайд намуданд, ки дар коммутаторҳо (консентраторҳо, switches) функсияҳои такрокунандаи бисёрбандарӣ ва пайвасткунаки босуръат иҷро мешаванд. Коммутатор (switches) ҳам дар сатҳи каналӣ ва ҳам дар сатҳи шабакавӣ кор мекунад ва ҷадвали МАС-суроғаҳои ҳамаи таҷҳизотҳои ба он пайвастшударо тартиб дода, онҳоро барои ба бандари лозимӣ ирсол намудани бастаҳо истифода мебарад. Маршрутизатор нисбат ба пайвасткунак ё коммутатор бо протоколҳои сатҳи баландтар кор мекунад. Он алоқаи сегментҳои шабакаро тавассути сатҳи шабакавӣ иҷро менамояд. Масалан, нишондодҳои маршрутиронии бастаҳо дар сатҳи шабакавии IP мавҷуданд. Маршрутизатор аз пайвасткунак бо хусусияти аз баста хонда тавонистани суроғаи стансияи корӣ ё шабакаи локалӣ фарқ мекунад.
Канали алоқа ба хати алоқа бо ёрии таҷҳизотҳои шабакавӣ ва воситаҳои физикӣ пайваст карда мешаванд. Воситаҳои физикии алоқа дар асоси каналҳои оптикӣ сохта мешаванд. Байни системаҳои ахборотии байниҳамдигарӣ каналҳои мантиқӣ ҷойгир карда мешавад. Канали мантиқӣ ин роҳест, ки барои интиқоли маълумот аз як система ба дигараш хизмат мерасонад. Канали алоқа аз рӯи хати сайр дар як ё якчанд каналҳои физикӣ ҷойгир карда мешавад.
Трафик – ин маҷрои (маълумотҳо) паёмҳо дар шабакаи интиқоли маълумот мебошад. Таҳти ин мафҳум ченаки миқдори дар нуқтаи интихобшудаи шабака блокҳои маълумот ва дарозии онро бо бит\секунд ифодашуда, фаҳмида мешавад.
Баъди баромади устод Набиев М., сӯҳбати судманд оид ба ташкил ва фаъолияти шабакаҳои алоқа дар сатҳи шаҳрӣ ва байнишаҳрӣ анҷонм дода шуд. Устодони кафедра оид ба сохтори шабакаҳои алоқа, таҷҳизотҳои шабакавӣ инчунин оиди таъминоти барномавии онҳо низ муфассал иттилоот гирифтанд.

Дарси кушод дар мавзӯи “Еlections and system of elections”

Интихобот яке аз чорабиниҳои муҳими сиёсӣ ба ҳисоб рафта, унсури асосии ҷомеаи демократӣ ба ҳисоб меравад. Бо мақсади ошно намудани донишҷӯён бо раванди интихоб, системаҳои интихоботӣ санаи 8-уми декабри соли 2021 дар гурӯҳи 250103аб курси 3 дарси кушоди муаллими калони кафедраи ҷомеашиносӣ Ҳошимов Фирӯз Ҷабборович аз фанни сиёсатшиносӣ дар мавзӯи “Еlections and system of elections” (Интихобот ва системаи интихоботӣ) баргузор гардид.

IMG_1866
previous arrow
next arrow

Маҳфили кушоди илмии донишҷӯён

Санаи 8 декабри соли 2021 дар Маркази забонҳои Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон аз тарафи кафедраи молия ва қарз махфили кушоди илмии донишҷӯён бо ҳамроҳии устодони варзидаи кафедра ва хатмкунандагони ихтисосҳои молия ва қарз дар ФИБ, кори бонкӣ ва андоз ва андозбандӣ баргузор гардид.
Дар махфили кушод донишҷӯёни зерин бо маърӯзаҳои худ баромад намуданд: Махмудова Н. дар мавзӯи “Кредитная политика коммерческого банка и направления повышения ее эффективности”, Тоҳирова Д. дар мавзӯи “Роль Национального банка Таджикистана в обеспечении стабилизации внутреннего денежного рынка и инфляционных процессов”, Ҷӯраев Манучеҳр дар мавзӯи “Арзёбӣ ва таҳлили ҳолати муосири низоми миллии бонкӣ дар шароити рақамикунонии иқтисодиёт”, Ҷабборов К. дар мавзӯи “Хусусиятҳои баҳисобгирии андоз аз арзиши иловашуда дар ҶТ ва такомули он”, Аҳмадов М. дар мавзӯи “Рушди муносибатҳои қарзӣ ва такомули он дар шароити муосир”, Мирзозода Н. дар мавзӯи “Маъмурикунонии андоз ва механизмҳои амалигардонии он дар шароити муосир”, Ҳамзаев Ш. дар мавзӯи “Сиёсати пулии Бонки миллии Тоҷикистон ва таъсири он ба вазъи низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Раҳимов М. дар мавзӯи “Хусусиятҳои фарқкунандаи низоми андози Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон”, Ҳоҷибоева С. дар мавзӯи “Моҳияти қарзи ипотекӣ ва дурнамои рушди он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва Ашрапов Ф. дар мавзӯи “Современные методы оценки финансовой устойчивости коммерческих банков”.
Махфили илмӣ басо баҳснок гузашт ва аз тарафи устодони варзидаи кафедра оид ба таҳия ва омода намудани рисолаи хатм якчанд пешниҳодҳо карда шуданд.
Кафедраи молия ва қарз иқдом намуд, ки дар як моҳ як маротиба бо хатмкунандагони ихтисосҳои марбути кафедра махфили кушоди илмӣ ташкил намуда, барои омода намудани онҳо бо маърӯзаҳояшон дар назди комиссияи аттетстатсияи хатм мусоидат менамояд.

Маҳфили адабии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”

Санаи 8 декабр бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ миёни донишҷӯён маҳфили адабии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” доир гардид.

Мизи мудаввар оиди мавзуи “Менеҷменти сайёҳӣ ва меҳмондорӣ”

Санаи 02.12.2021 дар Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон мизи мудаввар оиди мавзуи “Менеҷменти сайёҳӣ ва меҳмондорӣ” бо иштироки роҳбари ширкати хадамотии “Корбар”, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Саидов Саидумрон, ҷонишини директор оид ба тарбия ва рушди ҷавонон Аҳророва Гулчеҳра, мудири шуъбаи магистратура ва докторантура Буҳодиров Ҳабибулло, мудири кафедраи менеҷмент ва маркетинг Ниёзов Ҷамолиддин, сармутахассис оид ба таҷрибаомӯзӣ ва рушди касбият Умаров Содирхон ва донишҷӯёни ихтисоси менеҷмент гузаронида шуд. Саидов Саидумрон оиди муаммоҳои соҳаи сайёҳӣ ва роҳи ҳалли онҳо баромади ҷолиб намуда, махсусан масъалаи фарҳангу маданияти меҳмонпазириро мавриди баррасӣ қарор дод. Содирхон Умаров оиди мавзуи “Муаррифии обидаҳои таърихии воҳаи мадании Хуҷанд омили ҷалби сайёҳон” баромад намуда, дар мисоли таърихии чандин ашхоси машҳуру меъмориҳои таърихӣ маълумоти муҳимро пешкаш намуд. Ҳамчунин устодону донишҷӯёни дигар низ пешниҳод ва андешаҳои муфиди худро иброз кардаанд. Дар охир ба иштирокчиёну донишҷӯёни фаъол китобҳои олимони донишкадаи тӯҳфа гардид.

FB_IMG_1638443351416
previous arrow
next arrow

Мизи мудаввар дар мавзуи “Дарёфти нахустпатент барои ихтироот (дар мисоли корхонаи муштараки ВТ-Силк)”

Санаи 30 ноябри соли 2021 дар Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ вохӯрии ҳайъати профессорону омӯзгорони кафедраи иқтисодиёт ва соҳибкорӣ (мудири кафедра н.и.и., дотсент Ишонова У.У.) бо номзади илмҳои кишоварзӣ, ходими пешбари илмӣ, аъзо-корреспонденти муҳандисони академияи Тоҷикистон, аъзои ассотсиатсияии байналхалқии БАКС – Салимҷонов С. дар мавзуи “Дарёфти нахустпатент барои ихтироот (дар мисоли корхонаи муштараки ВТ-Силк)” баргузор гардид.

Дарси намунавӣ аз фанни этикаи касбӣ

Санаи 29 ноябри соли 2021, дар утоқи 13 бинои таълимии 3 дарси намунавии ассистенти кафедраи молия ва қарз Қодирова Шаҳнозахон Насимҷоновна аз фанни “Этикаи касбӣ” барои донишҷӯёни курси 2-уми ихтисоси 25010402-Кори бонкӣ (р) баргузор гардид.
Ба дарс сарнозири шуъбаи мониторинг ва назорати таълим н.и.и. Абдуллозода Н.Р., мудири кафедраи молия ва қарз н.и.и., дотсент Раҳматова З.И. ва кулли аъзоёни кафедраи молия ва қарз даъват карда шуданд.
Ба дарси ассистенти кафедра Қодирова Ш.Н. н.и.и., муаллимаи калон Мӯминова Н.Р., муаллимаи калони кафедра Абдуҳамидова Г., муаллимаи кафедра Иброгимова А., ассистентон: Ибодуллоева Ф., Пӯлотова М. иштирок намуданд.
Дарси намунавӣ дар сатҳи баланд гузаронида шуда, донишҷӯёни гурӯҳ фаъолона иштирок намуда, малакаи дониши худро дар амал нишон доданд.
Дар охири дарс мудири кафедра н.и.и., дотсент Раҳматова З.И. барои ҷавони кафедра Қодирова Ш.Н. якчанд пешниҳодҳо намуда, барои баланд намудани савияи дониши худ, пешниҳод намуд, ки бадарсиҳамоӣ ба омӯзгорони собиқадор бисёр карда шавад.

.

Дарси намунавӣ аз фанни шартномаҳои байналҳалқӣ

Санаи 30 ноябр дар утоқи FLEEP дарси намунавии ассистенти кафедраи иқтисодиёти ҷаҳон Шарипова Шаҳнозахон Фарҳодҷоновна аз фанни шартномаҳои байналҳалқӣ барои донишҷӯёни курси 3-уми ихтисоси 250103 В (иқтисодиёти ҷаҳон) гурӯҳи англисӣ баргузор гардид. Дар дарс декани факултети иқтисодиёт ва технологияҳои инноватсионӣ н.и.и, дотсент Шарипов З.У., сарнозири шуъбаи мониторинг ва назорати сифати таълим Абдуллозода Н. Р., мудири кафедраи иқтисодиёти ҷаҳон н.и.и, Муҳитдинова Ш.С. ва сармуаллимаи кафедра Азизова Ш.Ғ. иштирок намуданд. Дарси намунавӣ дар сатҳи баланд гузаронида шуда, донишҷӯёни гурӯҳ дар амал донишу малакаҳои худро нишон доданд.

Дарси намунавии ассистенти кафедраи забонҳои хориҷӣ Ҷӯраева Н.

Санаи 29.11.21 дар гурӯҳи 260202 (менеҷмент)-и тоҷикӣ бахши 1-ум дар бинои 4–уми утоқи лингофонии № 1 дарси намунавии ассистенти кафедраи забонҳои хориҷӣ Ҷӯраева Нодирахон Зарифовна баргузор гардид.